Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКХ ҶТ
(Тағйири масир аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ)

Вазорáти корҳóи хориҷи́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóнмақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, ба фаъолияти ниҳодҳои хадамоти дипломатӣ ва консулгарӣ роҳбарӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯтоҳ: ВКХ ҶТ
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон
пешинаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири масъул Сироҷиддин Аслов
Вебгоҳ mfa.tj

Таърих

вироиш

Ниҳоди корҳои хориҷии Тоҷикистони Шуравӣ дар асоси Қонун «Дар бораи ташкил додани Комиссариати халқии корҳои хориҷии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ» (12.05.1944) таъсис дода шуда, ҳамагӣ 11 нафар корманд дошт. Дар тӯли 65 сол номи ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон 5 бор тағйир ёфт: Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (12.05.1944–06.1946), Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (06.1946–31.08.1991), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.08.1991–10.01.1992), Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.01.1992–20. 07.1992). Аз 20.07.1992 – Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То солҳои 1946–1989 роҳбарии ниҳоди мазкурро ҳамза­мон раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ва муовинони раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ба уҳда доштанд. Вазифаву салоҳиятҳо ва сохтори идоравии он ҳамчун зерсохтори Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС маҳдуд буданд.

Сохтор

вироиш

Тӯли солҳои истиқлолият сохтори вазорат такмил дода ёфта, айни ҳол (2022) дастгоҳи марказии вазорат ибо­рат аст:

  • Роҳбарият (вазир, муовини якуми вазир ва чор муовин);
  • Гурӯҳи сафирони супоришҳои махсус;
  • Сарраёсати консулӣ;
    • Раёсати кадрҳо;
    • Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка;
    • Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо;
    • Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором;
    • Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
    • Раёсати таҳқиқоти стратегӣ;
    • Раёсати созмонҳои байналмилалӣ;
    • Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ;
    • Раёсати шартномавӣ-ҳуқу­қӣ;
    • Раёсати ташрифоти давлатӣ;
    • Раёсати иттилоот ва матбуот;
    • Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ;
    • Раёсати молиявӣ;
    • Раёсати корҳо;
  • Шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО;
  • Шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ;
  • Шуъбаи Созмони ҳамкории Шанхай;
  • Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
  • Шуъбаи тарҷума;
  • Шуъбаи сохтмон;
  • КВД «Тоҷикдипсервис» назди ВКХ ҶТ;

Вазифаҳо ва самтҳои фаъолият

вироиш

Вазорат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлат­ҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, барои баланд гардонидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъа­лаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд; стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ ме­гардонад; роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии То­ҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнал­ми­лалӣ дар асоси таҳлили ахбори вобаста ба маҷмӯи му­носибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои бай­налмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд.

Вазорат лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, оид ба бастан, иҷро намудан, қатъ кардан ва боздоштани амали шартномаҳо так­лифҳо омода ва пешниҳод менамояд; бо давлатҳои хори­ҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунид­ҳо анҷом медиҳад; ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати умумӣ бурда, дар тайёр намудани таклифҳо оид ба мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо уҳдадориҳои бай­налмилалӣ иштирок менамояд. Вазорат дар таҳияи сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озоди­ҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудофиа ва амният,  ҳамчунин густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷора­тӣ ва молиявӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар шакл­ҳои алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хори­ҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд; иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти СММ, САҲА, ИДМ ва дигар созмонҳои байналми­ла­лӣ ва минтақавӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳо­нӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд.

Вазорат таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти во­ситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷиро дар қаламра­ви Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд; барои паҳн намудани ахбор дар хориҷи кишвар оид ба сиёсати хори­ҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мусоидат менамояд; дар таъмини маросими ташрифотӣ ҳангоми мубодилаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ иштирок намуда, ҳамчунин аз болои иҷрои имтиёз ва масуниятҳои дипло­матӣ ва консулӣ назорат мебарад; ба амалӣ намудани ро­битаҳои байнипарламентӣ ва дигар робитаҳои хориҷии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил намуда, бо тартиби муқар­рар­гардида хидматрасонии консулӣ, ахборӣ-машваратӣ ва дигар намуди хидматрасониҳоро анҷом медиҳад; дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмин менамояд; ҳуҷ­ҷат­ҳои шиносномавӣ – раводидиро ба расмият медарорад; имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва таъйид намудани ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад.

Дастовардҳо

вироиш

Дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқ­лолият ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷа­ҳо­нӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Сафоратҳо

