Аслиддин Қамарзода
Аслиддин Қамарзода — олим, нависанда адабиётшинос, нависанда, мутарҷим ва рӯзноманигори шинохтаи самарқандӣ. Номзади илмҳои филология, профессор, узви Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон 1992 ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003).
Аслиддин Қамарзода | |
Таърихи таваллуд: | 28 июн 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Шалғамони ҷамоати деҳоти Даштаки Болои ноҳияи Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Ӯзбекистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, олим |
Солҳои эҷод: | 1961—2019 |
Жанр: | ҳикоя, қисса |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | «Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон» |
Зиндагинома
вироишАслиддин Қамарзода 28 июни соли 1940 дар деҳаи Шалғамони ҷамоати деҳоти ҷамоати деҳоти Даштаки Болои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соле муҳосибӣ ва хаткашонӣ кардааст. Сипас вориди бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ шуда, соли 1963 хатм кардааст. Ҳамзамон, солҳои 1958-1961, дар нашриёти донишгоҳ ҳуруфчинӣ ва мусаҳҳеҳӣ кардааст. Фаъолияти илмӣ-омӯзгориро соли 1961 дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ оғоз намуда, аз зинаи лаборантӣ то мақоми профессорӣ расидааст. Алъон устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ мебошад. Фаъолияти эҷодиро аз овони донишҷӯйӣ сар карда, нахустин ҳикояву мақолаҳояш дар ҳамон солҳо нашр гардидаанд. Як қатор ҳикояву қиссаҳои ӯ («Занҷири муҳаббат», «Нолаи дарахти тут»), ки дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд, дар мавзӯъҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ навишта шудаанд. Минбаъда бештар ба корҳои илмӣ-омӯзгорӣ машғул гардида соли 1966 вориди аспирантура шудааст ва соли 1970 дар мавзӯи «жанри қиссаи тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Бо саъю эҳтимоми бевоситаи ӯ дар Самарқанд чандин анҷумани адабию илмӣ бо ширкати адибону олимони маъруфи тоҷик баргузор гардида, худи ӯ дар бисёр анҷуманҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни адабиёти тоҷик маърӯза хондааст. Дар кори табъу нашри асарҳои адибони тоҷики Самарқанд ҳисса гузаштааст.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
вироишНахустин маҷмӯаҳои шеърии Салим Кенҷа, Акбар Пирӯзӣ, Ҳамроқули Даврон, маҷмӯаи дастҷамъии «Гулдастаи Самарқанд» (намунаҳое аз шеъру ҳикояҳои 20 нафар адибони самарқандӣ) бо саъю кӯшиши ӯ ба дасти чоп расидаанд. Соли 1987 дар заминаи маҳфили адабии «Чашмасор», ки таҳти роҳбарии ӯ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ фаъолият дошт, дар назди шуъбаи Самарқанди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон маҳфили адабии «Сайқал»-ро созмон додааст, ки то ҳол фаъолият дорад. Сонитар дар заминаи ҳамин маҳфил Иттиҳодияи иҷтимоӣ-фарҳангии тоҷикон «Самарқанд» бунёд гардида, Аслиддин Қамарзода ҳамчун раиси он барои рушду камоли фарҳанги тоҷикони шаҳри Самарқанд корҳои назаррасеро ба сомон расондааст. Таъсиси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» аз натиҷаву самараҳои фаъолияти босамари ҳамин иттиҳодия мебошад. Аслиддин Қамарзода ҳамчун раиси Шӯрои илмӣ-методии таълими забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маслиҳату корҳои амалии худ барои рушду камоли таълим саъю талош меварзад. Бо ибтикору эҳтимоми бевоситаи ӯ барномаҳои таълими адабиёти тоҷик барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон дар асоси «Меъёри давлатии таълим» табъу нашр гардидаанд. Муаллифи китобҳои дарсии «Адабиёт» (барои синфи 5), «Адабиёти ӯзбек» ва «Адабиёти ҷаҳон» (барои гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои филологияи мактабҳои олии Ӯзбекистон) мебошад.
Эҷодиёт
вироишДар давоми бештар аз 50 соли фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ наздик ба 600 мақола, зиёда аз 50 рисолаи илмӣ, китоби дарсӣ, осори бадеӣ, тазкира ва баёз интишор додааст.
Офаридаҳояш дар авроқи рисолаҳои
- «Взаимосвязь литератур народов Средней Азии и Казахстана» (Тошканд, 1987),
- «Замон билан ҳамнафас» (Тошканд, 1987),
- «Мавқеи санъат дар ташаккули эстетикии шахс» (Тошканд, 1988),
- маҷмӯаи мақолаҳои «Бӯстони маърифат» (Тошканд, 2012),
- маҷмӯаҳои дастҷамъии «Гулдастаи Самарқанд» (Тошкент ва Душанбе, 1989),
- «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон (аз қарни XX то кунун)» (Теҳрон, 2006),
- «Гулистони адаб» (Тошканд, 2007),
- «Афсонаҳои Самарқанд» (Тошканд, 2012),
- «Таронаҳои Самарқанд» (Тошканд, 2013),
- «Мадҳи Самарқанд» (Тошканд, 2013),
китобҳои дарсии
- «Адабиёт (барои синфҳои 5, 8 ва 11),
- «Одобнома» (барои синфи 4) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.
Инчунин, муаллифи қиссаи ҳуҷҷатии «Эъзоз» (Тошканд, 2004), маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои «Нолаи дарахти тут» (Тошканд, 2012), «Маҳаллотӣ» (Тошканд, 2013) ва ғ. мебошад.
Китоби олими Австралия Билл Нюмен «Даҳ роҳи муъҷизавии нойил гардидан ба муваффақият (2008, 2009 ва 2014), қиссаи ёддоштии Расул Ҳодизода «Самарқанднома» (Тошканд, 2012)-ро ба ӯзбекӣ, қиссаи нависандаи ӯзбек Ӯткур Азимов «Чароғи ақл»-ро ба тоҷикӣ (Тошканд, 2010) тарҷума ва чоп кардааст.
Аз соли 1967 то имрӯз дар бисёр анҷуманҳои бонуфузи илмиву адабии байналхалқӣ, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Санкт- Петербург, Душанбе, Ашқобод, Алмаато, Тошканд, Хуҷанд, Бухоро, Истаравшан ва ғ. барпо шудаанд, доир ба масъалаву муаммоҳои гуногуни адабиёти тоҷик, масъалаҳои равобити адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, тарғиби адабиёти бадеӣ, вазъи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон ва ғ. иштирок ва суханронӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишБарои хидматҳои намоёнаш сазовори унвони ифтихории «Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон», нишонҳои «Ветерани меҳнат» ва «Мустақиллик», як қатор ифтихорномаҳо гардонида шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Д., «Адиб», 2014, – С. 109 ISBN 978-99947-2-379-9