Гулмурод Ҳалимов (Ҳалимов Гулмурод Салимович[1]; 14 майи 1975, деҳаи Дараи Фонӣ, ноҳияи Варзоб) — ҳаросафкани байнулмилалӣ, собиқ афсари низомии тоҷик, полковник, собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон. Солҳои 2003—2014 дар доираи ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон якҷо бо дигар кормандони ОМОН курсҳои омӯзишии зиддитерористиро аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА гузашта[2] ва ҳамчунин дар ширкати хусусии низомии Blackwater омӯзиш гирифтааст[3]. Соли 2015 ба сафи ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ) пайвастаат.

Гулмурод Ҳалимов
Ҳалимов Гулмурод Салимович
Ҳалимов дар соли 2015. Кадр аз навори ДИ
Зодрӯз 14 май 1975(1975-05-14)
Зодгоҳ ноҳияи Варзоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 8 сентябр 2017(2017-09-08) (42 сол)
Мансубият  Тоҷикистон
 ISIL
Рутба Полковники ВКД Тоҷикистон
Қисм полковник
Набард/ҷангҳо Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон
Амалиёти махсуси ноҳияи Рашт (2010)
Рӯйдодҳои Хоруғ (2012)
Ҷанги шаҳрвандии Сурия
Ҷанги шаҳрвандии Ироқ

Зиндагинома вироиш

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад[4].

Фаъолияти низомӣ вироиш

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъйиноти махсус (ОМОН)-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Гулмурод Ҳалимов дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст[4].

Хиёнат ба Ватан вироиш

Гулмурод Ҳалимов бино ба хабарҳо аз 23 апрели соли 2015 бедарак шуд ва овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст. Баъдан дар як навори видеоӣ худи ӯ гуфт, ки ба «Давлати исломӣ» пайвастааст ва бо «ҷиҳод» ба Тоҷикистон хоҳад баргашт[5].

Пас пахши як видео бо изҳороти Гулмурод Ҳалимов барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани ӯ бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситони кулли Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ситоди махсус таъсис ёфт.[5]

Парвандаи ҷиноӣ вироиш

Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2015 нисбати Ҳалимов Гулмурод Салимович бо моддаҳои 305 (Хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 4011 (Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Худи ҳамон рӯз нисбати Гулмурод Ҳалимов бо иҷозати суд чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона татбиқ гардида, кофтукови байналмиллалии ӯ эълон карда шуд[6]. Аз 30 майи соли 2015 Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар кофтукови ҷиноӣ қарор дорад[7].

Марг вироиш

15 апрели соли 2017 маҷаллаи бритониёии The Times, бо истинод аз доираии низомии Ироқ хабар дод, ки Ҳалимов дар натиҷаи зарбаи мушакҳои эътилофи ғарбӣ дар Мосул кушта шудааст[8]. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошт, ки онҳо ҳанӯз иттилооти тасдиқшуда надоранд[9].

6 сентябри соли 2017 «Россия сегодня» бо такя ба Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Русия ба маҳалли террористон «вазири ҷанг»-и ДОИШ Гулмурод Ҳалимов кушта шуд[10].

Эзоҳ вироиш

  1. Генпрокуратура Таджикистана обвинила примкнувшего к ИГ экс-командира ОМОНа в госизмене // Interfax. — 2015 (4 июня)
  2. In Tajikistan, U.S.-Trained Commander Turns to Islamic State.
  3. Tajik officer’s defection to Isis highlights US support for repressive regime.
  4. 4.0 4.1 Зидди Гулмурод Ҳалимов парвандаи "муздурӣ" боз шуд. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 Таъсиси ситоди муштарак барои таҳқиқи амалҳои Гулмурод Ҳалимов. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.
  6. Изҳороти Прокуратураи генералӣ дар бораи Гулмурод Ҳалимов, ASIA-Plus. Бойгонӣ шудааст 30 июли 2015  сол. Проверено 21 июли 2017.
  7. Ҳалимов Гулмурод Салимович(тоҷ.). Сайти расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.mvd.tj. 21 июли 2017 санҷида шуд.
  8. Arbil, Gareth Browne,. Isis ‘minister of war’ is killed by allied airstrike in Mosul(англ.). Бойгонӣ шудааст 19 апрели 2017  сол. Проверено 8 сентябри 2017.
  9. "Tаймс": Гулмурод Халимов убит в иракском Мосуле(рус.), Радио Озоди. Проверено 8 сентябри 2017.
  10. Вазорати мудофиаи Русия: Гулмурод Ҳалимов кушта шуд » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.com. 8 сентябри 2017 санҷида шуд.