Арнолд Швартсенеггер
Арно́лд Ало́ис Швартсене́ггер (олмонӣ: Arnold Alois Schwarzenegger [ˈaɐnɔlt ˈaloʏs ˈʃvaɐtsəˌnɛɡɐ], англ. [ˈʃwɔrtsənɛɡər]; тав. 30 июли соли 1947, Тал наздикии шаҳри Гратс, Штирия, Австрия) — бадансоз, соҳибкор ва ҳунарпешаи австритабори амрикоӣ, сиёсатмадор-ҷумҳурихоҳ, 38-ум губернатори Калифорния. Ӯ аз октябри соли 2003 ба ин вазифа интихоб ва соли 2006 барои дуввумин муҳлат интихоб гардидааст.
олмонӣ: Arnold Alois Schwarzenegger | |
17 ноябр 2003 — 3 январ 2011 | |
Пешгузашта | Gray Davis[d] |
Ҷонишин | Ҷеррӣ Браун[d] |
Таваллуд |
30 июл 1947[1][2][3][…] (77 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | олмонӣ: Arnold Alois Schwarzenegger |
Падар | Gustav Schwarzenegger[d][5] |
Модар | Aurelia Schwarzenegger[d][5] |
Ҳамсар | Maria Shriver[d][5] |
Фарзандон | Katherine Schwarzenegger[d][6][5], Patrick Schwarzenegger[d][6][5], Joseph Baena[d], Christina Schwarzenegger[d][6][5] ва Christopher Schwarzenegger[d][5] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Фаъолият | Бадансозӣ, бозигарӣ[d] ва сиёсат |
Эътиқод | котулисизм[d][7] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | schwarzenegger.com(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар деҳаи Тал дар Утриш (шаш километр аз Гратс) дар оилаи корманди полис таваллуд шудааст. Дар ҷавонӣ ба намуди варзиши бодибилдинг машғул шуд. Дар 1965 дар Утриш адои хидмати ҳарбӣ намуд. Дар соли 1968 ӯ бо 20 доллари амрикоӣ дар кисааш ва надонистани ягон калимае аз забони англисӣ, ба ИМА кӯчидааст ва соли 1983 шаҳрванди ИМА шудааст. (инчунин, шаҳрванди Утриш мебошад). Ӯ барои иштироки бомуффақияташ дар озмунҳои намуди варзиши бодибилдинг барандаи ҷоизаи «Мистер Олимпия» 1970—1975 ва 1980, инчунин «Мистер Вселенная» шудааст. Соли 1986 бо ҷияни собиқ президенти ИМА Ҷон Кеннеди Мария Шрайвер, издивоҷ намудааст. Соҳиби чор фарзанд: духтарон Катрина ва Кристина ва писарон Патрик и Кристофер аст. Соли 2003 Губернатори 38-уми иёлоти Калифорнияи (ИМА) интихоб шудааст.
Эҷодиёт дар синамо
вироишДар олами кино Арнолд Швартсенеггер аз соли 1969 машҳур шуд ва мехост мисли актёрони дӯстдоштаи худ Рег Парк ва Стив Ривз шавад. Орзуи ӯ амалӣ гардид. Соли 1972 дар филми амрикои (русӣ: «Геркулес в Нью-Йорке») нақши асосиро бозида, ба тамоми дунё истеъдоди волои хешро нишон дод. Барои нақш дар филм, ӯ вазни худро сабуктар мекард, зеро вазни изофагии ӯ барои нақш бозидан халал мерасонид. Соли 1982 ӯ дар филми (русӣ: «Конан-варвар») боз нақши асосиро бозида, дар олами синамо машҳур гардид. Соли 1984 ӯ нақши асосиро дар филми «Терминатор» бозида машҳуртарин актёри дунё ба шумор гашт. Филми мазкур баъд аз ИМА дар ҳамаи давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Амрикои Шимолӣ машҳур гардид. Соли 1991 дар филми (русӣ: «Терминатор 2: Судный день») нақш бозида, соли 2003 дар филми (русӣ: «Терминатор 3: Восстание машин») машҳуртар шуд. Соли 1993 дар филми (русӣ: «Последний киногерой») ва соли 1996 дар филми (русӣ: «Подарок на Рождество») нақш бозид. Номи Арнолд Швартсенеггер дар майдони «Гулгашти шуҳрат»- шаҳри Лос-Анҷелес сабт шудааст, ки онҷо синамогарони машҳуртарини кинокомпанияи Ҳолливуд номнавис шудаанд. Аз соли 1969 инҷониб ӯ дар зиёда аз 70 филми ҳунарӣ нақшҳои ҷолибе бозидааст.
Насаби Швартсенеггер
вироишНасиби мушкили Швартсенеггер (баъзе хато навишта мешавад Швартснеггер) ҳамчун «кӯчагардаки сиёҳ» тарҷума мешавад. Барои ҳайрон накардани ҳаводорони они ӯ вай худро Арнолд Стронг (инглисӣ: Arnold Strong — Арнолд Боқувват) мешуморид.
Фильмография
вироиш- 1970 — «Ҳеркулес дар Ню-Йорк) (англ. «Hercules in New York») — нақши асосӣ (Геркулес).
- 1973 — «Худоҳофизии тӯлонӣ» («The Long Good-Bye») — нақши кӯтоҳ.
- 1976 — «Гурусна бомон» («Stay Hungry») — нақши аҳамияти дуюм (Ҷо Санто).
- 1977 — «Парвариши андом» («Pumping Iron») — нақши асосӣ, худаш
- 1979 — «Шарир» («The Villain») — нақши аҳамияти дуюм.
- 1979 — «Шикори лошахӯр» («Scavenger Hunt») — нақши аҳамияти дуюм (Ларс, тренер в тренажёрном зале).
- 1980 — «Достони Ҷейн Мэнсфилд» («The Jayne Mansfield Story», ТВ) — нақши аҳамияти дуюм (Микки Харгитай).
- 1982 — «Конани барбар» («Conan the Barbarian») — нақши асосӣ (Конан).
- 1984 — «Конани харобкор» («Conan the Destroyer») — нақши асосӣ (Конан).
- 1984 — «Терминатор» («The Terminator») — нақши Терминатор.
- 1985 — «Соняи малламӯй» («Red Sonja») — нақши аҳамияти дуюм (Калидор).
- 1985 — «Коммандо» («Commando») — нақши асосӣ (сарҳанг Ҷон Мэтрикс).
- 1986 — «Интиқоми мунсифона» («Raw Deal») — нақш (Марк Каминский, Ҷозеф П. Бреннер).
- 1987 — «Дарранда» («Predator») — нақши асосӣ (майор Шеффер).
- 1987 — «Одами медавидагӣ» («The Running Man») — нақши асосӣ (Бен Ричардс).
- 1988 — «Гармии сурх» («Red Heat») — нақши асосӣ (капитани милитсия Иван Данко).
- 1988 — «Дугона» («Twins») — нақши асосӣ (Ҷулиус Бенедикт).
- 1989 — «Достонҳои аз склепа», эпизоди «Выключатель» («Tales from the Crypt», episode «The Switch») — коргардон.
- 1990 — «Ёдоварии мутлақ» («Total Recall») — нақши асосӣ (Дуглас Квейд/Хаузер).
- 1990 — «Полиси кӯдакистон» («Kindergarten Cop») — нақши асосӣ (детектив Ҷон Кимбл).
- 1991 — «Терминатор 2: Рӯзи доварӣ» («Terminator 2: Judgement Day») — нақши асосӣ (Терминатор T-800 модели 101).
- 1992 — «Милод дар Коннектикут» («Christmas in Connecticut», ТВ) — нақши кӯтоҳ (марди нишаста руи курсӣ пиш худрави боркаш), режиссёр.
- 1993 — «Охарин қаҳрамони ҳаракат» («Last Action Hero») — нақши асосӣ (Ҷей Слейтеру худаш), исполнительный продюсер.
- 1994 — «Дурӯғҳои ҳақиқӣ» («True Lies») — нақши асосӣ (Гарри Таскер).
- 1994 — «Ҷуниор» («Junior») — нақши асосӣ (доктор Алекс Хессе).
- 1996 — «Поккун» («Eraser») — нақши асосӣ (маршали ИМА Ҷон Крюгер, «Поккун»).
- 1996 — «Ҷаранг-ҷаранг идома дор» («Jingle All the Way») — (Говард Ленгстон).
- 1997 — «Бэтмэн ва Робин» («Batman & Robin») — нақши аҳамияти дуюм (Мистер Сармо, доктор Виктор Фрайс).
- 1999 — «Поёни рӯзгор» («End of Days») — нақши асосӣ (Ҷерико Кейн).
- 2000 — «Рӯзи шашум» («The 6th Day») — нақши асосӣ (Адам Гибсон), продюсер.
- 2001 — «Доктор Дулиттл 2» («Dr. Dolittle 2») — гӯрги сафед (дубляж).
- 2002 — «Талафоти ущерба» («Collateral Damage») — нақши асосӣ (Горди Брюэр).
- 2003 — «Терминатор 3: Хезаши мошинҳо» («Terminator 3: Rise of the Machines») — нақши асосӣ (Терминатор).
- 2004 — «Даври дунё ба 80 рӯз» («Around the World in 80 Days») — нақши аҳамияти дуюм (шоҳзода Ҳапи).
- 2013 — Охарин истгоҳ (The Last stand) — нақши Рэй Оуэнс
- 2013 — Нақшаи фирор (Escape plan) — нақши Эмил Роттмайер / Виктор Манхайм
- 2014 — Саботаж (Sabotage) — нақши Ҷон «Пробивной» Уортон
- 2015 — Заражённая (Maggie) — нақши Уэйд Фогел
- 2015 — Терминатор: Генезис (Terminator Genisys) — нақши Терминатор Т-800
- 2016 — 478 (пост-продакшн) — нақши Виктор
Инчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ https://g1.globo.com/Noticias/Mundo/0,,MUL1383296-5602,00-ARNOLD+SCHWARZENEGGER+VISITA+SUA+ANTIGA+CASA+NA+AUSTRIA.html
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 5.6 Kindred Britain
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
- ↑ https://www.catholicnewsagency.com/news/schwarzenegger_says_his_catholic_faith_doesnt_affect_his_political_decisions
Пайвандҳо
вироиш- Арнолд Шварценеггер(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Биография А. Шварценеггера Арнольд Шварценеггер
- Арнольд Шварценеггер
- Ещё одна биография А. Шварценеггера
- Подробная неофициальная биография А. Шварценеггера Бойгонӣ шудааст 5 Январ 2009 сол.
- Сайт об Арнольде Шварценеггере