Баҳси корбар:Шухрат Саъдиев/Бойгонӣ 2016
Ном
Мӯҳтарам устод, номи мақолаҳоро бо ҳарфҳои калон нанависед, мумкин нест. Бо эҳтиром,--Aryan 17:05، 9 Феврал 2016 (UTC)
- Медонам.Ислоҳ мешавад ба воситаи "кӯчонидан" Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 17:14، 9 Феврал 2016 (UTC)
Китоби дарсӣ аз они Фароғат Искандарова
Салому дуруд, мӯҳтарам ҳамкор. Ташаккур барои мақолаатон. Як савол дорам. Шумо навиштед, ки хонум Фароғат Искандарова ҳаммуаллифи китоби дарсии “Таджикский язык. Учебник для стран СНГ” (Душанбе, 2013) шуда буд. Эҳтимол шумо хато карда бошед. Агар хато накунам, китоби ягона ин ном дорад, аммо хонум Искандарова ба ин китоби дарсӣ тааллуқ надорад: Учебник таджикского языка для стран СНГ ; в 2 ч. / В. Б. Иванов, Е. В. Семёнова, X,. О. Хушкадамова ; [рук. проекта Ж. С. Сыздыкова ; под ред. М. С. Мейера] ; Мос. гос. ун-т им. М. В. Ломоносова, Ин-т стран Азии и Африки. - М.: Ключ-С, 2009 часть 1 ва часть 2. Нигаред: Научно-методическая деятельность кафедры. Шумо кадом китоб дар назар доред? “Практический курс таджикского языка для студентов экономического факультета” (Искандарова Ф.Д., Давронов А.У., Душанбе: Изд-во «Шахпар», 2011)? Ё “Практический курс таджикского языка для студентов филологических факультетов” (Музаффарова Ш.М., Хашимов С.Х., Душанбе: Изд-во РТСУ, 2012)? --Дудич (talk) 23:53، 10 Феврал 2016 (UTC)
- Дар номгузории китоби Ф. Искандарова ба хатогӣ роҳ дода шудааст. Номи дурусти он: Учебник таджикского языка для вузов стран СНГ. Отв.редакторы: д.ф.н. Камолиддинов Б. и Зозулина В.Я.- Душанбе:РТСУ,2014. - 352с. аст. (ислоҳ карда мешавад) Аз Фарогат Искандарова (talk), ки корбари Википедиаи тоҷикист ба саволатон ҷавоби саҳеҳ гирифта метавонед. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 05:26، 11 Феврал 2016 (UTC)
Муроҷиати тоҷикӣ
Салом алейкум. Бахшиш, мешавад аз шумо як хоҳиш кунам? Лутфан, ба ман гӯед: дар Тоҷикистон ба дотсент чӣ тавр муроҷиат мекунанд? Ман дар ВП бо яке аз дотсентҳои донишгоҳи Тоҷикистон гуфтугӯ кардам. Ман шубҳа дорам, ки дуруст муроҷиат кардам. Чӣ бояд гӯям: хонум Фароғат ё хонум Искандарова? ё устод Фароғат? Барои ҷавобатон қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 17:08، 11 Феврал 2016 (UTC)
- Ҳар се намуди муроҷиат шоистаи пазиройи аст. Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 01:13، 12 Феврал 2016 (UTC)
Таклиф
Салом корбари азиз. Ман барои Корбар:Ximik1991Bot дархост ба унвони бот додам ва аз шумо хоҳишмандам, ки дар ин ҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 19:16، 26 Феврал 2016 (UTC)
Даъватнома
Мӯҳтарам устод, лутфан дар инҷо ва инҷо ширкат варзед, Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 18:51، 27 Феврал 2016 (UTC)
Табрикнома
Фарорасии Наврӯзи аҷамро, ки бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик намуда, амалӣ гардидани олитарин орзуву умеди Шуморо таманно дорам. Бо эҳтиром--Фарогат Искандарова (talk) 03:44، 21 Март 2016 (UTC)
- Ташаккур!!! Шуморо ҳам бо Ид табрик!!! Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 14:23، 21 Март 2016 (UTC)
Парчами Мудир
Мӯҳтарам устод. Лутфан дар инҷо дархост ба унвони мудир диҳед. Ин олот ба шумо имконият медиҳад, ки мақолаҳои санҷишӣ (тест), бе маъно ва зарурияти энтсиклопедӣ надоштаро ҳазф кунед. Саҳифаҳое ки дар номгузорӣ хатогии имлоӣ доранд, метавонед бе равона тағйири масир диҳед. Корбарони харобкорро баста кунед. Дар оянда, пас аз такмили даваки лоиҳа, метавонед ба корбарон мувофиқи дархост, парчамҳои автобаррас, баррас, номивазкун, вогардон ва хулосабарорро диҳед. Хоҳишмандам рад накунед ва ба пешрафти Википедиаи Тоҷикӣ кӯмаки хешро дареғ надоред. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:36، 26 Март 2016 (UTC)
Овоз
Мӯҳтарам устод, лутфан дар инҷо ширкат варзед, чун ба беҳбудии таҷҳизоти лоиҳа ва мубориза бар зиди харобкорон аҳамияти калон дорад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 11:23، 27 Март 2016 (UTC)
Поздравляю
Поздравляю с присвоением флага администратора, коллега! :) Илья Драконов (talk) 07:53، 2 Апрел 2016 (UTC).
Дастурамал
Устоди мӯҳтарам, лутфан, бо ин лоиҳаи дастурамал шинос шуда дар қабул кардан, ки аз 10 то 17 апрели соли 2016 дар инҷо мегузарад, ширкат варзида, дар зерсаҳифаи интихобкарда (тарафдор, муқобил ва ё худдорӣ) шарҳ диҳед. Агар ягон камбудӣ пайдо кардед, аз пешниҳоди ислоҳи онҳо дар овоздиҳӣ шарм накунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:14، 4 Апрел 2016 (UTC)
- Ташаккур, шинос мешавам ва дархостамро менависам.
- Дар бахши - Кӣ метавон номзади мудир шавад?(аломати саволро гузоред) Як иловаи дигаре ба назарам зарур аст.
- номзад на кам аз 50 мақола (дар доираи на кам аз 10 гурӯҳбандиҳои мавзуотии википедиа) дошта бошад.
- Дар бахши - Кӣ метавон номзади девонсолор шавад? Як иловаи дигаре.
- номзад на кам аз 100 мақола (дар доираи на кам аз 50 гурӯҳбандиҳои мавзуотии википедиа) дошта бошад.
Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 14:39، 4 Апрел 2016 (UTC)
Табрикнома
Мӯҳтарам устод, ман мехостам, ки Шуморо бо рӯзи якдилии байналмилалӣ табрик кунам. Идатон муборак бод! Бо эҳтиром, Сергап (talk) 09:20، 1 май 2016 (UTC)
- Ташаккур, табрикоти манро ҳам қабул намоед. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:13، 3 май 2016 (UTC)
FlaggedRevs
Мӯҳтарам ҳамкор, лутфан дар инҷо фикри худро баён кунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 10:48، 2 май 2016 (UTC)
Чӣ месарояд?
