Амирхони Аҳмадхоннависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1998), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014).

Амирхони Аҳмадхон
Амирхони Аҳмадхон
Таърихи таваллуд: 10 январ 1951(1951-01-10) (73 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Жанр: ҳикоя, қисса
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома

вироиш

Амирхони Аҳмадхон 10 январи соли 1951 дар деҳаи «Ватан»-и ноҳияи Фархор таваллуд ёфтааст. Соли 1967 мактаби таҳсилоти умумии №6 ноҳияро хатм карда, чанде коргари хоҷагии ба номи Карл Маркс (солҳои 1966-1967), корманди корхонаи коркарди пахта (1967-1968), мураббии мактаб -интернати давлатии №5 будааст. Соли 1973 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ҳамзамон, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №5, котиби масъули Ҷамъияти китобдӯстон (1976-1980), ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Гулистон», директори мактаби миёнаи №37 (1980-1995), муҳаррири калони Идораи барномаҳои сиёсӣ- байналмилалӣ, сармуҳаррири Телевизиони Тоҷикистон (1995-1999), муаллиф ва барандаи барномаҳои «Пайванд», «Инсон ва қонун», «Қонун ва ҷомеа», «Ҷиноят ва ҷазо», «Муколама», «Ваҳдат» ва силсиланамоишҳои «Тоҷикон дар масири таърих», муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999-2001), сардабири маҷаллаи «Тоҷикистон» (2001-2004), муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ (2004-2006), эксперти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили фарҳанг ва таҳкими равобити фарҳангӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2004-2006), директори Комбинати полиграфии Душанбе(2007) будааст. Аз соли 2007 мудири шуъба ва котиби масъули ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мебошад. Ба ибтикори бевоситаи ӯ дар Тоҷикистон Оҷонсии Шумораи стандарти байналмилалии китоб (ISBN) таъсис ёфтааст (2005).

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи китобҳои «Умре дар хидмати мардум» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 2011), «Барги сабз» (2012) аст. Ҳамчунин, «Қиссаҳои Шайхи Ишроқ»-и Шаҳобиддин Яҳёи Суҳравардӣ ва пешгуфтори доктор Абулфатҳи Ҳакимиёнро ба «Куллиёти Шамси Табрезӣ» таҳия намуда, дар шакли китоби алоҳида пешкаши хонандагон сохтааст. Солҳои 2012-2014 пораҳое аз дафтари аввали «Шарҳи ҷомеъи «Маснавии маънавӣ»-и Карими Замониро барои чоп омода сохтааст.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999);
  • Аълочии матбуоти ҶТ (2010).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 49 ISBN 978-99947-2-379-9