Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

(ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино)
Соли таъсисёбӣ 1939
Навъ давлатӣ
Ректор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Донишҷӯён бештар 7500
Донишҷӯёни хориҷӣ наздики 783
Докторон 90
Профессорон 90
Омӯзгорон 631
Рангҳо
Мавқеъ хиёбони Рӯдакӣ, Душанбе,  Тоҷикистон
Сайт tajmedun.tj

Маълумоти мухтасар

вироиш

Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Аз соли 1993 номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро гирифтааст. Шумораи донишҷӯён 6300 наф., аз ҷумла 550 наф. аз мамолики хориҷӣ, 680 наф. кормандони илмӣ-омузгорӣ. Ректори донишгоҳ, доктори илми тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ (аз соли 2016).[1]

Таърих

вироиш

Донишгоҳ соли 1939 дар шаҳри Сталинобод таъсис ёфта буд. Номгузории аввалааш Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Аз соли 1993 номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифтааст. Соли 1939 ба донишкада 130 донишҷӯ қабул шуда буданд. Ба донишҷӯён асосан омӯзгорони рус таълим медоданд ва солҳои аввал шумораи донишҷӯёни тоҷик хеле кам буд. Соли 1943 назди ДДТТ аспирантура ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 1949 ординатураи клиникӣ кушода шуд ва муҳлати таҳсил дар донишкада 6 соли таҳсилро дарбар мегирифт. Ҳамин сол аввалин олими тоҷик дар соҳаи тибб Яҳё Абдуллоевич Раҳимов бомувваффақият рисолаи номзади илми тибро дифоъ намудааст. Я.А. Раҳимов солҳои 1950-1957 ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Яҳё Раҳимов соли 1953 сарвари Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ буд ва барои рушди донишкадаи тиббӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Имрӯз дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 4 факулта фаъолият мекунад, ки дорои 64 кафедра аст. Шумораи кормандони илмӣ-омӯзгорӣ 680 наф. аст, аз ҷумла 64 наф. доктори илм ва 202 наф. номзадони илми тиб мебошанд (2011). Соли 2008 Ассамблеяи бизнеси Аврупои (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) барои фаъолияти назарраси касбии профессорону омӯзгорон дар соҳаи таҳсилот ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷоизаи байналмилалии «Сифати Аврупои» («Европейское качество») супоридааст.

Дастпарварони донишгоҳ дар 40 давлатҳои гуногуни дунё кор мекунанд. Аз байни онҳо чунин ташкилотчиёни соҳаи тандурустӣ, табибони барҷастаи ҷумҳурӣ: К.Ю. Аҳмадов, Г.К. Пӯлодова, А.А. Аҳмадов, Д.И. Иномов, Н.А. Абдуҷабборов, А. Абдуллоев, М. Мирзобеков, М. Мамасидиқов, И.С. Раҷабов, Д.К. Раҳимова, М. Темуров, А. Ҳакимҷонов, М. Мӯсоева, А. Алиева, М. Ҷалилова, Б. Гадоев, С. Ибодов, А.П. Пиров, Х.К. Рофиев, Н.Ф. Салимов, Д.Р.,Сангинов, Н.Ф. Файзуллоев, У.А. Курбанов, С.С. Курбанов ва дигарон мебошанд.

Факултетҳо

вироиш

Дар сохтори донишгоҳ 5 факултет:

  • Тиббӣ
  • Педиатрӣ
  • Дандонпизишкӣ
  • Фарматсевтӣ
  • Тандурустии ҷамъиятӣ

Маъмурият

вироиш

Ба сохтори донишгоҳ 5 факултет, 38 кафедраҳои клиникӣ, 9 маркази таълимӣ, 37 лаборатория ва китобхонаи илмӣ дохил мешаванд. Аз соли 2005 то соли 2016 Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбанов буд. Аз соли 2016 ректори нави донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ таъйин гашт.[1]

Профессорони барҷаста

вироиш

Боз нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш