Амонуллоҳ Хайруллоҳ

Амонуллоҳ Хайруллоҳ — олим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Амонуллоҳ Хайруллоҳ
Таърихи таваллуд: 10 август 1967(1967-08-10) (57 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Амонуллоҳ Хайруллоҳ 10 августи соли 1967 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1992 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос муҳандис-механик. Номзади илмҳои техникӣ. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб. Бо медали «Ҷашни 20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Солҳои 1985-1992- Донишҷӯи Донишкадаи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Солҳои 1986-1988- Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС Солҳои 1992-1993- Челонгари колхози ба номиЛенини ноҳияи Фархор Солҳои 1993-1994 Муҳандиси шуъбаи энергетикӣ-механикии заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе Солҳои 1994-1997- Сармеханики заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе Солҳои 1997-1998- Муовини сармуҳандиси заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе Солҳои 1998-2000- Сармуҳандиси заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе Солҳои 2000-2006- Директори ҷамъияти саҳомии шакликушодаи «Заводиарматурбарории ба номи Орҷоникидзе»-и ш. Душанбе Соли 2006 (03-09) - Муовини сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2006-2007- Сардори Раёсати саноати мошинсозӣ ва кимиёи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2007-2010- Сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиёи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2010-2014- Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2014-2015- Муовини раиси вилояти Суғд Солҳои 2015-2019- Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Аз майи соли 2019 Муовини якуми раиси вилояти Хатлон 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб гардидааст.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Амонуллоҳ Хайрулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2020.