Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов (19 сентябри 1959, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — коргардони саршиноси тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001).
Барзу Абдураззоқов | |
Таърихи таваллуд | 19 сентябр 1959 |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша | нависанда, намоишноманавис, коргардони театр |
Падар | Ҳабибулло Абдураззоқов |
Модар | Фотима Ғуломова |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001) |
Зиндагинома
вироишБарзу Абдураззоқов 19 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунарпешаҳои машҳури театру кинои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Шавқи театр аз хурдсоли дар батни ӯ парварида шудааст. Барзу баъди хатми мактаб дар шуъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил намуда онро соли 1980 хатм намудааст. Сипас солҳои 1980-1987 дар шуъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва (ГИТИС) таҳсилашро давом додааст.
Эҷодиёт
вироишБарзу Абдураззоқов зиёда аз 50 намоишномаҳои гуногунро дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия пешкаши тамошобинон намудааст. Яке аз коргардонҳои тозаэҷодкори театр ва ба воқеъияти ҳаёти ҷомеаи муосир мебошад. Соли 2001 соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудааст[1]
Дар киностудияи "Тоҷикфилм" дар филмҳои "Мусофир" (1989), "Вақти алафи зард" нақшҳо офаридааст ва дар филмноманависии филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дубляжи филмҳо саҳм гузоштааст.[2][3].
Аз хабари АМИТ «Ховар»
вироишКоргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар театри «Учур» - и пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон - шаҳри Бишкек асарҳои нави саҳнавиро пешкаши тамошобинон мегардонад. Вай, аз ҷумла, дар ин ҷо намоишномаи «Зери садои чархҳои трамвай» - ро ба саҳна мегузорад, ки муаллифи он драмнависи кинои ҷопонӣ Окира Куросава мебошад.
Сарчашма
вироиш- ↑ Барзу Абдураззоқов. 29 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2009.
- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 48. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
- ↑ Сомонаи "Тоҷикфилм"Сценаристы