Александр Бернштам

Алекса́ндр Ната́нович Берншта́м (18 сентябр (1 октябр)-и 1910, Керч — 10 декабри 1956, Ленинград) — муаррих, бостоншинос ва шарқшиноси намоёни шӯравӣ, доктори илмҳои таърих (1942), муҳаққиқи Осиёи Миёна ва Помир. Ходими хизматнишондодаи илми Қирғизистон.

Александр Натанович Бернштам
русӣ: Александр Натанович Бернштам
Таърихи таваллуд 18 сентябр (1 октябр) 1910
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 декабр 1956(1956-12-10)[1] (46 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ бостоншиносӣ[2], Asian studies[d] ва шарқшиносӣ[2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома

вироиш

Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст (1931). Солҳои 1928-31 донишҷӯи шуъбаи мардумшиносии факултети географияи Университет Санкт-Петербург, аз соли 1931 ходими хурди илмӣ, унвонҷӯ, аз соли 1934 ходими калони илмии Академияи давлатии таърихи маданияи моддӣ (Институти таърихи АИ Федератсияи Россия) будааст. Фаъолияти илмиаш ҳамчун мардумшинос ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ оғоз гардида, соли 1931 нахустин асари ӯ дар бораи зиндагии тоторҳои Қрим нашр шудааст. Аз соли 1936, дар зарфи 20 сол, ба таҳқиқоти бостоншиносӣ машғул шудааст. Таҳти роҳбарии ӯ экспедитсияҳои бостоншиносии Қазоқистон, Қирғизистон ва Помир амал мекарданд, ки ёдгориҳои водиҳои Талас, Чу, Илӣ, ҳавзаи Иссиқкӯл ва сарзамини Помиру Олойро ҳафру кашф намудаанд. Бернштам яке аз аввалин бостоншиносоне буд, ки аз соли 1946 то соли 1956 дар Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ таҳқиқот анҷом додааст. Ба Ғунду Турумтойкӯл сафар карда, силсилаи қалъаҳои водии Ғунд — Ҳазрати Имом, Ванқалъа, водии Шоҳдара — Роштқалъа, водии Вахон ва Ишкошим — Исор, Зонг, Қаҳқаҳа, Ямчунро таҳқиқ намудааст. Ба қавли Бернштам, дар сарчашмаҳои хаттии хитойӣ қалъаи Ямчун бо номи Бохо (Вахон) — «Шаҳри скифҳои Гашэн» тасвир ёфтааст. Соли 1947 дар Помир қабри скифҳо, дар Тиён-Шон сарҳадди ғарбии кӯчиёнро муайян намуда, дар Оқбайтал, Олой ва Тамда 32 қабристони сакоиҳоро кашф кардаст, ки ба садаҳои 5-4 то м. тааллуқ доранд. Соли 1948-ум 28 қабристони кӯчманчиён ва скифҳоро муайян намуда, аз он ҷо ороишоти занона, асбобҳои рӯзгор, олоти чӯбини меҳнат ва шикорро кашф кардааст. Мувофиқи таҳқиқоти ӯ қабристонҳои водии Харгӯшӣ ва Оқсу шаклан аз ҳамдигар фарқ карда, доирашакл, росткунҷа ва чоркунҷа сохта шудаанд. Бернштам зиёда аз 250 асари илмӣ навиштааст, ки дар бораи сукунати суғдиён дар Ҳафтрӯд, маданияти сакоиҳои Помир, ташаккули халқи қирғиз, таърихи маданият ва урфу одати халқиятҳои Осиёи Марказӣ маълумот медиҳанд. Бернштам то охири ҳаёт, (ноябри 1956) дар Помири Шарқӣ ба омӯзиши ёдгориҳои бостоншиносӣ машғул буд.

  • Жилище Крымского предгорья. Опыт социологического анализа // ИГАИМК. 1931. Т. 9. Вып. 67. С. 146.
  • Руническая надпись в уйгурской рукописи // Записки Института Востоковедения АН СССР. 1939. Т. VII. С. 303—305.
  • Археологические работы в Семиречье // КСИИМК. 1940. Вып. 4. С. 43–48.
  • Кенкольский могильник. Л., 1940.
  • Тюргешские монеты // ТОВЭ. Т. II. 1940. С. 105—112.
  • Согдийская колонизация Семиречья // КСИИМК. Вып. 6, 1940, стр. 34—42.
  • Памятники старины Таласской долины. Историко-археологический очерк. Алма-Ата, 1941.
  • Археологический очерк Северной Киргизии. Фрунзе, 1941.
  • Социально-экономический строй орхоно-енисейских тюрок VI—VIII вв. Восточнотюркский каганат и кыргызы. М.—Л., 1946.
  • Араванские наскальные изображения и даваньская (ферганская) столица Эр-ши // Советская этнография. 1948. № 4. С. 155—161.
  • Новые работы по тохарской проблеме // ВДИ. 1947. № 2. С. 134—138
  • Среднеазиатская древность и её изучение за 30 лет // ВДИ. 1947. № 3. С. 83–94.
  • Новые эпиграфические находки из Семиречья // ЭВ. Т. И, 1948. С. 107—113.
  • Археологические работы в Южном Казахстане // КСИИМК. Вып. 26. 1949. С. 131—133.
  • Основные этапы истории культуры Семиречья и Тянь-Шаня // Советская археология. Т. IX. 1949. С. 337—384.
  • Советская археология Средней Азии // КСИИМК. 1949. Вып. 28. С. 517.
  • Древнейшие тюркские элементы в этногенезе Средней Азии // СЭ. Вып. VI—VII. 1947. С. 148—158.
  • Введение; ч. I, гл. I, III; ч. II, введение, гл. II; заключение // Труды Семиреченской археологической экспедиции. Чуйская долина // МИА. № 14. 1950.
  • Древнетюркский документ из Согда // ЭВ, т. V, 1951, С. 65—75.
  • Очерк истории гуннов. Л., 1951.
  • Историко-археологические очерки Центрального Тянь-Шаня и Памиро-Алая. М.; Л., 1952 (МИА. № 26).
  • Новый тип тюргешских монет // Тюркологический сборник. М.—Л., 1951. С. 68—72.
  • Древнетюркское письмо на р. Лене // ЭВ, т. IV, 1951, стр. 76—86.
  • Древнетюркские рунические надписи из Ферганы // ЭВ. Т. XI. 1956. С. 54—58.
  • Древний Отрар // Изв. АН Каз. ССР. Серия «Археология». Вып. 3. 1991. С. 81—97.

Адабиёт

вироиш