Дилафрӯз Қурбонӣ (Қурбонова Дилафрӯз Авазовна; тав. 2 июли 1981, деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2022).

Дилафрӯз Қурбонӣ
Дилафрӯз Қурбонӣ, дар соли 2017
Дилафрӯз Қурбонӣ, дар соли 2017
Номи пурра Қурбонова Дилафрӯз Авазовна
Таърихи таваллуд: 2 июл 1981(1981-07-02) (42 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Душанбе, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Қурбонӣ Дилафрӯз 2 июли соли 1981 дар деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор ба дунё омадаст. Айёми тифлию наврасияшро дар ҳамон ҷо паси сар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами № 52 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, пас аз таҳсил соҳибихтисос мегардад. Барои идома додани таҳсил, ба Душанбе раҳсипор мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳамзамон дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба фаъолияти сарояндагӣ шурӯъ мекунад. Дар ҷамъомадҳову чорабиниҳои давлатӣ ширкати фаъолона менамояд. Новобаста ба душвориҳои донишҷӯӣ чанд суруду оҳанг сабт кардаву ба навор мегирад. Дар барномаҳои театрӣ низ худашро санҷида, нақшофарӣ намудааст[1].

Оила вироиш

Баъди хонадоршавӣ, худашро ба оила мебахшад ва саҳнаи ҳунарро тамоман тарк намуда, канор меравад. Бо амри тақдир чандин сол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд[1].

Фаъолияти эҷодӣ вироиш

Ҳанӯз хонандаи синфи панҷум буд, ки шеъргунаҳоеро аз эҷоди хеш ба як дафтар ҷамъ оварда, мутаасифона, онро аз даст медиҳад. Ба сабаби ин зарба дигар аз навиштан даст мекашад, вале ҳеч гоҳ аз олами зебои адабиёту фарҳанг дур набуда. Чандин муддат аст, бо пеш омадани шароити мусоид қаламро дӯсту ҳамнафаси хеш қарор дода, ба навиштану эҷод машғул аст. Мусоҳибаву мақолаҳо, достонҳову ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Фирӯза», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Дишидак», «Роҳнамои хонавода» ва ғайра, пайваста рӯи чоп меоянд. Ба узвияти Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст[1].

Китобҳо вироиш

Китобҳои то имрӯз рӯйи чоп омадааш:

  • «Қуръоннома»- и доктор Умеди Маҷд (баргардон аз форсӣ ба сириллик)
  • «Китоби орзуҳо»
  • «Се нуқта»[2]
  • «Розҳои оиладорӣ»
  • «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт» — хотироти шифоҳии академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ (рӯйи чоповаранда)
  • «Мӯйсафед»-и Аминии Деҳақӣ (баргардон аз форсӣ ба сириллик)
  • «Ҷуръае аз ҷом» аз «Ҳафт авранг»-и А. Ҷомӣ (баргардон аз форсӣ ба сириллик)
  • «Шоҳмот бо мошини қиёмат»-и Ҳабиби Аҳмадзода (баргардон аз форсӣ ба сириллик)…

Ҷоизаҳо вироиш

  • Нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2022)

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Дилафрӯз Қурбонӣ. Розҳои оиладорӣ.(пайванди дастнорас) — Д.: «Адиб», 2014. — С. 122—124. — 128 с.
  2. Дар Душанбе “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзро муаррифӣ мекунанд » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.com. 2 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2018.

Пайвандҳо вироиш