Шарофзода Гавҳар (23 марти 1966, ноҳияи Панҷ) — омӯзгор, доктори илмҳои филология, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гавҳар Шарофзода
Шарофзода Гавҳар
Таърихи таваллуд: 23 март 1966(1966-03-23) (58 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Шарофзода Гавҳар 23 марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: омӯзгор, доктори илмҳои филологӣ, дотсент. Соли 2008 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

  • Солҳои 1985—1990 — Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1983—1984 — Роҳбари кружоки ҳаваскорон, муаллимаи мактаби миёнаи № 7 ноҳияи Панҷ
  • Солҳои 1984—1985 — Муаллимаи мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Панҷ
  • 07-10 соли 1990 — Лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 1990—1993 — Ассистенти кафедраи забони тоҷикии байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 1993—2001 — Мудири аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 2001—2002 — Муовини мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 2002—2005 — Сарэксперти шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензионии мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2005—2006 — Мудири шуъбаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 02-05 соли 2006 — Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2006—2009 — Муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009—2010 — Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2010—2013 — Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Аз декабри соли 2013 то с. 2020 — Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Шарофзода Гавҳар(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2020.