Титан (рамзи кимиёвӣ Ti, аз лот. Titanium) — элементи кимиёвии гурӯҳи 4-ум (аз рӯи тақсимоти пештара, зергурӯҳи чорум, гурӯҳи IVB), давраи чоруми ҷадвали даврии унсурҳои кимёӣ, бо рақами атомии 22.

22
Титан
47,867
3d24s2

Титан металли нуқрагун, сабук, устувор, ёзандаи мураккабгудоз буда, дар ҳарорати 1933 °C гудохта шуда, дар 3560 °C меҷӯшад. Титан аз рӯи хусусиятҳои табииаш металли абадӣ буда, аввалин бор табиатшиноси инглис У.Грегорӣ (с.1791) дар маҳаллаи Менакан (Корнуолл) намунаи минералҳои титандорро ҷамъ оварда, онҳоро менакан номид. Кимиёшиноси олмонӣ М.Клапрот (с.1795) ин металлро ба шарафи писарони ривоятии Худои Замин – Титан ном дод. Титани металлиро олими рус Д.К.Кириллов (с.1875), баъдан свидиҳо Нилсон ва Петерсон (с.1887) ва кимиёшиносони амрикоӣ Хантер (с.1910) ва Ҳолландӣ Ван-Аркелу де-Бур бо шакли тоза истеҳсол намуданд. Титани тоза металлро ба техника роҳ кушод, алалхусус тозагии металл сифати онро муайян мекунад.

Титан бо тозагии 999 %

Хӯлаҳои титан аз 3 то 5 маротиба аз хӯлаҳои алюминий ва магний устувортар мебошанд. Ду намуди титан дар саноат истифода мешаванд: ба шакли диоксид (56%), чун пигменти титан барои истеҳсоли лак, ранги сафед (белила) ва сири металл ва дар қоғазбарорӣ чун унсури пуркунанда, истеҳсоли пластмасса, маснуоти резинӣ ва ҳамчун металли сабук, устувор ва ба зангзанӣ тобовар дар саноати авиакоинотӣ истифода мешавад. Дар соҳаи истеҳсоли техникаи ҳарбӣ, асбобҳои талаботи ҳамарӯза ва молҳои варзишӣ (кӯҳнавардӣ, сайёҳӣ, чавгонҳо барои бозии голф), қолиби соату телефонҳо ва айнаки чашм ба кор бурда мешавад. Дар техникаи кайҳонӣ аз хӯлаҳои титан кӯпҳо барои нигоҳ доштани захираи оксиген ва гидроген дар ҳолати ҳарорати аз ҳад зиёд паст тайёр мекунанд. Солҳои охир титан дар тайёрасозӣ, мушаксозӣ, мошинсози, киштисозӣ, реакторҳои ядроӣ истифода мешавад. Титан хосияти кашишхӯрии баланд ва сахтӣ дошта, 0,1% он дар таркиби пӯлод сифати онро баланд мегардонад. Карбиду нитридҳои титан барои тайёр кардани маводи сайқалдиҳанда истифода мешаванд.

Қолаби соат аз хӯлаҳои Титан
Титан тозагиаш 99,995 %, вазнаш 283 г, дарозиаш 14 см, диаметраш 25 мм, дар корхонаи «Уралредмет» бо роҳи иодкунонӣ аз тарафи Ван Аркель, Антон Эдуард, Де Бур ва Ян Ҳендрик ҳосил карда шуд.

Конҳои титан вироиш

Калонтарин конҳои титан дар минтақаҳои ҶАҶ, Русия, Канада, ИМА, Чин, Норвегия, Шветсия, Миср, Австралия, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Қазоқистон ҷойгир шудаанд; конҳои парокандаи титан дар Бразилия, Ҳиндустон, ИМА, Сиерра-Леоне, Австралия қарор доранд. Дар байни кишварҳои ИДМ захираи хӯлаҳои титан дар Русия 58,5 % ва дар Укроин 40,2 % мавҷуданд. Кони Ярегское, ки дар қисмати марказии Ҷумҳурии Коми, Федератсияи Русия ҷойгир шудааст, калонтарин кони элементи титан дар Русия мебошад.

Ҷолиб вироиш

 
Маҷмааи «Истиқлол»

Тоҷе, ки дар болои маҷмааи «Истиқлол» ҷойгир аст, аз титан сохта шудааст.[5]

Адабиёт вироиш

  • Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов: Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов"/Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М.: Металлургия, 1993. – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред вироиш

Ҳаволаҳо вироиш

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
  1. titanium - definition of titanium in English | Oxford Dictionaries. Oxford University Press (2017).
  2. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  3. Andersson, N. (2003). «Emission spectra of TiH and TiD near 938 nm». J. Chem. Phys. 118 (8). doi:10.1063/1.1539848. Bibcode2003JChPh.118.3543A.
  4. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 
  5. www.asiaplustj.info/tj/