Ҷаббор Расулов
Ҷаббор Расулов (Ҷаббор Расулович Расулов; 27 июни (10 июли) соли 1913, Хуҷанд, Вилояти Самарқанд, Империяи Русия — 4 апрели соли 1982, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими ҳизбӣ ва сиёсӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1946—1961, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1961—1982. Ӄаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1981). Аъзои ҲКИШ (1939) узви КМ ҲКИШ (1961—1982). Вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
Ҷаббор Расулович Расулов | |
12 апрели соли 1961 — 4 апрели соли 1982 | |
Пешгузашта | Турсун Ӯлҷабоев |
Ҷонишин | Раҳмон Набиев |
6-умин Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
|
|
апрели соли 1946 — 27 марти соли 1955 | |
Пешгузашта | Маҳмадалӣ Қурбонов |
Ҷонишин | Турсун Ӯлҷабоев |
Таваллуд |
10 июл 1913 |
Даргузашт |
4 апрел 1982 (68 сол) |
Мадфан | |
Ҳизб | |
Эътиқод | атеизм |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишҶаббор Расулов 27 июни 1913 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро (1934) хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ(1934—1938) саркарда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1938—1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (1941—1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1945—1946) кор кардааст.
Ҷаббор Расулов ба таърихи То- ҷикистон ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва партиявӣ ворид гардидааст. Тараққиёти Ҷумҳурӣ ва дастовардҳои бузург ба номи Ҷаббор Расулов тааллуқ доранд. Чунки ӯ беш аз 30 сол ба сифати роҳбари Ҷумҳуриамон фаъолият намудааст. Даҳ сол ба сифати Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол ба ҳайси Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон меҳнати пурмаҳсул кардааст. Дар давраи роҳбари ҷумҳурӣ будан Расулов якчанд маротиба ба ноҳия ташриф оварда ба меҳнаткашон, алалхусус, ба деҳқонони зарофар маслиҳатҳои муфид додааст.
Солҳои 1946—1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон — Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, дар вазифаи ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС (1955—1958), котиби КМ ПК Тоҷикистон (1958—1960) кор кардааст. Ӯ аввалин шахсест аз Тоҷикистон, ки ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того (1960 — 1961) адои вазифа намудааст.
Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон — Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961—1982 ба ухда дошт. Ҷаббор Расулов дар синни 69 солаги ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил ҷон додааст. 4 апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе вафот карда дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст.[1]
Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар шаҳри Хуҷанд, хиёбоне дар шаҳри Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- 9 ордени Ленин,
- ордени Инқилоби Октябр,
- ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II,
- 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ [ https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2, %D0%94%D0%B6%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80_ %D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87 Википедияи русӣ, Расулов, Джабар Расулович]
- ↑ Вазирони корҳои хориҷӣ,Ҷаббор Расулов http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html Бойгонӣ шудааст 8 май 2014 сол.