Беларус

кишвар дар Аврупои Шарқӣ
(Тағйири масир аз Белоруссия)

Беларус ё Бело́рус (расм. Ҷумҳурии Беларус, ба беларусӣ: Рэспубліка Беларусь; ба русӣ: Республика Беларусь) — давлат дар Аврупои Шарқӣ. Дар Ғарб бо Лаҳистон, дар Шимол Ғарби бо Литва ва Латвия, дар Шарқ – бо Русия ва дар Ҷануб бо Украина ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 207600 км2, аҳолиаш 10 млн нафар (2012), зичии миёнаи аҳолӣ 45,6 нафар дар 1 км2. Пойтахташ шаҳри Минск. Аз 6 вилоят: Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Могилёв, Минск – бо марказҳои ҳамном, 12 шаҳр, 118 ноҳия иборат аст. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол – 3 июл. Забонҳои давлатӣ беларусӣ ва русӣ. Воҳиди пулӣ – рубли беларусӣ.

Ҷумҳурии Беларус
Рэспубліка Беларусь
Республика Беларусь
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Беларус|Мо белорусиҳо
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз ИҶСШ|SSSR)
Забони расмӣ Беларусӣ, Русӣ
Пойтахт Минск
Шаҳри калонтарин Минск, Ғомел, Могилёв, Витебск, Гродно, Брест
Идораи давлат
Президент Александр Лукашенко
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
9 466 000 нафар
нафар/км²
Пули миллӣ рубл
Интернет-Домен .by
Коди телефон +375
Соат UTC +2
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Таърих

вироиш
 
Калисои Колож, ёдгории ҳифзшавандаи асри XII

Дар ҳудуди Беларус инсон ҳанӯз дар замони палеолити миёна ва боло маскан гирифта буд. Бошишгоҳҳои тамаддуни мустӣер дар Подлужйе, Юпевичи, Бердиж ва вилояти Гомел пайдо шудаанд. Аксари ҳудуди Белоруссияро дар асрҳои аввали милодӣ қабилаҳои славянҳои шарқӣ ишғол кардаанд. Иттиҳодияҳои қабилавии дулебҳо, кривичҳо (аз болооби дарёҳои Днепр ва Волга томаҷрои миёнаи Двинаи Ғарбӣ), дреговичҳо (дар ҳавзаи дарёҳои Березина ва Припят), радимичҳо (ҳавзаи дарёи Сож), древлянҳо (дар Ҷумҳурии Беларус) дар ин давра ташаккул ёфта, ҳудудҳои ишғолкардаи онҳо дар садаи IX ба давлати Руси Киевӣ ҳамроҳ карда шуданд. Кривичҳо ва радимичҳо ширкаткунандагони юришҳои князҳои киевӣ Олег (907) ва Игор (944) ба пойтахти Византия–Сарград (Константинопол) буданд. Дар миёнаи садаи X князигарии Полотск ташаккул ёфта, шаҳрҳои Витебск, Туров, Берестие (Брест), Минск, Орша, Пинск ва ғайра бунёд гардиданд. Дар асрҳои 11–12 давлати Руси Киевӣ барҳам хӯрда, князигариҳои Полотск, Смоленск ва Туров мустақил гардиданд ва дертар боз ба князигариҳои хурдтар тақсим шуданд. Дар асрҳои 12–14 алоқа бо марказҳои тиҷоратии русҳо, украинҳо, олмониҳо мустаҳкам шуда, дар ҳудуди ҳозираи Белоруссия князҳои литвонӣ нуфуз пайдо карданд. Дар натиҷа, солҳои 1230–1240 яке аз давлатҳои муқтадири асримиёнагии Аврупо–Князигарии бузурги Литва (марказаш шаҳри беларуссии Новогрудок, дертар Вилна – Вилнюс) арзи вуҷуд кард. Соли 1385 баъди баста шудани Унияи Киев заминҳои Белорус ба ҳайати давлати Иттиҳоди Лаҳистон—Литва (сарвараш князи литвонӣ Ягайло) ҳамроҳ карда шуд. Баъди паси сар шудани ҷангҳо ва ихтилофи байни католикҳо ва муътақидони православӣ ба аксар шаҳрҳои белорусӣ – Брест (1300), Гродно (1391), дертар Слутск, Полотск ва Минск ҳуқуқи худидоракунӣ дода шуд. Дар аҳди Витовт (аз соли 1387), ки 40 сол ҳукмронӣ кард, Князигарии бузурги Литва хеле пеш рафт. Дар аввали садаи XVI баъди ҷанги байни Князигарии бузурги Литва бо давлати Маскав ва ба имзо расидани Унияи Люблин (1569) замини Белоруссия боз ба ҳайати давлати муттаҳидаи Полшаву Литва, ки Реч Посполитая ном гирифта буд, дохил карда шуд. Дар садаи XVI дар як қатор шаҳрҳо ҳаракатҳои динӣ маорифпарварӣ сар заданд, ки дар инкишофи забон ва фарҳанги миллӣ нақши намоён бозиданд. Маорифпарвар Ф. Скорина аввалин китобҳои славянҳои шарқиро ба табъ расонд. Сарзамини Белорус дар давоми асрҳо саҳнаи ҷангҳои манфиатҷӯёнаи хунрез буд (ҷанги Ливон – 1558–1583; ҷанги русҳо бо полшагиҳо – 1654–1667; Ҷанги шимолии байни Русияву Реч Посполитая ва Шветсия – 1700 – 1711). Дар натиҷаи се қисм тақсим гардидани Реч Посполитая (1772–1795) заминҳои онвақтаи Белорус (губҳои Вилен, Витебск, Гродно, Минск, Могилёв) ба империяи Русия ҳамроҳ карда шуданд. Ҳангоми Ҷанги ватании соли 1812 ҳудуди Белоруссияро фаронсавиҳо ишғол карданд. Нимаи дуюми садаи XIX сохтмони роҳҳои оҳани Маскав–Брест, Либава–Ромен, Петербург–Варшава боиси пешравии иқтисодии Белорус гашт, вале Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–1918) ба ин пешравӣ зарба зад.

 

Баъди Инқилоби февралии соли 1917 Комитети Миллии Белорус (дертар Радаи Бузурги Белорус ном гирифт) бо талаби додани мухторият дар ҳайати Республикаи Россия баромад кард. Шӯрои депутатҳои коргариву солдатӣ дар шаҳрҳо ва лашкарҳо тарғибот мебурданд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар мавзеъҳои аз сипоҳиёни олмонӣ озоди Белоруссия барқароркунии ҳокимияти шӯравӣ шурӯъ гардид. 3 январи 1918 Шӯрои Съезди умумибелорусӣ Кумитаи иҷроияи съездро таъсис дод, ки он дар бораи ташкил шудани Республикаи Халқии Белорус қарор қабул кард. Баъди имзо шудани Аҳдномаи сулҳи Брест (15 март) бо Олмон ва иттифоқчиёнаш дар Съезди умумироссиягии Советҳо, ки мувофиқи он қисми зиёди ҳудудҳои ба Россия ҳамроҳшуда ба Белоруссия мегузашт, Шӯрои Съезди умумибелорусӣ 25 март барои аз Россия чун давлати озод ва соҳибистиқлол ҷудо шудани Белоруссия Грамотаи уставӣ қабул кард. Ин замон сипоҳиёни Олмон қариб тамоми ҳудуди Белоруссияро ғасб кард (забткорӣ то охири соли 1918 идома дошт). 1 январ 1919 Белорус — Республикаи Советии Сотсиалистии Беларуссия эълон шуд ва ҳукумати муваққатии он ба Минск кӯчид. Баъди эътироф шудани истиқлоли Белоруссия 27 феврали 1919 Республикаи муттаҳиди Советии Сотсиалистии Литваю Белоруссия ташкил шуд. Дертар қисми зиёди заминҳои Белоруссияро сипоҳиёни Полша тасарруф карданд. Дар ҷанги байни давлати Шӯравию Лаҳистон (1920) ва озод кардани Минск, 31 июли 1920 ҶШС Белоруссия барқарор шуд. Мувофиқи аҳдномаи дар Рига ба имзорасидаи соли 1922 Белоруссияи Ғарбӣ ба ҳайати Лаҳистон ворид карда шуд. 30 декабр 1922 ҶШС Белоруссия чун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати ИҶШС дохил гардид. Солҳои 1924 – 26 бо қарори Комитети Иҷроияи Умумироссиягӣ 15 уезди мансуби губҳои Витебск, Гомел ва Смоленск, ки аҳолиашон асосан белорусҳо буданд, аз ҳайати РСФСР бароварда ба Белоруссия баргардонда шуданд. Армияи Сурх сентябр 1939 Белоруссияи Ғарбиро ба ҶШС Б. ва кишварҳои Вилно ва Виленро озод карда ба Литва дод. Солҳои баъдӣ Белоруссия рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар ибт. ҶБВ (1941–45) ҳудуди ҶШС Белоруссияро лашкариёни фашистӣ пурра забт карданд ва дар тамоми мамлакат ҷанги партизанӣ авҷ гирифт. Наздики 200 бригада, 1100 отряди партизанӣ бо душман муборизаҳои шадид мебурданд. Дар ҷанг шаҳрҳои Минск, Брест, Витебск, Могилёв, боз 209 шаҳри хурди дигар, 9200 деҳа харобу ба хок яксон ва 2,5 млн аҳолии мамлакат қурбон шудаанд. Наздики 300 ҳазор аҳолӣ, 70 дарсади говҳо ба Олмон ронда ва ҳазорон трактору мошинҳо ба он ҷо интиқол дода шуданд, тамоми саноат ва 74 дарсади фонди манзилӣ хароб гардид. Нақши бузурги Белоруссия дар мубориза бо фашизм ва натсизми Олмон буд, ки ҶШСБ, яке аз давлатҳои муассиси СММ гардид. Тибқи шартномаи байни Лаҳистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ (18 августи 1945) 17 ноҳияи вил. Белосток бо марказаш ва 3 ноҳияи вилояти Брест ба Полша дода шуд. Баъди ҷанг барқароркунии босуръати мамлакат ба роҳ монда шуда, иқтисодиёти Белоруссия чун қисми таркибии маҷмӯи ягонаи хоҷагии халқи ИҶШС рушд кард. 20 дарсади трактору мототсиклҳо, 10 дарсади дастгоҳҳои филиззбурӣ, нахи сунъӣ ва нуриҳои маъданӣ, 22 дарсади нахи катон, 15 дарсади картошка, 6 дарсади гӯшти дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолшавандаро Белоруссия таъмин мекард. 27 июли 1991 Шӯрои Олии ҶШС Белоруссия оид ба истиқлоли давлатӣ Декларатсия қабул кард. 19 сентябри 1991 ҶШС Белоруссия Республикаи Беларус ном гирифт.

Сохти давлатдорӣ

вироиш
Бинои Ҳукумат дар Минск
Бинои Ҳукумат дар Минск

Тибқи конститутсияи соли 1994 қабулгардида Белоруссия давлати воҳиди ҳуқуқбунёд ва республикаи президентӣ аст. Сарвари давлат – президент, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад, сардори ҳукумат – сарвазир, мақоми қонунгузор – Маҷлиси миллист, ки аз ду палата – Шӯрои Ҷумҳурӣ (64 ҷой) ва Палатаи намояндагон (110 ҷой, ваколаташон 4 сол) иборат аст. Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ амал мекунанд. Белорус узви СММ (аз соли 1945), ИДМ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Мувофиқи шартномаи соли 1999 басташуда Белорус якҷоя бо Россия давлати иттифоқӣ гаштанд. Муносибатҳои дипломатии Белорус бо Тоҷикистон аз 5 сентябри 1992 барқарор аст. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ дар Тоҷикистон Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Белорус» ва дар Белорус Ҷамъияти дӯстии «Белорус – Тоҷикистон» фаъолият доранд.

Ҷуғрофиё ва геология

вироиш
 
Тасвири Белоруссия аз кайҳон

Белорус дар Ғарби Пастиҳои Аврупои Шарқӣ, дар ҳудуди платформаи россиягии таҳкурсии қадимии кристаллӣ ва иборат аз таҳнишасти ҷинсҳои токембрийӣ воқеъ аст. Дар қитъаи начандон калони Полесӣе хоро ва гнейсҳои мансуби давраи архей вомехӯранд, ки ҷо-ҷо ба рӯйи замин баромадаанд. Қисми шимолу ғарбии мамлакат аз қаторпуштаҳои харсангу шағалӣ, манотиқи ғарбӣ ва шарқӣ аз теппакӯҳҳои на он қадар баланд (Баландии Минск 345 м) ташаккул ёфтааст. Дар ҷануби Полесӣеи Белорус бо таҳнишастҳои боқимонда аз обу пиряхҳои аҳди қадим падид омадааст. Белоруссия дорои захираҳои нафт ва конденсати газ (26,6 млн тонна), гази табиӣ (2,8 млрд м3) ва ангишт (107 млн тонна) буда, аз захираи 4-миллиардаи қабатҳои торфӣ танҳо 580 млн тоннаии он барои истеҳсоли нуриҳои органикӣ истифода мешавад. Белоруссия аз ҷиҳати захираи намакҳои калийдор (5,25 млрд тонна, дар баргардон ба К2О – 840 млн тонна) дар ҷаҳон баъди Канада, Россия ва Олмон ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад. Захираҳои намаксанги саноатӣ баъди иктишоф 22 млрд тона муайян шудааст. Маводди сохтмонии табиӣ дар саросари мамлакат фаровон аст. Дар кӯлҳо ва қабатҳои торфӣ таҳнишастҳои сапропел (лойқаи ба сифати нурӣ истифодашаванда) хеле фаровон буда, миқдорашро 1,6 млрд тонна тахмин кардаанд. 70 чашмаи обҳои маъданӣ (минералӣ) омӯхта шуданд ва мавриди истифода қарор доранд.

Иқлим

вироиш

Иқлими Белорус континенталии муътадил ва намнок аст. Ҳарор. миёнаи моҳи январ аз – 80С то – 40С, моҳи июл аз 170С то 190С, миқдори бориш аз 550 мм то 700 мм буда, тобистонаш сербориш аст.

Обҳои дохилӣ

вироиш

Дар Белорус наздики 3000 дарё мавҷуд аст, ки ба ҳавзаҳои Баҳри Сиёҳ (Днепр) ва баҳри Балтика (Двинаи Ғарбӣ, Неман, Буг, Ловат) мансубанд. Дарёҳои калонтаринаш Припят, Березина, Сож. Манбаи дарёҳо – барфу борон. Дар Белорус 4 ҳазор кӯл мавҷуд аст, ки 2 ҳазори онҳо дар шимоли кишвар ҷойгиранд (бузургтаринашон Нароч, Освей, Свитяз).

Табиат ва олами ҳайвонот

вироиш
 

Аз 5 ҳисса 2 ҳиссаи ҳудуди Белоруссия бешазор буда, бештарашро дарахтони сӯзанбарг ташкил медиҳанд (бешазорҳои Налибок, Беловеж). Гиёҳҳои доруӣ зиёд мерӯянд (валериана, зарпоша, карвиё), 20 дарсади ҳудуди мамлакат ботлоқзор аст. Дар Белорус беш аз 50 намуд ҳайвоноти ширхор ва наздики 200 намуд паранда ҳаст. Гавазн, оҳу, хук, рӯбоҳ, гург, хирси малла бештар вомехӯранд. Дар Мамнӯъгоҳи Беловеж зубр ва дар ботлоқзорҳо намуди нодири сангпушти ботлоқӣ боқӣ мондааст. 4,2 дарсади сарзамини Белорус минтақаҳои ҳифзшавандаанд. Дар Полесӣе Мамнӯъгоҳи радиатсионию экологӣ – барои омӯзиши ҳолати маҷмӯаҳои табиӣ (баъди садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил) ва дар Березин Мамнӯъгоҳи биосферӣ ташкил шудаанд. Чаҳор боғи миллӣ дорад: Беловежская Пуша, Кӯлҳои Браслав, Припятский, Нарочанский. Вазъи экологии Белорус мураккаб аст. Баъди фоҷиаи Чернобили Украина (1986) 22 дарсади ҳудуди маскуни мамлакат, 26 дарсади бешазорҳо ва 20 дарсади хоҷагиҳои кишоварзӣ гирифтори ифлосшавии радиоактивӣ шуда, 2,64 ҳазор га заминҳои ҳосилхез аз эътибор соқит дониста шуданд.

Бахшбандии кишварӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Белорус

Белорус дорои 6 вилоят аст, ки онҳо инчунин аз ноҳияҳои тобеи шаҳрҳо ва вилоятҳо иборат мебошанд. Ҷамъи ҳамамаи ноҳияҳои вилоятҳо — 118, шаҳрҳои тобеи вилоят — 10. Шаҳри Минск воҳиди алоҳидаи маъмурӣ мебошад ва ба ягон вилоят дохил намешавад.

Область Масоҳат, км²
(2017)[1]
Аҳолӣ, наф.
(2018)[2]
Маркази
маъмурӣ
Тақсимоти
дохилӣ
1 Вилояти Брест
( беларусӣ: Брэсцкая)
032 786 1 386 010 Брест 16 ноҳия
2 Вилояти Витебск
(Віцебская)
040 051 1 180 202 Витебск 21 ноҳия
3 Вилояти Гомел
(Гомельская)
040 372 1 415 749 Гомел 21 ноҳия
4 Вилояти Гродно
(Гродненская)
0 25 127 1 043 681 Гродно 17 ноҳия
5 Вилояти Минск
(Мінская)
0 39 854 1 426 525 Минск 22 ноҳия
6 Вилояти Могилёв
(Магілёўская)
029 068 1 058 746 Могилёв 21 ноҳия
7 Минск
(Мінск)
0348 1 992 685 Минск 9 ноҳия

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолии мамлакатро белорусҳо 81,2%, русҳо 11,4%, полшагиҳо 3,9%, украиниҳо 2,4%, яҳудиҳо 0,3% ва ғайра ташкил медиҳанд. 80 дарсади аҳолӣ муътақидони равияи православии дини масеҳӣ ва тақрибан 15% католикҳо мебошанд. Таносуби фавт нисбат ба таваллуд афзунтар буда, бемориҳои силсилаи гардиши хун ва саратон бештар ба назар мерасанд, ки ин ҳам оқибати ҳодисаи Чернобил мебошад. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муҳоҷират ба ИДМ ва давлатҳои хориҷии дур – Исроил, ИМА, Канада, Олмон, Полша, Австралия зиёд шуд. Танҳо баъд аз фоҷиаи Чернобил аз Белорус беш аз 130 ҳазор нафар ҳиҷрат намудаанд. Дар ҳавзаи дарёи Днепр аҳолӣ зичтар ҷойгир шуда, қисми шимолии мамлакат ва ҳамвориҳои Полесӣе камаҳолитаранд. 71,5 дарсади сокинон шаҳрнишин буда, нуфуси камтарини маҳаллаҳои аҳоли­нишини деҳот то 125 нафар мерасад.

Иқтисодиёт

вироиш
 
Мошини калони боркаши БелАЗ

Дар Белорус соҳаҳои истеҳсолкунанда ва истихроҷкунанда, энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ ва бонкҳо асосан моликияти давлатӣ буда, бахши хусусӣ дар иқтисодиёт ҳиссаи хурд дорад (бештар дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ). Моликияти давлат будани соҳаҳои зикршуда ва корхонаҳои бузурги саноатӣ ба ҳукумати Белорус имкон медиҳад, ки барномаҳои калони иҷтимоиро дастгирӣ намояд, хароҷоти табобат ва таҳсили мардумро бар дӯши худ дорад, барои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан зарур пул ҷудо кунад, барои сохтмони манзил қарзҳои имтиёзнок диҳад. Дар байни давлатҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли трактор, нахҳои кимиёӣ, дастгоҳсозӣ, истеҳсоли нуриҳои калийдор, пластмасса, гӯшт, орд, ғалладона, маҳсулоти макаронӣ, матоъ, трикотаж, пойафзор, яхдон ва телевизор (нисбат ба ҳар сари аҳолӣ) пешсаф аст. Дар мамлакат соҳаҳои энергетика, мошинасозӣ, саноати кимиё, коркарди чӯб ва сохтмон, истеҳсоли маводди сохтмон, саноати коркарди маҳсулоти гуногун тараққӣ кардааст.

Нақлиёт

вироиш
 
Шоҳроҳи М1, назди Орши

Соҳаи нақлиёти Белорус хеле тараққӣ кардааст. Аз ҳудуди Белорус як қатор роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, пеш аз ҳама – роҳи трансаврупоии «Шарқ–Ғарб» (Париж – Брюссел – Минск – Маскав) лӯлаҳои нафту газ, роҳҳои байнидавлатӣ: Санкт-Петербург – Витебск Гомел – Киев – Одесса – Таллин – Рига – Вилнюс–Минск – Гомел – Киев ва шоҳроҳи Брест – Гродно мегузаранд. Аҳаммияти роҳҳои обӣ аз роҳҳои худрав кам набуда, бор ва мусофиркашонӣ дар дарёҳои Днепр, Припят, Березина, Сож, инчунин дар наҳрҳои киштигарди Днепр – Буг, Днепр – Неман, Березина сурат мегирад. Борҳои асосӣ маводди сохтмон (85%), ғӯлачӯб ва дигар маҳсулоти чангал мебошанд. Бо нақлиёти лӯлаӣ тавассути лӯлаҳо маҳсулоти нафтӣ (дарозии лӯла 2443 км), газ (5213 км), маводди ғизоӣ (1686 км) равона ва ирсол мешаванд. Дар Белорус 133 аэропорт (50-тоаш бетонпӯш), аз он ҷумла 3 аэропорти байналмилалӣ мавҷуд аст.

Савдои беруна

вироиш

Аз Белорус ба кишварҳои дигар асосан маводди минералӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, саноати кимиё; маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, чӯбу тахта содир гардида, сӯзишворӣ, филиззот, баъзе қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, хӯроквоаванд. Аз Россия ба Белорус асосан сӯзишворӣ ва филиззоти гуногун ворид мекунанд. 90 дарсади мошинҳои боркаш, 80 дарсади дастгоҳҳо ва яхдонҳо, 60 дарсади мебели истеҳсоли Белорус дар бозорҳои Россия ба фурӯш мераванд. Шарикҳои тиҷоратии дигари Белорус Украина, Олмон, Полша, Литва, Нидерланд мебошанд.

Қувваҳои мусаллаҳ

вироиш
 
Су-27-и Белорусӣ

Қувваҳои мусаллаҳи Белорус аз сипоҳиёни хушкигард (43,5 ҳазор нафар), қувваҳои ҳарбӣҳавоӣ (22,5 ҳазор нафар, якҷоя бо лашкариёни мудофиаи зиддиҳавоӣ) ва диг. сохторҳои ҳарбикунонидашуда: сипоҳиёни сарҳаддӣ (12 ҳазор), сипоҳиёни дохилӣ (11 ҳазор) иборат аст. Дар ихтиёри худ техникаи гуногун: танкҳо (1724 адад), мошинҳои зиреҳпӯш (1500), силоҳи артиллерӣ (1465), ракетаҳои идорашавандаи зиддитанкӣ, комплексҳои ракета­вӣ, системаҳои реактивии оташфишон, самолётҳои ҷангӣ (230), чархболҳо (60), воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, авиабазаҳо (дар Барановичи, Витебск, Магулише) дорад. Белорус узви Ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

вироиш

Ҷозибаҳои гардишгарӣ дар Белорус соҳаи даромаднок аст. Дар кӯлу дарё гардишгарӣ тараққӣ кардааст, хатсайрҳои туристӣ силсилаҳои обии Баҳри Балтика ва Баҳри Сиёҳро ба ҳам мепайванданд.