Барои иловааатон ташаккур. Афсӯс, ки Шумо сурудашро тавсиф накардед. Ба фикрам, тавсифи мувофиқ дар мақола лозим аст. Камина аз Шумо як хоҳиш дорад. Маъзарат, бигӯед, ки ин суруди овозхон чӣ ном дорад? Бо эҳтиром, Сергап (talk) 18:47، 7 май 2016 (UTC)
- Ба youtube.com аз Душанбе ворид шудан мушкил аст (баста шудааст). Аз Шумо хоҳиш сурудҳояшро гӯш карда аниқ кунед. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 19:04، 7 май 2016 (UTC)
- Ин сурудҳояш набуда, балки суруди яккаву ягонаст. Бо пайванди пешниҳод кардагиатон танҳо як таронаи Таҳмина вобаста аст. Номи ин ашӯлаашро пайдо намудам. Аён шуд, ки ин суруд номи "Ман ошиқи рӯи ту" дорад. Лекин қобил ба ёдоварист, ки ин ҳунарнамоии Таҳмина барои сару либосаш зери тозиёнаи танқид гирифта шуд: "ҳаром!!! ҳаром!!! таджики как она полуголая не ходят" (шарҳҳои Нурзат Сансызова), "мы потеряли стыд, наша сестра выходить на сцену полуголая" (шарҳи Farid Castelano), "шарм доред" ва ғайра. Ман розӣ нестам. Ба фикрам, сару либоси Таҳмина дар ин консерт хеле шинам аст ва корбарони Youtube дар иштибоҳ мемонанд. Либоси қашанг пӯшидан айб не. Аммо ман намехостам, ки хонандагони Википедиаи тоҷикӣ чунин шарҳҳои ғалатро хонанд. Бинобар ин пайванди мазкурро ба мақола даровардан лозим не. Номи ашӯлаи Таҳминаро кофта истода, ман дар Интернет ба дигар ҳунарнамоиаш дучор гардидам. Ин ҳамин суруд ("Ман ошиқи рӯи ту") аст. Ба фикрам, Таҳмина инҷо дар либоси тоҷик беҳтар менамояд. Ва ҳеҷ эроди танқидӣ онҷо нест. Бинобар ин ислоҳ кардам. Бахшиш, мешавад аз Шумо як хоҳиш кунам? Дар куҷо матни таронаҳоеро, ки Таҳмина ба забони тоҷикӣ месарояд, метавон хонд? Бо эҳтиром, Сергап (talk) 01:04، 8 май 2016 (UTC)
Ҳазф
Ассалому алейкум устод! Илтимос саҳифаи Деҳаи Муломирро ҳазф кунед. Jaloliddin Madaminov (talk) 15:40، 8 май 2016 (UTC)
- Иҷро шуд.--Шухрат Саъдиев (talk) 15:45، 8 май 2016 (UTC)
Раҳмат устод. Бо эҳтиром. Jaloliddin Madaminov (talk) 16:22، 8 май 2016 (UTC)
Ҷавоби нома
Табрикоти манро низ доир ба Идҳо гузашта қабул кунед! Оиди ранги Тоҷикистон: дар забони русӣ ранги буда ба ман маъқул нест, ранги ҳозирае ки дар мо ҳаст бо акс зебо мешавад ба мисоли Париж, лекин Тоҷикистон давлатест, ки 98 % мусалмон аст ва ранги сабз хубтар аст (ба фикри ман). Дар оянда ягон кас агар дар бораи масҷидҳои мо мақола эҷод кунад, шаблони {{масҷид}} бо ранги имрузааш дар чашм бад мезанад. Шаблони МА -ро айни ҳол ҳарранга карда намешавад чун онҳо печида ҳастанд ва ҳар як давлат ранги худро дорад. Мо метавонем фақат як рангро интихоб кунем. Ман тарафдори сабз. Шумо ва дигарон фикри худро баён кунед. Кадом ранге ки зиёд овоз гирифт, ранги Тоҷикистон ҳамон мешавад. Доир ба бот: ӯро ман гуфтам, ки дархост кунад барои гирифтани парчам, аммо ӯ мехоҳад парчами боти саросариро гирад, чун ба ғайр аз мо дар дигар лоиҳаҳо низ шаблони {{NUMBEROF/data}} -ро (омор) маълумотро навсозӣ мекунад. Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 14:06، 10 май 2016 (UTC)
- Ташаккур барои ҷавоб. Дар бораи интихоби ранг, аввал ҳамаи рангҳоро дида, баъд интихоб намудаамро менависам. Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 16:39، 10 май 2016 (UTC)
- Ба AryanSogd (t) як ба ин ранг Куала-Лумпур (ба Куала-Лумпур-забони русӣ ва забони италиё) назар кунед. Парчаму нишони Тоҷикистон дар он ранг шинам аст ё не?
- Ранги Ирландияро ба Тоҷикистон гузоштам, сабзи ба чашм форам. Дар-Дар, Истаравшан ва {{масҷид}}. Чӣ мегӯед? Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:11، 11 май 2016 (UTC)
- Ба AryanSogd (t) як ба ин ранг Куала-Лумпур (ба Куала-Лумпур-забони русӣ ва забони италиё) назар кунед. Парчаму нишони Тоҷикистон дар он ранг шинам аст ё не?
Огоҳӣ
Мӯҳтарам корбар, бо эҷоди мақолаҳои кӯтоҳ, шумо дастурамали Википедиа:Нопурраро поймол карда истодаед. Тавсия медиҳам, ки дастури номбаршударо омӯхта, пас аз паси эҷод шавед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:21، 30 май 2016 (UTC)
Ҷавоб ба эрод
- Мақолаҳои кӯтоҳи "Гурӯҳи этникӣ", "Гурӯҳи динӣ" ва "Гурӯҳи нажодӣ" ба чунин гуфтаҳои дастурамал (дар бораи заготовка): Короткая статья по важной теме может быть полезна для читателя не меньше, чем статья полноценная. Читателю может понадобиться всего лишь краткая информация о незнакомом понятии — тогда заготовка будет полезнее красной ссылки. Создание заготовок статей о важнейших понятиях повышает охват энциклопедии и, следовательно, делает её более популярной среди читателей. Кроме того, большее количество статей увеличивает вероятность привлечения в Википедию участников, попадающих на неё из поисковиков. С другой стороны, если информации в статье недостаточно для большинства читателей, заготовка портит впечатление о Википедии. Заготовки создают необходимый энциклопедический контекст для развития статьи.
Ба фикрам ин гуфтаҳо ба ҳамин мафҳумҳои баҳснок мувофиқат мекунанд, чунки мухтасар маънои мавфҳумҳои муосири иҷтимоиро барои сарфаҳм рафтани мақолаҳои дигар ба хонанда фаҳмонда медиҳад.
Инчунин, акнун мафҳуми даъваткунандаи
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
ро ба ин мафҳумҳои иҷтимоии зарур гузоштанӣ будам, ки пок шудааст.
Агар ин ақидаам барои ин мавзӯи баҳснок нодуруст бошад? Пас интизор бояд шуд, ки кай шахсе боз ба ҳамин мавҳумҳо баргашта онро ҳамаҷониба бинависад. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 13:55، 30 май 2016 (UTC)
- Бале, аммо бар замми иқтибоси оварда, инро ҳам: По общему правилу, заготовкой признаётся статья, содержащая лишь дефиницию предмета, заявленного в названии статьи, что на практике, как правило, означает размер от 3 до 10 коротких предложений. бояд илова мекардед. Агар аҳамият диҳед, на ҳама мақолаҳои кӯтоҳро ҳазф кардам, чун як-ду ҷумла ҳам бошад, ҷумлаҳои дароз аст ва дефиницияи мавзӯъ кам ҳам бошад, маълумоти кироӣ дода шудааст (баҳои 3). Мақсади ин дастурамал, беҳгардонии сифат аст. Маҳз аз сабаби пас шудани сифат, ҳама дархостҳое, ки ба ворид кардани парчамҳои Автобаррас, Баррас ва Вогардон дода буданд, ба ҳамаи лоиҳаҳо рад карданд. Масъалаи нишондодҳои сурх, аҳамият додан лозим нест. Касе, ки тавоно ва дар ин ё он мавзӯъ дониш дошта бошад ва хусусан хоҳиш, албатта мувофиқи дастурамал эҷод мекунад. Шавқу ҳаваси эҷоди мақолаҳои кӯтоҳ дошта бошед, соҳиби бот шавед. Танҳо ба бот иҷозат аст, ки бо як ҷумла эҷод кардан. Бояд қайд кард, ки дар ин ҳолат мақола,шаблонҳои новбарӣ ва қуттии пуркарда дошта бошад. Шумо ҳамчун мудир бояд ба корбарон намуна бошед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:23، 30 май 2016 (UTC)
Program master
Салом устод! Ин корбар Корбар:Program master хатогӣ карда истодааст як бор дида бароед. Бо эҳтиром--, Jaloliddin 15:23، 4 Июн 2016 (UTC)
Иди Рамазон
Ассалому алейкум устод! Шуморо бо фарорасии Иди Рамазон табрик мегӯям идатон муборак устод. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov 17:38، 6 Июн 2016 (UTC)
- Ваалайкум салом Ҷалолиддин. Ташаккур. Шуморо ҳам бо аҳли оилаатон муборакбод мекунам.--Шухрат Саъдиев (talk) 17:46، 6 Июн 2016 (UTC)
Табрикот
Ҳамкор, устод ва дӯсти азиз! Ид муборак бошад. Ба Шумо ва аҳли байти Шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва умри бобаракатро орзумандам. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 09:12، 5 Июл 2016 (UTC)
Бойгонӣ
Ассалом устод! Барои саҳифаи баҳсро бойгонӣ сохтан чӣ кор кардан даркор. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov 13:36، 7 Июн 2016 (UTC)
Ҳамин саволи маро дида бароед, дар боло, оид ба бойгонӣ сохтани саҳифаи баҳс. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 09:34، 10 Июн 2016 (UTC)
- Маводи Мубоҳисаро давоми як сол нигоҳ медоранд, бинобар ин ҳар як 2-3 ҷумларо барои ба бойгонӣ гузаронидан, саросема нашавед. Барои ба бойгони гузаронидани баҳсҳо, компютерро истифода бурдан лозим меояд бо телефон мушкилтар аст. Давоми ба шаблон даровардани деҳаву ҷамоатҳои Тоҷикистон чӣ шуд, ки хотима ёфтааст???Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 10:22، 10 Июн 2016 (UTC)
Не шаблони деҳаҳоро мегузорам, кам-кам шаблони деҳаҳоро илова мекунам. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 12:22، 10 Июн 2016 (UTC)
Утбӣ ё Атабӣ
Дусти гиромӣ, шигифтангез аст ки дар википедиаи тоҷикӣ номи хонаводагии як падар у писар ба 2 сурат оварда шуда аст. Абӯҷаъфар ал-Атабӣ ва Абулҳусайн Утбӣ. Shfarshid (talk) 03:35، 14 Июн 2016 (UTC)
- Посух ба эроди Shfarshid . Ба сарчашмаи мақола нигаред, академик А.Мухторов дар "Амирон ва вазирони Сомонӣ", саҳ. 59 якеро Абӯҷаъфар ал-Атабӣ ва дигареро Абулҳусайн Утбӣ овардаанд. Агар дигар сарчашмаи боэътимод ёфта бошед, иқтибос биёред.--Шухрат Саъдиев (talk) 03:47، 14 Июн 2016 (UTC)
- Дар донишномаи Эроника мадхали ʿOTBI ба ин афрод ишора шуда аст. Аз суи дигар феҳристи Вазирони давлати Сомониён ноқис мебошад. Ман бо истинод ба таърихи Бухорои Наршахӣ тавонистаам феҳристи комилтареро дар ин ҷо ба хатти ниёкон гирдоварӣ кунам. бо эҳтиром Shfarshid (talk) 04:25، 14 Июн 2016 (UTC)
Ба Shfarshid бо сарчашмаҳо шинос шудам, боварибахшанд. Ин кашфиёти наватонро дар мақолаи номбурда бо пайванди сарчашма ворид кунед. Ин саҳми шумо дар масъалаи муҳокимашаванда мегардад. Ва афсуси "шигифтангез"* - атонро доир ба Википедиа бартараф мекунад. Дар масъалаи номҳои вазирони Сомониён дар асоси сарчашмаҳои нав боҷуръатона тағйирот ворид намоед. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 07:51، 14 Июн 2016 (UTC)
Иди Фитр
Устоди мӯҳтарам, идатон муборак бод! Бо эҳтиром, Сергап (talk) 08:14، 5 Июл 2016 (UTC)
- Ба корбар Сергап (talk) Ташаккур! Шумо ва наздиконатонро бо фарорасии Иди Фитр табрик мекунам! Бо эҳтиром, --Шухрат Саъдиев (talk) 12:31، 5 Июл 2016 (UTC)
Ид муборак!
Ассалому алейкум устод! Идатон муборак бод устод! Бо эҳтиром--, Ҷалолиддин(talk) 09:59، 5 Июл 2016 (UTC)
- Ба корбар Ҷалолиддин(talk) Ташаккур! Шумо ва оилаатонро бо фарорасии Иди Рамазон (Фитр) табрик мекунам! Бо эҳтиром, --Шухрат Саъдиев (talk) 12:34، 5 Июл 2016 (UTC)
Устод Фароғат Искандарова
Устод Шӯҳрат Саъдиев, устод Фароғат Искандароварро ман Википедиа:Дархост ба унвони мудир-ро гуфтам, аммо ҷавоб надоданд, агар шумо мефаҳмондед, устод Фароғат Искандарова сазовори Мудир шудан аст, ки дар оянда яке аз мудирони ВП тоҷикӣ мешаванд. Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин (talk) 16:36، 5 Июл 2016 (UTC)
Салом устод! Ҳамин саволи маро бинед, дар боло нигаред. Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин (talk) 15:20، 6 Июл 2016 (UTC)
Николай Носков
Здравствуйте уважаемый Шухрат Саъдиев, я не знаю таджикский язык, но для вас делаю заказ: вы сможете сделать на вашем таджикском языке статьи про музыканта Николая Носкова? Если вы сделаете эту статью, то я вам буду очень благодарна! Спасибо! --217.66.158.197 13:58، 12 Август 2016 (UTC)
- Представтесь участник.--Шухрат Саъдиев (talk) 14:55، 12 Август 2016 (UTC)
Анна Озерова. Вы сможете сделать на вашем таджикском языке статью про певцов из моего государства рок-музыканта Николая Носкова, Филиппа Киркорова, Дима Билан, Сергей Лазарев? Если вы сделаете эти статьи, то я вам буду очень благодарна! Спасибо! --11:16، 15 Август 2016 (UTC)
- В течении 4 недель переведу русский вариант ВП. С уважением --Шухрат Саъдиев (talk) 12:20، 15 Август 2016 (UTC)
Вироиш
Чаро вироиши ман вогардондед? Ин маълумотҳо беасос аст. --Akhemen (talk) 07:24، 19 Август 2016 (UTC)
- Ба Akhemen (talk). Минбаъд саволатонро дар саҳифаи вогардондашуда, гӯшаи (мубоҳисавӣ) нависед ва ҷавобашро дар онҷо нигаред.--Шухрат Саъдиев (talk) 12:43، 19 Август 2016 (UTC)
Таклиф
Салом устоди гиромӣ. Ман барои Корбар:TajBot дархост ба унвони бот додам ва аз шумо хоҳиш дорам, ки дар инҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, --Дӯстмурод Саид (talk) 14:18، 15 Декабри 2016 (UTC)
Соли нав!
Шухрат Саъдиев,
идатон муборак шавад! --Сергап (talk) 10:30، 31 Декабри 2016 (UTC)
Соли нав муборак!
Устоди муҳтарам Шӯҳрат Саъдиев шуморо бо омад-омади Соли нав муборакбод мегуям. Дар ин соли 2017 хурсандии оилаатонро бинед. Бо эҳтироми зиёд Ҷалолиддин Мадаминов 31-уми Декабри соли 2016 UTC +5 19:48 Ҷалолиддин (talk) 14:50، 31 Декабри 2016 (UTC)
?
Устод барои чӣ ба ман квадрат ва килориметрро нишин медихед? Вай сахифаи ман нест. Ман низ Ҷалолидин намебошам. Ман Азимов Мунирҷон хонандаи синфи 8 б И ЛИТСЕЙИ ФИЗИКӢ-МАТЕМАТИКИИ РАҚАМИ 1 БА НОМИ М.ОСИМИи шаҳри Хуҷанд мебошам. Ман Ҷалолиддин нестам.