Жан-Кло́д Ван Да́мм (англ. Jean-Claude Van Damme) ном ҳангоми таваллуд Жан-Клод-Комил-Франсуа Ван Варенберг (англ. Jean-Claude Camille François Van Varenberg) 18 октябри 1960 дар Беркем-Сент-Агати Белгияҳунарпеша, коргардон, нависанда, таҳиякунандаи белгиягӣ ва мураббии кикбоксинг.

Жан-Клод Ван Дамм
Jean-Claude Van Damme
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Жан-Клод Комил Франсуа Ван Варенберг
Таърихи таваллуд 18 октябр 1960(1960-10-18)[1][2][3] (64 сол)
Зодгоҳ Беркем-Сент-Агат, Белгия
Кишвар
Пеша устоди ҳунарҳои размӣ, ҳунарпеша
Падар Юҷин Ван Варенберг
Модар Элиана Ван Варенберг
Ҳамсар Gladys Portugues[d]
Фарзанд Kristopher Van Varenberg[d] ва Bianca Bree[d]
Ҷоизаҳо
Officer of the Order of the Crown
Вебгоҳ jcvdworld.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Жан-Клод Ван Дамм 18 октябри соли 1960 дар Беркем-Сент-Агати Белгия таваллуд шудааст. Падари ӯ муҳосиб ва соҳиби гулхона буд. Ӯ писарашро аз 10 солагиаш ба мактаби карате медиҳад. Аз 12 солагӣ машқашро идома дод. Ба ғайр аз карате Ван Дамм боз соҳиби маҳорати 4 намуди варзиш: кикбоксинг, муай тай, кунг-фу ва тхэквондо аст. Дар ҷавониаш толори варзишие бо номи «California Gym» месозад.

Ван Дамм мусиқии классикиро дӯст медорад. Оҳангсози дӯстдоштааш - И. Бетҳовен мебошад. Забони англисиро аз филми тасвирии "Флинстоунҳо" ёд гирфтааст. Ӯ боз донандаи забони нидерландӣ, фаронсавӣ ва немисӣ мебошад.

Карате ва кикбоксинг

вироиш

Дар 16-солагӣ дар чемпионати Белгия оид ба карате ҷойи намоёнро гирифта, чемпиони Аврупо гардид ва соҳиби миёнбанди сиёҳ гардид. Соли 1978 дар чемпионати бодбилдинг ҷойи 4-умро ишғол намуд. Вале соле пештар дар Белгия ҷойи аввалро гирифта буд. Лақаби ӯ Оғои Белгия ба ҳисоб мерафт. Соли 1979 дар чемпионти каратэ ва кикбоксинг ҷойи аввалро ишғол намуд ва ӯ соҳиби миёнбанди сиёҳ гардид. Аз 22 қувваозмоии варзишӣ (дар каратэ ва кикбоксинг) дар 20 ғолиб омада (13-нокаут ва 7 - нокаути техникӣ), танҳо дар 2-тоаш шикаст хӯрд.Соли 1979 ӯ дар байни 59 сония бар рақибаш кикбоксёр Шерман Бергман ғолиб омад. Дар соли оянда бар чемпиони Британияи Кабир Майкл Ҷ. Хеминг ғолиб омад. Соли 1980 Ван Дамм спаринг-шарики Чак Норрис ба ҳисоб мерафт.

Эҷодиёт дар синамо

вироиш

Дар 50 филм нақш бозидааст, аз ҷумла «Варзиши хунин» (1988), «Кикбоксер» (1989), «Шердил» (1990), «Ордер ба марг» (1990), «Зарбаи дучанд» (1991), «Сарбози ҳамадон» (1992), «Роҳе барои фирор нест» (1993), «Ҳадафи мушкил» (1993), «Полиси вақт» (1994), «Муборизи биёбонӣ» (1994), «Марги ногоҳ» (1995), «Дар ҷустуҷӯи саёҳат» (1996), «Колония» (1997), «Сарбоз» (1998), «Сарбози ҳамадон 2: Бозомад» (1999), «Репликант» (2001), «Ҳушёрии марг» (2004), «Ж. К. В. Д.» (2008), «Номасрафҳо 2» (2012), «Душманони наздик» (2013) ва ғайраҳо.

Филмнома

вироиш
Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
1979 ф Зан байни саг ва гург Een vrouw tussen hond en wolf ҷавон дар ҳавз / тамошобини кинотеатр
1984 ф Монако ҳамеша Monaco Forever каратист
1984 ф Брейк-данс Breakin' тамошобини рақскардаистода
1984 ф Бехабар гумшудагон Missing in Action каскадёр
1986 ф На ақибнишинӣ, на таслим No Retreat, No Surrender Иван Крашинский
1988 ф Варзиши хунин Bloodsport Фрэнк Дюкс
1988 ф Уқоби Сиёҳ Black Eagle Андрей
1989 ф Киборг Cyborg Гибсон Рикенбакер
1989 ф Кикбоксер Kickboxer Курт Слоун
1990 ф Шердил Lionheart Леон Готйе
1990 ф Ордер ба марг Death Warrant Луис Бёрк
1991 ф Зарбаи дучанд Double Impact Чед Вагнер, Алекс Вагнер
1992 ф Сарбози ҳамадон Universal Soldier Люк Деверо
1993 ф Охирин киногерой Last Action Hero камео
1993 ф Роҳе барои фирор нест Nowhere to Run Сэм Ҷиллен
1993 ф Ҳадафи мушкил Hard Target Ченс Будро
1994 ф Полиси вақт Timecop Макс Уокер
1994 ф Муборизи хиёбонӣ Street Fighter полковник Уилям Гайл
1995 ф Марги ногоҳ Sudden Death Даррен Маккорд
1996 с Дӯстон Friends камео
1996 ф Дар ҷустуҷӯи саёҳат The Quest Кристофер Дюбуа
1996 ф Ниҳояти хатар Maximum Risk Ален Моро, Михаил Суверов
1997 ф Колония Double Team Ҷек Куинн
1998 ф Тақлиб Knock Off Маркус Рей
1998 ф Сарбоз Legionnaire Ален Лефевр
1999 ф Сарбози ҳамадон 2: Бозомад Universal Soldier: The Return Люк Деверо
1999 ф Инферно Inferno Эдди Ломэкс
2001 ф Репликант Replicant Репликант, Эдвард Гэрротт
2001 ф Сири орден The Order Руди Кэфмейер, Шарл Ле Веллан
2002 ф Зери роҳ Derailed Жак Кристофф
2003 ф Дар дӯзах In Hell Кайл Леблан
2004 с Лас-Вегас Las-Vegas камео
2004 ф Ҳушёрии марг Wake of Death Бен Арчер
2004 ф Нарко Narco камео
2006 ф Дуюм дар гурӯҳ Second in Command Сэм Кинен
2006 ф Ҳимоятгари сангин The Hard Corps Филипп Соваж
2006 ф Имтиҳон Sinav Чарлз
2007 ф То марг Until Death Энтони Стоу
2008 ф Фармони махсус The Shepherd: Border Patrol Ҷек Рабидо
2008 ф Ж.К.В.Д. JCVD камео
2009 ст Робочӯҷа Robot Chicken камео, Ретт Батлер, Дракула
2010 ф Сарбози ҳамадон 3: Тавлид Universal Soldier: Regeneration Люк Деверо
2011 тас Кунг-фу панда 2 Kung Fu Panda 2 мастер Крок
2011 ф Бозии киллерон Assassination Games Винсент Брэзил
2011 ф Шаҳри хуб Beur sur la ville полковник Мерот
2011 ҳуҷ Жан-Клод Ван Дамм: Қафои дарҳои маҳкам Jean-Claude Van Damme: Behind Closed Doors камео
2012 ф Ржевский зидди Наполеон Ржевский против Наполеона камео
2012 ф Чашмони аждаҳор Dragon Eyes Тиано
2012 ф Номасрафҳо 2 The Expendables 2 Жан Вилен
2012 ф Шаш тир 6 Bullets Самсон Гол
2012 ф Сарбози ҳамадон 4 Universal Soldier: Day of Reckoning Люк Деверо
2012 ф Ҳуҷум аз дарун U.F.O. Ҷорҷ
2013 ф Душманони наздик Enemies Closer Ксандер
2014 ф Марҳамат ба ҷангал Welcome to the Jungle Сторм Ротчайлд
2014 ф Гармоикашанда Swelter Стиллман
2015 ф Як таги гӯшт Pound of Flesh Дикон Лайл
2015 ф Одам-блин 煎饼侠 камео
2016 ф Кикбоксер: Интиқом Kickboxer: Vengeance мастер Дюран
2016 тас Кунг-фу панда 3 Kung Fu Panda 3 мастер Крок
20162017 с Жан-Клод Ван Ҷонсон Jean-Claude Van Johnson Ҷонсон, камео
2017 ф Ҳамаи онҳоро бикуш Kill 'Em All Филип
2018 ф Кикбоксер: Бозомад Kickboxer: Retaliation мастер Дюран
2018 ф Оби сиёҳ Black Water Скотт Уилер
2018 ф Лукас The Bouncher Лукас
2019 ф Мо ҷавон мемирем We Die Young Даниэл
2021 ф Охирин муздур Le Dernier mercenaire Ричард Брумер
2021 ф Бадбинон Haters
2022 тас Минёнҳо: Болоравии Гру Minions: The Rise of Gru Жан Клод
ф Френчи Frenchy Френчи

Пайвандҳои беруна

вироиш

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ

  1. filmportal.de — 2005.
  2. Discogs (ингл.) — 2000.
  3. Munzinger Personen (нем.)
  Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович