Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

(Тағйири масир аз Аморатҳои Муттаҳидаи Араб)

Иморóти Муттаҳидáи Арабӣ (ар. الإمارات العربية المتحدة‎ — ал-Иморот ал-Араби́я ал-Мутта́ҳида; кутаҳ.  Иморот) — давлат дар шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон, федератсияи ҳафт иморати мустақил: Абузабӣ, Дубай, Шарҷа, Ал-Фуҷайра, Раъсу-л-хайма, Аҷмон, Умму-л-Қайвайн. То соли 1971 чун Уммони Аҳдӣ тобеъи Бритониёи Кабир буд. Масоҳаташ 83657 км2, аҳолиаш 4,8 млн нафар (2010). Пойтахташ Абузабӣ.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

الإمارات العربية المتحدة
ал- Иморот ал-Араби́я ал-Мутта́ҳида

англ. United Arab Emirates
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Аллоҳ, Миллат, Президент»
Суруди миллӣ: «Зинда бод, кишвари ман»
Забони расмӣ
Пойтахт Абузабӣ
Шаҳрҳои калонтарин Дубай
Президент Халифа ибни Зайд Оли Наҳён
Нахуствазир Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум
Дини давлатӣ ислом
Масоҳат 114-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 83 600 км²
 · % сатҳи об 0
Аҳолӣ
 · Баҳо (2019) 9 682 000[1] нафар (92-ум)
 · Барӯйхатгирӣ (2005) 4 106 424 нафар
 · Зичӣ 65 наф./км² (110-ум)
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ (2018) 729,043 млрд[2] долл. (32-ум)
ММД (номинал)
 · Ҳамагӣ (2018) 400,902 млрд[2] долл. (28-ум)
 · ба сари аҳолӣ 38,436[2] долл. (19-ум)
ШРИ (2013) 0,818[3] (ниҳоят баланд36-ум ҷой)
Воҳиди пул дирҳами Иморот
Интернет-доменҳо .ae, امارات.
Рамзи ISO AE
Рамзи КБО UAE
Пешшумораи телефон +971
Минтақаи замонӣ +4

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар шарқ бо Уммон ва Қатар, дар ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ бо Арабистони Саудӣ, дар шимол бо халиҷҳои Форс ва Уммон ҳамсарҳад аст. Забони давлатӣ — арабӣ, воҳиди пулӣ — дирҳам, дини ҳукмрон — ислом. Рӯзи миллӣ — «Ал-Иду-л-Ватанӣ» (2 декабр). Шаҳрҳои калонтаринаш Дубай, Шарҷа; бандарҳои асосиаш: Рашид, Ҷабал-Алӣ, Зоид, Ал-Фуҷайра.

Сохти давлатӣ

вироиш

Сохти давлатии Иморот ба ҳам омадани сохти ҷумҳуриявӣ ва подшоҳӣ аст. Конститутсияи амалкунанда соли 1996 қабул шудааст. Раиси давлат — президент (аз рӯи анъанаи ҷоришуда — ҳатман шайхи Абузабӣ ва сардори ҳукумат — сарвазир маъмулан шайхи Дубай) буда, ӯ ҳамзамон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ ва Шӯрои олии мудофиа мебошад. Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои вазирон, раиси онро президент таъйин мекунад. Мақомоти қонунбарор — Шӯрои Федералии Миллӣ, ки ба ҳайаташ аз ҳар иморат, вобаста ба нуфуси аҳолиаш, шумораи муайяни намояндагон ворид мешаванд. Ҳар иморат интихоботро мувофиқи салоҳдидаш мегузаронад. Дар маҳалҳо ҳокимият дар дасти шайхҳо — ҳокимони иморатҳо мебошад. Ҳокимияти судӣ — Суди олии федералӣ аз раис ва 4 судяи мустақил иборат буда, он масоилу муносибати байни иморатҳо, байни ҳукумати федералӣ ва ҳукуматҳои маҳаллиро танзим мекунад. Дар Иморот ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Иморот узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Лигаи Давлатҳои Араб, ОПЕК мебошад. Байни Иморот ва Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ 18 ноябри 1995 барқарор гардида, 6 августи 1997 Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Иморот таъсис дода шудааст.

