Қудрат Давлатзода
Қудрат Давлатзода (Давлатзода Қудрат Қамбар; тав. 5 апрели 1972, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, профессор.
Давлатов Қудрат Қамбарович | |
Таърихи таваллуд | 5 апрел 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон (1995) |
Зиндагинома
вироишҚудрат Давлатзода 5 апрели соли 1972 дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб (вилояти Хатлон) дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст.
Оила
вироишОиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Фаъолият
вироишСолҳои 1990—1995 Донишкадаи химикию технологии Қазоқистонро хатм намуда, аз соли 1995 то 1998 дар кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ ба ҳайси ассистент кору фаъолият намудааст.
Солҳои 1998—2000 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия ва аз соли 2000 то 2004 ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва идора фаъолияташро идома додааст.
Солҳои 2004—2008 ҳамчун ходими калони илмии ДМТ ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи ФР ба шумор мерафт.
Солҳои 2009—2011 дар вазифаи сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то соли 2012 дар вазифаҳои сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2012—2013 ҳамчун муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмиллӣ ва аз 2013 то 2017 вазифаи декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ ба уҳда дошт.
Аз соли 2017 то январи соли 2018 ба ҳайси ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2018—2020 директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
20 ноябри соли 2020 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таъйин гардид.
Фаъолияти илмӣ
вироишДавлатзода Қудрат Қамбар дар рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин дар таълиму тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми босазо дорад. Бо роҳбарии Қудрат Давлатзода 5 нафар аспирант масъалаҳои муҳими иқтисодиро таҳқиқ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардидаанд. Ҳамчунин Қудрат Давлатзода муаллифи 4 монография ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ буда, аъзои Шӯрои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад[1].