Ғармаш (лот. Alcea nudiflora), гулхайрии сафед[2] — гиёҳест бисёрсола.

Ғармаш
Ғармаш. Элок, ноҳияи Файзобод
Гули ғармашаҳри Элок, ноҳияи Файзобод
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Alcea nudiflora Lindl.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш рост; аз 30 см то 2 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозии думчааш то 20 см, бари паҳнакаш 3 — 18 см), мудаввар. Гулаш сафед, қифшакл. Тухмаш гурдашакли сиёҳтоб. Моҳҳои май — сентябр гул карда, тухм мебандад.

Густариш

вироиш

Ғармаш дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон мерӯяд. Бештар дар ҷангалзори паҳнбарг ва гармсер (шибляк), шибоғзори дашт, марғзори субалпӣ, нишебиҳои санглохи кӯҳ, боғ, киштзор, канори роҳ ва ғайра (800 — 3000 м аз с. б.) месабзад.

Хосиятҳои шифоӣ

вироиш

Теофраст, Дисқуридус, Плиний ва дигарон ғармашро доруи хуби сулфа ҳисобидаанд. Ба ақидаи табибони халқӣ ғармаш реш ва пучакҳоро мепазонад, варамҳоро таҳлил медиҳад. Барги тарашро кӯфта ба сар банданд, варами майна ва пардаи онро шифо мебахшад, барои бардамида шудани пилки чашм давои хуб аст. Онро кӯфта ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда шифо мебахшад. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он кӯфта гузошта банданд, устухонро ба ҳамдигар пайваст мекунад. Агар ғармашро дар об ҷӯшида, он обро ба сар бирезанд ё сарро бо он шӯянд, мӯи сарро нарм мекунад. Ва агар дар он об то ноф даромада шинанд, варами мақъадро таҳлил медиҳад. Тухми хушкашро кӯфта, бехта, бо оби ширгарм биошоманд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Кӯфтаи тухми ғармашро дар об тар карда, он луобро бо шакар даромехта, нимгарм бихӯранд, сурфаи гарм ва хун қай карданро нафъ дорад. Пӯсти решаи ғармаш бисёр қавӣ аст. Агар онро дар об ҷӯшонида бинӯшанд, исҳолро мебандад. Иллати қулинҷ (колит)-ро шифо мебахшад. Решаи ғармашро дар об ҷӯшонида дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандҳои шахшударо мулоим мекунад. Решаи хушки онро кӯфта, ордаки онро бо орди боқило даромехта, бо равғани хук сиришта, бар буғумҳо гузошта банданд, шах шудан ва варамҳои сахтро ислоҳ мекунад.

Бехи ғармашро дар тибби бисёр давлатҳои ҷаҳон истифода мебаранд; асосан доруи балғамовар ҳисоб меёбад. Ҳангоми илтиҳоб ва қабзияти узвҳои нафас, роҳи пешоб, газаки меъдаву рӯда ва ғайра низ тавсия медиҳанд. Бехаш то 35 % луоб, инчунин қанд, аспаргин ном модда ва ғайра дорад. Бехи ғармашро баҳор ва тирамоҳ ғундошта, дар ҷои соя мехушконанд.

Нигаред низ

вироиш
  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (Русӣ-Тоҷикӣ-Лотинӣ) — Д., 2018. СИЭМТ. — С. 63. —112 саҳ. — ISBN 978-99947-33-94-1.

Адабиёт

вироиш
  • Ковалева Н. Г., Лечение растениями., М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Полуденный Л. В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979;
  • Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981;
  • Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Сарчашма

вироиш