Барзшиносӣ
Барзшиносӣ (форсӣ: برزشناسی ), агрономия (аз юн.-қад. ἀγρός — саҳро, νόμος — қонун) — маҷмӯъи илмҳо ва фановариҳост барои истифода аз гиёҳон ба манзур эҷод ғизо ва сӯхт.
Агрономия ҳамаи илмҳои агрономиро оид ба рӯёндани зироат (масалан, агрохимия, агрофизика, рустанипарварӣ, селексия, тухмишиносӣ, фитопатология, энтомологияи кишоварзӣ, мелиоратсия ва ғайра), истифодаи оқилонаи киштзор, баланд бардоштани дараҷаи ҳосилхезии замин ва ҳосили зироат дар бар мегирад. Агрономия бо биологияи умумӣ, физиологияи рустанӣ, хокшиносӣ, метеорологияи кишоварзӣ, генетика, микробиология ва дигар илмҳои табиатшиносӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Агрономия дар ҷараёни фаъолияти амалии инсон ба вуҷуд омада, баробари инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият, тағйири муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва равнақи фанҳои табиатшиносӣ пеш рафт. Инсон ҳазорҳо сол пеш аз мелод ҳам ба парвариши зироат машғул буд. Қоидаҳо ва дастурамалҳои агрономӣ дар Мисри Қадим, Юнони Қадим маълум буданд. Оид ба зироат ва чорводорӣ дар маъхазҳои қадима маълумот дода шудаанд. Масалан, дар қадимтарин асари адабиёти форс-тоҷик Авесто (асрҳои 10 – 6 то м.) оид ба заминдорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳои лалмӣ, хушконидани шибарзамин, чорводорӣ, кишти зироати хӯроки чорво ва ғайра суха н меравад. Дар Тоҷикистон, ки зироат асосан обӣ аст, агрономия вобаста ба шароити маҳал инкишоф меёбад. Олимони тоҷик (А. Н. Махсумов, В. П. Красичков, Х. Юсуфбеков, В. И. Литвинов,Ҷ. Қ. Қосимов, Б. С. Сангинов, Ҳ.Ҷумонқулов, У. Эшонқулов ва дигагор) вобаста ба иқлими ҷумҳурӣ самаранок истифода намудани заминҳои лалмӣ ва обиро аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда, оид ба киштгардон, шудгор, нуриандозӣ, обёрӣ, парвариши зироат, рушди алафҳои чарогоҳ, рӯёнидани навъҳои серҳосили пахтаи маҳиннах, фаровон гардондани ҳосили пахта, сабзавот, лиму, ангур ва ғайра тадқиқоти зиёд анҷом доданд. Институтҳои тадқиқоти илмии зироат ва хокшиносӣ, Институти тадқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар пешрафти агрономия саҳми назаррас доранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Агрономия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.