Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2016/23
Бобоҷон Ғафуров
Бобоҷон Ғафуров (31 декабри соли 1908 - 12 июли соли 1977) (ба хатти ниёгон باباجان غفورف, ба забони русӣ Бободжан Гафуров, ба забони инглисӣ Babajan Ghafurov) - Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).
Зиндагинома
вироишБобоҷон Ғафуров дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод таъсири мусбӣ расонидааст. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.
Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд, 1930-1934 Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон». Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, 1941-1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи мудири Муассисаи Пажуҳишҳои Шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва муҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд. бештар...