Асппарварӣ — яке аз соҳаҳои чорводорӣ.

Асп
Асп

Таърих

вироиш

Дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба асппарварӣ аз давраҳои пеш аз милод машғул шудаанд. Ҳанӯз 3 ҳазор сол қабл аз милод аспҳои арғунаки сарзамини Давон (ғарби водии Фарғона ва ноҳияҳои шимоли ҶТ) ва саворию боркаши Хатлон (ҳудуди ҳозираи ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ), ки ба пайдоиши зотҳои кунунии қаробоҳирӣ, лақайӣ, аҳалтекинӣ, ёмудӣ, арабӣ ва ғайра асос гузоштаанд, дар кишварҳои Шарқ машҳур буданд. Дар Аморати Бухоро беҳтарин галаи аспон ва чарогоҳҳо дар ихтиёри дороён ва саркардаҳои ҳарбӣ буданд. Барои деҳқонон, косибон ва табақаҳои дигари аҳолӣ асп манбаи асосии зиндагӣ буда, дар корҳои кишоварзӣ ва боркашӣ истифода мешуд.

Асппарварӣ дар Тоҷикистон

вироиш
 
Аспи қаробоҳирӣ - Хон

Дар давраи шӯравӣ дар ҷумҳурӣ барои тараққӣ додани асппарварӣ имкониятҳои фаровон фароҳам омаданд. Дар асоси хоҷагиҳои хурди шахсӣ, галаҳои мусодирашуда ва қисмҳои барҳамхӯрдаи аскарони савора фермаҳои асппарварӣташкил карда шуданд. Ҳоло (2011) дар ҷумҳурӣ бисёр хоҷагиҳои асппарварӣ фаъолият доранд: заводҳои асппарварии «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор, «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, «Асппарвар»-и ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ заводи асппарваии «Кӯктош»), хоҷагиҳои деҳқо­нию фермерии «Хуршед»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ба номи И. Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав, «Рахш»-и ноҳияи Хуросон (собиқ заводи асппарварии ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ), ҶММ «Назар»-и ноҳияи Балҷувон, хоҷагиҳои давлатии «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик, «Данғара»-и ноҳияи Данғара, «Чорводор»-и ноҳияи Вахш, ба номи С. Шерназарови ноҳияи Хуросон ва ғайра Сифати коршоямии аспҳоро дар аспрез меозмоянд.

Дар Тоҷикистон асосан зоти аспҳои қаробоҳирӣ (вилояти Суғд; 6134 сар), лақайӣ (ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубӣ; 40 ҳазор сар) ва тоҷикӣ (30 ҳазор сар)-ро мепарваранд. Асп­ҳои қаробоҳирӣ ва лақайӣ ба шароити маҳал нағз муто­биқ шудаанд, вале нисбат ба аспи тоҷикӣ қадашон паст (нарёнҳо 145–148 см, модиёнҳо 138–143 см), дуруштҷусса ва сабук (400–450 кг) мебошанд. Аспи тоҷикиро дар зарфи 50 сол аз дурагаҳои аспҳои англисӣ, арабӣ ва лақайӣ ба вуҷуд овардаанд. Нисбат ба аспи лақайӣ пурқувват буда, шароити хуби парваришро металабад. Дар ҷумҳурӣ бо мақсади зотпарварӣ 5 ҳазор сар аспи тоҷикӣ, аз ҷумла 100 сар нарёни наслафзо ва 1713 сар модиёни зотӣ парвариш меёбад. Дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 76117 сар асп мавҷуд аст (2010). Аспи тоҷикӣ 27 декабри 2002 аз апробатсияи давлатӣ гузаштааст (муаллифон: Мамин Н. О. ва Шамсиев А. Г.). Маҷмӯи корҳои зотпарварӣ ва методию илмиро Аспрез, Аспхонаи давлатии ҷумҳурӣ ва ДАТ роҳбарӣ менамоянд.

Бознигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Шамсиев А. Г. Результаты селекционно-племенной работы по выведению таджикской верховой породы // Материалы научной сессии «Стратегия развития животноводства России, XXI век». Дивово, 2001;
  • Шамсиев А. Г., Мамин Н. О. Аспи зоти тоҷикӣ. Душанбе, 2003.


Сарчашма

вироиш