Аъло Аълоев (таваллуд 7.11.1932, Самарқанд), дойранавоз, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974).

Аъло Аълоев
Аълоев Аъло
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1932(1932-11-07) (92 сол)
Зодгоҳ Самарқанд ҶШС Ӯзбекистон
Пеша(ҳо) мутриб
Соз Дойра

Зиндагинома

вироиш

Аъло Аълоев дойра­на­возӣ ва мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Хатм­кардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (1952). Солҳои 1946–1956 яккахони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1956–1979 дойранавози Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, 1979–1989 дойранавози ансамбли рақсии «Лола» буд. Аз соли 1990 Аъло Аълоев дар Исроил зиндагӣ мекунад. Аълоев аз навохтани ду-се дойра сар карда, теъдоди онҳоро то панҷ расонд, дар бадоҳатан навохтани оҳанг истеъдоди баланд дошт, дар сохту таркиби ин сози мусиқӣ чандин тағйирот ворид сохтааст. Ҳамчунин созҳои таблак, қӯшнағора, табл, дуҳул, тамтами африқоиро низ хуб менавохт ва ба шогирдон ёд медод. Бештар оҳангҳои шӯх, муфарриҳ ва рӯҳафзоро иҷро намуда, усули навозишро ба ҳавои рақс мувофиқ месохт ва завқу эҳсоси тамошогарро бедор мекард. Муаллифи бисёр навоҳои рақ­сии дойравӣ, аз қабили «Чашми сиёҳ», «Ҷавонӣ», «Баҳор дар Тоҷикистон», «Кӯлобӣ», «Бахт», «Дарвозӣ», «Рез», «Марворид» ва ғ. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарии ҷумҳурӣ ва умумишӯравӣ ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ намудааст. Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст..[1]

Адабиёт

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 44-45 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)