вироиш

Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон фа­қат дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Намояндагии ваколатдори кишварро таъсис дода буд, ки баъдан 18 декабри 1993 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия табдил дода шуд. 18 январи 1994 нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари давлати хориҷӣ эътимоднома супорид. Ҳоло (2022) дар кишварҳои хориҷӣ 29 намояндагии дипломатии Тоҷикистон, инчунин намо­ян­да­гиҳои доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Итти­ҳо­ди иқтисодии Авруосиё ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ амал мекунанд, инчунин 5 консулгарии генералӣ ва 3 консулгарии кишвар дар хориҷа фаъолият доранд. Соли 1993 дар Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазо­қис­тон сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд ва соли 1994 дар Олмон нахустин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1995 дар Эрон ва Туркия, 1997 дар Хитой, Австрия, Беларус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба фаъолият пардохт. Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон моҳи январи 2002 дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуда, худи ҳамон сол сафоратҳои Тоҷикистон дар ИМА ва Белгия (ҳамзамон намояндагӣ дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо) ба кор оғоз намуданд. Солҳои 2003–2005 сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон таъсис ёфтанд. Баъдан соли 2007 дар Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, соли 2008 дар Британияи Кабир, Озарбойҷон, Украина, Швейтсария (ҳамзамон намо­ян­дагӣ дар шуъбаи СММ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Ҳамзамон консулга­ри­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфаи Русия, Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзободи Афғонистон ҷойгир шудаанд.

То имрӯз 181 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо онҳо муносибатҳои дип­ломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ни­ҳод­ҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳоло дар Душанбе сафоратҳои 21 кишвари хориҷӣ фаъолият намуда, 65 давлати дигар сафирони ғайримуқими худро дар То­ҷикистон таъйин кардаанд, инчунин намояндагиҳои аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои мо­лиявии ҷаҳонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (2015) моҳияту мундариҷа ва дурнамои сиёсати хо­ри­ҷии кишвар, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозии он ба таври мушаххас инъикос карда шудаанд. Дар он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳ­ҷӯёна ва бисёрсамтае, ки дар асоси эҳтироми мутақоби­ла ва риояи манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад, муайян карда шудааст. Соли 2003 дар асоси санади барномавии мазкур дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» эълом гардид. Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои боз» мав­қеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли муш­килоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкори­ҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва ман­фиатҳои худро таъмин кард.

Сиёсати иқтисодӣ

вироиш

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъа­лаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд. Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳал­лу фасли мухолифати шаҳрвандӣ, тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷти­моии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводди мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти То­ҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Тоҷикистон бунёнгузори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон – Афғонистон‒Эрон) ва кишварҳои «Чаҳоргонаи Душанбе» (Тоҷикистон – Русия‒Афғонистон – Покистон) мебошад. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003); Даҳсо­лаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015); «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (2013); Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) ташаббусҳои роҳбарияти ҶумҳурииТоҷикис­тон дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд. Ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин техноло­гияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки онҳо тавонанд ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи самараноки захираҳои оби дарёҳои фаро­миллӣ мусоидат намоянд.

Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳам­корӣ бо ЮНЕСКО

вироиш

Пойтахти Тоҷикистон ‒ шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид (2002); «Шашмақом» ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳан­гии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд (2003); бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қа­ди­маи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои Мероси фар­ҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд (2010); бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷа­ҳо­нии ЮНЕСКО «Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир» ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид (2013); дар шаҳри Порис дар қарор­гоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар киш­вар бахшида шуда буд, баргузор гашт (2013); бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналми­лалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷаш­нии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонид (2013); дар шаҳри Порис дар рафти иҷлосияи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-со­лагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо ҶИЭ), 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд (2013).

Интишорот

вироиш

Фаъолияти нашриётии Вазорат хусусан аз соли 2006 вусъат пайдо кард; нашри фаслномаи иттилоотии «Дипломатия Таджикистана» ташкил карда, он аз соли 2007 ба солнома табдил дода шуд. Силсилаи китобҳо дар мавзӯи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Рыночная экономика и международное сотрудничество» (2006), «Тоҷикистон – САҲА: му­колама ва ҳамкорӣ» (2009, бо забонҳои тоҷикӣ, анг­лисӣ, русӣ), «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» (2009, 2012, дар ду ҷилд, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, ру­сӣ), «Многовекторная дипломатия Таджикистана» (2010), «Хазинаи тилоии тоҷикон» (2010–2013, бо забонҳои то­ҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хи­тойӣ, туркӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлол» (2011, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), «Таджикистан в системе обеспечения региональной безо пасности ОБСЕ» (2011) ба нашр расонида шуданд. Соли 2011 дар назди Вазорат маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» таъсис дода шуд.

Роҳбарони собиқи вазорат

вироиш

Роҳбарони ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон: Алӣ Аҳ­мадов (29.7.1944–6.1946), Ҷаббор Расулов (22.7.1946–3.1955), Турсун Улҷабоев (29.3.1955–25.5.3.1956), Н. Додхудоев (25.5. 1956–12.4.1961), А. Қаҳҳоров (19.6.1961–20.7.1973), Раҳмон На­­биев (20.7.1973–9.12.1981), Р. Юсуфбеков (9.12.1981–5.1984), У. Усмонов (30.5.1984–11.1989), Л. Қаюмов (7. 11.1989–11.5.1992), Х. Холиқназаров (11.5.1992–11.1992), Р. Олимов (11.8.1992–27.12.1994), Талбак Назаров (28.12.1994–30.11.2006), Ҳамрохон Зарифӣ (1.12.2006‒29.11.2013), Сироҷиддин Муҳриддин (аз 29.11.2013)

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  • mfa.tj — вебгоҳи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)(англ.)

Сарчашма

вироиш