Турсун Ӯлҷабоев
Турсун Ӯлҷабоев — 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанд — 31 майи соли 1988), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон байни 24 майи, соли 1956 ва 12 апрели, соли 1961 буд.
Ӯлҷабоев Турсун Ӯлҷабоевич | ||||||
![]() | ||||||
|
||||||
Пешгузашта | Бобоҷон Ғафуров | |||||
Ҷонишин | Ҷаббор Расулов | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Ҷаббор Расулов | |||||
Ҷонишин | Назаршо Додхудоев | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Усмон Раҳматзода | |||||
Ҷонишин | Мирзоқосим Рустамов | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Н. И. Козлов | |||||
Ҷонишин | А. Сафаров | |||||
|
||||||
Таваллуд |
18 апрел (1 май) 1916 кишлак Курск, Самаркандская область, Российская империя |
|||||
Даргузашт |
31 май 1988 (72 сол) Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР |
|||||
Ҳизб | КПСС | |||||
Таҳсилот | ||||||
Ҷоизаҳо |
ЗиндагиномаВироиш
Турсун Улҷабоев 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва соли 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935—1937) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шуъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941—1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950—1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954—1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955—1956), Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҷомаи амал пӯшид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели соли 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид. Турсун Улҷабоев баъдан сафед карда шудааст.
Фаъолияти баъдинаВироиш
Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин — туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961—1964), директори совхози «Ғарм» — и ноҳияи Комсомолобод (1964—1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «24 партсъезд» — и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.
Турсун Улҷабоев вакили Шӯрои Олии ИҶШС, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.
Дар давраи истиқлол роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хидматҳои Т. Улҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (1997) Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд.[1]
ҶоизаҳоВироиш
- ордени Ленин,
- 2 ордени Нишони Фахрӣ,
- 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- панҷ медал ва чор Граммотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС мукофотонида шудааст
Нигаред низВироиш
ПайвандҳоВироиш
- Биография
- Биография на ЦентрАзия. Ру Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Вазирони корҳои хориҷи, Турсун Улҷабоев. 3 май 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2014.