Шабозов Мирганд
Мирганд Шабозович, Шабозов — доктори илмҳои физикаву математика (1997). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (2008). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).[1] собик вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV.
Мирганд Шабозов | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 26 июн 1952 (68 сол) |
Зодгоҳ: | Ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | риёзиёт |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо: | Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002),медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон» |
ЗиндагиномаВироиш
Мирганд Шабозов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расондааст (1974). ихтисос – «математика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо. Ассистент (1974), дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои (1983) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев(1998-2005). Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2010). Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010 – 2015 ).
ОсорВироиш
- Назарияи функсияҳои аналитикӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007.
ҶоизаҳоВироиш
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002)
- Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон»,
- Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.[2]