Забони ванҷии қадим

Забони ванҷии қадим, ки то авоили қарни 19 мелодӣ дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон ривоҷ дошт ва калимоте аз он тавассути шарқшиносии рус И.И. Зарубин то ба имрӯз расидааст. Муҳаққиқони эронишинос ин забонро низ мансуб ба гурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ донистаанд. [Зарубин 1924, с. 79-81; Розенфельд 1956, с. 173-280].

Забони ванҷии қадим
Кишварҳо
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои эронии шарқӣ
забонҳои помирӣ
Забони ванҷии қадим
Glottolog oldw1238
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

[1]

Забони ванҷии куҳан (vanjvori) забони эронии гурӯҳи ҷануби шарқие буд, ки тахминан 150 сол пеш дар водии Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон ривоҷ доштааст. Чунончӣ қаблан зикр намудем, эроншиноси маъруф И.И.Зарубин соли 1924 дар як мақолаи худ беш аз сӣ калимаи аз ин забон гирдовардаи худро дарҷ намуда, зикр кардааст, ки дар водии Ванҷ, ки имрӯз яке аз лаҳҷаҳои кӯҳистонии тоҷикӣ ривоҷ дорад, мардум изҳор доштаанд, ки ниёконашон ба забони дигаре такаллум мекардаанд. Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки дар соли 1915 дар ин ҷо ҳанӯз пирамардоне мезистанд, ки забони волидонашонро фаромӯш накарда буданд ва чанд калимаеро аз ин забон, ки дар хотир доштанд, ба ӯ гуфтаанд. Ҳамин теъдоди маҳдуди калимот имкон медиҳад то ин забонро ба гурӯҳи забонҳои помирӣ мансуб донем. Мавҷудияти забони ванҷии куҳанро муҳаққиқоне чун М.С. Андреев ва Ҳ. Шёлд, ки дар оғози солҳои 30-юми асри гузашта аз ин макон дидан кардаанд, низ таъйид намудаанд. А.Е. Снесарев, ки худ забоншиноси касбӣ набуд, зикр кардааст, ки «дар водии Язгулом ва дар қисмати болооби Ванҷ мардум ба яке аз лаҳҷаҳои забони шуғнонӣ такаллум мекунанд». Бо иттико ба маводи луғавии бозмондаи забони ванҷии куҳан ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба мавқеи ҷуғрофии водии Ванҷ метавон ҳадс зад, ки он забоне наздик ба забони язгуломӣ будааст ва зоҳиран тавофути сохтории он аз забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ аз ҳадди тафовутҳои сохтории забони язгуломӣ аз забонҳои машмули ин гурӯҳ бештар набудааст[2].

Адабиёт

вироиш
  • Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
  • Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
  • Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
  • Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
  • Андреев М.С. О таджикском языке настоящего времени // Материалы по истории таджиков и Таджикистана, сборник 1-й. – Душанбе, 1945, с. 59-66.
  • Skold H. Materialen zu den Iramischen Pamirsprachen. - Lund, 1936, s. 18-19.
  • Снесарев А.Е. Восточная Бухара. – СПб, 1906, с. 40.
  • Розенфельд А.З. Ванджские говоры таджикского языка. – Л., 1964, с. 4-6; К вопросу о памирско-таджикских языковых отношениях (на материале ванджских говоров) // Труды Института языкознания АН СССР, VI, 1956, с. 273-280;
  • Луғоти куҳан дар гӯиши ванҷӣ // Номаи Пажӯҳишгоҳ, 2010, № 21, с. 63-92; Лашкарбеков Б.Б.
  • Старованджский язык // Основы иранского языкознания. Среднеиранские и новоиранские языки – М., 2008, с. 61-109.