Алиф Бонк
Алиф Бонк (номи пурра Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк»; номи пешина ТАҚХ «Алиф Сармоя») — бонки тиҷоратӣ ва ширкати фанноварии молӣ дар Тоҷикистон. Дафтари марказии бонк дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Шакл | Ҷамъияти саҳҳомӣ |
---|---|
Иҷозатнома | № 0000114 аз 3 январи 2020 |
Фаъолият | Бонки тиҷоратӣ |
Соли таъсис | 2014 |
Номҳои пешина | Алиф Сармоя |
Макон | |
Афроди калидӣ |
Ҳофиз Шаҳидӣ — раиси шӯрои нозирон Абдулло Қурбонов — раиси пешина ва ҳаммуассис Зуҳуршо Раҳматуллоев — ҳаммуассис Фирдавс Мирзоев — ҳаммуассис Гуланор Атобек — раис |
Сармояи аввалия | 153.6 млн сомонӣ (5.12.2024) |
Шумораи кормандон | ▲ 1000 (ноябри 2024) |
Ҷамъияти асосӣ | Alif Capital Holdings Limited |
Вебгоҳ | alif.tj |
Таърих
вироишПас аз якчанд соли таҳсилу кор дар хориҷа, Абдулло Қурбонов, Зуҳуршо Раҳматуллоев ва Фирдавс Мирзоев Алифро соли 2014 дар Тоҷикистон таъсис доданд. Тибқи иттилои сомонаи худ, ширкат дар аввал корро бо се нафар оғоз карда, қарзи хурдро ба мардум пешниҳод менамуд ва сипас теъдоди кормандонашро зиёд кард[1].
19 декабри соли 2019 ҶСК ТАҚХ «Алиф Сармоя» ба ҶСК «Алиф Бонк» табдил шуд ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2020, таҳти № 1, ба ҶСК «Алиф Бонк» Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд[2][3].
Солнома
вироиш2014
- 29 апрели соли 2014 Алиф Сармоя аз тарафи се нафар ташкил шуда, шартномаи қарзи автомобилиро бо аввалин муштарии худ ба имзо расонд.
2015
- 7 октябри соли 2015 CRM — аввалин барномаи хусусии идоракунии муносибатҳои муштариёни Алиф тарҳрезӣ шуд, ки баъдтар соли 2016 ба кор андохта шуд.
- Дар давоми нуҳ моҳи фаъолият Алиф сандуқи қарзии худро се маротиба афзоиш дод ва дар байни аъзои АТҚХТ 5-умин ташкилоти қарзии хурд гардид.
2016
- 14 марти соли 2016 ба ТАҚХ «Алиф Сармоя» барои гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд. Пас аз он Алиф Сармоя ҳуқуқ пайдо кард, то ки пасандоз кушояд ва дар дохилу хориҷи кишвар муомилоти молиявиро анҷом диҳад[4].
- 1 апрели соли 2016 аввалин суратҳисоби амонатӣ кушода шуд.
2017
- 1 январи соли 2017 Алиф Сармоя низоми автоматикунонии бонкии худро ба кор андохт, ки онро дастаи барномасозии худи ширкат навишта буданд. Навиштан ва ба кор андохтани низоми автоматикунонии бонкии худ ба Алиф имкон дод, то ки қадами муҳиме дар роҳи табдил шудан ба як ширкати молиявию фанноварӣ гузорад.
- 17 марти 2017 Алиф Сармоя ба Низоми миллии пардохтии «Корти миллӣ» пайваст ва ба барориши кортҳои пардохтии «Корти миллӣ» оғоз кард.
- 3 июни соли 2017 Alif Shop яке аз аввалин маркетплейсҳо дар Тоҷикистон бо имкони хариди мол ба насия ба кор оғоз кард.
- 1 августи соли 2017 Алиф Академия кушода шуд ва барои рушди фанновариҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон дарсҳои ройгони барномасозиро оғоз намуд.
- 16 октябри соли 2017 Алиф Сармоя аввалин маркази хидматрасонии бонкии худро дар Хуҷанд боз кард.
- 4 ноябри соли 2017 Алиф аввалин платформаи эквайринги онлайнии Alif Pay-ро ба роҳ монд, ки ба дорандагони «Корти миллӣ» имкони онлайн пардохт кардани хидматрасониҳоро фароҳам овард.
2018
- 6 январи соли 2018 ҳамёни мобилии Alif Mobi роҳандозӣ шуд.
- 29 январи соли 2018 Алиф Сармоя ба низоми байналмилалии интиқоли пулҳо ҳамроҳ шуд.
- 15 марти соли 2018 ширкат корти овердрафтро бо насияи 10-рӯза ба муштариёни худ пешниҳод намуд.
- 20 августи соли 2018 Алиф корти насияи «Салом»-ро ба роҳ андохт, ки ба муштариён имкони хариди молу маҳсулотро ба тариқи онлайн ва офлайн медиҳад.
2019
- 13 ноябри соли 2019 Ҳофиз Шаҳидӣ 25%-и саҳмияҳои Алиф Бонк-ро харида, раиси шӯрои нозирони Алиф Бонк гардид[5].
2020
- 3 январи соли 2020 Алиф Сармоя барои амалиёти бонкӣ таҳти № 0000114 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома гирифт ва табдил ба Алиф Бонк шуд[6].
- Моҳи феврали соли 2020 Алиф аз бонки хусусии Швейтсария CBH Bank (Compagnie Bancaire Helvétique SA) сармоягузорӣ дарёфт кард.
- Моҳи июни соли 2020 ширкати итолиёии MicroFinanza Rating қобилияти идоравии Алиф Бонкро аз ҷиҳати хафвҳо тасдиқ карда, ба бонк рейтинги молиявии устувори BBB Stable-ро дод[7].
- 7 июли соли 2020 барои рушди экосистемаи пардохтҳои рақамӣ дар Тоҷикистон Алиф Бонк ва Visa шарикони стратегӣ шуданд[8].
2021
- 13 августи соли 2021 интернет-бонки Alif Business аз тарафи ширкати швейтсарии ImmuniWeb санҷиши амнияти иттилоотиро гузашт.
2022
2023
- Дар моҳҳои июл — август, дар натиҷаи як таҷзия ва таҳлили комил, агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (Итолиё) ба Алиф як рутбаи созмонии α- «Миёна» ихтисос дод. Ин имтиёз поя ва асоси солим, маҳоратҳои мудирияти хавф (риск) ва устувории молии бонкро нишон медиҳад.[11].
- Алиф се иҷозатномаи фаъолият дар бозори қоғазҳои қиматнокро гирифт, ки доираи хадамотро густариш медиҳад[12].
2024
- Alif Mobi озмоиши амнияти кибериро пушти сар гузошт ва уҳдадории худро нисбат ба амнияти рақамӣ таъйид кард.[14]
- Алиф Бонк ва Mastercard қарордодеро барои тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон имзо карданд ва барориши кортҳои Mastercard-ро шурӯъ намуданд[15].
- Алиф Бонк 10-умин солгарди худро бо тааммул аз даҳсолаи дастовардҳо ва рушд ҷашн гирифт[16].
- Алиф Бонк ва Visa хадамоти Google Pay-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд, ки имконоти пардохти рақамиро пеш мебарад[17].
Фаъолият
вироишАлиф Бонк хидматрасониҳои молиявиро бо риояи меъёрҳои маблағгузории исломӣ (Муробаҳа ва Музораба) пешниҳод менамояд, ки дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бонкҳои классикӣ татбиқ мешаванд.
Алиф Бонк аз рӯзи аввали таъсис талош дорад, то ки ба бонки исломӣ табдил ёбад ва дар ин замина корҳоеро низ анҷом додааст.
Саридораи бонк дар шаҳри Душанбе буда, дорои ду филиал ва якчанд марказҳои хидматрасонӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аст. Марказҳои хидматрасонии Алиф Бонк дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон: Истаравшан, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Ҳисор, Ваҳдат ва Турсунзода ҷойгир шудаанд.[18]
Сохтори холдингӣ
вироишAlif Capital Holdings Limited ширкати холдингӣ ва саҳмдори асосии Алиф Бонк буда, саридораи он дар Бритониёи Кабир ҷойгир мебошад.
Ҳамчунин, Alif Capital Holdings Limited ширкатҳои фанноварию молии худро дар Ӯзбекистон, Иморот ва Покистон дорад.
Мушкилот
вироишДар тӯли фаъолият Алиф Бонк ба мушкилоти гуногуне дучор шудааст. Аз ҷумла 20 июни соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон Алиф Бонкро барои мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи кадрӣ 500 000 сомонӣ ҷарима кард. Инро Абдулло Қурбонов «шаффофияти кор» ва «масъулияти бонк дар назди ҷомеа» гуфта буд[19][20].
Дар соли 2021 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Алиф Бонк пардохти иловагии андоз дар ҳаҷми тақрибан 1,6 миллион сомониро (бо дарназардошти ҷаримаҳо) талаб кард, ки онро ба андозҳои давраи соли 2019 рабт дода буд, ки пас аз баҳси додгоҳӣ Алиф Бонк маҷбур шуд 1 600 000 сомонӣ маблағ пардохт кунад[21][22].
Роҳбарият
вироишРаис — Гуланор Атобек[23]
Маҳсулоти бонкии Алиф
вироишАлиф ҳамчун ширкати молиявии дар ҳоли рушд лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои молия, фанноварӣ ва маориф ба мардум пешниҳод мекунад:
- Низоми автоматикунонии бонкӣ (CBS) — соддагардонии раванди коркарди маълумот, таъмини иҷрои амалиёти электронӣ, пардохтҳо дар реҷаи худкор ва муҳосибот.
- Мудирияти иртибот бо муштарӣ (CRM) — платформаи кории ширкат мебошад. Дар ин ҷо маълумоти муштариён ва тамоми равандҳои тиҷоратӣ нигоҳ дошта мешаванд.
- Alif Shop — мағозаи интернетӣ барои харид ба насия ва нақд. Яке аз аввалин бозоргоҳ (маркетплейс) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мағозаҳои пойтахт ва ноҳияҳои кишварро муттаҳид кардааст.[26]
- Alif Business — бонки интернетист, ки дар он муштариёни корпоративӣ метавонанд мустақиман аз телефон ё компютери худ амалиёти бонкиро анҷом диҳанд.[27]
- Корти «Салом» — корти насияи Бонки Алиф, ки имкони харидро дар саросари Тоҷикистон ба тариқи насия фароҳам меорад.[28]
- Alif Mobi — ҳамёни мобилиест, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон истифода мешавад. Бо ин барнома муштариён метавонанд хароҷоти коммуналию дигар хидматрасониро пардохт кунанд, пул интиқол диҳанд, бо QR-рамз харид намоянд ва маблағҳои худро онлайн идора кунанд.[29]
- Alif Pay — низоми пардохти онлайн бо истифода аз кортҳои «Корти миллӣ»-и тамоми бонкҳои Тоҷикистон мебошад.
- Alif Academy — ташкилоти ғайритиҷоратие, ки соли 2017 таъсис дода шудааст ва бо гузаронидани курсу тренингҳо дар соҳаи фанноварии иттилоотӣ машғул мебошад.[30]
- Корти Visa-и Алиф Бонк — корт барои интиқолу харид ва пардохтҳо дар дохилу хориҷи кишвар.
- Корти MasterCard-и Алиф Бонк — барои истифодабарандагони худ имконият медиҳад, ки дар дохил ва хориҷи кишвар пардохтҳоро анҷом диҳанд.
- Қарзи нақдӣ — ягона хидматрасонии бонк, ки ба муштариён иҷозат медиҳад, маблағро ба таври нақдӣ қарз гиранд.
Моликон
вироишТибқи иттилои сомонаи Alif Capital Holdings Limited ҳаммуассисону нозирони ширкат Абдулло Қурбонов, Зуҳуршо Раҳматуллоев ва Фирдавс Мирзоев буда, Ҳофиз Шаҳидӣ, Фирдавс Шаҳидӣ, Раҷаббек Сулаймонбеков ва Насим Алибҳай ҳамчун нозирон сабт шудаанд[31].
Ҷоизаҳо
вироиш- 2019 — Ҷоизаи тиллоии «Бренди сол — 2019» таҳти унвони «Қуллаи шараф»[32].
- 2020 — Best Digital Wallet 2020[33]
- 2020 — Fastest Growing Retail Bank Tajikistan 2020[34]
- 2021 — ICD’s Global Finnovation Award 2020 барои ҳалли навоваронаи ҳамёни Alif Mobi ва корти насияи «Салом»[35]
- 2023 — Ҷоизаи тиллоии «Бренди сол — 2022» дар категорияи «Ташкилоти молиявӣ»; ҷоизаи нуқра ба интернет-мағозаи alifshop.tj ва ҷоизаи биринҷӣ ба «Алиф Академия».[36]
- 2024 — ISLAMIC DEBIT CARD OF THE YEAR[37]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Алиф. Как финтех в Таджикистане создал собственную экосистему, открыл IT-академию и привлёк $10 миллионов инвестиций в капитал — Алиф на vc.ru(англ.). vc.ru (17 May 2021). 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Таъсиси боз як бонк дар Тоҷикистон. “Алиф Сармоя” ба “Алиф Бонк” табдили ном кард. asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 Январ 2020). 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Micro-financing organization using the principles of Islamic Finance upgraded into bank. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ ООО МДО “Алиф-сармоя” выдана лицензия на проведение банковских операций. nbt.tj. Национальный Банк Таджикистана (206-03-15). 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Таджикский предприниматель из Монако инвестировал в компанию «Алиф Капитал». ASIA-Plus (13 ноябри 2019).
- ↑ «Алиф Сармоя» переименован в «Алиф Банк» | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ MFR Reports - Financial & Social Ratings & Assessments. MFR. 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Visa и Алиф Банк объявили о стратегическом партнерстве для развития цифровой платежной экосистемы в Таджикистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Раиси “Алиф Бонк” нав шуд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (2 ноябри 2022). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Роҳбари нави «Алиф Бонк». Гуланор Атобек кист? (аудио). Pressa.tj. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ MFR в очередной раз подтвердило финансовую устойчивость Алиф Банка. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Алиф получил 3 лицензии на осуществление деятельности на рынке ценных бумаг | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Алиф заключил инвестиционные договоры с Mashreq Bank (ОАЭ) и Aktif Bank (Турция) | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Alif Mobi успешно прошёл проверку кибербезопасности. Asia-Plus (1/02/2024).
- ↑ «Алиф» и Mastercard заключили долгосрочное соглашение для развития безналичных платежей в Таджикистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). www.asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ «Алифу» - 10 лет: мечта компании, принёсшая много перемен | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ «Алиф» и Visa представляют новый уровень платежей с Google Pay в Таджикистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Терминалҳо, банкоматҳо ва офисҳо | Алиф(тоҷ.). Терминалҳо, банкоматҳо ва офисҳо | Алиф. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Бонки миллӣ «Алиф»-ро 500 000 ҷарима баст. Соли оянда боз санҷиш! https://pressa.tj/bonki-mill%D3%A3-alif-ro-500-000-%D2%B7arima-bast-soli-oyanda-boz-san%D2%B7ish/
- ↑ За что оштрафовали «Алиф Банк» на полмиллиона сомони, и какие теперь планы у банка? Подробнее: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200622/za-chto-oshtrafovali-alif-bank-na-polmilliona-somoni-i-kakie-teper-plani-u-banka
- ↑ Кумитаи андоз аз «Алиф Бонк» пардохти 1,6 млн андозу ҷаримаи иловагиро талаб кардастПодробнее: https://asiaplustj.info/ru/node/295515
- ↑ Баҳси андозии Алиф https://www.youtube.com/watch?v=v30gc6OQUuc
- ↑ Sputnik Таджикистан. Назначен новый руководитель "Алиф банка": кто он(рус.). Sputnik Таджикистан (2 ноябри 2022). 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Digital Миллат. Имрӯз ва ояндаи пардохтҳои электронӣ бо Alif Mobi дар Тоҷикистон. YouTube (24/08/2024).
- ↑ Далер Каримов об особенностях работы в быстрорастущем банке Таджикистана, и почему важно соблюдать корпоративную культуру(рус.). weproject.media. 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ alifshop.tj — онлайн-магазин с широким ассортиментом товаров в рассрочку и наличными(рус.). alifshop.tj — онлайн-магазин с широким ассортиментом товаров в рассрочку и наличными. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ alif business. business.alif.tj. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ https://salom.alif.tj/
- ↑ The Banker. Alif Bank looks to further international expansion(англ.). www.thebanker.com. 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Алиф Академия. alif.academy. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ ALIF CAPITAL HOLDINGS. www.alif.holdings. 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ «Бренди сол – 2019». Беҳтарини тоҷирони Тоҷикистон | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ GLOBAL BANKING & FINANCE AWARDS® – 2020 – Award Winners - Global Banking | Finance (en-GB). https://www.globalbankingandfinance.com/. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ GLOBAL BANKING & FINANCE AWARDS® – 2020 – Award Winners - Global Banking | Finance(англ.). https://www.globalbankingandfinance.com/. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ ICD ANNOUNCES WINNERS OF ITS INTERNATIONAL FINANCIAL INNOVATION COMPETITION TITLED “ICD’S FINNOVATION AWARD 2020 (08/08/2021).
- ↑ Алиф. Telegram. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Global Islamic Finance Awards 2025 - The Digital Banker (en-US). 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- alif.tj — вебгоҳи расмии Алиф Бонк