Жорес Алфёров
Алфёров Жорес Иванович (беларусӣ: Жарэс Iванавiч Алфёраў; тав. 15 марти 1930, Витебск, Белоруссия) — физики рус, академик (1979), ноиби президенти АИ Русия (аз соли 1990).
беларусӣ: Жарэс Iванавiч Алфёраў | |
Таърихи таваллуд | 15 март 1930[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1 март 2019[4][5][6][…] (88 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физикаи нимноқилҳо[d], физик[7], semiconductor[d][7] ва сиёсат[7] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d][8] ва номзади илмҳои техникӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти электротехникии Ленинград (1952). Аз соли 1953 дар Институти физикаю техникаи АИ Россия ба номи А. Ф. Иоффе ба ҳайси корманди илмӣ, директор ва роҳбари илмӣ кор кардааст. Солҳои 1989—2010 раиси Маркази илмии петербургии АИ Россия буд. 5 апрели 2010 роҳбари илмии Маркази иноватсионии «Сколково» интихоб шуд. Дар ихтирои нахустин транзисторҳои советӣ ва асбобҳои қуввагии аз германий сохташуда иштирок кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишБори аввал дар соҳаи нанотехнология гетеросохторҳои нимноқилҳо, инчунин гетеролазерҳои инжексиониро дар нуқтаҳои квантии сунъӣ, ки дар ҳарорати хона бо реҷаи муттасил дар фосилаи васеи тайфӣ кор мекунанд, ба вуҷуд овард. Таҳқиқоти Ал-феҳрист ба электроникаи куллан нав асос гузошт, ки усулҳои он «муҳандисии минтақавӣ» ном гирифт. Аз соли 2007 депутати Думаи давлатии Маҷлиси Федеративии Федератсияи Россия. Хазинаи дастгирии илму техникаро барои кумак расондан ба ҷавонони болаёқат, ҳавасмандии фаъолияти эҷодӣ дар соҳаҳои афзалиятноки илм таъсис дод. Муаллифи бештар аз 500 таълифоти илмӣ, 3 монография, 50 ихтироъ.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти ленинӣ (1972), Ҷоизаи Нобел (соли 2000 якҷоя бо С. Килби ва Г. Кремеров). Узви академияи илмҳои бисёр давлатҳои ҷаҳон мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Алфёров Жорес Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ В больнице РАН назвали причину смерти Жореса Алферова
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ 7.0 7.1 7.2 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ https://primo.nlr.ru/permalink/f/oo3rn7/07NLR_LMS007455730
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.