Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Факултети иқтисод ва идора (аз 1996) — яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбӣ — соли 1954.

Факултети иқтисод ва идора
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
9-умин бинои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе, ки Факултети иқтисод ва идора то соли 2020 онҷо буд
9-умин бинои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе, ки Факултети иқтисод ва идора то соли 2020 онҷо буд
Соли асосгузорӣ 1954
Садр Ҳисайн Исайнов
Мавқеи
ҷойгиршавӣ
Тоҷикистон, Душанбе, Лоҳутӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 9-ум бинои таълимӣ
Сайти расмӣ http://fem.tnu.tj

Таърихи таъсис ва бунёдгузорони факултет вироиш

Факултети ҳуқуқу иқтисодӣ дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1954 таъсис ёфта буд. Дар ин сол 1954, сараввал, кафедраи иқтисодиёти соҳаҳо ташкил гардид, ки дар он 3 (се) муаллими штатӣ — академик И. Қ. Нарзиқулов, дотсент К. С. Сангинов, лаборант ва аспирант А. Ҷ. Вафоев (аз соли 1955) кор мекарданд. Аввалин мудири ин кафедраи факултет И.Қ.Нарзиқулов буданд (солҳои 1954—1971). Аввалин декани ин факултет В. Г. Гранберг буд.

Дар соли хониши 1956—1957 бо шарофати кӯшишҳои ректор Ибодулло Нарзиқулов дар ҳайати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин факултети иқтисодии ҷудогона бунёд ёфт. Байни солҳои 1960—1970 академик Р. К. Раҳимов, дотсент Ҳ. Қ. Қурбонов, Е. И. Дубровин низ ба ҳайси мудири аввалин кафедраи факултети иқтисодии навтаъсис кор кардаанд.

Аз соли 1960 кафедраи иқтисоди соҳаҳо ба ду кафедраи мустақил — кафедраи иқтисоди саноат ва кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо (мудир — Н. С. Назарова) ҷудо гардид. Дере нагузашта кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо низ ба ду кафедраи мустақил — кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва кафедраи иқтисоди савдо тақсим шуд. Сараввал, мудири кафедраи иқтисоди кишоварзӣ М. Ҷ. Ҷумаев ва баъдтар Э. С. Севликянс буданд. Нахустин мудири кафедраи иқтисоди савдо Н. С. Назарова, баъдтар дотсент С. Ҳабибов таъйин шуданд.

Дар соли 1980 факултети иқтисодӣ ба ду факултети мустақил — факултети баплангирӣ-иқтисодӣ ва молиявӣ-баҳисобгирӣ ҷудо шуд. Дар соли 1991 факултети банақшагирӣ-иқтисодӣ ба факултети тиҷорату идоракунӣ номгузорӣ шуд. Дар моҳи октябри соли 1985 кафедраи системаҳои ахборӣ дар иқтисодиёт ба ҳайати факултет дохил карда шуд. Бо сабаби пайдоиши самтҳо ва ихтисосҳои нав дар моҳи июни соли 1996 факултет ба худ номи факултети иқтисод ва идораро гирифт.

Сохтори факултет вироиш

Сохтори факултет аз садорат, Шӯрои олимон, 7 кафедра, лабораторияҳои компютерӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон, кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, созмони ҷавонон ва ҷамъияти илмии донишҷӯён иборат аст.

Дар сохтори факултет инчунин Шӯрои занон ва духтарон, Шӯрои кураторон, Шӯрои падару модарон, Шӯрои олимон ва муҳақиқони ҷавон низ амал мекунанд. Се лабораторияҳои компютерӣ барои бо донишҷӯён гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз фанҳои технологияҳои ахборӣ, информатика ва инчунин барои кор дар шабакаи Интернет ва китобхонаи электронӣ тариқи ройгон барои омӯзгорон ва донишҷӯён мувофиқ кунонида шудааст. Як лабораторияи илмӣ-тадқиқотии «Рушди босубот» (таҳти роҳбарии профессор Одинаев Ҳ.) ба тадқиқу омӯзиши масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии идоракунии истифодаи обҳои байнисарҳадӣ ва таҳкими ҳамгироии (интегратсияи) обу энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ махсус гардонида шудааст.

Кафедраҳо вироиш

Факултет аз кафедраҳои иқтисоди миллӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ, менеҷмент ва маркетинг, системаҳои иттилотӣ дар иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ амал иборат аст.

Ихтисосҳо вироиш

Дар кафедраҳои факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

  • 26010300 — танзими давлатии иқтисоди миллӣ;
  • 25010700 — иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо;
  • 40010202 — технология ва низоми иттилоот (дар иқтисодиёт);
  • 25010701 — иқтисодиёти меҳнат;
  • 25010715 — иқтисод ва идораи КАС;
  • 26020200 — менеҷменти ташкилот;
  • 26020300 — маркетинг;
  • 26020203 — менеҷменти инноватсионӣ;
  • 26010101 — идоракунии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ.

Ҷараёни таълим вироиш

Дар факултет таълим дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона сурат мегирад. Теъдоди донишҷӯёни факултет ва ҳаракати онҳо дар солҳои охир дар ҷадвали зер оварда шудааст.

Нишондиҳандаҳо 2008/2009 2009/2010 2010/2011 2011/2012 2012/2013
Теъдоди донишҷӯёни ш.рӯзона 1247 1207 1146 1024 1123
аз ҷумла, тибқи низоми кредитӣ таҳсилкунанда 151 178 213 214 365
Теъдоди хатмкунандагон 192 197 318 269 215
аз ҷумла, бо дипломи «аълочӣ» 22 20 32 30 20
Теъдоди қабулшудагон (рӯзона) 280 216 180 253 351
аз ҷумла, тибқи квота 19 32 21 12 22
Теъдоди донишҷӯёни ш.ғоибона 628 623 521 504 506
аз ҷумла, хатмкунандагон 122 167 187 132 137
Теъдоди магистрантон 3 3 2 10 25
Теъдоди умумӣ 1878 1833 1669 1538 1654

Сарварони факултет вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Факултети иқтисод ва идора дар Odnoklassniki.ru