Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
(ДСРТ / РТСУ) | |
---|---|
Номи байналмилалӣ | Российско-Таджикский Славянский Университет |
Соли таъсисёбӣ | 1996 |
Ректор | Машраб Файзулло |
Донишҷӯён | 5800 |
Докторон | 56 |
Профессорон | 50 |
Омӯзгорон | 326 (аз ҷумла ҳамкорон)(2016) |
Сайт | rtsu.tj |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишДонишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели 1996 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст. Ҳоло (соли 2015), донишгоҳ аз рӯи 12 барномаҳои таҳсилотии мактаби олии касбӣ ва барномаи иловагии таҳсилоти касбӣ акредитатсия шудааст.[1]
«Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз 170 нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд. Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити берунӣ муваффақона фаъолият доранд»— [2]
— зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Таълим
вироишСоли 2011 дар донишгоҳ 4 факултет: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал мекард, ки 25 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Соли 2015 факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63 % устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 326 нафар устодон (аз ҷумла ҳамкорон) 56 нафар доктори илм, профессор, 144 нафар номзади илм, дотсент, 20 наф. Аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.[3] Дар донишгоҳ Шўрои илмии диссертатсиони (Д 737.011.01) аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқ гардида дар соҳаҳои филология аз ихтисосҳои (заб. русӣ: 10.01.10 — журналистика и 10.02.20 — сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание по филологическим наукам.) амал мекунад. Инчунин, дар донишгоҳ апирантура фаъолият мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои (46.06.01- История и археология;- 38.06.01- Экономика;- 42.06.01- Средства массовой информации и информационно-библиотечное дело;- 45.06.01-Языкознание и литературоведение.) муҳасилинро қабул мекунад.[4]
Ректорони донишгоҳ
вироиш- Аз соли 1996 то соли 2004 сарвари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шодравон Абдуҷаббор Сатторов доктори илмҳои таърих, профессор ба зимма дошт.[5]
- Солҳои 2004—2011 доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадюсуф Имомов донишгоҳи мазкурро сарварӣ намуд.[6]
- Аз 27 августи cоли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Cолеҳов таъйин шуд, ки то соли 2020 дар ҳамин вазифа кор кардааст.[7]
- 6 марти соли 2020, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои физика ва математика Тоҳир Хоҷазода ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таъйин карда шуд ва соли 2022 барканор карда шуд [8].
- Аз соли 2022 сарварии донишгоҳро Машраб Файзулло бар ӯҳда дорад.
Факултетҳо
вироиш- Факултети иқтисодӣ;
- Факултети филологӣ, журналистика ва медиатехнологияҳо;
- Факултети забонҳои хориҷӣ;
- Факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ;
- Факултети ҳуқуқшиносӣ;
- Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ[9]
Донистаниҳо
вироиш30 августи соли 2016 Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуда дар суханрониаш чунин иттилоотро баррасӣ намуд:
«Дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд….Дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои Москва — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, „МИСиС“ ва Донишкадаи энергетикии Москва ба фаъолият оғоз карданд. Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз яксаду ҳафтод нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд.
Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити беруна муваффақона фаъолият доранд….»
Хатмкардагони шинохта
вироиш- Дилшод Ҷӯразода - соҳибкор
- Cанавбар Тагаева - ҳуқуқшинос
- Таҳмина Ниёзова - овозхон
- Лола Холматова - файласуф
Боз нигаред
вироиш- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Посол России встретил Навруз с таджикскими студентами
- Ректор Российско-Таджикского университета получил медаль имени Пушкина
Видео дар бораи Донишгоҳ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ История РТСУ. 26 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Январ 2016.
- ↑ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро дар давоми 20 сол беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонон хатм намуданд
- ↑ РТСУ в цифрах (январь 2016). 2 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2016.
- ↑ Аспирантура РТСУ. 26 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Январ 2016.
- ↑ Ректор Абдуҷаббор Сатторов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2021.
- ↑ Ректор Муҳаммадюсуф Имомов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2021.
- ↑ Ректор Нуралӣ Назарович Cолеҳов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2021.
- ↑ Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хоҷазода Тоҳир Абдулло(тоҷ.). khovar.tj. 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2020.
- ↑ Факультеты РТСУ(рус.). www.rtsu.tj. 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 май 2020.
- ↑ Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 30 августи соли 2016
Адабиёт
вироиш- http://www.rtsu.tj/upload/files/information_rtsu.pdf Бойгонӣ шудааст 12 апрели 2017 сол. «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе,2011. — 386 стр.
- О международных связях университета Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016, — 304 с.. 13 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 апрели 2017..
Пайвандҳо
вироиш- сомонаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 5 феврали 2017 сол.