Сарҳанг

(Тағйири масир аз Полковник)

Сарҳанг (форсӣ: سرهنگ‎) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳангёр ва пойинтар аз гундсолор дорад ва баробар бо новхудо якум дар нерӯи дарёӣ аст; полковник[3].

Сарҳанг
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سرهنگ
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Гундсолор
Дараҷаи пойинтар Сарҳангёр
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарҳангёр

Сарҳанг
Дараҷаи болотар:
Гундсолор

Сарҳанг дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи ҳангро дорад, ки ягоне размӣ ва идориву иқтисодиест, ки хурдтар аз гунд буда ва маъмулан аз ду – чаҳор гурдон ташкил мешавад[4]; полк[5].

Вожашиносӣ

вироиш

«Сарҳанг» (форсӣ: سرهنگ‎ > порсии миёна: sarhang > порсии бостон: *sara-сар; пеш’ + √θang-кашидан; ҳанҷидан[6]) вожаест куҳан ва дар дастнавиштаҳои суғдӣ, ки аз садаҳои VIII — X милодӣ боз мондаанд[7], «srδ’nk; srδnng; srϑng» навиштаву [sarθang] хонда мешуда ва маънояш «фармондеҳ, сардор, сарҳанг, сарвар» будааст[8]. Дар забони порсии миёна низ «sarhang» ‘сардор, фармондеҳ’ буда ва ин маъниро дар форсии дарӣ низ нигаҳ доштааст[9]. Чунончи, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» сурудааст:

Набояд ки аз кордорони ман,
Зи сарҳангу ҷангисаворони ман.
Бихуспад касе дил пур аз орзӯй,
Гар аз банда, гар мардуми некхӯй[10].

Дар сипоҳи Сомониён ва Ғазнавиён сарҳанг сардору фармондеҳи фавҷро мегуфтанд[11]. Аз ин рӯ, аз дер боз «сарҳанг»-ро сохташуда аз ду вожа шумурдаанд: «сар» (‘сардор’) + «ҳанг» (форсӣ: هنگ‎ «сипоҳ, лашкар» > порсии миёна: hang «нерӯ, зӯр»). Чунончи, фарҳанги «Ғиёсу-л-луғот», ки дар соли 1826 милодӣ навишта шудааст, ба нақл аз фарҳангу вожаномаҳои куҳантари «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608), «Бурҳони қотеъ» (1652), «Фарҳанги Рашидӣ» (1654), «Баҳори Аҷам» (1739), «сарҳанг»-ро чунин таъриф кардааст: «Кӯтвол ва ваҷҳи тасмия он, ки сар ба маънии сардору амир ва ҳанг ба маънии сипоҳ»[12]. «Фарҳанги Онандроҷ» низ, ки дар соли 1888 дар Ҳинд таълиф шудаву яке аз беҳтарин фарҳангҳои форсӣ аст, дар таърифи «сарҳанг» овардааст: «сардору пешрави лашкару сипоҳ, чи ҳанг ба маънии сипоҳ низ омада». Ҳамин таъриф дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ оварда шудааст[13].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «сарҳанг»-ро баробари дараҷаи низомии «кулунел» (форсӣ: کلنل‎ > фр. colonel) ниҳод ва «ҳанг»-ро ҷойгузини «режимон» (форсӣ: رژیمان‎ > фр. régiment) ва «фавҷ» (аз ар. فوج‎) кард[14]. «Сарҳанг» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ чун истилоҳи низомӣ ба маънои «фармондеҳи ҳанг (қисми низомӣ, ки ба полк баробар аст)» оварда шудааст[15]. Аз ин рӯ, истилоҳоти «сарҳанг» ва «ҳанг» барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «полковник» ва «полк» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[16].

Пешина

вироиш

Сарҳанг ҳамчун симату дараҷаи низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву ҳазорабад (порсии бостон: *hazārapati-) номида мешуда, ки фармондеҳи як ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) будааст[17]. Ҳазора аз 10 сада (порсии бостон: *θata-) ташкил мешуд ва 1 000 сарбозро дар бар мегирифт. Ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ дирафш (порсии бостон: drafša- дошт[18]. Аз ин рӯ, ҳазора дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[19], дирафш (порсии миёна: drafš) ном гирифта ва сардори он, яъне сарҳанг, дирафш-солор (порсии миёна: drafš-sālār) хонда мешуд[20]. Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар дирафш аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбозро дар бар мегирифт[21].

Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд ва бархеро низ бо истилоҳоти арабӣ ҷойгузин карданд. Чунончи, ар. عسکر [аскар]‎ аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд]‎ аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ]‎ аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[22], вале дирафш ҷояшро ба фавҷ (ар. فوج‎) додааст.

Дар сипоҳи Сомониён (819999) сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳро сипаҳсолор (форсӣ: سپه‌سالار‎) ва фармондеҳи фавҷро сарҳанг (форсӣ: سرهنگ‎) меномиданд[23].

Сарҳанг ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо полковник дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.

Пайвандҳо

вироиш
  1. Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ. — с. 199
  2. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  4. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  5. Коллектив авторов. статья «Полк» // Военная энциклопедия / под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — Т. 6. — С. 483—490. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ / Фарҳангистони забону адаби форсӣ. — Теҳрон: Нашри осор, 1393. — Т. 3. — ISBN 978-600-6143-57-6.
  7. Рагоза А.Н. Согдийские фрагменты Центрально-Азиатского собрания Института Востоковедения. – М.: Наука, 1980. – с. 27; 54
  8. Қариб, Бадруззамон. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. — С. 361 – 362. — ISBN 964-5558-06-9.
  9. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 10 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 Декабри 2021.
  10. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 7. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  11. Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: Сухан, 1373. – с. 133.
  12. Ғиёс-ул-луғот. Таълифи Ғиёсиддин Муҳаммад ибни Ҷалолиддин ибни Шарафиддин Ромпурӣ (ба соли 1242 ҳиҷрии қамарӣ); бо ҳавошӣ ва изофот, ба кӯшиши Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Теҳрон, 1337 хуршедӣ, ҷилди 2, сод – ё. — с. 545
  13. Фарҳанги забони тоҷикӣ / М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — М.: «Советская Энциклопедия», 1969. — Т. 2. — С. 214. — 730 с.
  14. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  15. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) / Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. — Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. — Т. 2. — С. 515. — 950 с.
  16. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  17. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
  18. E. Pottier, Douris et les peintres de vases grecs, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  19. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  20. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  21. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  22. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  23. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.

Адабиёт

вироиш
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 7. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  • Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: Сухан, 1373.
  • Ғиёс-ул-луғот. Таълифи Ғиёсиддин Муҳаммад ибни Ҷалолиддин ибни Шарафиддин Ромпурӣ (ба соли 1242 ҳиҷрии қамарӣ); бо ҳавошӣ ва изофот, ба кӯшиши Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Теҳрон, 1337 хуршедӣ, ҷилди 2, сод – ё.
  • Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  • Қариб, Бадруззамон. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. ISBN 964-5558-06-9.
  • Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  • Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод.
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2.
  • Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
  • Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.
  • Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
  • Военная энциклопедия / под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — Т. 6. — С. 483—490. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  • Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005.
  • Рагоза А.Н. Согдийские фрагменты Центрально-Азиатского собрания Института Востоковедения. – М.: Наука, 1980.
  • J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
  • Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0.
  • E. Pottier, Douris et les peintres de vases grecs, London, 1909.
  • Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131.
  • Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.