Атласбофӣ
Атласбофӣ (порсӣ: اطلسبافی ) – атласбофӣ дар Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд. Атласи хушранг ва олисифаташро хонатлас меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии онро шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ меномиданд. Атласи абрешимиро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра истифода мебурданд.
Раванди коркарди абрешим аз се марҳилаи асосӣ иборат буд: тайёр кардани калоба ё ресмон, бофтан ва ороиши матоъ. Рангубор намудани калоба ду зинаро дар бар мегирифт: ишқоркунӣ ва кабудгарӣ. Тори 12-бандаи атлас 44 см бар дошт. Аз ҳар чашмаки теғи дастгоҳ 4-8 нах абрешимро мегузарониданд. Ду навъи атласи анъанавӣ: чорпопушалӣ ва ҳаштпопушалӣ маъмул буд. Атласи навъи аввалро дар дастгоҳи чорпопушалӣ ва чоргула мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи чорум пайваст мешуданд. Попушалро ба тарзи I – II – III – IV пахш менамуданд. Дар натиҷа се нах ба рўй баромада, як нах дар поён мемонд. Навъҳои беҳтарини атлсаро дар дастгоҳи ҳаштпопушалӣ мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи сеюм, попушали сеюм бо гулаи якум, попушали чорум бо гулаи чорум, попушали панҷум бо гулаи панҷум, попушали шашум бо гулаи шашум, попушали ҳафтум бо гулаи ҳаштум, попушали ҳаштум бо гулаи ҳафтум пайванд мешуданд. Попушалро ба тарзи I – VII – II – VII – III – VI – IV – V пахш мекарданд. Ҳангоми пахш кардани попушали якум гулаи дуюм поён шуда, байни нахи зер ва нахи болои он кушода мешавад ва аз байни онҳо пуди якум мегузарад. Ба ин тариқ, дар байни ҳашт нах ҳашт пуд болои ҳам ҷой гирифта, матоъи якрўя бофта мешуд. Чунки як нах дар поён монда, ҳафт нах ба боло мебаромаданд.
Атласбофӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ба рушду пешрафти абрешимбофӣ дар Хуҷанди бостонӣ Шоҳроҳи Абрешим таъсири зиёд расонидааст. Тоҷирон аз Чин ба шаҳрҳои Осиёи Миёна абрешим оварда, мефурўхтанд. Дар навбати худ косибону ҳунармандони суғдӣ ба Чин рафта, нозукиҳои абрешимбофиро аз устоҳои чинӣ меомўхтанд. Дар садаҳои IV-V соҳаи кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ дар байни суғдиёну бохтариён тараққӣ кард. Ниёгони тоҷикон дар асрҳои баъдӣ дар истеҳсоли абрешим ва матоъҳои абрешимӣ, ки ба атласи ҳозира монандӣ дошт, шуҳрат пайдо кардаанд.
Шаҳри Хуҷанд дар давоми асрҳои XVIII ва XIX яке аз марказҳои истеҳсолкунандаи матоъи атлас ба шумор мерафт. Аввали асри XX дар ин ҷо қариб 3 ҳазор дӯкони атласбофӣ амал мекард, ки бештар аз 6000 коргар дошт. Дар солҳои 1920-ум дар Хуҷанд артели аввалини матоъбофӣ бо номи «Бофанда» таъсис ёфт, ки он беш аз се ҳазор бофандагонро муттаҳид мекард. Дар солҳои 1927-1928 дар Хуҷанд корхонаи абрешимбофии «Бофандаи сурх» ба кор шурўъ мекунад. Соли 1975 Иттиҳодияи истеҳсолии абрешимбофии «Хуҷандатлас» таъсис ёфт, ки бо иқтидори 2290 ҳазор метр дар як сол атласҳои гуногун истеҳсол менамуд. Ҳоло дар корхонаҳои абрешимбофии Душанбе, Хуҷанд, Шаҳринав ва Қурғонтеппа беш аз 20 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тўёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрўю шуҳрат пайдо кардааст. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дўхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.[1][2]
Адабиёт
вироиш- Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
- Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
- Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974
- Раҳимов Д. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 11 - 12.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Турсунов Н. Атлас // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 2011. – С. 286.
- ↑ Атласбофӣ/Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). — Душанбе, 2015. —668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8