Антропоно́зҳо (аз юн.-қад. ἄνθρωπος «инсон» + юн. νόσος «беморӣ») — бемориҳои сироятиеро гӯянд, ки ба онҳо фақат одамон гирифтор мешаванд.

Антропонозҳо эҳтимол баробари дар рӯи замин пайдо шудани инсон ба вуҷуд омадаанд. Дар зинаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият баҳри ташаккули як бемории сироятӣ ва аз байн рафтани бемориҳои сироятии дигар шароити мусоид пайдо шуд. Раванди ташаккули антропонозҳо ба таври гуногун сурат мегирифт. Як гурӯҳи ин бемориҳо (исҳоли хунин, вабо, аксар амрози роҳи нафас, вараҷа ва ғайра) агар аз қадамҳои аввалин ҳамроҳи инсон бошанд, бемориҳои дигар (домана, паратифҳо, ҳасба ва ғайра) эҳтимол дар натиҷаи ба бемории одам табдил ёфтани касалиҳои ҳайвонот ба вуҷуд омадаанд. Бисёр антропонозҳо аз замонҳои қадим маълум буда, мисли дигар бемориҳои сироятӣ бинобар таҳаввулоти ангезандаҳо пайдо шудаанд. Ба густариши антропонозҳо омилҳои иҷтимоӣ ва табиӣ таъсир мерасонанд. Ба антропонозҳо, антропозоонозҳо ва зоонозҳо тақсим намудани бемориҳои сироятӣ аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш