Амният
Амният — маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, маъмурӣ, сиёсӣ, ки дар онҳо муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа, давлат аз ҳодисаҳо ва таъсироти зарарноки муҳити зист, ҳамчунин аз дигар навъи таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ мадди назар гирифта мешавад. Ин истилоҳ дар даврони муосир хеле маъмул буда, ба аксари ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ворид шудааст.
Ҷомеа ва арзишҳои моддию маънавии он, давлат ва сохти конститутсионӣ, истиқлол ва тамомияти ҳудуди он аз объектҳои асосии амнияти шахс ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошанд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.