Баҳром Сирусшоир, доктори илмҳои филология (1964). узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1944)

Баҳром Сирус
Охундзода Мирзомуҳаммад
Таърихи таваллуд 01.01.1885
Зодгоҳ Озарбойҷон
Таърихи даргузашт 7 июни соли 1981
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Баҳром Сирус (Охундзода Мирзомуҳаммад) 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ланкарони Озарбойҷони Русӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1907 мактаби ҳафтсолаи русии зодгоҳашро хатм кардааст. Соли 1908 ба Эрон муҳоҷират карда, дар ҷунбишҳои сиёсӣ-озодиталабии мардумӣ фаъолона ширкат варзидааст. Соли 1920 бо В.И.Ленин вохӯрдааст. Соли 1925 ба Иттиҳоди Шуравӣ баргашта, даҳ сол дар идораҳои маориф ва табъу нашри Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ховаршиносии АИ ҶТ будааст. Доктори илмҳои филология (1964). Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 7 июни соли 1981 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Шеърҳояш аз соли 1932 чоп шудаанд, ки дар мавзӯъҳои замон офарида шудаанд, Достони «Ҳуҷум» соли 1933, достони «Холу Зуҳра» дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод шудаанд. Ашъораш дар маҷмӯаи «Ҳадя» (1974) ва «Ҷашнияи Баҳром Сирус» (1975) интишор ёфтаанд. Пайваста машғули кори илмӣ буда, дар синни 70-солагӣ рисолаи номзадӣ, дар 80-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Рисолаҳои маъруфаш «Қофия дар назми тоҷик» (1955), «Арӯзи тоҷикӣ» (1963) ва «Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик» (1972) то ҳол дастуру сарчашмаи беҳамтои таълиму омӯзиши арӯзу қофия дар адабиёти тоҷиканд. Дар тарҷумаи баъзе асарҳои В.И.Ленин, таҳияву нашри «Шоҳнома» (1955, 1964-1970) ва осори Рӯдакӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, тазкираи «Гулшани адаб» (ҷ.1-5, 1975-1980) ва таълифи китобҳои форсӣ ширкати фаъол доштааст. Соли 1975 «Ёддоштҳо»-яшро ба чоп расондааст (дар китоби Ҷашнияи Баҳром Сирус»(1975).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ду ордени Ленин;
  • Ду ордени «Нишони фахрӣ»;
  • Медал ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.222 ISBN 978-99947-2-379-9