Мавзеи Даштаки Боло — як ҷузъи таърихии Самарқанди бостонӣ буда, он аз қадим баробари бо боғу токзорҳои дилкушо ва меваҳои шаккаринаш маъруф гаштан, инчунин бо орифону олимонаш дар саҳифаҳои заррини таърих сабт гардидааст.

Таърих

вироиш

Мувофиқи манбаъҳои таърихӣ дар бораи Даштаки Боло ҳанӯз дар асрҳои V-VI мелодӣ маълумоте ба назар мерасад. Пеш аз истилои арабҳо ва паҳн гаштани дини мубини ислом мавзеи мазкур бо номи Дарвозаи Ревдод машҳур буда, дар ин ҷой дарвозаи қалъаи Ревдод воқеъ гардида буд. Олими забоншинос Н.Б.Бегалиев дар асари худ "Топономияи Самарқанд", ки соли 2011 дар Самарқанд нашр гардидааст, қайд мекунад, ки қалъаи Ревдод қароргоҳи ихшидҳои Суғд буда, дарвозаи қалъаи мазкур дар маҳаллаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд ҷойгир ва номи қадимаи ин мавзеъ Дарвозаи Ревдод будааст. Дар замони ҳукмронии сулолаҳои Сомониёну Қарахониён, Салҷуқиёну Темуриён ва Шайбониён маҳаллаҳои имрӯзаи Даштаки Боло яке аз масканҳои ободтарин ва сернуфузтарини атрофи Самарқанд буда, бо номи Дарвозаи Ревдод маъруф будааст.[1]

Олими шарқшинос, нависандаи таърихнигор, профессор Расул Ҳодизода дар китоби худ «Самарқанднома» барои аз қадим бо боғҳои дилрабою меваҳои ширин ва маскани ободтарин будани деҳкадаи мазкур ахбори дақиқ додааст. Таърих гувоҳ аст, ки ин шаҳри бузург чандин маротиба аз ҷониби аҷнабиёни истилогар вайрону рӯй ба харобӣ овардааст. Аз сабаби парокандашавии Моваронуннаҳр дар асрҳои XVII-XVIII ва дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии байни хонигариҳои Аштархониён шаҳри Самарқанд рӯй ба таназзул ниҳодааст. Ҳатто дар он давра хони қазоқҳо Таваккалхон аз низоъҳои пай дар пайи байни Шайбониёну Сафавиён бамаврид истифода бурда, ба Моваронуннаҳр ҳуҷум мекунад. Аз ҷумла, шаҳрҳои Самарқанду Тошкандро ишғол менамояд ва дар ин шаҳрҳо хунрезиҳои бемислро ба амал меорад. Ин хони золим аз болои мардуми бофарҳангу меҳнатқарини Самарқанд таҳқир намудааст. Кор ба дараҷае расидааст, ки ҳатто масҷиду мадрасаҳои Самарқандро ба бошишгоҳи аспону чорпоёни лашкари хеш табдил медиҳад. Ёдгориҳои таърихӣ ва боғҳои заррини Самарқандро бо хок яксон намуда, мардуми Самарқандро аз дами шамшер мегузаронад.[2]. Бо ҳамин, абрҳои сиёҳе, ки дар осмони Самарқанд пайдо шуда будаанд, пароканда нашуда, балки рӯз то рӯз аҳволи Самарқанд ба харобӣ рӯй овард. Мувофиқи навиштаҳои тазкиранависи номӣ ва олими адабиётшиноси асри XVII милодӣ Малеҳои Самарқандӣ дар «Музаккир-ул-асҳоб» дар замони ҳукмронии яке аз хонҳои сулолаи Аштархониён Абдулазизхон шаҳри Самарқанд ва маҳаллаҳои атрофи он ба майдони харобазору валангор мубаддал мегардад. Хусусан, дар замони ҳукмронии Субҳонқулихон бо фармоиши бевоситаи ӯ мардуми Самарқанд ба қатли оммавӣ маҳкум карда мешавад. Халқи Самарқанд бо мақсади ҷони худро нигоҳ доштан Ватани азизи хешро тарк намуда, ба шаҳрҳои бегона кӯч мебанданд. Самарқанд ба шаҳри валангору беодам табдил меёбад. Дар асри XVII вайрон шудани Самарқанд ва пароканда шудани халқи он ба маҳаллаи Дарвозаи Ревдод, ки бо боғу токзорҳои худ яке аз гӯшаҳои ободу дилнишини Самарқанд ба ҳисоб мерафт, бе таъсир намонд. Дарвозаи Ревдод ба дашти беобу гиёҳ ва бе мардум табдил ёфт. Дар замони ҳукмронии Манғитиён, хусусан, дар замони ҳукмронии Амири Маъсум - Амир Шоҳмурод шаҳри Самарқанд ва деҳкадаҳои атрофи он рӯй ба ободӣ қадам гузошт. Мувофиқи навиштаҳои доктори фанҳои суханшиносӣ, профессор Садрӣ Саъдиев дар китоби «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» Самарқанд маҳз ба туфайли сиёсати оқилонаю одилонаи Амир Шоҳмурод дар натиҷаи аз шаҳру ноҳияҳои гуногун кӯчонида овардани мардум аз нав ба ободӣ рӯ овард. Дар замони Амир Шоҳмурод дар мавзеи собиқ Дарвозаи Ревдод ҳаёт аз нав эҳё гардида, гурӯҳи мардуме ба ин мавзеъ маскун шуданд. Мардуме, ки дар ин ҷой сокин гаштанд, аз сабаби он, ки ин ҷой замини беобу шӯразор буд, мавзеи мазкурро Даштак номгузорӣ карданд.

Топоними Даштак

вироиш

Топоними Даштак калимаи тоҷикӣ буда, аз решаи дашт - биёбон ва аффикси «ак» таркиб ёфтааст. Ба мавзеи Даштак аз канали Дарғам ба воситаи «Ҷӯйи шаҳр» ҷӯйе кофта, об меоранд ва минбаъд ҷӯйи мазкур бо номи Ҷӯйи Даштак маълум ва машҳур мегардад. Дар натиҷаи зиёд шудани миқдори одамон, мавзеи Даштак обод ва васеъ гардида, дар ин сар- замин боғу токзорҳои бешумор бунёд мешаваду деҳкада рӯй ба беҳбудӣ мениҳад.

Дар миёнаҳои асри ХIХ мавзеи Даштак ба се қисм тақсим мешавад: Даштак, Даштаки боло ва Даштаки Поён. Дар бораи топономи Даштаки Боло З.Дӯсимов ва Х.Эгамов чунин маълумот додаанд: «Даштаки Боло» деҳаест дар ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд. Топоним аз «»дашт» - саҳро ва пасванди «ак» дашти хурд таркиб ёфтааст ва боло ба маънои теппа, яъне дашти боло омадааст [3]. Аз рӯйи маъхазҳои таърихӣ ва тадқиқотҳои илмии олими забоншинос Н.Б. Бегалиев маълум мегардад, ки дар замони ҳукмронии Русияи подшоҳӣ деҳаи Даштаки Боло бо шумули деҳаҳои атрофаш ба волости «Маҳалла»-и ноҳияи Шавдор дохил будааст. Дар ибтидои асри ХХ маҳаллаи Даштаки Боло бо номҳои маҳаллаҳои Оқмасҷиду Рустам ва як қисми Қумзор номгузорӣ шуда, минбаъд бо ин номҳо дар ҳуҷҷатҳои расмиву давлатӣ қайд карда шудааст.

Имрӯз

вироиш

Ҳоло як қисми маҳаллаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд гузари Даштак номгузорӣ шудааст. Имрӯзҳо номи Даштаки Боло ба номи яке аз ҷамъомадҳои шаҳрвандони деҳоти ноҳияи Самарқанд дода шуда, дар он қариб 45 000 мардум умр ба сар мебаранд. Дар замони Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон Даштаки Боло ба мавзеи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ ва маданиву варзишии ободтару пешрафтатарин табдил ёфт. Аслиддин Қамарзода, Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурияти Ўзбекистон, профессори ДДС, Нодир Қаюмов, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.[4]

  1. Н.Б. Бегалиев.Топономияи Самарқанд. - Самарқанд, 2011
  2. Абдураҳимов М. А. История Узбекской ССР, т. 1. 1967
  3. З.Дӯсимов, Х.Эгамов «Жой номларининг қисқача изоҳли луғати» - Тошкент: - Ўқитувчи. 1977. – с. 49
  4. «Овози Самарқанд», Мавзеи Даштаки Боло(пайванди дастнорас)