Гадолинит (аз номи маъданшинос Гадолин) — минерал. Формулаи кимиёиаш Ce,La,Nd,Y)2FeBe2Si2O10

Гадолинит
Формула (Ce,La,Nd,Y)2FeBe2Si2O10
Физические свойства
Цвет чёрный, коричневый, бурый
Блеск жирный стекловатый
Прозрачность по краям, иногда непрозрачен
Твёрдость 6,5 — 7
Спайность легко получаемая по (001)
Излом раковистый, чешуйчатый, иногда неровный
Сингония моноклинная

Таркиби кимиёии гадолинит доимӣ нест — миқдори ҷузви асосии он, бахусус FeO, хеле тағйир меёбад. Асосан аз силикатҳо, стерий, лантан, неодим, иттрий, бериллий ва оҳан иборат аст. Инчунин торий, баъзан уран дорад. Сохтори кристаллбандиаш моноклиналӣ. Рангаш сиёҳ, дорчинӣ, сурхи сиёҳтоб, ҷилояш шишагуни равғанӣ. Сахтиаш 6,5-7. Вазни хоссаш 4-4,3. Шикасташ ковок, пулакчамонанд, баъзан каҷхатта. Маъмулан дар намуди массаи зич, баъзан дар шакли кристаллҳо вомехӯрад. Кристалли хеле камёб аст. Баъзан ҳаҷмаш хеле бузург мешавад. Вазни баъзе кристаллҳои ташаккулнаёфта то ба 80 кг мерасад (Барингер — Хил, ИМА). Дар порфир (санги самоқ)-и кварсӣ дар Гуассо-ал-Монтеи Итолиё, Финбо, Иттербю ва Фалунии Шветсия, Гиттероёи Норвегия, Силезия, ИМА, нимҷазираи Колски Русия вомехӯрад. Истихроҷи саноатии он барои истеҳсоли торий, уран ва аносири нодир истифода мегардад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш