Дарав ва хирманкӯбӣ

Дарав ва хирманкӯбӣ - аз ҷумлаи корҳои мавсимии мардуми тоҷик аст, ки дар айёми дарави тобистонӣ ва ҷамъоварии зироат сурат мегирифтааст. Дарав ва хирманкӯбӣ мавсими авҷи кори кишоварзону ҳашарчиён аст ва онҳо барои сабук кардани ин заҳмат, қиссаҳо нақл мекарданд, чистонгӯӣ ва ҳазлу мутоиба мекарданд, мусобиқаҳои гуногун меоростанд. Яке аз василаҳои сабук кардани кору рафъи хастагии онҳо суруду тарона буд, ки ба сурати танҳо ё гурӯҳӣ иҷро мешуд. Машҳуртарин намунаи сурудҳои айёми дарав, ки чанд гуна дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ривоҷ доштааст, «Ман доғ» мебошад. Хондани суруди мазкур ҳам тавассути як нафар ва ҳам ба сурати гурӯҳӣ мавҷуд будааст. Маъмулан, яке аз даравгарон мисрае аз сурудро иҷро мекардааст ва пас аз ҳар банд, гурӯҳи даравгарон ба ӯ ҳамовоз мешудаанд:

Як нафар: Ҳе, алло, ёре, ман доғам ё дӯст!
Дигарон: Ҳе, алло, ҳе, алло, ёре, ман доғам ё дӯст!
Як нафар: Гандумаки худрӯӣ дарав мекардуме, ман доғам ё дӯст!
Гурӯҳ: Ҳе, алло, ёре, ман доғам ё дӯст!
Як нафар: Ба холи сиёи кас ҳавас мекардуме, ман доғам ё дӯст!
Гурӯҳ: Ҳе, алло, ёре, ман доғам ё дӯст! …

Кори кӯфтани ғалла ё хирманкӯбӣ низ бо хондани сурудҳои хос сурат мегирифт, ки машҳуртарини онҳо бо номи «Майда, майда, ҳӯп» роиҷ буд ва тавассути як нафар иҷро мешуд. Дар сурудҳо ва таронаҳои дараву хирманкӯбӣ мавзӯъҳои ишқиву романтикӣ ва иҷтимоӣ, ки бозтобе аз ҳолати рӯҳии кишоварзон буд, инъикос меёфт.[1]

Эзоҳ вироиш