Тандурустӣ

вироиш

Дар Белорус тибқи қонун «Дар бораи ҳифзи тандурустӣ» ба тамоми аҳолӣ хидмати тиббӣ ройгон аст. Марказҳои таҳқиқоти тиббии Белоруссия Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии гематология ва трансфузиология, Институти нейрохирургия ва физиотерапия, Институти таҳқиқоти илмии эпидемиология ва микробиология (Минск), Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии тибби радиатсионӣ ва экологияи инсон, Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии «Кардиология».

Варзиш

вироиш

Нахустин мусобиқаҳои варзишӣ оид ба велосипедронӣ, футбол, куштии юнонию румӣ, гимнастикаи варзишӣ дар Белоруссия охири садаи XIX–аввали садаи XX гузаронида шудаанд. Солҳои 20 садаи XX варзиши сабук, волейбол, шамшербозӣ ва лижаронӣ инкишоф ёфтанд. Варзишгарони Белорус аз соли 1952 дар Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ баромад карда, соҳиби 130 медал (65-тоаш тило) гардидаанд. Варзишгарони Б. Л. Петрик, О. Корбут, СОЛИ Бочинская, В. Шербо (гимнастикаи варзишӣ), АСРИ Медвед (куштӣ), Б. Болшаков, АСРИ Дохляков (велосипедронӣ), Е. Карстен, В. Парфёнович (қаиқронӣ). Н. Багров, В. Макаров (ҷуду), В. Волчков, Н. Зверева, М. Мирний (теннис) чемпионҳои чандкаратаи ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ шуданд. Дар Белорус футбол, баскетбол, гандбол, намудҳои варзиши зимистонӣ (биатлон, лижаронӣ, фристайл, тирпаронӣ), аспдавонӣ, бокс, намудҳои панҷбаҳра, намудҳои техникии спорт, кикбоксинг, ҷуду, каратэ, ушу, бадминтон, бриҷ, кӯҳнавардӣ низ тараққӣ кардаанд. Дар пойгоҳи варзишии «Рубичи» чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо гузаронда мешаванд.

Маориф

вироиш

Кори мактабҳои таҳсилоти умумӣ мувофиқи консепсияи соли 2009 ҷоригардида ва меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Баҳогузорӣ аз рӯйи 10 балл сурат гирифта, таҳсилоти миёна 12 сол муайян шудааст (аз 6-солагӣ). Ғайр аз муассисаҳои таълимии маъмулӣ мактабҳои таҳсилоти шабона (79 адад), мактаб-интернатҳои махсус (барои кӯдакони нуқси рӯҳию ҷисмонӣ дошта (88 адад), мактабҳои хусусӣ (ҳамагӣ 12) фаъолият доранд. Маълумоти касбию техникӣ (аз рӯйи 350 намуди касб) дар 250 муассиса, маълумоти олӣ дар 43 мактаби олӣ (28 донишгоҳ, 8 академия, 2 донишкада, 5 коллеҷи олӣ ва 16 мактаби олии хусусӣ) дода мешавад. Калонтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ: Донишгоҳи давлатии Беларус (соли таъсисаш 1921), Донишгоҳи миллии техникӣ (1990), Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника (1964).

Нигаред

вироиш

Донишгоҳи императории Вилен (1803) ва Архиви марказии китобҳои қадимии қонунҳо (Вилно, 1852), Комиссияи археографии Вилен (1864) аввалин муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди Белоруссия маҳсуб мешаванд. Мактаби хоҷагии қишлоқи Гори-Горетс (1848, баъд донишкада шуд), Институти маданияти Белорус (Минск, 1922, аз соли 1928 – АИ ҶШС Белоруссия, аз соли 1997 – Академияи миллии илмҳо) низ аз ҷумлаи муассисаҳои илмии давраи пеш мебошанд. Дар Белоруссия 300 муассисаи илмӣ, аз ҷумла Маркази таҳқиқоти илмии проблемаҳои захиранигаҳдорӣ (Гродно, 1990), Институти ҷангал (Гомел, 1992), Институти кимиёи маҳсулоти нав (Минск, 1988) ва ғайра фаъолият доранд. «Даклады Нацыя­нальнай акадэмii навук Беларусi», «Весцi Нацыянальнай акадэмii наук Беларусi» нашрияҳои илмии пурарзиш мебошанд.

