Милла Йовович
Милла Йовович ( русӣ: Милла (Милица) Богдановна Йовович; англ. Milla Jovovich) (17 декабр, 1975) - ҳунарпешаи синамо дар Ҳолливуд (ИМА)
Милла Йовович | |
Milla Jovovich | |
| |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Мамлакат: | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Милла Йовович 17 декабр и соли 1975 дар шаҳри Киев дар оилаи духтури кӯдакон Боргӣ Ҷовович ва ҳунарпешаи машҳури шӯравӣ Галина Логинова ба дунё омадааст. Даврони кӯдакии ӯ дар Москва ва Лондон , ки падараш дар он ҷо таҷрибаомӯзӣ мекард, гузаштааст. Милла дар ИҶШС ҳамагӣ 5 сол зиндагӣ кардааст. Соли 1979 оилаи онҳо ба шаҳри Сакраменто и ИМА мекӯчад. Дар он ҷо ҳамаи аъзои оила маҷбур мешаванд, ки забони англисиро аз бар кунанд. Милла дар синни 11 солагӣ дар муқоваи маҷаллаи итолиёвии «Lei» мебарояд. Чанде пас аксбардори машҳури амрикоӣ Ричард Аведон ба ӯ пешниҳод менамояд, ки дар маҷаллаи «Mademoiselle» суратхояшро ҷойгир кунад. Вале муҳаррири маҷалла пас аз фаҳмидани синну соли Йовович ин корро рад мекунад. Танҳо бо миёнаравии Аведон суратҳои Милла дар ин маҷалла мебароянд. Дар он сол сурати Милла дар муқоваи 15 маҷалла баромад. Баъд аз он Милла Йовович бо ширкатҳои машҳур Revlon, Hugo Boss, Guess, Calvin Klein ҳамкорӣ мекунад. Ҳаққи хидмати ӯ то ба 3 ҳазор доллар дар як рӯз мерасад. Аз соли 1998 Милла симои ширкати L'Oreal мебошад. Маротибаи аввал Йовович дар кино дар филми Залман Кинг «Слияние двух лун» (1988) иштирок варзидааст. Ӯ он вақт 13-сола буд. Дар синни 15 –солагӣ нақши асосиро дар флими «Возвращение в голубую лагуну» (1991) бозӣ мекунад. Соли 1992 дар филми «Чаплин» нақши зани Чарлӣ Чаплин — Милдред Ҳаррис ро меофарад. Дар вақти ба наворгирии «Под кайфом в смятении», Йовович бо ҳунарпеша Шон Эндрюс шинос мешавад. Онҳо моҳи октябри соли 1992 оиладор мешаванд, вале пас аз як моҳ ҷудо мешаванд.
Соли 1994 Милла нахусталбоми сурудҳояш «The Divine Comedy» («Мазҳакаи илоҳӣ»)-ро мебарорад, ки дар он суруди халқии украинӣ «Ой у гаю при Дунаю» («In a Glade») низ буд. Йовович бо гурӯҳаш «Plastic Has Memory» ба Аврупову ИМА ба сафари ҳунарӣ мебарояд. Соли 1996 ӯ ба кино бармегардад ва дар кастинги филми коргардон Люк Бессон «Пятый элемент» иштирок меварзад. Пас аз чанд муддат Милла ба Бессон ба шавҳар мебарояд. Соли 1999 ӯ дар нақши Жанна Д`Арк дар филми дигари Бессон нақш меофарад ва худи ҳамон сол аз ӯ ҷудо мешавад. Соли 2000 филм бо иштироки Йовович ва Мел Гибсон —«Отель „Миллион долларов“» (коргардон Вим Вендерс) баромад. Он дар фестивали Канн ҷоизаи «Хирси тиллоӣ»-ро соҳиб шуд. Дар солҳои минбаъда, Милла дар се филми коргардон Пол Андерсон «Обитель зла» иштирок мекунад. Моҳи марти соли 2006 триллери «Ультрафиолет» ба экранҳо баромад.
Филмҳо бо иштироки Милла ЙововичВироиш
Слияние двух лун en:Two Moon Junction
Ночной поезд в Катманду The Night Train to Kathmandu
Возвращение в голубую лагуну Return to the Blue Lagoon
Каффс Kuffs
Чаплин Chaplin
Под кайфом в смятении Dazed and Confused
Пятый элемент en:The Fifth Element
Жанна д'Арк en:The Messenger: The Story of Joan of Arc
Отель миллион долларов en:The Million Dollar Hotel
Дом на Турецкой улице The House on Turk Street
Ну, ты и придурок! You Stupid Man
ПайвандҳоВироиш
- сайти расмӣ(англ.)
- сайти расмӣ(рус.)
- Милла Йовович(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Русский сайт о Милле Йовович
- Сайт о Милле Йовович
- Fotolog о любителях
- Неофициальный российский сайт Миллы Йовович (обновленная версия)
- Неофициальный российский сайт Миллы Йовович
- Интервью с Ренатой Литвиновой, 2006
- Интервью с Галиной Логиновой // «Трибуна», 2006
Инҷоро ҳам бингаредВироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |