Николас Кейҷ
Николас Кейҷ (англисӣ: Nicholas Cage; номи аслияш Николас Ким Коппола, англисӣ: Nicholas Kim Coppola) дар шаҳри Лонг Бичи иёлоти Калифорния ба дунё омадааст. Николас Кейҷ ҳунарпеша, коргардон ва продюсери синамои ИМА аст. Барандаи ҷоизаи Оскар.
Николас Кейҷ | |
---|---|
Nicholas Kim Coppola | |
![]() | |
Ном ҳангоми таваллуд | Николас Ким Коппола |
Таърихи таваллуд | 7 январ 1964[1][2][3][…] (57 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | ҳунарпеша, бозигари синамо, коргардони филм, таҳиякунандаи филм, садопеша, ҳунарпешаи шахсият, филмноманавис, продюсери телевизионӣ, филмсоз, мазҳакабоз, ҳунарпешаи телевизион |
Падар | August Coppola[d] |
Ҳамсар | Alice Kim Cage[d] |
Фарзанд | Weston Cage[d] |
Ҷоизаҳо |
Toronto Film Critics Association Award for Best Actor[d] (2002) National Society of Film Critics Award for Best Actor[d] (1995) Toronto Film Critics Association Award for Best Actor[d] (2009) Screen Actors Guild Award for Outstanding Performance by a Male Actor in a Leading Role[d] (1996) Los Angeles Film Critics Association Award for Best Actor[d] (1995) |
Имзо |
![]() |
![]() |
Аҷдоди падараш итолиёвӣ ва аҷдоди модараш инглису олмонӣ мебошанд. Падари ӯ Август Флойд Коппола, профессори адабиётшинос, бародари коргардони машҳури синамо Фрэ́нсис Ко́ппола аст ва модараш Ҷой Вогелсанд мебошанд.
Эҷодиёт дар синамоВироиш
Кейҷ, ки ҳаммактаби чунин ситорагони оянда аз қабили Алберт Брукс, Анҷелина Ҷолӣ, Леннӣ Кравитс, Слэш, Роб Рейнер ва Дэвид Швиммер буд, аз хурдӣ ба санъати синамо шавқи беандозае дошт. Нақши аввалини ӯ дар саҳначаи мактабии “Писараки тилоӣ” буд. Барои он ки одамон нагӯянд, ки ӯ аз номи амакаш истифода бурд, вай номашро ҳанӯз дар оғози фаъолияти эҷодиаш аз Коппола ба Кейҷ иваз кард. Николас номи навашро аз номи қаҳрамони филмҳои мазҳакавии он давр Люк Кейҷ гирифтааст. Ҳарчанд, ки филми аввалини ӯ — (русӣ: “Лучшие времена “) / (англисӣ: Best Of Times буд, Кейҷро филми — (русӣ: “Лихие времена в Риджмонд Хай”) / (англисӣ: Fast Times at Ridgemont High машҳур гардонид, ки дар он ӯ бо ҳамроҳии Шон Пенн нақш офарида буд. Номзадии Кейҷро ду маротиба ба ҷоизаи Оскар пешниҳод карданд ва ӯ як дафъа барои нақши майпарасти худкушикунандаро бозиданаш дар филми (русӣ: “Покидая Лас-Вегас”) / (англисӣ: Leaving Las Vegas ба ҷоизаи Оскар сазовор дониста шуд. Солҳои минбаъда ӯ нақшҳои гуногунеро дар синамо офаридааст ва якчанд бор барои гирифтани ҷоизаи Оскар пешниҳод шудааст. Фаъолияти ҳунарпешагии ӯ дар синамои амрикоӣ ҳоло ҳам давом ёфта истодааст.
Инҷоро ҳам бингаредВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #129454532 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ SNAC — 2010.
- ↑ Encyclopædia Britannica