Антропозоонозҳо
Антропозоонозҳо, зооантропонозҳо (юн.-қад. ζῷον — «ҳайвонот, мавҷудоти зинда»; ἄνθρωπος — «одам»; νόσος — «касалӣ») — як гурӯҳ касалиҳои сироятӣ ва паразитии одаму ҳайвон.
Баъзе олимон антропозоонозҳоро зоонозҳо низ меноманд. Ба антропозоонозҳо брутселлёз, сили ҳайвонот, сӯхтанӣ, кузоз, ҳорӣ, туляремия, манқагӣ, орнитоз, шукуфа, лептоспирозҳо, актиномикоз, қӯтур, трипанозомоз, эхинококкоз, лейшманиоз, трихинеллёз, опис-торхоз, тениидоз, тениаринхоз ва ғайра мансубанд. антропозоонозҳо ба воситаи ҳайвони касал ё солим паҳн мегарданд. Бинобар ин, ба аксар чорводорон ва кормандони корхонаҳое гирифтор мешаванд, ки аз маҳсулоти чорво ашёи хом тайёр мекунанд. Одам ҳангоми нигоҳубин ё куштани чорвои касал, хӯрдани шири хом, гӯшти нағз нопухта, газидани ҳайвони касал ва ғайра метавонад ба антропозоонозҳо гирифтор шавад. Аксар антропозоонозҳо (туляремия, лептос-пироз, тоун, лейшманиоз ва ғайра) манбаи табиӣ дошта, онҳоро ҷонварони ваҳшӣ (заргӯш, юрмон, кӯрмуш, калламуш, муш ва ғайра) ва ҳашароти хунмаку (хомӯшакҳо, кӯрпашша, кайк) канаҳо паҳн мекунанд. Канаҳо на фақат интиқолдиҳандаи ангезандаҳо, балки ҳомили онҳо низ мебошанд.
Барои аз антропозоонозҳо эҳтиёт намудани одамон ин касалиҳоро дар байни ҳайвонот барҳам бояд дод (ваксинатсия намудани ҳайвонот, ба организми ҳайвон гузарондани мояҳои гипериммунӣ, ҷудо нигоҳ доштан ва муолиҷа кардани ҳайвони касал, дошта гирифтани сагҳои дайду ва ғайра). Ҳангоми нигоҳубини ҳайвони касал, тарошидани пашм, реза кардани гӯшт ва ғайра ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва умумӣ риоя бояд кард (пӯшидани либосҳои махсус, истифодаи доруҳои гандзудо, пастеризатсия кардани шир ва ғайра).
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антропозоонозҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.