Табиат

вироиш

Ҳудуди Иморот аз ҳамвориҳои паст, кӯҳҳои начандон баланд (то 1127 м, дар шарқ) ва рифҳои марҷонӣ (қад-қади соҳилҳои Халиҷи Форс) иборат аст.

Наботот

вироиш
 
Дарахти ақоқиё

Бештари ҳудуди Иморот биёбон буда, дар ҷануб ва қисми ҷанубу шарқии мамлакат ду воҳаи бузурги сердолударахт мавҷуд аст, ки дар онҳо хурмо, ангур, лиму, норҷил, ақоқиё, буттаҳои тамариск мерӯянд.

Ҳайвонот

вироиш

Аз ҳайвонот харгӯш, оҳу, қашқалдоқ, мор ва калтакалос мавҷуданд.

Иқлим

вироиш

Иқлими Иморот хушки тропикӣ ва дар соҳилҳои халиҷ субтропикист. Дарёҳои доимӣ надорад, майдони зиёдро шӯразору биёбони регзор ташкил мекунад. Ҳарорати ҳаво аз +10°С (дар моҳи дек.) то +45°С (июл) мебошад. Боришоти миёнаи солона аз 130 мм беш нест. Тӯфони регӣ зиёд рух медиҳад. Муҳимтарин сарвати зеризаминии мамлакат нефт ва гази табиӣ мебошад.

Аҳолӣ

вироиш

Аз миқдори умумии аҳолӣ сеякашро арабҳои этникӣ — асосан яманиҳо, уммониҳо ва мисриҳо, 11 % фоизашро мардуми таҳҷоӣ ва боқимондаро эрониён, ҳиндуҳо, покистониён, филиппиниҳо ташкил медиҳанд. Зиёда аз 85 % фоизи аҳолӣ муҳоҷиронанд, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ ва кор мекунанд. Мусулмонон суннимазҳаб (85 %) ва шиъамазҳаб (15 %) мебошанд, муътақидони динҳои масеҳия, ҳиндуия ва буддоия, баҳоия низ ҳастанд. Дар ҳар иморат дар қатори масҷидҳо маъбад ва дайру калисоҳо низ мавҷуданд.

Таърих

вироиш

Ҳудуди Иморот ҳанӯз ҳазорсолаи 6 то м. маскун буда, дар ҳазораи 4 то м. соҳилҳои Халиҷи Форс маҳали муҳими тиҷорати байни Байнаннаҳрайн ва Ҳинди Қадим буд. Соли 300 то м. дар мавзеи Малейҳа юнониён колонияи тиҷоратии хешро асос гузоштанд. Тиҷорат махсусан бо Сосониён (дар асрҳои 5—6) хуб роҳандозӣ шуда, дар соҳили шарқӣ, дар Дибба то садаи VII европоиёни масеҳӣ ибодатгоҳ ва бандар сохта буданд. Хилофатҳои соҳилҳои ҷануб. Халиҷи Форс ва шимолу ғарбии Уммон дар ҳайати Хилофати араб буда, шаҳрҳои Дубай, Шарҷа, Фуҷайра ҳамон замон бино гаштаанд. Дар асрҳои 10 — 11 қисми шарқии Нимҷазираи Араб дар тасарруфи қарматиҳо буд ва баъди таназзули ин сулола зери таъсири Уммон афтод. Охири садаи XV ба минтақа таваҷҷуҳи европоиён афзуд. Аввалин шуда ин ҷо португалиягиҳо маъво гирифтанд. То садаи XII моҳидорони маҳаллӣ, сокинони ҳудуди ҳозираи Иморот ба сафарҳои баҳрии тӯлонӣ баромада, то соҳилҳои Кения, Шри-Ланка, Хитой ва Вйетнам мерасиданд. Ширкати Ост-Индияи Британияи Кабир дар садаи XVIII тиҷорати баҳрии байни бандарҳои Халиҷи Форсро бо баҳонаи хотима бахшидан ба роҳзании баҳрӣ монополияи худ кард ва аҳолии иморатҳоро, ки асосан бо тиҷорат машғул буданд, аз манбаи асосии зиндагӣ маҳрум гардонд. Ин боиси задухӯрдҳои доимии байни ширкати Ост-Индия ва аҳолии маҳаллӣ мешуд (англисҳо арабҳоро роҳзан ва ноҳияи иморатҳоро «Соҳили роҳзанон» номида буданд). Соли 1820 ин ширкат шартномаеро зӯран ба гардани амирон ва шайхони 7 иморати араб бор кард, ки он ибтидои муқаррар шудани назорати Британияи Кабир бар ин сарзамин буд. Ҳамин тариқ, соли 1838 «Соҳили роҳзанон» (Иморот), Уммон, Масқат, Баҳрайн ва Кувайт таҳти назорати Англия даромад ва дар халиҷ киштиҳои ҳарбии он ба таври ҳамеша ҷой гирифтанд. Аз миёнаҳои садаи XIX ин ҳудуд бо номи Уммони Аҳдӣ тобеи Британияи Кабир шуд. Солҳои 20 садаи XX дар Уммони Аҳдӣ ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфта, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) хеле авҷ гирифт; таъсири Британияи Кабир дар Халиҷи Форс суст шуд ва 2 дек. 1971 дар қатори дигар давлатҳои халиҷ таъсиси давлати мустақили Иморот эълон гардид. Дар аввал иморати Раъсу-л-Хайма ба ин иттиҳод ворид шудан нахост, вале феврали 1972 ба он шомил шуд. Дек. 1971 байни Иморот ва Иттифоқи Советӣ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардид.

 
Бурҷи Халиф ва дигар бурҷҳои атроф

Иқтисод

вироиш

Аз соли 1956 сар карда паёпай кашф шудани конҳои нафт дар Абузабӣ, Дубай, Шарҷа ва Раъсу-л-Хайма мӯҷиби дар муддати кӯтоҳ ба давлати бузурги истихроҷкунандаи нефт дар Шарқи Миёна табдил ёфтани Иморот гардид. Вобаста ба ин дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар низ тараққӣ карда, он ба маркази иқтисодии байналхалқӣ табдил ёфт. Асоси иқтисодиёти Иморот истихроҷ ва содироти нефт (2,2 млн баррел дар як рӯз; захираи табииаш дар ҳудуди зиёда аз 7 млрд т; 10%-и захираи нефти олам аст) ва газ (захираи табииаш 5,7 триллион м3) буда, вобаста ба ин истеҳсоли масолеҳи нефт, саноати коркардаи нефт, нефту химия, металлургия, истеҳсоли семент тараққӣ кардааст. Савдои беруна хеле рушд карда, маркази тиҷоратӣ — Дубай ва минтақаи савдои озод — Ҷабал Алӣ маблағгузории (инвеститсияи) хориҷиро бештар аз ҳама ҷалб мекунанд. Танҳо бандарҳои Рашид (Дубай) ва Ҷабал Алӣ (Фуҷайра) дар як сол зиёда аз 3 млн контейнерро интиқол медиҳанд. Дар мамлакат инфрасохтори нақлиётӣ (6 аэропорти байналхалқӣ, бандарҳои баҳрӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард, соли 2010 метро ба кор даромад) ва телекоммуникатсия хеле тараққӣ кардааст. Маблағгузориҳои калон ба сохтмони биноҳо ва маҷмааҳои муҳташам ҷалб мешаванд. Истихроҷ ва содироти марворид ва маҳсулоти моҳидорӣ низ дар иқтисоди кишвар ҷойи намоён дорад. Аз ҳунармандии анъанавӣ бофтани қолин ва матоъҳои пашмӣ, ҳаккокию зарробии филизот муравваҷ аст. Дар воҳаҳо меваҳо, сабзавот, ғалладона ва ғ. парвариш ва кишт карда мешаванд. Чорводории кӯчӣ (бодиягардӣ) маъмул аст. Иморот асосан масолеҳи мошинсозии вазнин ва саноати химия, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот, равғанҳои молиданӣ, молҳои сермасраф ва хӯроквориро ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш — ИМА, Япония, Британияи Кабир, Таиланд, Уммон, Ҳиндустон, Эрон, Сингапур.

 
Сохтмони осмонхарошҳо дар Дубай

Маориф

вироиш

Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ройгон ва то синфи 9 аст. Масъалаи ҷалби духтарон ба таҳсил даҳсолаи охир ба сатҳи зарурӣ расидааст. Солҳои охир дар таълим усулҳои пешқадам, методикаи таълимию таҳсилии Ғарб ҷорӣ шуда истодааст. Ҳоло ба омӯзиши забони англисӣ, ки пештар аҳамият намедоданд, бештар диққат медиҳанд. Барномаи «Муаллими садаи XXI» тайёр кардани 10 ҳазор омӯзгори сифатан нав ва ҷавобгӯи талаботи замонро (то соли 2020) дар назар дорад. Таҳсили фарзандони хориҷиён дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ пулакӣ аст. Дар Иморот маълумоти олӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои дигар, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои машҳур роҳандозӣ шудааст. Дар Донишгоҳи Иморот (с. таъсисаш 1976, Абузабӣ), 4 коллеҷи олии техникӣ (1988), Донишгоҳи тиббии халиҷ (1998, Аҷман), Донишгоҳи занона (1988, кампусҳо — шаҳракҳои иқоматиаш дар Абузабӣ ва Дубай), дар шуъбаҳои Донишгоҳи технологии Ротчестер (Дубай), Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (Раъсу-л-Хайма), Донишгоҳи Сорбонна намояндагони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд. Маҷмааи бузурги таълимӣ — шаҳраки донишҷӯён, ки соли 2003 ба истифода дода шудааст, шуъбаҳои 16 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла Донишгоҳи инженерию иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Маҳатма Гандӣ, Манчестер Бузинес Скул), марказҳои таълимӣ, маркази таълимии электронӣ, марказҳои тадқиқоти илмӣ, хобгоҳҳо ва ғ.-ро муттаҳид кардааст. Китобхонаҳо бештар дар назди муассисаҳои маълумоти олӣ ва марказҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доранд. Китобхонаи марказии ба номи Зоид, китобхонаҳои «Мақом» (барои занон) ва «Фалаҷ» (барои мардон) дорои маводи ғанӣ, махсусан мавод дар мавзӯи илмҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Матбуот, радио, телевизон

вироиш

Воситаҳои ахбори омма бо вуҷуди озод будан, аз ҷониби Шӯро оид ба корҳои ВАО назорат мешаванд, то дар мундариҷаву маводашон мавзӯъҳои номатлуб ва фаҳш набошанд. Рӯзномаҳои «Ал-Иттиҳод», «Ал-Баён», «Ахбор-ал-Араб», «Ал-Халиҷ», «7 Days», «Arabian business.com», «Gulf news», «Khaleej Times» (ба забони англисӣ); маҷ-ҳои «Gulf Marketing Review» (тиҷоратӣ), «Soura maqazine» (инъикосгари санъати аккосӣ ва дигар намудҳои санъати тасвирӣ), «Шабоб-ал-явм» (барои кӯдакон ва наврасон) нашрияҳои намоёни Иморот мебошанд. Ба забони русӣ маҷ-ҳои «Русские Эмираты», «Деловые Эмираты» ва роҳнамои «Ключи Востока» нашр мешаванд. Алҳол (2011) дар Иморот наздики 40 шабакаи телевизионӣ ва 8 пойгоҳи радио амал мекунанд. Шабакаи асосии телевизионӣ «Абузабӣ» буда, ҳар иморат пойгоҳи телевизион ва радиои худро дорад. Дар Иморот шабакаҳои махсусгардондашудаи иттилоотӣ, намоишҳои варзишӣ, пахши барномаҳо барои ақаллиятҳои миллӣ (мас., барои форсизабонҳо), барои давлатҳои дигар (мас., Британияи Кабир, Покистон ва ғайра); фароғатӣ, иҷтимоӣ, мусиқӣ, барои кӯдакон ва наврасон (ройгон), тиҷоратӣ, рекламавӣ ва ғ. фаъолият мекунанд. Радиошунавонӣ ғайр аз дохили кишвар (ба забонҳои арабӣ, англисӣ, франсавӣ, урду ва ғайра) ба кишварҳои дигар — бештар арабзабон пахш мешавад. «Русское радио в ОАЭ» барномаҳояшро ба тавассути мавҷи 96,3 FM пахш мекунад.

Адабиёт

вироиш

Адабиёти шифоҳӣ бо номи «назми набатӣ» рукни эҷоди мардуми маҳаллӣ буда, бо вуҷуди навсозии ҳаёти имрӯзаи кишвар, асолату ҷаззобии худро нигоҳ доштааст. Ҳокими Дубай — шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мақтум чун шоири боистеъдоди жанри «шеъри набатӣ» эътироф шудааст. Шоирон ва эҷодиёти онҳо бештар ба тавассути намоиш (шоу)-и махсуси телевизионӣ, маҷ. ҳармоҳаи адабӣ ва веб-сайти интернетӣ муаррифӣ ва тарғиб мешаванд. Комитети махсуси ҳакамҳо мавҷуд аст, ки аз байнашон «шоҳзодаи шеър»-ро интихоб мекунанд. Барои инкишофи адабиёт ҳавасманд кардани эҷодкорон Раиси давлат шайх халифа ибни Зоид Оли Наҳён соли 2007 мукофоти махсус таъсис додааст.

Маданият ва санъат

вироиш

Ривоҷи санъату маданият дар Иморот аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он ба тамоми аҳли ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар Иморот лоиҳаҳои миқёсашон бузурги тамоми қитъаҳои олам амалӣ мегарданд. Беҳтарин дастовардҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театру кино ва дигар намудҳои ҳунар дар ин ҷо намоиш дода мешаванд ва барои ин маҷмааву иншооти муҳташам, намоишгоҳҳои фарохмасоҳат, толорҳои консертӣ ва ғ. мавҷуданд. Барои инкишофи санъати меъмории муосир, парвози тахайюли шаҳрсозии нодир ва амалӣ кардани лоиҳаҳои ғарибу тахайюлӣ (фантастикӣ), мас., лоиҳаи бузургтарин музейи садаи 21 (пешниҳоди меъмори канадагӣ Франк Герӣ; дар он барои намоиш гузоштани бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои саноеи гуногун, дастнависҳо ва ғ-и дар тамоми ҷаҳон эҷодшуда ва аз тамоми олам гирдоваришудаи ҳамаи замонҳо ва ҳамаи тамаддунҳо дар назар аст) ландшафти кишвар — соҳили на он қадар чуқуру нилгуни халиҷ (барои сохтмон дар даруни об) ва паҳнои биёбон имкониятҳои фаровон медиҳад; ва ё нияти Дубайро ба метрополия (модари шаҳрҳо) ва маркази маданияту санъати ҷаҳони араб табдил додани иморатҳо аз ҷумлаи нақшаҳои тарҳрезишудаи кишвар мебошанд. иморати Шарҷа аз соли 2001 ин ҷониб ҳамчун маҷмӯъкунандаи дастовардҳои ҳунармандон ва ҳунармандони мамлакатҳои Халиҷи Форс, Шарқи Наздик ва ҷаҳони боқимонда муаррифӣ шудааст. Дар Музейи бадеӣ, Музейи тамаддуни исломӣ ва музейҳои дигари ин иморат зуд-зуд намоиши осори рассомон ва пайкарасозон (бо ташкили семинар ва курсҳои маҳоратомӯзӣ) баргузор мегардад. Дар Абузабӣ барои ривоҷи санъати тасвирӣ хонаҳои эҷодӣ ташкил шудаанд. Дар Иморот Нигористони санъати муосир (масоҳ. 1817 м2) ва Маркази намоишӣ (масоҳ. 15.400 м2, соли 2009) ба истифода дода шудаанд, ки дар ҷаз. Саадияти ин иморат ҷойгиранд ва дар онҳо асарҳои рассомон, пайкарасозон ва амали ҳунармандони соҳаи ороиши бадеӣ намоиш дода мешаванд.

Мусиқӣ

вироиш

Мусиқии Иморот як ҷузъи маданияти мусиқии Халиҷи Форс — мусиқии анъанавӣ, суруду рақсҳои мардумии бадавиён ва моҳидорон мебошад. Мусиқии ба ном «лива» оҳангу рақсҳои қабилаҳои аз Африқои Шимолӣ ҳиҷратнамуда мебошанд. Аввалин сарояндаи машҳури мамлакат, бонуи овози Халиҷи Форс дар услуби «поп» Аҳлам мебошад. Муним ас-Солеҳ оҳангсоз ва сарояндаест, ки дар эҷодиёташ сабки ҳиндӣ, арабӣ ва испаниро ба ҳам омезиш додааст. Самар, Рим, Рувайда ва Абдулло Билхайр низ сарояндагони машҳуранд. Дар гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳрҳои Иморот (бештар Дубай) дар қатори рассомон ва ҳунармандони озод, ки офаридаҳояшонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд, сарояндагону мутрибони муҳоҷир ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳоро дар санъатшиносии муосир намояндагони санъати «андеграунд» меноманд. Дар Иморот ба ин зумра аҳамият медиҳанд. Ширкати эҷодие ҳаст, ки махсус барои дастгирии ин гуна эҷодкорон таъсис ёфтааст. Дар назди Донишгоҳи америкоии Дубай маркази таҳқиқие ҳаст, ки бо гирдоварӣ ва тарғиби ҳунари эҷодкорони «стихиявӣ» — ҳунармандони озоди кишвар машғул аст. Ин ташкилотҳо барои баромади эшон аз тариқи радио ва телевизион, дар рӯи саҳнаҳо мусоидат намуда, диску албомҳояшонро нашр мекунанд. Онҳо бештар дар жанри «рок» ва «металл» ҳунармандӣ мекунанд. Дар ҳаёти мусиқии мамлакат сафарҳои ҳунарии ситораҳои машҳур, коллективҳои нодир, ба мисли Филармонияи Нию Ёрк, Оркестри симфонии бачагона ва ғ. ҳодисаи маъмулист.

Театр

вироиш

Театр дар Иморот намуди санъати анъанавӣ набошад ҳам, барои тарғибу ривоҷи он дар кишвар тамоми шароитҳо фароҳам аст. «Дубай ал-аҳли театер» ва «Дубай фолклор театер» дар саҳнаҳояшон намоиши санъати халқиро барпо мекунанд. Дар иморати Ҷумайра «Мадинат-театер», дар Шарҷа ва Абузабӣ театрҳои миллӣ фаъолият доранд. Театри бадеии ҷавонон (Дубай) асосан пйесаҳои драматургони ҷавони 18 — 35-соларо ба саҳна мегузорад. Дар мамлакат ба спектаклҳои барои бачагон таҳияшуда бештар аҳамият медиҳанд, то дар ҷавонони маҳаллӣ (таҳҷоӣ) завқи театршиносию театрдӯстдориро парваранд. Дар Дубай ҳар сол фестивали «Театр барои ҷавонон» барпо мешавад.

Синамо

вироиш

Дар соҳаи синамо қадамҳои аввалин гузошта мешавад. Барои тарҳрезӣ кардан ва минбаъд ривоҷ додани санъати кино ва киноиндустрия дар Иморот янв. 2009 комиссияи ташаббускори АDАСН таъсис дода шуд, ки ба тайёрии касбии ҷавонон дар ин соҳа замина гузошта, барояшон курсҳои омӯзишӣ, озмунҳо, мастер-классҳо (бо симоҳои барҷастаи соҳаи кино) ташкил мекунад. Барпо кардани кинофестивалҳои байналхалқии сатҳи ҷаҳонӣ дар Иморот амали ҳамасола мебошад.

  1. World Population Prospects. population.un.org.
  2. 2.0 2.1 2.2 United Arab Emirates. International Monetary Fund.
  3. Human Development Report 2013. United Nations. 14 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 октябри 2014.

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш