Дурӯғ, кизб (форсӣ: دروغ‎ — ботил, сухани норост) — мутобиқат надоштани гуфтор ва хабар бо воқеияти амалӣ ва ба таври умумӣ хилофи воқеият; он чӣ ҳақиқат надорад; фиреб додани дигарон; муқобили рост; сухани нодурусте, ки барои фиреби дигарон гуфта мешавад.

Дурӯғ дар илмҳои мухталиф

вироиш

Дурӯғ дар илмҳои мухталиф, ба монанди мантиқ, маърифатшиносӣ, равоншиносӣ, ирфон ва фиқҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар бораи таърифи мафҳуми дурӯғ ба маънои «мутобиқат надоштани хабар бо воқеият» миёни уламо ва коршиносони илми ахлоқ ду пурсиш матраҳ гардидааст, яке ин ки: оё мафҳуми дурӯғ танҳо ба гуфтори забонӣ ва хабарҳои қавлӣ маҳдуд мебошад ва рафторҳои ғайригуфторӣ ва он ҳаракотеро, ки ба шунаванда чизе хилофи воқеиятро илқо мекунанд, шомил намегардад? Дувум он ки барои дурӯғ будани як хабар, гуфтор ва феъл мутобиқат надоштани он бо воқеият кофӣ аст ва огоҳии худи гӯянда ва мухбир ба мутобиқат надоштани он бо воқеият шарт нест. Масалан, эътиқоди мушриконе, ки барои Худо фарзанд қоил буданд, дар Қуръон [1] дурӯғ хонда шудааст, дар ҳоле ки онҳо ба бутлон ва мутобиқат надоштани эътиқодашон бо воқеият огоҳӣ надоштанд. Гурӯҳи дигаре аз уламо, ба монанди Ҷоҳиз, баръакс зарурати огоҳии гӯяндаро бар хилофи воқеъ будани сухан ба сурати қайди изофие бар таърифи дурӯғ афзудаанд, то миёни дурӯғ ва хатои бархоста аз ҷаҳл тафовут ҳосил шавад. Тибқи ин қайд дар таърифи дурӯғ манзалаи миёнае байни хабари дурӯғ ва рост вуҷуд дорад, ки аз хабар ва гуфтори аз рӯи хато иборат аст, ки гӯянда аз мутобиқат надоштани он бо воқеият огаҳӣ надорад. Бархе аз уламо, ба монанди Наззоми муътазилӣ ва пайравони ӯ, бо таъкид бар унсури фоилӣ ба ҷои муаллафаи мутобиқат надоштани сухан бо воқеият дар таърифи дурӯғ мутобиқат надоштани сухан бо ақидаи ботинии гӯяндаро беҳтар донистаанд ва дар таъйиди назари худ ба ояти аввали сураи «Мунофиқун» истинод намудаанд. Дар ин оят Худо мунофиқонеро, ки назди расули Худо (с) ба рисолати вай шаҳодат доданд, Дурӯғгӯ хондааст, зеро он бо эътиқоди даруниашон мутобиқат надошт, гарчи шаҳодат ва гуфтори зоҳирии онҳо бо воқеият мутобиқат мекард. Ба ақидаи Тафтозонӣ ва пайравони назарияи аввал маънои воқеият васеътар аз воқеияти айнӣ ва хориҷӣ буда, воқеиятҳои эътиқодӣ ва мафҳумҳои зеҳниро низ шомил мегардад, ки мутобиқат надоштани шаҳодати мунофиқон ба эътиқоди даруниашон аз ин таъриф берун набошад.

Дурӯғ дар Қуръон

вироиш

Дурӯғ дар Қуръон илова бар маъонии фавқ ва мутаносиб бо рӯйкарди тавҳидии он ба маънои амиқтаре ва дар муқобили мафҳуми ҳақ қарор дошта, ба маънои ботил пайванд хурдааст. Бино бар ин, ҳар сухан ва эътиқоде, ки дар муқобили ҳақ ва ҳақоиқи қуръонӣ қарор гирад ё чизе аз онро бипӯшонад ва ё такзиб намояд, Дурӯғ – ботил, ифтиро бар Худо, зулм ва ширку куфр ба ҳисоб оянд [2][3][4] ва бар асоси баёноти қуръонӣ яке аз намунаҳои дурӯғ бастан бар Худо шарик овардан барои Ӯ ва ибодат кардани ғайр аз Ӯст. Дар Қуръон дурӯғ донистани рисолати паёмбарони Худо ва такзиби паёмҳои эшон аз дурӯғҳои кофирон шуморида шудаанд. Ба таври умумӣ ду мафҳуми дурӯғ бастан ва дурӯғ шуморидан дар Қуръон барои нишон додани андеша ва рафторе ба кор рафтааст, ки дар муқобили ҳақ ва мазоҳири ҳақоиқи илоҳӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бештарин мафҳумҳои ҳамсоз ва ҳамрадиф бо дурӯғ дар Қуръон пас аз куфр, зулм, исён, истикбор, сарпечӣ ва рӯйгардонӣ аз ҳақ, пайравӣ аз ҳавои нафс, гунаҳкорӣ, ғафлат, ҷаҳолат ва ғайра аст.

Дар суннати набавӣ

вироиш

Ин маонӣ дар суннати набавӣ ба таври васеътар идома ёфта, уламои ахлоқ пеш аз он ки дурӯғро дар арсаи робитаи инсон бо Худо ё бархурди ӯ бо ҳақиқат баррасӣ намоянд, онро ба манзалаи як рафтор ва ё хулқи нафсонии ношоиста дар муносибатҳои иҷтимоӣ миёни афрод дар назар гирифтаанд. Бо такя бар ин рӯйкард баъзе уламои ахлоқ дурӯғгӯро дур аз муруват донистаанд. Аксари фақеҳон дурӯғро аз ошкортарин ҳаромҳо ва дурӯғ гуфтан, бахусус шаҳодати бар дурӯғ доданро аз бузургтарин гуноҳ шуморидаанд.

Дурӯғ аз гуноҳони кабираи маънавӣ ё он чи ба шахсият ва ботини инсон тааллуқ дорад, маҳсуб мешавад, бинобар ин, барои пок гардидани шахси дурӯғгӯ аз осори гуноҳ дар қонунгузории шаръ ҳадд (муҷозоти молӣ ё баданӣ)-е пешбинӣ нашудааст, он гуна ки барои гуноҳони кабираи шакл ва моҳияти моддӣ, ба мисли зино, шаробхорӣ, дуздӣ ва ғайра, пешбинӣ шудааст. Вале осори ахлоқӣ ва пайомадҳои ҳуқуқии он дар бобҳои гуногуни фиқҳ инъикос ёфтааст, масалан, шоҳидии шахси дурӯғгӯ дар даъвоҳо ва муҳокимаҳои додгоҳӣ, вақте ба зарари дигарон бошад, пазируфта нест, шаҳодати вай дар дидани ҳилоли моҳ ва Иди Рамазон қабул нест.

Назари фуқаҳо

вироиш

Дурӯғгӯ аз назари фуқаҳо фосиқи амалӣ ба шумор меравад ва тамоми ахбор, гуфтор ва гузоришҳои вай муталлиқ ба манофеи иҷтимоӣ ва корҳои дигарон ба таҳқиқ ниёз доранд. Тибқи фармудаи Қуръон: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе барои шумо хабаре овард, ба табйин ва таҳқиқи он бипардозед, то мардумеро бо ҷаҳолат зиён нарасонед, пас бар кардаи худ пушаймон гардед!»[5].

Назди муҳаддисон

вироиш

Назди муҳаддисон низ ривояти шахси дурӯғгӯ матрук (канор гузошташуда, номақбул) аст, гарчи олим ҳам бошад, зеро вай ҳайсияти инсонии худро аз даст дода ва ҳеч чизе ғайр аз дурӯғ барои вай арзиш надорад.

Зинҳор сухан магӯ, ба ҷуз роост,
Ҳарчанд туро дар он зарар.
Гуфтори дурӯғро асар ,
Чизе зи дурӯғ зишттар нест.(Эраҷи Мирзо. Девони ашъор)

Дурӯғ аз назари равоншиносӣ

вироиш

Аз назари равоншиносӣ дурӯғ аз ғаризаҳо ва майлҳои фитрӣ дар инсон набуда, балки аз ҷумлаи одот ва хӯйҳои иктисобӣ ба шумор меравад ва кӯдак онро аз муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа ёд мегирад. Қалби кӯдак ба мисли замини дастнохурда ва ҳосилхезе аст, ки муҳити зиндагонӣ дар он марҳалаи синнусолӣ тухми дурӯғро дар он мепошад. Таҳқиқоти анҷомшуда дар ин маврид нишон медиҳанд, ки кӯдакон дурӯғро, пеш аз ҳама, аз падару модар ва дигар атрофиёнашон дар хонавода ва дар дараҷаи баъдӣ аз дӯстон, ҳамнишинон ва дигар афроди ҷомеа, ки ба онҳо муровада ва нишасту бархости бевосита доранд, ёд мегиранд. Сухани паёмбари акрам (с): «Ҳар навзоде бо фитрат – пок ба дунё меояд, он гоҳ падару модараш ӯро яҳудӣ ё габру тарсо мегардонанд», ба ҳамин таъсири равонии муҳити хонавода ва ҷомеа ишора дорад.

Тибқи таҳқиқоти равоншиносии муосир, дурӯғгӯӣ дар кӯдакон ба таври мутавассит аз синни 5-6-солагӣ ва пас аз он шурӯъ мешавад, зеро рушди зеҳнии онҳо дар ин марҳала ба ҷое мерасад, ки сухани ростро аз дурӯғ ва хубро аз бад фарқ мекунанд. Бар асоси илмуннафси динӣ, агар дар ҳамин давра хӯи дурӯғгӯӣ дар онҳо ислоҳ нашавад, он андак-андак дар шахсияти онҳо решадор ва ба сурати одат медарояд ва дар ниҳоят ба ҷузъе аз шахсияти онҳо табдил меёбад, он гоҳ ислоҳи шахсият ва аз худ дур кардани он барояшон мушкил мегардад. Мавлоно Румӣ бо ишора ба ин ҳолати равонӣ ва ба тариқи тамсил раванди пайдоиш ва решадор гаштани хӯйҳои бад, аз ҷумла дурӯғро дар шахсияти инсон ва ҳамчунин суст гаштани ирода ва заъиф шудани шахсияти вайро дар баробари онҳо ба дарахти хор – хорбун, хоршинон ва хоркане ташбеҳ карда, ки бар сари роҳи мардум ё дар хонаи худ тухм ё дарахти хоре кишта ва аз кандани он мумотала ва имрӯзу фардо мекард, мефармояд:

Ӯ ҷавонтар мешавад, ту пиртар,
Зуд бошу рӯзгори худ мабар!
Хорбун дон ҳар яке хӯи бадат,
Борҳо дар пой хор охир задат. (Мавлоно. Маснавӣ, дафтари дуюм)

Шореҳи Маснавӣ афзуда: Эй азиз, ҳар хӯи баде, ки дорӣ, онро ҳамон хорбун бидон, зуд бошу онро аз бех баркан, то реша надавонад ва муҳкамтар нашавад ва ин кор, ба гуфтаи Мавлоно, ё бо қавӣ доштани ирода ва баркандани он аз реша ё бо васл ва ҳамнишин гаштан ба дӯст ва шахсият – пир ва роҳнамое муяссар шавад, ки нури вай нори хӯи бадро хомӯш кунад:

Дурӯғгӯӣ дар тиб

вироиш

Дурӯғгӯӣ ба мисли дигар бемориҳои равонӣ ибтидо ба сурати одӣ оғоз мешавад ва чун ба мавқеъ дармон нашавад, ба як бемории рӯҳӣ ва хӯи решадор дар ботини шахси мубтало табдил мешавад. Он гоҳ виҷдони инсонӣ дар ин афрод дар баробари таъсири он суст ва дар ниҳоят аз байн меравад. Ин ҷост, ки ҳеч гуна ҳисси танаффуре нисбат ба кардаи худ дар онҳо боқӣ намемонад ва мафҳуми азоби виҷдон барои онҳо бегона аст. Барои чунин афрод дурӯғ аввалин ва беҳтарин гузина аст, гарчи далели қонеъкунандае вуҷуд надошта бошад. таҷрибаҳои даврони кӯдакӣ ва муҳити фосиде, ки дурӯғ дар он шароити бороҳаттари зиндагиро фароҳам оварда буд, боис мешаванд, ки дар ҳар синну соле ва бо ҳар шароите ба таври нохудогоҳ дурӯғро тарҷеҳ диҳад.

Афроди мубтало ба бемории дурӯғ, маъмулан гирифтори бе саботии шахсият ва бебандубориҳои ахлоқӣ ҳастанд ва барои гурез аз эҳсоси гуноҳ ва шармсорие, ки нисбат ба амалҳо ва бемасъулиятиҳои худ доранд, дар дурӯғгӯӣ ифрот мекунанд. Аз нарази равоншиносӣ дурӯғгӯӣ навъе робитаи беморгуна бо дигарон аст, ки илова бар шахси худ, дигаронро низ дучори нороҳатӣ ва мушкилот месозад. Дурӯғ гуфтан назар ба рост гуфтан мушкилтар ва ба талош ва энергияи бештаре ниёз дорад. Зеро агар он ҳанӯз ба сурати хӯ ва беморӣ дарнаёмада бошад, шахс бо низоъҳои дарунӣ, азоби рӯҳӣ ва нороҳатии виҷдон дучор мегардад, ки дар натиҷа имкон дорад дар дарозмуддат ба заъф ё бемории равонӣ мубтало гардад. Агар дар шахсе басурати хӯи бад даромада ва бе навъе беморӣ табдил шуда бошад, пас барои он ки Дурӯғи ӯро бовар кунанд, аввал худашро ба он қонеъ ва ба гунае ба он тазоҳур намояд, ки гӯё рост аст. ин кор – ба он қонеъ шудан ва муддате худро дар он фазои сохта нигаҳ доштан одамро ба стресс рӯ ба рӯ месозад. Илова бар ин, агар дар бораи мавҷеияте, ки он дурӯғ воқеъ шуда, аз вай савол шавад, бояд ҷавобҳояш ба тавре интихоб шаванд, ки ҳеч гоҳе дурӯғ будани он ошкор нагардад. Бинобар ин, ҳатто дурӯғгӯтарин афрод низ доим нигаронанд, ки дурӯғашон фош нашавад. Ин ҳама изтироботи рӯҳӣ ва гирифториҳои равонӣ мӯҷиб мешаванд, ки шахси дурӯғгӯ ба афсурдагии рӯҳӣ, парешонии фикрӣ, захми меъда, сардард, бемории қанд ва дигар авориз мубтало гардад ва гоҳе аз одамоне, ки ба онҳо дурӯғ гуфтааст, гурезон мешавад ва онҳоро сабабгори мушкилоти худ медонад. Дурӯғ робитаҳои ҳамкорӣ, пайванди заношавҳарӣ ва дӯстиҳоро баҳам мерезад. Расули Худо (с) фармуд: «Сухани дурӯғ дар дил шакку изтироб меоварад». Дар Луббуллубоби Маснавӣ овардааст: Манбаи кизб – дурӯғ ҳавои нафс аст ва касе аз ҳавои нафс бигзарад, ҷуз ростӣ аз вай дар вуҷуд наояд, ҷононки ҳазрати Мавлавӣ фармояд:

Халқ масти орзуанду ҳаво,
З-он пазироанд дастони туро.
Ҳар ки худро аз ҳаво хӯ боз кард,
Чашми худро ошнои роз кард.
Гуфт: Пайғомбар нишоне додааст,
Қалбу некуро миҳак бинҳодааст.
Гуфтааст: Алкизбу райбун фи-л-қулуб,
Гуфт: Ассидқу тумаънинун таруб.
Дил наёромад ба гуфтори дурӯғ,
Обу рӯған ҳеч нафрӯзад фурӯғ. (Мавлоно. Маснавӣ, дафтари дуюм)

Ғазолӣ дурӯғро аз ақсоми сухан ва аз қисме гуфта, ки дар он ҳам зарар ва ҳам манфиат аст ва дар офати ёздаҳуд аз офатҳои забон дар бораи сухан ба дурӯғ ва савганд ба дурӯғ овардааст: Ва ин – дурӯғ аз гуноҳони бузург аст ва расул (с) гуфт: «Дурӯғ даре аз дарҳои нифоқ аст» ва гуфт расул (с): «Банда як-як (пайваста) дурӯғ мегӯяд, то он, ки вайро назди Худои таъоло дурӯғгӯ бинависанд» ва гуфт: «Дурӯғ рӯзӣ бикоҳад ва гуфт: Вой бар он кас, ки дурӯғ гӯяд, то мардумон биханданд, вой бар вай!».

Абдуллоҳ ибни Ҷарод расул (с)-ро гуфт: Муъмин зино кунад? Гуфт: «Бошад, ки кунад». Гуфт: Дурӯғ гӯяд? Гуфт: «Не» ва ин оят бархонд: «Дурӯғ касоне гӯянд, ки имон надоранд» [6]. Абдуллоҳ ибни Омир ҳамегӯяд, ки кӯдаке хурд ба бозӣ мерафт. Гуфтам: Биё, то (бароят) чизе диҳам ва расул (с) андар хонаи мо буд. Гуфт: «Чӣ хостӣ дод?» Гуфтам: Хурмо. Гуфт: «Агар надодӣ, дурӯғе бар ту навиштандӣ» ва фармуд: «Шуморо хабар диҳам, ки бузургтарин кабоир чист? Ширк ва уқуқи падару модар аст». Ва такя зада буд, он гоҳ рост бинишаст ва гуфт: «Бидон, ки сухани дурӯғ!».

Ва расул (с) андар дурӯғ рухсат додааст се ҷой. Яке андар ҳарб, ки азми хеш бо хасм натавон гуфт ва яке чун миёни ду тан сулҳ кунӣ, сухан неку гӯӣ аз яке пеши дигар, агарчи вай нагуфта бошад ва дигар ҳар кӣ дӯст дорад пеши ҳар яке гӯяд:Туро дӯст дорам. Дурӯғ ногуфтанӣ аст, валекин чун аз рост низ чизе ба вуҷуд ояд, ки маҳзур бувад, бояд ба тарозум адлу инсоф бисанҷад. Агар нобудани он чиз андар шаръ мақсудтар аст аз нобудани дурӯғ, чун ҷанг миёни мардум, ваҳшат миёни зану шавҳар, зоеъ шудани мол, ошкоро шудани сир ва фазиҳат шудани маъсият, он гоҳ дурӯғ мубоҳ гардад, ки шарри ин корҳо аз шарри дурӯғ бештар аст ва ин ҳамчунон аст, ки мурдор ҳалол шавад аз бими ҷон, ки бимондани ҷон андар шаръ мақсудтар аст аз нохӯрдани мурдор. Аммо ҳарчи на чунин бувад, дурӯғ бад-он мубоҳ нагардад. Пас дурӯғи ҳар касе, ки барои зиёдати молу ҷоҳ андар лоф задани хеш ва ситудани дараҷаи хеш мегӯяд, ин ҳама ҳаром аст[7].

Уламои илми ахлоқ

вироиш

Уламои илми ахлоқ мақулаи Дурӯғро дар тақобул бо рост бозҷӯӣ карда, густараи онро ба паҳнои зиндагӣ донистаанд, ба ин манъо ки дурӯғ дар канори рост бозоргузар бошад ва то рост вуҷуд надошта бошад, дурӯғе ривоҷ нагирад ва ин маъно ба ҳар мавриде, ки дар он пок ба нопок, сара ба носара, ҳақ ба ботил ва ноҳақ ва боарзиш ба бемоя биомезад, сидқ мекунад. Пас ҳар касе ҷинси носара ва матоъи беарзиши худро бо ном ва намои сара, бомоя ва рост муаррифӣ кунад, он дурӯғ бошад. Вожаҳое, бо монанди гандумнамои ҷавфурӯш дар мавриди касе, ки аз роҳи тақаллуб ба ҷои матоъи марғуб ҷинси беарзиш ва носара арза медорад ва дар тиҷорат ба ғашшу фиреб даст мезанад ё бо доштани ботини бад худро хуб нишон медиҳад, зуҳдфурӯши зоҳиднамо дар мавриди касоне, ки бар Д. ба зуҳду тақво тазоҳур мекунанд, мутаолими олимнамо, дар бораи шахси беилме, ки худро олим метарошад, табиби мутатаббиб (сохта), дарвеши дурӯғин, хандаи дурӯғин, гиряи дурӯғин, субҳи дурӯғин (козиб), даллоли харсавор – касе, ки дар даллолӣ тазвир мекунад ва ғ. аз ин воқеиятҳо бархостаанд.

Дурӯғ дар урфи оммаи мардум ба суханҳои хилофи воқеъ ва хабарҳои беасосе итлоқ мегардад, ки барои фирефтан, тарсонидан ва шоеа паҳн кардан дар бораи касе ё гурӯҳе ва аҳёнан ба тариқи шӯхӣ ва мутояба бо касе низ гуфта мешаванд. Имрӯзҳо дурӯғ ба васоити ахбори омма низ роҳ ёфта, дар расонаҳои хабарии ҷаҳон гоҳе ё барои пӯшонидани камбудиҳои рафторӣ ва чеҳраи номатлуби шахсияти сиёсие ё барои тавҷеҳ ва ба самти дигаре мутаваҷҷеҳ сохтани афкори умум аз мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва гоҳе барои пиёда кардани сиёсати хоссе пахш мегарданд.

Аз он ҷо ки дараҷаи дурӯғҳо бо ҳам мутафовит ва бино ба муносибатҳои гуногун гуфта мешаванд, дар урфи мардум ба дурӯғи одӣ ва хурдтар дурӯғак ё дурӯғи заминӣ, ба дурӯғҳои бузург ва боварнокарданӣ дурӯғи шохдор ё шоху думдор ё дурӯғи осмонӣ ва ба гуфтугӯҳое, ки танҳо барои дидор, озмоиши сатҳи зиракии якдигар ва вақтхушӣ сурат мегиранд ва ҳеч натиҷаи амалие ба ҳамроҳ надоранд, дурӯғҳои сиёсӣ гуфта мешавад. Аз ин раҳгузар аст масали мардумӣ, ки: Одами бузург дуруғи бузург мегӯяд. Дурӯғ дар адабиёти бадеӣ ва каломи манзуми шуаро ва нависандагони гузашта ва ҳол низ барои тароват ва ҳусни калом ба кор рафта, аз муҳассиноти маънавӣ ба шумор меравад ва шоир бо ишора ба ҳусн, малоҳат ва корбурди васеи дурӯғ дар каломи манзум мефармояд:

Дар шеър мапечу дар фани ӯ,
Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ. )Низомии Ганҷавӣ)
  1. Каҳф, 18: 5
  2. Анъом, 6: 21–24
  3. Аъроф, 7: 37
  4. Наҳл, 16: 39
  5. Ҳуҷурот, 49: 6
  6. Наҳл, 16: 105
  7. Кимиёи саодат. – С. 509, 520–523

Адабиёт

вироиш
  • مولوی، جلال الدین محمد بن محمد بلخی رومی. مثنوی معنوی. – تهران؛ 1380 ش
  • بهروز، ثروتیان. بشنو از نی: شرح مثنوی. تهران، 1388 ش
  • غزالی، محمد بن محمد. کیمیای سعادت. – تهران،1387
  • اسماعيل بن حماد الجوهری. الصحاح. بيروت، ١٩٨٤
  • علی اکبر قرشی. قاموس قرآن. جلد ٦. تهران، ١٣٧١ ش
  • محمد الراغب الاصفهاني. مفردات الفاظ القرآن. قم، ٢٠٠٣
  • محمد بن يعقوب الفيروزآبادي. قاموس المحيط. بيروت، ٢٠٠٤
  • دانشنامۀ جهان اسلام. جلد ١٧. تهران، ٢٠١٢