Аёз, Аёс, Оёз (форсӣ: ملک اَیاز‎; ? - 1058) — ғуломи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба василаи садоқати фавқулодаи худ ба хоҷааш ва ақли расояш то ба мансаби вазирӣ расид. Дар замони ҳукмронии Масъуд – писари Маҳмуд Аёз вилоятҳои Қаздор ва Моконро идора менамуд.

Аёз
Вазири Ғазнавиён
Таваллуд
Даргузашт 1058(1058)
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тимсоли бадеӣ

вироиш
 
Маҳмуд ва Аёз. Султон Маҳмуд (бо ҷомаи сурх‌ранг) дасти шайхро мефишурад. Малик Аёз пушти сари шайх истод. Дар самти рости нигора, Шоҳ Аббоси якум дида мешавад.

Аёз ба тимсоли бадеӣ табдил ёфта, дар адабиёти Шарқ, хусусан адабиёти форс-тоҷик, аз ҷузъиёти ҳаёти ӯ нақлу ривоятҳои бисёр ба вуҷуд омадаанд. Масалан, дар «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор исми Аёз борҳо вомехӯрад ва ҳикоёту латифа дар борааш оварда шудаанд. Ба симои Аёз асосан адибони орифи адабиёти шарқ Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон таваҷҷуҳ намуда, аз он барои аҳдофи ирфониву суфиёнаашон истифода кардаанд:

Гар ту марди толибиву ҳақшинос,
Бандагӣ кардан биёмӯз аз Аёс.
Аттор.
Ҳусн буд он ки дар либоси Аёз,
Хонд Маҳмудро ба кӯйи ниёз.
Ҷомӣ.
Хештанро ту раҳо кун чун Аёс,
То зи шоҳ бинӣ ту лутфи беқиёс!
Румӣ.

Сарчашма

вироиш