Том Круз
Том Круз (англ. Tom Cruise, номи пурра — Томас Круз Мапотер IV (англ. Thomas Cruise Mapother IV); тав. 3 июли 1962, Сиракюс, иёлати Ню-Йорк) — ҳунарпеша ва таҳиякунандаи машҳури амрикоӣ. Ӯ 3 июли соли 1962 дар шаҳри Сиракузи наздикии шаҳри Ню-Йорк дар ИМА ба дунё омадааст.
англ. Tom Cruise | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Thomas Cruise Mapother IV |
Таърихи таваллуд: | 3 июл 1962[1][2][3][…] (62 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи синамо, таҳиякунандаи филм, коргардони филм, филмноманавис, халабон, бадалкор, ҳунарпеша, нависанда, producer, коргардон |
Корнома: | 1981 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000129 |
tomcruise.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТом дар оила фарзанди сеюм ва яккаписар буд. Модараш ҳунарпеша ва падараш муҳандис кор мекарданд. Азбаски барои падараш кор ёфтан мушкил буд, онҳо зуд-зуд ҷои истиқоматро дигар мекарданд. Том аз хурдӣ аз қади пасти худ шарм медошт. Ӯ ба ҳар намуди варзиш машғул мешуд, то қадашро сантиметре бошад, ҳам дароз кунад. Дар мактаб ӯ талабаи фаъол набуд. Вақте ки Том 12 сола буд, падараш аз модараш ҷудо шуд ва ҳолати молиявии онҳо бад шуд. Том ва хоҳаронаш маҷбур буданд, ки баъд аз мактаб кор кунанд, то ба модарашон каме бошад ҳам, дар таъмини зиндагӣ кумак намоянд. Дар давоми як сол Том ба мактаби динӣ меравад. Ӯ нияти руҳонӣ шудан дошт, вале чанде пас аз ин мақсадаш даст мекашад ва ба коллеҷи одӣ меравад. Дар ин ҷо ӯ дар баромадҳои театрӣ иштирок меварзад ва дарк менамояд, ки бояд санъати синаморо аз худ намояд. Ӯ ба шаҳри Ню-Йорк барои шуҳратёбӣ меояд ва номи дарози худро ба «Том Круз» иваз мекунад.
Эҷодиёт
вироишНақши аввалинашро Том Круз дар филми «Ишқи бепоён» /Endless Love, 1981/ (дар нақши асосӣ Брук Шилдс) меофарад. Вале аввалин филме, ки Том Крузро машҳур кард, филми «Амалиёти пурхатар» /Risky Business, 1983/ буд. Соли 1985 филми Top Gun («Тирандози беҳтарин») баромад, ки шуҳрати ӯро дар байни тамошобинон афзуд.
Қобилияти нотакрор ҳунарпешаро зуд машҳур кард. Дар давоми чанд соли минбаъда ӯ ба ситораи синамои Амрико ва ҷаҳон табдил ёфт.
Барои иштирок дар филми «Зодаи чоруми июл» /Born on the Fourth of July, 1989/ Том Крузро ба ҷоизаи Оскар дар номинатсияи «Ҳунарпешаи беҳтарин» пешниҳод карданд, вале бахташ омад накард ва ҷоизаро дигар кас гирифт. Соли 1990 ҳангоми ба наворгирии филми «Рӯзҳои раъд» /Days of Thunder, 1990/ Круз завҷаи ояндааш — Никол Кидманро во мехӯрад.
Орзуи деринаи Том дар нақши ба Ҷеймс Бонд монанд бозидан буд ва инро ӯ соли 1996 амалӣ сохт. Филми «Вазифаи иҷронашаванда» /Mission: Impossible, 1996/ дар байни тамошобинон хеле машҳур гардид. Ҳарчанд ки дар ба наворгирии ин филм маблағи хеле калон (бештар аз 120 млн доллари ИМА) сарф шуд, он хароҷоти сарфшударо бозпас гардонида тавонист. Фимлҳои минбаъдаи Том Круз аз нигоҳи молиявӣ ҳарчанд бомуваффақ бошанд, ҳам ба ӯ маротибае имкони соҳиби ҷоизаи Оскар шудан нашудааст. Дар филми «Самурайи охирин» Том Круз умедвор буд, ки соҳиби ҷоиза мешавад, вале боз ӯро сазовор надонистанд. Соли 2005 барои Круз нисбатан бомуваффақият буд. Ӯ дар филми «Ҷанги ду ҷаҳон» (коргардон Стивен Спилберг) иштирок меварзад. Дар нишасти матбуотии ин филм, онҳо барои барпо намудани оила эълон намуданд. Чанде пас Ҳолмс ҳомиладор шуд ва апрели соли 2006 фарзандашон Сурӣ ба дунё омад. (номи духтарашро Том гузошт).
Ҳаёти оилавӣ
вироишӮ 3 маротиба издивоҷ намудааст. Зани дуюми Том Круз ҳунарпешаи машҳури синамои амрикоӣ Никол Кидман буд. Том Круз бо Никол Кидман соли 1990 оиладор мешаванд. Соли 2001 Никол Кидман ва Том Круз аз ҳам ҷудо шуданд. Дар ин муддат, Том аллакай маъшуқаи нав пайдо карда буд. Ӯ бо ҳунарпешаи шинохта Пенелопа Круз ишқварзӣ мекард. Онҳо қариб оиладор ҳам шуданд, вале бо кадом як сабабе дар охир аз фикрашон гаштанд.
Дар наворгирии филми «Ҷанги ду ҷаҳон» Том Круз бо Мими Роджерс во мехӯрад. Дар нишасти матбуотии ин филм, онҳо барои барпо намудани оила эълон намуданд. Чанде пас Кэтӣ Ҳолмс ҳомиладор шуд ва апрели соли 2006 фарзандашон Сурӣ ба дунё омад. (номи духтарашро Том гузошт).[5]
Бузургдошт
вироишФилмшиносӣ
вироишИн мақола ё фасл тарҷумаи нопурра аз забони хориҷаро дорад. |
Сол | Ном ба русӣ | Номи аслӣ | нақш |
---|---|---|---|
1981 | русӣ: Бесконечная любовь | англ. Endless Love | Билли |
1981 | русӣ: Отбой (Кадеты) | Текст ячейки | Дэвид Шоун, кадет |
1983 | русӣ: Изгои | Текст ячейки | Стив Рэндл |
1983 | русӣ: Теряя это | Текст ячейки | Вуди |
1983 | русӣ: Рискованный бизнес | Текст ячейки | Джоэл Гудсен |
1983 | русӣ: Все верные ходы | Текст ячейки | Стефан Джорджевик |
1985 | русӣ: Легенда | Текст ячейки | Джек О’Грин |
1986 | русӣ: Лучший стрелок | Текст ячейки | Пит 'Мэверик' Митчелл, лейтенант |
1986 | русӣ: Цвет денег | Текст ячейки | Винсент Лауриа |
1988 | тоҷикӣ: Коктейль | англ. Cocktail | Брайан Флэнаган |
1988 | русӣ: Человек дождя | англ. Rain Man | Чарли Бэббит |
1989 | русӣ: Рождённый четвёртого июля | Текст ячейки | Рон Ковик |
1990 | русӣ: Дни грома | Текст ячейки | Коул Трикли |
1992 | русӣ: Несколько хороших парней | Текст ячейки | Дэниэл Каффи, лейтенант |
1992 | русӣ: Далеко-далеко | Текст ячейки | Джозеф Донелли |
1993 | русӣ: Фирма | Текст ячейки | Митч МакДир |
1994 | русӣ: Интервью с вампиром | Текст ячейки | Лестат де Лионкур |
1996 | русӣ: Джерри Магуайер | Текст ячейки | Джерри Магуайер |
1996 | русӣ: Миссия невыполнима | англ. Mission: Impossible | Итан Хант |
1999 | русӣ: С широко закрытыми глазами | англ. Endless Love | доктор Уильям Харфорд |
1999 | русӣ: Магнолия | Текст ячейки | Фрэнк Макки мл. |
2000 | русӣ: Миссия невыполнима 2 | англ. Mission: Impossible | Итан Хант |
2001 | русӣ: Стэнли Кубрик: Жизнь в кино | Текст ячейки | |
2001 | русӣ: Ванильное небо | Текст ячейки | |
2002 | русӣ: Космическая станция 3D | Текст ячейки | |
2002 | русӣ: Особое мнение | Текст ячейки | |
2002 | русӣ: Остин Пауэрс: Голдмембер | Текст ячейки | |
2003 | русӣ: Последний самурай | Текст ячейки | |
2004 | тоҷикӣ: Соучастник | англ. Cocktail | |
2005 | русӣ: Война миров | англ. Rain Man | |
2006 | русӣ: Миссия невыполнима 3 | Текст ячейки | Итан Хант |
2007 | русӣ: Львы для ягнят | Текст ячейки | |
2008 | русӣ: Солдаты неудачи | Текст ячейки | |
2008 | русӣ: Операция «Валькирия» | Текст ячейки | |
2010 | русӣ: Рыцарь дня | Текст ячейки | |
2011 | русӣ: Миссия невыполнима: Протокол Фантом | Текст ячейки | Итан Хант |
2012 | русӣ: Рок на века | Текст ячейки | |
2012 | русӣ: Джек Ричер | Текст ячейки | |
2013 | русӣ: Обливион | Текст ячейки | |
2014 | русӣ: Грань будущего | Текст ячейки | майор Билл Кейдж |
2015 | русӣ: Миссия невыполнима: Племя изгоев | Текст ячейки | Итан Хант |
2016 | русӣ: Джек Ричер 2: Никогда не возвращайся | Текст ячейки | Джек Ричер |
2017 | русӣ: Мена | Текст ячейки | Барри Сил |
2017 | русӣ: Мумия | Текст ячейки | Тайлер Кольт |
2017 | русӣ: Сделано в Америке | American Made | Барри Сил |
2018 | русӣ: Миссия невыполнима: Последствия | Mission: Impossible — Fallout | Итан Хант |
2020 | русӣ: Лучший стрелок 2 | Top Gun: Maverick | Маверик |
Ҷоиза ва номзадҳо
вироишҶоизаҳо
вироиш- Ҷоизаи «Қулфинаи тилоӣ»
- Ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ»
- 2000 — Беҳтарин нақши мардонаи дуюм план, барои филми «Магнолия»
- 1997 — Беҳтарин нақши мардона (комедия ё мюзикл), барои филми «Ҷерри Магуайер»
- 1990 — Беҳтарин нақши мардона (драма), барои филми «Таваллудёфта дар чоруми июл»
Номзадҳо
вироиш- «Ҷоизаи Оскар»
- Ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ»
- 2004 — Беҳтарин нақши мардона (драма), барои филми «Аввалин самурай»
- 1993 — Беҳтарин нақши мардона (драма), барои филми «Якчанд писарони хуб»
- 1984 — Беҳтарин нақши мардона (комедия ё мюзикл), барои филми «Бизнеси хавфнок»
- Ҷоизаи BAFTA Киноакадемияи Британия
- 1991 — Беҳтарин нақши мардона, барои филми «Таваллудёфта дар чоруми июл»
Нигористон
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118872206 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ kinonews.ru Том Круз. 23 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 ноябри 2016.
- ↑ Золотая малина (премия, 2018)(рус.) // Википедия. — 2018-03-03.
Пайвандҳо
вироиш