Адабиёт

вироиш

Бо қабули дини насронӣ (масеҳӣ) аз ҷониби славянҳо ва паҳн кардани китобҳои бо хатти кириллӣ иншошуда дар сарзамини сукунати белорусҳо марказҳои адабӣ ва чопи китоб пайдо шуданд (дар Полотск, Туров). Дар садаи XII ин ҷо муаллифони шуҳрати ҷаҳонидошта – Кирилл Туровский ва Ефросиния Полотская корҳои маорифпарварӣ анҷом медоданд. Баъдтар солноманависӣ маъмул гашт («Солномаи князҳои бузурги литвонӣ» – сеяки аввали садаи XV; «Солномаи белорусию литвонӣ» – 1446, тарҷумаҳо ба забони кӯҳнаи белорусӣ пайдо шуданд. Дар садаи XVI жанри мукотибаи расмӣ ва коргузорӣ ривоҷ ёфт. Маорифпарвар ва асосгузори китобчопкунӣ ба забони славянҳои шарқӣ Ф. Скорина солҳои 1517–1519 дар Прага 23 китоби «Библия»-ро ба табъ расонд. Нимаи дуюми садаи XVI назми китобии белорусӣ, драматургия, асарҳои публитсистӣ, насри ҳолноманависӣ, ёддоштнависӣ ва ғайра ривоҷ ёфт. СОЛИ Будний, В. Тяпинский–ислоҳотчиёни он замон ба забони кӯҳнаи белорусӣ асарҳои зиёде чоп кардаанд. Аввали садаи XVII мадҳиянависӣ расм шуд. Нашри алифбоҳо ва китобҳои дарсӣ низ вусъат ёфт («Грамматика словенскасри..»-и Л. Зизания, Вилно, 1596). Жанри адабии «баҳсҳои калисоӣ» ҷолиб буд (муаллифон Мелетий Смотритский, И. Рутсий, Иосафат Кунсевич ва дигарон). Минбаъд муаллифон ба мавзӯи ҳаёти инсони одӣ мувоҷеҳ шуданд (асарҳои Симеон Полотский). Баъди аз ҷониби сарварони давлати полякию литвонии Реч Посполитая манъ гардидани истифодаи забони белорусӣ адабиёти он ба забони полшагӣ, лотинӣ ва баъдтар русӣ иншо мешуд. Ин замон адабиёти фолклорӣ, сафарномаҳо (Я. Сапега) ва воқеанигорӣ пайдо шуд. Аксари асарҳо ба забони белорусӣ дар шакли дастнависҳо паҳн мешуданд. Соли 1820 асарҳо дар жанри ҳаҷв ва миёнаҳои садаи XIX дар шакли ривоятнигорӣ маъмул шуд («Тарас дар болои Парнас»). Шоири полшагӣ АСРИ Митскевич дар асарҳояш назми мардумии белорусиро фаровон истифода намудааст. В. И. Дунин-Марсинкевич, В. Сирокомля, Ф. Богушевич, Я. Лучина, АСРИ Гуринович адибони намоёни садаи XIX белорус мебошанд. Ибт. садаи XX назми белорусӣ ривоҷ ёфт: Я. Купала (маҷм. «Жалейка, 1908; «Гусляр», 1910), Я. Колас («Сурудҳои яъс», 1910, «Образҳои ба дил наздик», 1914), Тётка (номи аслиаш Алоиза Пашкевич; маҷмуаи «Ғижаки белорусӣ», 1906). Минбаъд равияҳои реализм ва романтизм мустаҳкам гардиданд: ҳикояҳои Я. Колас, М. Горетский, З. Бядуля. Ёддоштнависӣ, воқеанигорӣ, повест ва романнависӣ, ҳачвнигорӣ (К. Крапива, АСРИ Деркач) маъмул гашт. Солҳои 30 садаи XX асарҳои Я. Колас, К. Чорний, П. Глебка, П. Бровка, М. Танк, В. Тавлай чоп шуда, солҳои ҶБВ ҳангоми истилои Белоруссия аксари адибон дар қатори ҷанговарон ҷой гирифтанд ва бо душмани ғаддор бо сухан мубориза мебурданд. Дар солҳои баъдиҷангӣ мавзӯи ҷанг дар эҷодиёти ин адибон мавқеи асосӣ дошт: повести В. Биков «Сотников» (1970), АСРИ Адамович «Достони Хатин» (1984). Осори В. Короткевич намунаи таърихнигории воқеъбинона аст. АСРИ Макаёнок асарҳои ҳаҷвӣ эҷод кардааст ( «Левониха дар мадор», 1901; «Ҳабби зери забон», 1973. Фоҷиаи Чернобил боиси эҷоди асарҳо дар жанри адабӣ публитсистӣ гардид. Асарҳои Адамович ва Алексиевич дар асоси нақл ва эҳсоси шоҳидони фоҷиа, нобасомониҳои иҷтимоии аз ин ҳодиса рухдода эҷод шудаанд. Аз адибони муосир Н. Гилевич, Р. Бородулин, О. Ипатова, О. Лойко, АСРИ Рязанов, АСРИ Глобус машҳуранд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

вироиш
 

Дар ҳудуди Белорус боқимондаҳои манзилҳои бар пояҳо устувор, заминканҳо ва биноҳои ҷамъиятии мансуби даврони неолит, асри би­ринҷ ва асри оҳан пайдо гардидаанд (дар вилҳои Витебск, Минск, Могилёв). Ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ ашёи гуногуни маишӣ, ороишӣ низ дарёфт шудаанд. Намунаи меъмории асримиёнагӣ Калисои ҷомеи София (асри 11) ва Дайри Спасо–Ефросиня (асри 12) дар Полотск буда, дар онҳо фрескаҳо – деворнигориҳои рассомони аҳди Руси Киевӣ боқӣ мондаанд. Қалъаву дижҳо ва дигар иншооти мудофиавӣ (дар Новогрудка, асрҳои 13 – 15; Мир, охири садаи XV – аввали садаи XVI; Несвиж – асрҳои 16–17 ва ғайра) бештар бино мешудаанд. Ҳатто калисоҳо намуди қалъаро доштанд. Осори боқимонда аз таъсири мутақобилаи услубҳои романӣ, готӣ ва византиягӣ ва омезиши аҷоиби онҳо дарак медиҳанд. Таъсири давраи Эҳё дар ороишоти қасрҳои садаи XVI ба мушоҳида мерасад (қасри шоҳ Стефан Багорий дар Гродно). Дар осори меъмории асрҳои 17–18 таҳти таъсири католитсизм истифодаи услуби бароккоро мебинем (ибодатгоҳи иезуитҳо дар Гродно, 1667). Меҳроби калисоҳо, дафинаву мақбараҳо низ дар ин услуб офарида шудаанд. Китобчопкунӣ боиси рушди санъати ҳаккокӣ (рассомон М. ва В. Вошанко, В. Корен, ох. садаи XVII – аввали садаи XVIII) гардид. Саноеи кулолӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, чармгарӣ, кандакорӣ дар чӯб ва ғайра хеле тараққӣ карданд. Дар биносозӣ услуби класситсизмро романтизм ва модерн иваз кард ва меъмории маҳаллӣ шакли содатар гирифт. Дар рассомӣ ва санъати ороишӣ риштаи заррин ва нуқрагинро истифода мебурданд (дар осори рассомони маъруф И. Хрутский, АСРИ Горавский, В. Бялинитский-Бируля); дар ривоҷ додани анъанаҳои мактабҳои ҳунармандии маҳаллӣ саҳм мегузоштанд. Дар арафаи инқилоб дар Белоруссия рассоми рус И. Репин зиндагӣ ва эҷод мекард. Анъанаҳои санъати яҳудиёнро Ю. Пэн ( устоди рассоми машҳур М. Шагал) такмил дода, машҳури ҷаҳон гашт. Солҳои 1919–1922 Витебск (ба шарофати К. Малевич, В. Лиситский) маркази асосии санъати ҷараёни футуризм гардид. Солҳои 1930–50 дар меъморӣ услуби ба ном «неоклассикаи сталинӣ» мавқеъ ёфт (ансамблҳои пуршукӯҳи И. Лангбард, муҷассамаҳои З. Азгур ва АСРИ Бембел). Дар мусавваранигории миёнаи садаи XX мавзӯи муҳорибаҳо дар ҷанг, ҳаракати партизанӣ (осори И. Ахремчик, Е. Зайтсев, В. Суховерхов ва ғайра) мавқеи махсус дошт. Дар осори муҷассамасозии солҳои 1960–1970 услуби «ҷиддият» бештар ба назар мерасад (М. Савитский, СОЛИ Селиханов – яке аз офарандагони маҷмӯаи ёдгории «Хатин», 1968–1969). Солҳои 80 садаи XX шаклҳои гуногуни авангардизм ва постмодернизм асосан дар санъати ороишӣ, дизайн, рекламасозӣ падид омад.

Мусиқӣ

вироиш

Фолклори мусиқии сарзамини Белорус пеш аз ҳама бо сурудҳои маросимӣ (лолоӣ, ниёиш, ҷашни арӯсӣ), мавсимӣ (пешвози баҳор, киштукор, ҳосилғундорӣ), ҳаҷвию маишӣ зоҳир мешавад. Аз созҳои мусиқӣ бештар дудка (шабеҳи сурнай), жалейка (сози нафасии наймонанд), волинка (найанбон), лира, симбала (амсоли чанг) маъмуланд. Баъди қабули масеҳият дар Белоруссия жанри сурудҳои калисоӣ (антифон, ирмос, псалм, канон ва ғайра) ва мусиқии органӣ ривоҷ ёфт. Суруду мусиқии дунявӣ бо ҳаёти маишии дарбор, ҳарбиён ва сокинони шаҳрҳо вобаста буд. Дар садаи XIX таваҷҷуҳ ба сурудҳои халқӣ зиёд шуда, омӯзиш, коркард ва иҷрои онҳо дар саҳна маъмул гашт (М. Чарновская, АСРИ Абрамович). Жанрҳои оперетта, мазҳакаи мусиқӣ, консертҳои созӣ ривоҷ ёфтанд. Баъди Инқилоби Октябр асоси мактаби композиториро дар Б. Н. Аладов, АСРИ Богатирёв, Г. Пукст, Е. Тикотский гузоштанд. Эҷоди сурудҳои оммавӣ расм шуд, репертуари ҳунармандони соҳаи мусиқӣ ва театри миллӣ, жанри овозхонию симфонӣ (Н. Аладов, АСРИ Богатирёв) ғанӣ гашт. Техникумҳои мусиқӣ, студияҳо ва консерватория таъсис ёфтанд. Мусиқии Белоруссияро дар дохил ва хориҷи мамлакат Капеллаи давлатии хори ба номи Г. Ширма, хор ва оркестри эстрадавию симфонии Радиои Белорус, ансамблҳои созию овозии «Песняри», «Вераси», «Сябри» тарғиб мекунанд. Солҳои охир эҷодиёти гузаштагон, беҳтарин асарҳои мусиқӣ гирдоварӣ ва ҳифз мешаванд. Балети миллӣ баъди соли 1907 пайдо шуд (дар Театри якуми Беларус, дар Минск соли 1920 таъсис ёфтааст, ҳоло Театри ба номи Я. Купала). Соли 1930 дар Минск Студияи давлатии опера ва балет ташкил шуд, ки барои таъсиси Театри калони опера ва балети Беларус (1933) замина гузошт. Соли 1939 Омӯзишгоҳи театрӣ (бо шуъбаи хореографӣ) кушода шуд. Аввалин балети миллӣ «Булбул»-ро соли 1939 композитор М. Крошнер ва балетмейстерон АСРИ Ермолаев ва Ф. Лопухов рӯйи саҳна оварданд. Хореографҳои бузурги рус В. Вайнонен, К. Голейзовский, Р. Захаров дар Белорусия як қатор асарҳоро ба саҳна гузоштаанд.

Театр

вироиш

Театри Белорус аз маросим, расму ойин, идҳои мавсимии қадима маншаъ гирифтааст. Санъати скоморохҳо, ки дар бозору майдонҳо, баъдтар дар қасрҳои феодалҳо баромад мекарданд, нишонаҳои ин санъатро доштанд. Дар асрҳои 16–18 дар коллегиумҳо, семинарияҳо, «мактабҳои бародарона»-и Брест, Витебск, Гродно, Минск, Орша, Пинск ва дигар шаҳрҳо ба ном «театрҳои мактабӣ» дар саҳна моралите ва мистерияҳо (дар мавзъӯҳои динӣ), сужетҳо аз драмаҳои антиқӣ ва таърихиро мебозиданд. Театри лӯхтак – батлейка низ маъмул гашт. Дар садаи XVII драмаи халқӣ (фолклорӣ) рӯйи саҳна омад (драмаи «Шоҳ Максимилян», ки аз он даврон то садаи XX намоиш дода мешуд). Дар садаи XVIII театрҳои крепостнойии князҳо Радзивиллов, Сапетов ва граф СОЛИ Зорич фаъолият доштанд. Аввали садаи XIX театрҳои доимӣ арзи вуҷуд карданд (Витебск, Гродно, Минск). Театри касбии миллӣ бо ибтикори В. Дунин-Марсинкевич соли 1852 ба фаъолият шурӯъ кард. Солҳои 60 садаи XX асарҳои классикаи ҷаҳониро ба саҳна мегузоштанд. Театрҳои доимоамалкунанда («Труппаи аввалини Белорус», таҳти сарварии И. Буйнитский) арзи вуҷуд карданд. Солҳои 1941–45 театрҳои Белоруссияро ба шаҳрҳои гуногуни РСФСР кӯҷонданд. Баъди ҷанг онҳо аз нав эҳё гардиданд ва асарҳои ифодакунандаи рӯҳи замон рӯйи саҳна омаданд: «Қалъаи Брест»-и К. Губаревич, «Одамон ва девҳо»-и К. Крапива, «Трибунал»-и АСРИ Макаёнок ва ғайра Инчунин асарҳои драматургони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва хориҷӣ таҳия мешуданд (асарҳои АСРИ Арбузов, Б. Брехт, М. Горкий, Я. Райнис, В. Розов ва дигарон). Дар шаҳрҳои Бобруйск, Брест, Гомел, Минск гузаронидани фестивалҳои театрӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Синамо

вироиш

Соли 1914 дар ҳудуди Белорус 54 кинотеатри хусусӣ филмҳои русӣ ва хориҷиро намоиш медоданд. Аввалин филмҳои хроникавии белорусӣ («Сӯхтор дар Минск...») солҳои 1907 – 10 пайдо шудаанд. Соли 1922 Раёсати «Кинои Республикаи Белорус» таъсис ёфт, аввалин филмҳои хроникавӣ соли 1925 ва филми бадеии миллӣ («Ривояти ҷангал»-и Ю. Тарич, дар мавзӯи ҷанги гражданӣ) соли 1926 эҷод шудаанд. Соли 1928 дар Ленинград киностудияи «Беларусфилм» (аз соли 1933 ба Минск кӯчид) таъсис дода шуд. Филмҳои солҳои 30 садаи XX қаҳрамонии романтикӣ («Садои санавбарҳо»-и Л. Молчанов, «То фардо»-и Тарич), ахлоқию тарбиявӣ («Зан»-и Е. Дзиган, «Ҷӯяндагони бахт»-и Корш-Саблин ва ғайра), аз рӯйи асарҳои бадеӣ наворбардоришуда («Одам дар ғилоф», аз рӯйи асари АСРИ Чехов) ва филмҳои солҳои 1941–80 асосан дар мавзӯи ҷангу қаҳрамонӣ («Константин Заслонов», 1949; «Соат нисфи шаб аз гашт бозмонд» 1959; «Мушаки сеюм», 1963) буданд. Филмҳои мустанад низ бештар дар ҳамин мавзӯъ офарида мешуданд. «Москва – Генуя» (1964), «Ман, Франсиск Скорина» (1970) филмҳои таърихӣ буда, «Шаби якшанбе» (1977), «Дардат ба ҷонам» (1980) дар мавзӯи ахлоқиву маишӣ эҷод шудаанд. Солҳои 70 садаи XX «Беларусфилм» беҳтарин филмҳои телевизионӣ офарид («Харобаҳо тир мепаронанд» – 6 серия, 1970–72; «Замон моро интихоб кардааст» – 5 серия, 1976–78 ва ғайра). Филмҳои солҳои 1990–2000 дар мавзӯҳои таърихӣ, дар услуби «номҳо ва ҳодисаҳои фаромӯшшуда», фалсафӣ, масоили замон («Шабнами сафед»-и И. Добролюбов, «Политбюро»-и Пташук, «Парандагони белона»-и В. Дудин, «Ғасби Мистерия»-и Ф. Кудинейко ва ғайра) эҷод шудаанд. Дар ин давра филмҳои кӯтоҳметраж ва мустанади ҷолиб низ офарида шуданд.

Осорхонаҳо, китобхонаҳо

вироиш

Солҳои 1941–45 тамоми шабакаи осорхонаҳои Белорус хароб шуда буд. Вале бо кӯшиши зиёд аз нав эҳё гардиданд. Ҳоло дар Белоруссия 131 осорхонаи давлатӣ (бо 74 шӯъба) фаъолият доранд, ки дорои 2,6 млн воҳиди ҳифозатии фондҳои асосӣ ва 1 млн воҳид маводди ёрира­сон мебошанд. Осорхонаҳои калонтарин: Осорхонаи миллии таърих ва маданияти Беларус (1908), осорхонаи калисоиву бостоншиносӣ, осорхонаи миллии бадеӣ (1939; чун нигористони мусаввараҳо), осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1943), осорхонаи мудофиаи Брест, осорхонаи бостоншиносии «Берестӣе» (Брест), осорхонаи таърихи дин (Гродно). Дар Белоруссия 4743 китобхонаи оммавӣ, китобхонаҳои махсус ва китобхонаи муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд; калонтаринашон Китобхонаи миллии Беларус, Китобхонаи марказии илмии ба номи Я. Коласоли

Матбуот ва ВАО

вироиш

«Беларусь», «Беларуская Энцыклапедья», «Беларуская навука», «Вышэйшая школа», «Мастацкая лiтаратура» нашрияҳои бузургтарини Белоруссия мебошанд. «Звезда», «Саветская Беларусь», «Рэспублiка», «Народная газета», «Лiтаратура i мастацтва», «Беларускi час», «Наша слова», «Наша нiва» ва маҷаллаҳои «Полымя», «Неман» намоёнтарин нашрияҳои даврианд. Намоишҳои телевизион дар Белорус аз соли 1956 оғоз гардид. «Першы нацыянальна тэлеканал (БТ-1), «Лад», «Агульнанацы­янальная тэлебачанне (АНТ, аз соли 2002) шабакаҳои телевизиони давлатии Белоруссия мебошанд.

Пайвандҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Новая российская энциклопедия. Т. П, Москва, 2005, Страны мирасри Современный справочник. 2008.


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина