Ҳиндустон

(Тағйири масир аз Хиндустон)

Ҳиндустон, номи расмӣ — Ҷумҳурии Ҳиндустон, кишварест, ки дар қитъаи Осиёи Ҷанубӣ қарор дорад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои аҳолӣ (1,42 миллиард нафар бино ба арзёбии оғози соли 2023) сернуфустарин давлати дунё ва аз лиҳози масоҳат (3 287 263 км²) бузургтарин кишвари Осиёи Ҷанубӣ (7-ум ҷой дар ҷаҳон) маҳсуб меёбад.

Ҳиндустон
भारत गणराज्य bhа̄rata ganạrа̄jya
Парчам Нишон
Шиор: ««Танҳо ҳақиқат пирӯз мешавад»

«Satyameva Jayate» (Sanskrit)»

Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҳиндустон|Ҷанаганамана (Jôno Gôno Mono),

«Ҷони мардум» (муаллиф Робиндронат Такур) ]]»

Рӯзи истиқлолият (аз 15 августи соли 1947)
Забони расмӣ Забони ҳиндӣ
Пойтахт Деҳлӣ
Шаҳри калонтарин Мумбай, Деҳлӣ, Бангалор, Ченнай, Колката
Идораи давлат ҷумҳурии федералии конститутсионии парлумонӣ
Президент
Сарвазир
Ноиби президент
Драупади Мурму
Нарендра Моди
Ҷагдип Дҳанкҳар
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
7-ум ҷой дар ҷaҳон
3 287 263 км²
9,5 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2023)
  • Зичӣ
1-ум ҷой дар ҷaҳон
1 млрд. 425 млн. нафар
434 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2023)
  • Ба сари аҳолӣ
5-ум ҷой дар ҷaҳон
ММД (номиналӣ): 3.737 трлн. доллари ИМА $
2,601 доллари ИМА (139-ум ҷой) $
Пули миллӣ Рупии Ҳиндустон
Интернет-Домен .in
Коди телефон +91
Соат UTC +5:30
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}


Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Ҳиндустон аз калимаи форсии қадимии ҳинду, наздик ба “синдҳу”-и санскритӣ (номи таърихии дарёи Ҳинду) асл мегирад. Юнониёни қадим ҳиндуёнро “индоӣ”, яъне “одамони Ҳинд” меномиданд.

Конститутсияи Ҳиндустон номи кишварро ба забони расмии он, забони ҳиндӣ, «Бҳарат» (भारत) муқаррар кардааст, ки аз номи санскритии подшоҳи қадимиҳиндӣ (ки таърихаш дар “Маҳабҳарата” тасвир шудааст) сарчашма мегирад. Аз аҳди Империяи Муғулҳои Бузург (Империя Великих Моголов)  ҳамчунин номи “Ҳиндустон” истифода мешуд, аммо он мақоми расмӣ надорад.

Қораи (субконтиненти) Ҳинд ватани тамаддуни қадимии ҳиндӣ мебошад. Дар давоми қисмати ағлаби таърихи хеш Ҳиндустон марказ ё меҳвари масирҳои муҳими тиҷоратӣ буда, бо сарвату бойигариҳо ва фарҳанги баланди худ шуҳрат дошт. Дар Ҳиндустон чунин дину ойинҳо, ба мисли ведо, ҳиндуия, буддоия, сикхизм ва ҷайнизм пайдо шудаанд. Дар ҳазорсолаи якум ба қораи Ҳинд динҳои масеҳӣ ва ислом ворид шуданд, ки ба рушди фарҳанги гуногуншакли минтақа таъсири назаррас гузоштанд.

Дар асри XVIII – нимаи якуми асри XIX Ҳиндустон батадриҷ аз тарафи Империяи Британия мустамлика гардонида шуд. То 15 августи соли 1947 ҳамчун Ҳинди Британия – ҷузъи Британияи Кабир шинохта мешуд. Соли 1947, дар пайи муборизаи солиёни зиёд (бо пешбурди маъракаи домангири муқовимати ғайризӯроварона ва адами ҳамкориву итоат бо ташвиқи ҷунбиши муассири миллатгаро зери роҳбарии Маҳатма Ганди) Ҳинди Британия ба ду доминиони мустақил, яъне Доминиони Ҳинди аҳолиаш аксаран ҳиндӣ ва Доминиони Покистони аҳолиаш аксаран мусулмон тақсим шуд. Ин омил ба талафоти бузурги ҷонӣ ва муҳоҷирати бесобиқа оварда расонд.

Аз соли 1950 инҷониб Ҳиндустон худро ҷумҳурии федералӣ эълом дошт, ки тавассути низоми демократии парлумонӣ идора карда мешавад. Он соҳиби ҷомеаи плюралистӣ, сермиллату серзабону сердин ва бисёрэтникӣ (бисёрмазҳабӣ) мебошад. Аҳолиаш аз сатҳи 361 миллиони соли 1951 то 1,4 миллиарди соли 2022, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.[1] Ҳамзамон, даромади номиналии ба ҳар сари аҳолӣ аз 64 доллари ИМА солона то 1,498 доллари ИМА боло рафта, сатҳи саводнокӣ аз 16,6% то 74% афзун гардид.

Ҳиндустон аз кишвари нисбатан камбизоат дар соли 1951 аллакай охирҳои асри XX ба комёбиҳои бузург дар тараққиёти иқтисодӣ ва ҳарбӣ ноил гардида, то ба сатҳи иқтисоди зудрушдёбанда ва маркази хидматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ, бо табақаи миёнаи торафт афзоишёбандаи аҳолӣ, мубаддал гардид. Новобаста аз ин, қисмати зиёди аҳолӣ дар шароити фақру бенавоӣ зиндагӣ мекунад. Мушкилу чолишҳои доғи рӯзи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҳиндустон ин аҳолии сершумори аксаран камбизоату камсавод, низоми ғайриодилонаи тақсимоти табақавӣ, танишҳои байнимазҳабии ҳиндуигароёну мусулмонон, нобаробарии гендерӣ, сатҳи баланди коррупсия, сохтори ақибмондаи тандурустӣ, камғизомандии кӯдакон ва болоравии сатҳи олудашавии ҳаво, проблемаҳои таъмини беҳдошт ва тозагии муҳити атроф ба шумор мераванд.  

Филмҳо, мусиқӣ, таълимотҳои рӯҳонӣ, низомҳои хадамоти тиббию коммерсияи фарматсевтии босифати Ҳиндустон оламшумул гаштаанд. Ҳиндустон давлати дорои барномаҳои муосири кайҳониву фазошиносӣ ва абарқудрати эҳтимолии молики яроқи ҳастаӣ мебошад. Он ба созмону сохторҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавии зерин шомил аст: СММ, G20 (Гурӯҳи 20), Созмони умумиҷаҳонии савдо, Иттиҳодияи минтақавии ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ, Иттиҳоди миллатҳо, инчунин БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай.  

National symbols of the Republic of India (Official)
National animal
National bird
National tree
National flower
National heritage animal
National aquatic marine mammal
National reptile
National heritage mammal
National fruit
National temple
National river
National mountain

Таърих

вироиш

Асри биринҷӣ ва тамаддуни водии Ҳинд

Аввалин шаҳракҳои аҳолинишини доимии маълум 9000 сол пеш дар Бҳимбетка, иёлати Мадҳя Прадеш пайдо шудаанд.

Асри биринҷӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон тақрибан дар соли 3300 пеш аз милод бо пайдоиши тамаддуни водии Ҳинд оғоз ёфт. Хусусияти хоси ин давра инкишофи васеи металлургия, гудохтани мис, биринҷӣ, сурб ва қалъагӣ буд. Вусъати тамаддуни Ҳинд ба давраи аз соли 2600 то соли 1900 пеш аз милод рост меояд. Дар ин вақт дар нимҷазираи Ҳиндустон шаҳрҳо пайдо шуданд ва сохтмонҳои муҷассамавӣ шуруъ гардид.

Хусусиятҳои фарқкунандаи тамаддуни Ҳинд шаҳрҳои аз хишт сохташуда, низоми обукорези (канализатсияи) хеле пешрафта ва биноҳои бисёрошёна мебошанд. Калонтарин марказҳои шаҳрӣ Ҳараппа ва Моҳенҷо-Даро буданд.

Тамаддуни ведӣ ва подшоҳиҳои Маҳаҷанапада

Фарҳанги ведӣ фарҳанги ҳиндуориёӣ мебошад, ки бо Ведаҳо, оятҳои ҳиндуӣ, ки бо санскрити ведӣ навишта шудаанд, алоқаманд аст. Тибқи ақидаи дар илм қабулшуда, тамаддуни ведӣ дар давраи аз миёнаҳои ҳазорсолаи II то миёнаҳои ҳазорсолаи I пеш аз милод вуҷуд дошт.

Баъд аз он, ки дар ҳазорсолаи II пеш аз милод тамаддуни шаҳрии Ҳараппа таназзул ёфт, бар ивази он ҷомеае омад, ки асосан аз қабилаҳои калони чӯпонон иборат буд. Батадриҷ заминдорӣ ва хоҷагии қишлоқ, инчунин дар сохти ташкилии ҷамъият – тақсимоти табақавӣ (каставӣ) мақоми торафт муҳимро ишғол кардан гирифтанд. Дар асри X пеш аз милод асри оҳан дар шимолу ғарби Ҳиндустон оғоз ёфт.

Гумон меравад, ки дар ин давраи охири ведӣ гузариш аз низоми қаблан афзалбудаи қабилаҳои чӯпонӣ ба таъсиси бисёр князигариҳои хурд бо номи Маҳаҷанапада (маънояш “кишварҳои бузург”) ба амал омад. Олимон ёдгориҳои назми эпикии қадимии ҳиндуӣ — «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна»-ро маҳз ба ҳамин давра мансуб медонанд.

Дар асри V пеш аз милод 16 подшоҳӣ ё “ҷумҳурӣ” ташкил карда шуданд, ки бо номи Маҳаҷанапада маъруфанд. Онҳо дар саросари водии Ҳинду Ганг аз Афғонистони муосир то Маҳараштра ва Бангол паҳн шуданд. Дар он замон давраи дуюми асосии шаҳрсозӣ (урбанизатсия) пас аз тамаддуни Ҳинд оғоз ёфт. Забони асосии шахсони босаводи он аҳд санскрит буд. Наздик ба замони таваллуди Буддо, яъне асри V пеш аз милод бисёре аз 16 подшоҳӣ муттаҳид шуда, чор давлати калонтар ташкил карданд: Ватса, Аванти, Кошала ва Магадҳа.

Упанишадҳо, буддизм ва ҷайнизм

Ба таври умум қабул шудааст, ки маҳз дар ҳамин давра аз асри VII то асри V пеш аз милод Упанишадҳо – матнҳои деринаи динӣ ва фалсафии ведӣ навишта шудаанд. Упанишадҳо дар ташаккули фалсафаи Ҳинд таъсири бузурге гузоштанд ва тақрибан дар як вақт бо буддизм (с. 537 пеш аз милод) ва ҷайнизм пайдо шуда, аҳди тилоии тафаккури ин давраро таҷассум намуданд. Таълимоти буддизм ва ҷайнизм ба зуҳду гӯшанишинӣ тамаркуз карда, ба амалияҳои анъанаҳои динии ҳиндуӣ, ки бо гиёҳхорӣ, манъи куштани ҳайвонҳо ва аҳимса (таълимоти адами зиёнрасонӣ, зӯроварӣ) алоқаманданд, таъсири бузург доштанд. Дар ҳоле, ки таъсири ҷуғрофии ҷайнизм дар Ҳиндустон маҳдуд буд, роҳибони буддоӣ таълимоти Буддоро ба Тибет, Шри-Ланка, Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ паҳн карданд.

Империяҳои Магадҳа ва Маурия

Дар байни 16 Маҳаҷанапада бузургтаринашон империяи Магадҳа буд, ки дар тӯли таърихи худ аз ҷониби сулолаҳои гуногун ҳукмронӣ мегардид. Онро сулолаи Ҳарянка дар соли 684 пеш аз милод таъсис додааст. Сипас сулолаи Шишунага ба сари қудрат омад, ки дар соли 424 пеш аз милод бо сулолаи Нанда ҷойиваз карда шуд.

Дар соли 321 пеш аз милод Чандрагупта Маурия дар ҳамкорӣ бо браҳман Чанакя бо шикаст додани подшоҳи сулолаи Нанда сулолаи Маурияро таъсис дод. Дар давраи хукмронии Маурия қисми зиёди нимҷазираи Ҳиндустон ба як давлат муттаҳид шуда буд. Империяи Маурия зери ҳукмронии Чандрагупта на танҳо қариб тамоми нимҷазираи Ҳиндустонро забт кард, балки сарҳадҳои худро то Форс ва Осиёи Миёна васеъ кард.

Ҳокими сеюм дар Империяи Маурия, набераи Чандрагупта, Ашока дар солҳои аввали ҳукмронии худ кӯшиш мекард, ки марзҳои империяро боз ҳам васеъ кунад. Бо вуҷуди ин, пас аз ҳамлаи хунини Калинга, ӯ аз фикри зӯроварӣ даст кашид, ба буддизм рӯ овард ва пайрави принсипи аҳимса шуд. Фармонҳои Ашока қадимтарин ҳуҷҷатҳои маҳфузмондаи ҳиндӣ мебошанд, ки ба шарофати онҳо тахминан кам ё беш муайян кардани сулолаҳо ва ҳокимони минбаъда имконпазир гардид. Дар соли 185 пеш аз милод сулолаи Шунга (империя) дар натиҷаи он ба миён омад, ки охирин ҳукмрони Маурия - шоҳ Бриҳадратҳаро сарфармондеҳи артиши Маурия Пушямитра Шунга кушт.

Сулолаи Гуптҳо

Дар асрҳои IV-V сулолаи Гуптҳо қисми зиёди Ҳиндустони Шимолиро ба як империя муттаҳид намуд. Дар ин давра, ки бо номи асри тилоии Ҳиндустон машҳур аст, маданият, илм ва низоми сиёсии ҳиндуӣ дар тараққиёти худ ба қуллаҳои нав расид. Чандрагупта I, Самудрагупта ва Чандрагупта II барҷастатарин ҳокимони сулола буданд.

Империя пас аз ҳуҷуми гуннҳо аз Осиёи Миёна аз байн рафт. Пас аз фурӯпошии империяи Гуптҳо дар асри VI, қаламрави Ҳиндустон боз ба як қатор салтанатҳои хурди минтақавӣ тақсим карда шуд.

Давраи классикӣ

Давраи классикӣ дар таърихи Ҳиндустон дар асри VII бо эҳёи Ҳиндустони Шимолӣ таҳти ҳукмронии шоҳ Ҳарша оғоз ёфт ва бо суқути империяи Виҷаянагара дар ҷануб пас аз ҳамлаи мусалмонон дар асри XIV ба поён расид. Дар ин давра санъати Ҳиндустон ривоҷ ёфт ва системаҳои асосии динию фалсафӣ инкишоф ёфтанд, ки онҳо маҳаки равияҳои гуногуни ҳиндуизм, буддизм ва ҷайнизми муосир буданд.

Аввалин князигариҳои маълуми раҷпутҳо дар асри VI дар Раҷастон пайдо шуданд, ки баъд аз он сулолаҳои хурди раҷпутҳо дар қисми шимолии Ҳиндустон ҳукмронӣ мекарданд.

Ба Ҳиндустон омадани ислом

Дар пайи аз ҷониби мусулмонон забт гардидани ҳамсояи бостонии ғарбии Ҳинд – империяи Форс, таваҷҷуҳи асосии онҳо дар минтақа ба Ҳиндустон равона шуд, ки дар он замон сарватмандтарин тамаддуни классикӣ, бо тиҷорати пешрафтаи байналмилалӣ ва ягона конҳои машҳури алмос дар он замон дар ҷаҳон буд. Пас аз муқовимати чандинасраи салтанатҳои мухталифи Ҳиндустони Шимолӣ дар шимоли нимҷазираи Ҳинд як зумра империяҳои исломӣ (салтанатҳо) ба вуҷуд омаданд, ки ҳукмронии онҳо чандин аср давом кард.

Салтанати Деҳлӣ

Дар асрҳои XII-XIII арабҳо, туркҳо ва афғонҳо ба Ҳиндустони Шимолӣ ҳамла карда, дар ибтидои асри XIII Салтанати Деҳлиро таъсис доданд. Дар замони салтанатҳо дар Ҳиндустон эҳёи фарҳангӣ ба амал омад. Дар натиҷа фарҳанги ҳинду-мусулмонӣ дар меъморӣ, мусиқӣ, адабиёт, дин ва либос аз худ ёдгориҳои синкретикӣ ба мерос гузошт.

Сарлашкари турку муғул Темур аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон хабардор шуда, соли 1398 ба муқобили султон Насириддин Маҳмуд, ки ба сулолаи Туғлақиёни Деҳлӣ тааллуқ дошт, амалиёти низомӣ оғоз кард. 17 декабри соли 1398 лашкари султон шикаст хӯрд. Темур вориди Деҳлӣ шуда, шаҳрро комилан ғорат ва тахриб кард.

Империяи Виҷаянагара

Империяи Виҷаянагара як империяи ҳиндуҳост, ки аз соли 1336 то миёнаҳои асри XVII тамоми ҷануби Ҳиндустонро баъд аз дарёи Кришна ишғол карда буд. Вай дар рафти муборизаи ҳиндуҳои Ҳиндустони Ҷанубӣ бо мусулмонони Салтанати Деҳлӣ ба вуҷуд омад. Ин давлат дар замони            Девараяи II (1422-1446), ки дар Бирма ва Сейлон маъракаҳои таҷовузкорона анҷом дод, ба авҷи қудрати худ расид.

Империяи Муғулҳо

Соли 1526 авлоди Темур, Бобур, ки ба сулолаи Темуриён тааллуқ дошт, аз ағбаи Хайбар убур карда, Империяи Муғулҳои Бузургро таъсис дод, ки зиёда аз 200 сол давом кард. Дар ибтидои асри XVII қисми зиёди нимҷазираи Ҳиндустон дар зери назорати сулолаи Муғулҳо қарор дошт.

Акбари Бузург барҷастатарин намояндаи ҳокимони Муғул буд, ки бо таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар дину фарҳангҳо фарқ мекард. Аз ҷумла, ӯ манъи куштани ҳайвонотро дар рӯзҳои идҳои динии ҷайнизм ҷорӣ кард ва андозҳои табъизиро барои ғайримусулмонон лағв намуд. Императорони Муғул бо ашрофзодаҳои маҳаллӣ издивоҷ карда, иттифоқчиёни маҳараҷаҳои маҳаллӣ шуданд ва кӯшиш карданд, ки фарҳанги турку форсии худро бо фарҳанги қадимаи ҳиндӣ ҳамоҳанг созанд, ки ин, махсусан, боиси пайдоиши меъмории ҳинду сарасен гардид.

Дар давраи Муғулҳо, субконтинент дигаргуниҳои бузурги иҷтимоиро аз сар гузаронд – ҳиндуҳо, ки аксарияти аҳолӣ буданд, аз ҷониби императорони Муғулҳои мусулмон ҳукмронӣ мешуданд, ки баъзеи онҳо пайрави ақидаҳои либералӣ буданд ва аз фарҳанги ҳиндуӣ ҳимоят мекарданд, дар ҳоле ки дигарон хеле таҳаммулнопазир буданд, маъбадҳоро хароб мекарданд ва аз шахсони ғайримусулмон андозҳои гарон меситонданд. Дар авҷи аҳди худ, Империяи Муғулҳо нисбат ба Империяи бостонии Маурия қаламрави васеътарро ишғол мекард.

Салтанатҳои минтақавӣ пас аз пошхӯрии Империяи Муғулҳо

Пас аз пошхӯрии Империяи Муғулҳо мавқеи ҳукмронро дар Ҳиндустони марказӣ ва шимолӣ давлати Маратха (соли 1674 таъсис ёфт) ишғол кард. Ба ин давраи таърихи Ҳиндустон ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои хурди минтақавӣ ва фаъолнокии рӯзафзуни давлатҳои аврупоӣ хос буд. То соли 1760 давлати Маратха қисми зиёди қораи Ҳиндустонро ишғол кард. Дар Ҳиндустони Ҷанубӣ, ҳатто пеш аз фурӯпошии Империяи ҳиндуии Виҷаянагара, дар соли 1400 салтанати Майсур аз ҷониби сулолаи Водеярҳо таъсис дода шуд, ки сипас Виҷаянагараро иваз кард. Дар навбати худ, давлати сикхҳо дар маҳалли Панҷоби муосир ба вуҷуд омад.

Давраи мустамликадорӣ

Аз тарафи баҳрнаварди португалӣ Васко да Гама кашф гардидани роҳи нави баҳрӣ аз Аврупо ба Ҳиндустон ба оғози тиҷорати мустақими ҳиндуаврупоӣ замина гузошт. Португалиҳо дар Гоа, Даман, Диу ва Бомбей мустамликаҳои тиҷоратӣ барпо карданд. Ба дунболи онҳо Ҳолланд, Дания ва Англия омада, соли 1619 дар шаҳри бандарии Сурат дар соҳили ғарбӣ идораи савдо таъсис доданд. Аввалин ширкати фаронсавии Ост-Индия соли 1604 таъсис ёфт. Муноқишаҳои дохилии салтанатҳои Ҳиндустон ба тоҷирони аврупоӣ имкон доданд, ки тадриҷан нуфузи сиёсӣ барқарор кунанд ва заминро соҳиб шаванд.

Ҳарчанд қудратҳои аврупоӣ тавонистанд, ки минтақаҳои мухталифи Ҳиндро дар тӯли асри XVIII зери назорати худ нигоҳ доранд, онҳо баъдан маҷбур шуданд, ки тақрибан ҳамаи ин қаламравҳоро ба Британия гузашт кунанд, ба истиснои посгоҳҳои фаронсавии Пондичерри ва Чандернагор, шаҳри бандарии ҳолландии Коромандел (то соли 1825) ва мустамликаҳои Португалия – Гоа, Даман ва Диу.

Ҳиндустони Британиягӣ

Соли 1617 ширкати Британиягии Ост-Индия аз императори Муғул Ҷаҳонгир ҳуқуқи савдо кардан бо Ҳиндустонро ба даст овард. Таъсири тадриҷан афзояндаи ширкат ҳокими Муғул Фаррухи Сиёрро де-юре водор кард, ки дар соли 1717 ба он иҷозати тиҷорати аз андоз озодро дар Бангол диҳад.

Дар аввали солҳои 1850-ум, ширкати Ост-Индия қисми зиёди нимҷазираи Ҳиндустон, аз ҷумла Покистон ва Бангладеши имрӯзаро назорат мекард. Англисхо дар сиёсати мустамликавии худ принсипи «тақсим ва ҳукмронӣ кун»-ро татбиқ намуда, аз парокандагии давлатии Ҳиндустон ва низоъҳо ҳам дар байни князигариҳои гуногун ва ҳам байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва динӣ истифода мебурданд.

Дар соли 1857 норозигӣ аз ҳукмронии ширкати британиягии Ост-Индия боиси Ҷанги якум баҳри истиқлол гардид, ки бо номи “Шӯриши сипайҳо” низ маъруф аст. Пас аз як соли амалиёти ҷангӣ шӯриш пахш карда шуд.

Дар натиҷа ширкати британиягии Ост-Индия барҳам дода шуд ва Ҳиндустон ҳамчун мустамликаи Империяи Британия таҳти назорати бевоситаи тоҷи Британия қарор гирифт. Ҳудудҳои гуногун ё бевосита ҳукмронӣ мешуданд ва ё ба сифати князигариҳои вассалӣ тобеъ буданд. Истисмори мустамликаҳои Ҳиндустон муҳимтарин манбаи ғун шудани сармояҳои Англия ва инқилоби саноатӣ дар Англия буд.

Дар давраи солҳои 1870 ва 1890, тақрибан чил миллион ҳиндуҳо аз гуруснагӣ фавтиданд. Муаррих ва фаъоли сиёсӣ Майк Дэвис аз ақидае пуштибонӣ мекунад, ки дар замони гуруснагӣ “Лондон нони Ҳиндустонро мехӯрд”.

Ҳиндустон дар Ҷанги якуми ҷаҳон ба кори Антанта саҳми калон гузошт.

Ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон

Қадами аввалин дар ҷодаи истиқлоли Ҳиндустон ва таъсиси намунаи ғарбии демократия ин таъйини мушовирони ҳиндӣ дар маъмурияти ноиб-шоҳи британиягӣ буд. Аз соли 1920 сар карда, роҳбарони ба монанди Маҳатма Ганди, ба муқобили ҳукумати мустамликавии Британия маъракаи оммавӣ ба роҳ монданд. Дар ноябри соли 1929 парлумони Англия бо мақсади барҳамдиҳии ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ ба Ҳиндустон ҳуқуқҳои доминиони Империяи Британияро дод. Дар тамоми нимҷазираи Ҳиндустон ҳаракати инқилобӣ ба муқобили ҳукмронии Британия cap шуд, ки он дар соли 1947 ба истиқлоли нимҷазира аз Империяи Британия оварда расонд.

Таърихи Ҳиндустон пас аз истиқлол

Ҳиндустон ба Иттиҳоди Ҳинд ва Доминиони Покистон тақсим карда шуд. Дар натиҷаи тақсим шудани Панҷоб ва Бангол дар байни ҳиндуҳо, сикхҳо ва мусулмонҳо задухурдҳои хунин ба амал омада, бар асари он зиёда аз 500 ҳазор нафар одамон ҳалок гардиданд. Тафриқаи Ҳиндустон инчунин боиси яке аз бузургтарин муҳоҷирати аҳолӣ дар таърихи муосири ҷаҳон гардид – тақрибан 12 миллион ҳиндуҳо, сикхҳо ва мусулмонон дар қаламрави давлатҳои навтаъсиси Ҳиндустон ва Покистон тағйири маҳалли зист карданд.

Дарҳол баъд аз эъломи истиқлол дар Ҳиндустон ҳукумат ташкил карда шуд, ки ба он Сарвазир Ҷавоҳирлаъл Неҳру роҳбарӣ мекард. 30 январи соли 1948 Маҳатма Ганди аз тарафи ҳиндуи мутаассиб кушта шуд.

Саркардагони князигариҳои маҳаллӣ бояд тасмим мегирифтанд, ки ба Ҳиндустон ё Покистон ҳамроҳ шаванд. Ҳамгироии осоиштаи аксарияти куллии князигариҳо душвориҳоро ба амал наовард. Дар он ҷо низоъҳои ҷиддие ба миён омаданд, ки дини ҳокими он маҳал бо дини аксарияти сокинон мувофиқат намекард – дар Ҷамму ва Кашмир (низоъҳои Кашмир), дар Ҳайдаробод (Амалиёти Поло) ва дар Ҷунагад (Ҳамгироии Ҷунагад ба Ҳиндустон).

Муноқишаи Кашмир дар солҳои 1947-1948 боиси ҷанг бо Покистон шуд. Муносибат бо Покистон масъалаи асосии сиёсати берунаи Ҳиндустон гардид. Дар соли 1954 ИМА бо Покистон аҳдномаи иттифоқи ҳарбӣ бастанд, ки ин роҳбарияти Ҳиндустонро маҷбур кард, ки равобиташро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Иттиҳоди Шӯравӣ вусъат диҳад.

26 январи соли 1950 Ҳиндустон ҷумҳурӣ эълон карда шуд, дар он рӯз Конститутсияи Ҳиндустон эътибор пайдо кард.

Ҳукумати Ҳиндустон ба ташкили иқтисодиёти омехта диққат медод, дар 17 соҳаи пешбарандаи саноат танҳо моликияти давлатӣ иҷозат дода шуда буд. Аз соли 1953 татбиқи барномаи рушди ҷамоавии деҳот оғоз шуд, ки он ташкили шабакаи муассисаҳо оид ба интишори таҷрибаи пешқадами хоҷагии қишлоқ, инчунин таъсиси иттиҳодияҳои кооперативӣ ва панчаятҳоро пешбинӣ мекард.

Дар нимаи дуюми асри XX, Ҳиндустон аз сабаби баҳсҳои сарҳадӣ бо давлатҳои ҳамсоя мунтазам мушкилот дошт. Баҳс бо Чин то ҳол ҳалли худро наёфтааст, дар соли 1962 низои кӯтоҳи сарҳадӣ ба вуқуъ пайваст. Пас аз муноқишаи солҳои 1947-1948, Ҳиндустон якчанд маротиба бо Покистон муноқиша дошт: солҳои 1965, 1971, 1999 ва 2019.

Вақте ки дар соли 1956 дар заминаи забонҳои ҳукмрон 14 иёлат ташкил ёфт, норозигии ақаллиятҳои этникӣ зоҳир шуд. Соли 1960 ошубҳои ҷиддӣ дар иёлати Бомбей ҳукуматдорони марказиро маҷбур сохтанд, ки даъвоҳои ба ду иёлати нав — Гуҷарот ва Маҳараштра тақсим шудани онро қонеъ гардонанд. Сикхҳо вақте муваффақ шуданд, ки дар соли 1965 Панҷоб ба иёлати Панҷоб, ки дар он сикхҳо аксарият буданд, ва ба иёлати Ҳарияна, ки дар он аксаран ҳиндуҳо зиндагӣ мекарданд, тақсим карда шуд.

Лаъл Баҳодур Шастрӣ, ки дар соли 1964 ба ҷои Ҷ.Неҳру сарвазир шуда буд, қарор кард, ки қисми асосии маблағгузории давлатӣ аз саноати вазнин ба хоҷагии қишлоқ гузаронида шавад ва ба нақши сармоягузориҳои хусусӣ ва хориҷӣ дар саноат тамаркуз кард.

Соли 1966 Индира Ганди сарвазир шуд. Вай милликунонии 14 бонки калонтарини тиҷоратиро анҷом дод. Конгресси миллии Ҳиндустон ба ду қанот тақсим шуд – бахши ҳукмрон бо сардории Ганди ва мухолифин. Дар давраи ҳукмронии И.Ганди дар мамлакат саноат, аз ҷумла саноати вазнин бо суръати тез тараққӣ кард, гарчанде нисбат ба давраи аз ин пеш ва баъд аз ҳукмронии ӯ босуръаттар набуд. Аввалин неругоҳи барқии атомӣ ба кор андохта шуд (дар иёлати Маҳараштра); дар хоҷагии қишлоқ инқилоби ба ном “сабз” ба амал омад, ки ба шарофати он Ҳиндустон бори аввал дар давоми солҳои зиёд аз воридоти озуқаворӣ мустақил гардид.

Соли 1974 Ҳиндустон озмоишҳои зеризаминии яроқи ядроиро гузаронда, бо ҳамин аъзои нави Клуби ядроӣ гардид. Аммо дар соли 1975 иттиҳоми коррупсия алайҳи Ганди ба ҳаракат барои истеъфои ӯ оғоз бахшид. Дар посух Ганди дар Ҳиндустон вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард, ки дар натиҷа мухолифони сиёсӣ ба ҳабс гирифта шуданд ва сензураи густурда ба миён омад.

Дар давраи вазъияти фавқулодда дар иқтисодиёт як қатор муваффақиятҳо ба даст оварда шуданд. Бо вуҷуди ин, на ҳама ҷораҳои андешидашуда дар миёни мардум мақбул буданд, ба монанди стерилизатсияи маҷбурӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши аҳолӣ.

Дар интихоботи парлумонӣ, ки моҳи марти соли 1977 барпо гардид, ҳизби нав “Ҷаната парти” (Ҳизби мардумӣ), ки блоки гурӯҳҳои оппозитсиониро дар бар мегирифт, пирӯзӣ ба даст оварда, қонуни вазъияти фавқулоддаро бекор кард. Бо вуҷуди ин, ҳукумати “Ҷаната парти” дере нагузашта қурбони дасисабозиҳои дохилӣ гардид, сарвари он Морарҷӣ Десай соли 1979 истеъфо дод ва пас аз интихоботи соли 1980 Индира Ганди дубора ба сари қудрат омад.

Дар моҳи июни соли 1984, пас аз сар задани зуҳуроти терроризми сикхҳо дар Панҷоб, воҳидҳои артиш ба оромгоҳи сикхҳо, Маъбади тилоӣ дар Амритсар ҳамла карданд, ки дар натиҷа раҳбари сикхҳо ва садҳо пайравони ӯ, ки дар маъбад паноҳ бурда буданд, ҳалок шуданд. Пас аз он, 31 октябри соли 1984 Индира Ганди аз ҷониби ду муҳофизи сикхи худ кушта шуд. Ӯро дар мақоми сарвазирӣ писараш Роҷив Ганди ҷойиваз намуд, ки интихоботи парлумониро дар охири соли 1984 таъйин карда, дар он пирӯзии куллӣ ба даст овард.

Сарвазир Нарасимха Рао, ки соли 1991 ба сари қудрат омад, соли 1992 бо мақсади навсозии заминаи саноатӣ ва илмию техникии кишвар ислоҳоти шадиди иқтисодӣ анҷом дод. Ислоҳот иқтисодиёти Ҳиндустонро ба яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон табдил дод, гарчанде шумораи зиёди аҳолӣ ва мушкилоти ба вуҷудомада рушди иқтисодии кишварро хеле душвор мегардониданд.

Соли 1996 ҳукумати Атал Биҳари Ваҷпай ба сари қудрат омад ва ислоҳотро идома дод. Пас аз интихоботи парлумонӣ дар баҳори соли 2004 ҳизби “Конгресси миллии Ҳиндустон” бо раҳбарии Сония Ганди пирӯз шуд.

Аз 26-ум то 29-уми ноябри соли 2008 дар шаҳри Мумбай як силсила ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби гурӯҳи террористони исломӣ анҷом дода шуд.

Дар интихоботи соли 2014 “Ҳизби Бҳаратия Ҷаната” (BJP) бо сарварии раҳбари он Нарендра Моди аксарияти мутлақи овозҳоро барои курсиҳо дар парлумон ба даст овард: 283 курсӣ аз 543. Дар давоми як моҳ 814 миллион ҳиндуҳо тавонистанд бо истифода аз 2 миллион мошини электронии овоздиҳӣ овоз диҳанд. Иштироки интихобкунандагон 66% буд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи Ҳиндустон ба шумор меравад. Ҳизби ҳокими “Конгресси миллии Ҳиндустон” ҳамагӣ 44 курсиро соҳиб шуд. Вай тақрибан дар тӯли тамоми давраи истиқлол дар Ҳиндустон ҳукмронӣ кард, аммо ин маротиба ба шикасти таърихӣ дучор шуд.

Моҳи декабри соли 2019 дар шаҳрҳои мухталифи Ҳиндустон бар зидди қонуни додани шаҳрвандии Ҳиндустон бо имтиёзи истисноӣ ба муҳоҷирони ғайримусулмон эътирозҳо ба вуқуъ пайваст, ки боиси задухурд миёни ҳиндуҳо ва мусулмонон шуд.

Муҳимтарин ташаббуси ҳукумати BJP барномаи “Make in India” буд (соли 2019 эълом ва ба татбиқ шуруъ гардид), ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ, пайдоиши инноватсияҳо ва рушди малакаҳои кормандон дар бахшҳои асосии иқтисод пешбинӣ шудааст. Дар доираи ин барнома сармоягузорони хориҷӣ имкон доранд, ки ба маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Ҳиндустон, сохтмони роҳи оҳан, кашфи фазои кайҳонӣ ва тиҷорати чакана сармоягузорӣ кунанд.

Ҳарчанд, тибқи як қатор арзёбиҳо, Н.Моди нақшаҳои пурифтихореро, ки дар маъракаи интихоботии соли 2014 ба интихобкунандагон пешниҳод карда буд, пурра амалӣ карда натавонист, аммо сатҳи эътимод ба ӯ ба ҳадде баланд шуд. Тадбирҳои иқтисодӣ: купюраҳои 500 ва 1000 рупия барои мубориза бо фасод ва сарпарастии терроризм аз муомилот бозхонд шуданд, аммо ислоҳоти баҳсбарангези аграрӣ ба оммаи васеъ таъсир расонд ва деҳқононро аз Ҳарияна ва Панҷоб ба кӯчаҳои Деҳлии Нав ба тазоҳурот баровард.

Сохти давлатӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Раҷя Сабҳа
 
Ҷавоҳирлаъл Нехру дар мақоми сарвазири Ҳиндустон кор мекард . (1947–64)
 
Лаъл Баҳодур Шастрӣ, сарвазири Ҳиндустон (1964-1966)
 
Индира Гандӣ, сарвазири Ҳиндустон (1966-1977 ва 1980-1984) ва президенти Конгресси миллии Ҳинд

Дар муқаддимаи Конститутсия (сарқонуни аз рӯи ҳаҷм бузургтарин дар ҷаҳон) Ҳиндустон ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, сотсиалистӣ ва дунявии либералӣ-демократӣ бо парлумони дупалатагӣ бар мабнои модели парламентии Вестминстер муқаррар шудааст. Ҳокимияти давлатӣ ба се шоха тақсим мешавад: қонунгузор, иҷроия ва судӣ.

Президенти Ҳиндустон сарвари давлат мебошад, ки аз ҷониби коллегияи интихоботӣ бо роҳи овоздиҳии ғайримустақим ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад. Раиси ҳукумат Сарвазир аст, ки ҳокимияти асосии иҷроияро дар ихтиёр дорад. Сарвазир аз ҷониби Президент таъйин карда мешавад ва одатан номзаде мебошад, ки аз ҷониби ҳизби сиёсӣ ё эътилофи сиёсӣ дастгирӣ мешавад, ки дар палатаи поёнии парлумон бештар курсиҳо дорад.

Мақоми қонунгузори Ҳиндустон парлумони дупалатагӣ аст, ки аз палатаи болоӣ бо номи “Раҷя Сабҳа” (Шӯрои иёлот) ва палатаи поёнӣ бо номи “Лок Сабҳа” (Палатаи мардумӣ) иборат аст. “Раҷя Сабҳа”, ки ҳайати доимӣ дорад, аз 250 аъзо иборат аст, ки ваколати онҳо 6 сол давом мекунад. Дар ҳар ду сол сеяки ҳайати “Раҷя Сабҳа” аз нав интихоб карда мешавад.

543 нафар аз 545 вакили палатаи поёнӣ “Лок Сабҳа” бо роҳи овоздиҳии мустақими умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд.

Шохаи иҷроияи ҳукумат аз Президент, Ноиби президент ва Шӯрои вазирон (девони вазирон кумитаи иҷроияи он аст) иборат аст, ки ба он Сарвазир роҳбарӣ мекунад. Ҳар як вазир бояд узви яке аз палатаҳои парлумон бошад. Дар низоми парламентии Ҳиндустон ҳокимияти иҷроия ба шохаи қонунбарор тобеъ аст: Сарвазир ва Шӯрои вазирон бевосита дар назди палатаи поёнии парлумон масъуланд.

Ҳиндустон дорои низоми ягонаи судии сезинагӣ мебошад, ки аз Суди Олӣ таҳти сарварии Судяи Олии Ҳиндустон, 21 Суди болоӣ ва шумораи зиёди судҳои хурд иборат аст.

Сарвазирони Ҳиндустон

вироиш

Феҳристи Сарвазирони Ҳиндустон

вироиш
Сарвазирон Акс Мӯҳлати ваколат [1] Лок Сабҳа округи интихоботй
Оғоз Анҷом Муддати кор
1 Ҷавоҳирлаъл Неҳру   15 August 1947 27 May 1964 16 сол, 286 рӯз Маҷлиси муассисон
1-ум Фулпур
2-ум
3-юм
И. в. Гулзарилол Нанда   27 May 1964 11 January 1966 13 рӯз Сабарканта
2 Лаъл Баҳодур Шастрӣ   1 сол, 216 рӯз Аллоҳобод
И. в. Гулзарилол Нанда   11 January 1966 24 January 1966 13 рӯз Сабарканта
3 Индира Гандӣ   24 January 1966 24 March 1977 15 сол, 350 рӯз Вакили Раҷя Сабҳа аз Уттар Прадеш
4-ум Рае Барели
5-ум
14 January 1980 31 October 1984 7-ум Медак
4 Раҷив Гандӣ   31 October 1984 2 December 1989 5 сол, 32 рӯз Амети
8-ум
5 Нарасимха Рао   21 June 1991 16 May 1996 4 сол, 330 рӯз 10 Нандял
6 Манмоҳан Сингҳ   22 May 2004 26 May 2014 10 сол, 4 рӯз 14 Вакили Раҷя Сабҳа аз Ассам
15

Феҳристи муовинони сарвазир

вироиш
Муовини сарвазир Акс Мухлати дар вазифа буданаш Лок Сабҳа округи интихоботй сарвазир
Оғоз Анҷом Муддати кор
1 Валлабхбхай Пател 15 август 1947 15 декабр 1950 3 сол, 4 моҳ Маҷлиси муассисон Ҷавоҳирлаъл Неҳру
2 Морарҷи Десаӣ   13 март 1967 16 июл 1969 2 сол, 128 рӯз 4-ум Сурат, Гуҷарот Индира Гандӣ

Низоми ҳизбӣ

вироиш
 
Раҷив Гандӣ, сарвазири Ҳиндустон (1984-1989) ва президенти Конгресси миллии Ҳиндустон
 
Нарасимха Рао, сарвазири Ҳиндустон (1991-96)

Ҳиндустон низомӣ бисёрҳизбӣ дорад, ки ҳам ҳизбҳои миллӣ ва ҳам ҳизбҳои минтақавӣ (дар дохили иёлат амал мекунанд) ва ноҳиявиро дар бар мегирад. Мақоми ҳизбҳо дар муҳлатҳои муайян аз ҷониби Комиссияи интихоботии Ҳиндустон мавриди санҷиш қарор мегирад. Дигар ҳизбҳои сиёсӣ, ки мехоҳанд дар интихоботи маҳаллӣ, минтақавӣ ё миллӣ ширкат кунанд, бояд дар Комиссияи интихоботии Ҳиндустон ба қайд гирифта шаванд. Ҳизбҳои ба қайд гирифташуда дар асоси меъёрҳои объективӣ ба дараҷаи ҳизбҳои эътирофшудаи сатҳи миллӣ ё давлатӣ пешбарӣ карда мешаванд. Ҳизби эътирофшуда аз имтиёзҳо, ба монанди рамзи мушаххаси ҳизбӣ, пахши ройгон дар телевизион ва радиои давлатӣ, иштирок дар машваратҳо оид ба муайянкунии таърихи интихобот ва иштирок дар муқаррар намудани қонуну қоидаҳои интихобот бархурдор аст.

Шумораи умумии ҳизбҳои ба қайд гирифташуда дар Ҳиндустон 2858 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6 ҳизби миллӣ, 56 ҳизби давлатӣ ва 2796 ҳизби эътирофнашуда.

Ҳизби ба қайд гирифташуда танҳо дар сурате ҳизби миллӣ эътироф карда мешавад, ки агар он яке аз се шарти дар зер овардашударо иҷро кунад:

-        Ҳизб 2% курсиҳои Лок Сабҳаро аз ҳадди ақал се иёлати гуногун ба даст меорад;

-        Дар интихоботи умумӣ ба Лок Сабҳа ё ассамблеяи қонунгузор (дар штаҳо ё ҳудудҳои иттифоқӣ), ҳизб 6% овозҳоро дар ҳама ҷор ё бештар аз иёлот ба даст меорад ва илова бар он чаҳор курсии Лок Сабҳаро ба даст меорад;

-        Ҳизб дар чаҳор иёлат ҳамчун ҳизби давлатӣ эътироф мешавад.

6 ҳизби миллии эътирофшуда:

  1. Ҳизби «Аам Аадмӣ» (Aam Aadmi Party, Ҳизби одами оддӣ)

Мавқеи сиёсӣ: марказигаро.

Идеология: популизм, дунявият, миллатпарастӣ, сотсиализм

Соли таъсисёбӣ: ноябри 2012

Роҳбар: Арвинд Каҷривал.

  1. Ҳизби Баҳуҷан Самаҷ (Bahujan Samaj Party, Ҳизби аксарияти аҳолӣ)

Идеология: амбедкаризм, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, худэҳтиромӣ

Соли таъсисёбӣ: апрели 1984

Роҳбар: Маяватӣ

  1. Бҳаратия Ҷаната парти (Bharatiya Janata Party, Ҳизби мардумии ҳиндӣ)

Мавқеи сиёсӣ: ростгаро

Идеология: ҳиндутва (миллатгароии ҳиндуӣ), гуманизми интегралӣ, консерватизм, антикоммунизм, консерватизми иҷтимоӣ, неолиберализм, популизми ростгаро

Соли таъсисёбӣ: апрели 1980

Роҳбар: Ҷагат Пракаш Надда

  1. Ҳизби коммунистии Ҳиндустон

Мавқеи сиёсӣ: чапгаро

Идеология: коммунизм, марксизм-ленинизм, дунявият, интернатсионализми пролетарӣ, антикапитализм, сотсиализм

Соли таъсисёбӣ: ноябри 1964

Роҳбар: Ситарам Ечурӣ

  1. Конгресси миллии Ҳинд ‎ (Indian National Congress)

Мавқеи сиёсӣ: марказигаро-чапгарои марказӣ

Идеология: ҳизби чатрӣ (муттаҳидсозандаи шаҳрвандони дорои ақидаҳои мухталиф), дунявият, прогрессивизм, либерализми иҷтимоӣ, демократияи сотсиалӣ, сотсиализми ведӣ, сотсиализми демократӣ

Соли таъсисёбӣ: декабри 1885

Роҳбар: Малликарҷун Харге

  1. Ҳизби миллии мардумӣ (National People's Party)

Мавқеи сиёсӣ: ростгарои марказӣ

Идеология: маҳалгароӣ (минтақагароӣ), этносентризм

Соли таъсисёбӣ: январи 2013

Қувваҳои Мусаллаҳ

вироиш

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз артиш, флот ва қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ иборатанд. 1,460,350 нафар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон (ба ҳолати соли 2022) хидмат мекунанд. Ба ҷузъу томҳои ёрирасон воҳидҳои низомӣ, мудофиаи соҳилӣ ва фармондеҳии низомии стратегӣ дохил мешаванд. Захираҳои мобилизатсионии кишвар 770 миллион нафарро ташкил медиҳанд, ки 560 миллион нафари онҳо ба хидмати ҳарбӣ мувофиқанд.

Аз рӯи хароҷоти низомӣ дар соли 2021 Ҳиндустон пас аз ИМА, Чин ва Британияи Кабир дар ҷойи 4-ум (65,1 миллиард доллари ИМА) қарор гирифт. Ҳиндустон барои солҳои 2023-24 буҷаи низомии худро ба 72,6 миллиард доллари ИМА афзоиш дод.

Президенти Ҳиндустон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Ҳиндустон воридкунандаи асосии силоҳ дар ҷаҳон аст, дар ҳоле ки 3/4 тамоми силоҳҳои воридшавандаи Ҳиндустон аз Россия сурат мегирад. Таъминкунандагони асосии низомӣ Россия, Фаронса, Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошанд.

Соли 1974 Ҳиндустон аввалин озмоиши ҳастаиро анҷом дода, узви Клуби ҳастаӣ шуд. Озмоишҳои минбаъдаи зеризаминии силоҳи ҳастаӣ дар соли 1998 боиси таҳримҳои низомии байналмилалӣ алайҳи Ҳиндустон гардид, ки баъд аз сентябри соли 2001 тадриҷан қатъ карда шуданд. Ҳиндустон дар сиёсати ҳастаии худ ба қоидаи “якум истифода накардан” пойбанд аст. 10 октябри соли 2008 Паймони ҳамкориҳои ҳастаӣ миёни Ҳиндустон ва ИМА ба имзо расид, ки дар ниҳоят ба бунбасти кишвар дар соҳаи энергетикаи ҳастаӣ хотима бахшид.

Ҳиндустон муосиргардонии низомии худро идома медиҳад, гарчанде пешрафт дар баъзе соҳаҳо суст боқӣ мемонад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳам ба муқобили Чин ва ҳам бар зидди Покистон нигаронида шудаанд. Шумораи зиёди аскарони ҳарбӣ ҳанӯз ба таъмини амнияти дохилӣ машғуланд. Доктринаи артиш, ки дар охири соли 2018 нашр шуд, талаботи навро муайян кард, аз ҷумла барои “гурӯҳҳои ҷангии муттаҳидшуда” ва беҳтар кардани зарфиятҳои ҷанги киберӣ, ҷанги иттилоотӣ ва ҷанги радиоэлектронӣ.

Ҳиндустон дар баробари тақвияти сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои амнияту мудофиа, барои боз ҳам боло бурдани иқтидори мудофиавии хеш, хусусан дар роҳҳои баҳрӣ, гомҳои устувор ниҳода истодааст. Ҳамин тариқ, 2 сентябри 2022 бо иштироки Сарвазири Ҳиндустон Н.Моди киштии сабуки бисёрфунксиявии ҳомили тайёраҳо (авианосец) “INS Vikrant”, ки мавриди таҳия ва сохтмони худии ҷониби ҳиндист, расман ба сафи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии ин кишвар дар ш.Кочин ворид карда шуд. Бо вуҷуди ин, баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки ин киштии азими ҳомили ҳавопаймоҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо корхонаи россиягии “Невское ПКБ” ва ширкати италиявии “AVIO” таҳия гардидааст. Киштӣ дарозиаш 262 метр, бараш 62 метр ва ғунҷоиши обиаш тақрибан 45 ҳазор тоннаро ташкил дода, дорои чор турбинаи газӣ бо иқтидори 88 МВт ва суръати максималии 28 узел мебошад. Дар болои он метавонад то 30 дастгоҳи парвозӣ, аз ҷумла ҳавопаймову чархболҳои навъи гуногун ҷой гирифта, экипажи киштӣ қариб аз 1600 нафар иборат аст.   

Бахшбандии кишварӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Иёлатҳои Ҳиндустон
 
  1. Андра Прадеш
  2. Аруначал Прадеш
  3. Ассам
  4. Биҳар
  5. Чхаттисгар
  6. Гоа
  7. Гуҷарат
  8. Харяна
  9. Химачал Прадеш
  10. Ҷамму ва Кашмир
  11. Ҷарханд
  12. Карнатака
  13. Керала
  14. Мадҳя Прадеш
  15. Манипур
  16. Маҳараштра
  17. Меғалая
  18. Мизорам
  19. Нагаланд
  20. Орисса
  21. Пенҷаб
  22. Раҷастон
  23. Сикким
  24. Тамилнад
  25. Трипура
  26. Уттаранчал
  27. Уттар Прадеш
  28. Банголистони Ғарбӣ
  29. Телингоно

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ

вироиш

Ҳиндустон ҷумҳурии федеративист, ки аз 28 иёлат ва 8 ҳудуди иттифоқӣ (аз ҷумла ноҳияи пойтахтии миллии Деҳлӣ) иборат аст. Ҳама иёлот ва се ҳудуди иттифоқӣ (ноҳияи пойтахтии миллии Деҳлӣ, Ҷамму ва Кашмир, Пондичерри) ҳукумати интихобшавандаи худро доранд. Панҷ ҳудуди иттифоқии боқимонда аз ҷониби маъмуре, ки ӯро мақомоти марказӣ таъйин мекунад, идора карда мешавад ва онҳо бинобар ин дар зери назорати бевоситаи Президенти Ҳиндустон мебошанд.

Дар соли 1956 иёлоти Ҳиндустон аз рӯи хатти забонӣ аз нав ташкил карда шуданд. Аз он вақт инҷониб сохтори маъмурӣ чандон тағйир наёфтааст.

Ҳамаи иёлот ва ҳудудҳои иттифоқӣ ба воҳидҳои маъмурӣ ва ҳукуматӣ тақсим мешаванд, ки ноҳияҳо (округҳо) ном доранд. Дар Ҳиндустон зиёда аз 700 ноҳия (округ) мавҷуд аст. Ноҳияҳо дар навбати худ ба воҳидҳои хурдтари маъмурии “талук” ё дар баъзе ҷойҳо “теҳсил” ё “мандал” номдошта тақсим мешаванд.

иёлот мақомоти қонунгузор ва иҷроияи худро доранд. иёлатро губернатор ҳукуматдорӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҳиндустон ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад. Губернатор ҳукумати иёлатро бо сарварии нахуствазир аз ҳисоби аъзои ҳизби сиёсие, ки дар интихоботи маҳаллӣ пирӯз шудааст, таъсис медиҳад. иёлот парламентҳои якпалатагӣ ё дупалатагӣ доранд.

Салоҳияти парламентҳои иёлот ҳама масъалаҳоро дар бар мегирад, ба истиснои сиёсати хориҷӣ, мудофиа, савдои беруна ва шаҳрвандӣ, ки дар доираи ваколати парламенти иттифоқии Ҳиндустон мебошанд.

Баръакси иёлот, ҳудудҳои иттифоқӣ ҳукумати худро надоранд ва бевосита аз ҷониби ҳукумати федералӣ идора карда мешаванд.

Дар айни замон дар Ҳиндустон иёлоти зерин вуҷуд доранд: Андҳра Прадеш, Аруначал Прадеш, Ассам, Биҳар, Гоа, Гуҷарот, Ҷарханд, Банголи Ғарбӣ, Карнатака, Керала, Мадҳя Прадеш, Манипур, Маҳараштра, Мегалая, Мизорам, Нагаланд, Орисса, Панҷоб, Раҷастон, Сикким, Тамил Наду, Теленгана, Трипура, Уттаракханд, Уттар Прадеш, Ҳарияна, Ҳимачал Прадеш, Чаттисгарҳ.

Инчунин ҳудудҳои иттифоқии зерин мавҷуданд: ҷазираҳои Андаман ва Никобар, Дадра ва Нагар Ҳавели ва Даман ва Диу, Ҷамму ва Кашмир, Деҳлӣ (ноҳияи пойтахтии миллӣ), Ладакх, Лакшадвип, Пондичерри, Чандигарҳ.

Ҷуғрофия ва иқлим

вироиш

Ҷойгиршавӣ

Қисми зиёди Ҳиндустон дар нимҷазираи Ҳиндустон (қораи Ҳинд) воқеъ аст. Бо обҳои Уқёнуси Ҳинд дар ҷануб, Баҳри Араб дар ҷанубу ғарб ва Халиҷи Бангол (ё Банғола) шуста мешавад. Ҳиндустон аз ҷониби ғарб бо Покистон, аз ҷониби шимолу-шарқ бо Чин, Непал ва Бутан ва аз ҷониби шарқ бо Бангладеш ва Мянма ҳамсарҳад мебошад. Ба ғайр аз ин, Ҳиндустон аз ҷониби ҷанубу ғарбӣ бо ҷазираи Малдив, аз ҷониби ҷануб бо Шри-Ланка ва аз ҷониби ҷанубу шарқӣ бо Таиланд, Мянма ва Индонезия (тариқи ҷазираҳои Андаман ва Никобар) сарҳадҳои баҳрӣ дорад.

Ҳудудҳои баҳсталаби иёлоти Ҷамму ва Кашмир ва минтақаи баландкӯҳи Ладакхи кишвар бо Афғонистон, Покистон ва Чин ҳамсарҳад мебошанд.

Иқлим

Дар Ҳиндустон чаҳор иқлими асосӣ ҳукмфармост: тропикии намнок, тропикии хушк, муссони субтропикӣ ва баландкӯҳ. Дар ағлаби ҳудуди Ҳиндустон се фасл дида мешавад: гарм ва намнок бо бартарии муссони ҷанубу ғарбӣ (июн-октябр); нисбатан салқин ва хушк бо бартарии шамоли пассати шимолу шарқ (ноябр-феврал); ҳарорати хеле сӯзон ва хушки гузаранда (март-май).

Минтақаҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, наботот ва ҳайвонот

вироиш

Ҳиндустон дар минтақаи зооҷуғрофии Ҳинду Малай ҷойгир буда, дар ин қитъаи олам аз пиряхҳо то биёбонҳо, аз кӯҳҳои баландқуллатарин то дашту водиҳо дида мешавад.

Релиеф: Қисми ҷанубии кишвар аз дашту водиҳо иборат аст. Дар шимол кӯҳҳои Ҳимолой бо қуллаҳои барфпӯшу пиряхдор ҷойгиранд. Дар ғарби мамлакат биёбонҳо зиёданд. Қисмати шарқӣ бошад ҷангалҳои тропикиро дар бар мегирад.

Ҳамагӣ дар ҳудуди Ҳиндустон метавон ҳафт минтақаи гуногун аз рӯи ландшафт мушоҳида кард:

  • Ноҳияи кӯҳии Шимолӣ бо шумули Ҳимолой ва Қарақорум;
  • Даштҳои Ҳинду Ганг;
  • Биёбони бузурги ҳиндӣ;
  • Пуштакӯҳи Декан;
  • Соҳилҳои Шарқӣ ва Ғарбӣ;
  • Ҷазираҳои ҳамшафат (Никобар, Андаман ва Лакшадвип).

Қариб 60% ҳудуди кишвар дар манотиқи кӯҳӣ қарор гирифтааст. Силсилакӯҳҳои Ҳиндустон: Ҳимолой, Қарақорум, Виндҳя, Аравали, Сатпура, Ассом, Гатҳои Шарқӣ ва Ғарбӣ.

Дар баландиҳои кӯҳҳои Ҳимолой пиряхҳо ҷой гирифтаанд, ки оби онҳо чунин дарёҳои бузурги кишвар, ба монанди Ганг ва Браҳмапутраро шодоб мегардонад. Баландтарин қуллаи Ҳиндустон, Канченҷанга (8,586 м. аз сатҳи баҳр) дар минтақаи Ҳимолой ҷойгир аст. 

Ба минтақаҳои калони ҷуғрофии Ҳиндустон ҳамчунин Дашти Ҳинду Ганг ва Биёбони Тар мансубанд.

Обҳои дохилӣ: Кӯлу дарёҳои Ҳиндустон нақши муҳимро дар ҳаёти ҳиндуён мебозанд. Ба туфайли онҳо саҳрову киштзорҳо дар фасли хушкӣ шодоб мегарданд, онҳоро барои боркашонии молу коло истифода мекунанд, баъзеи дарёҳо ҳатто муқаддас ҳастанд.

Шабакаи дарёҳои Ҳиндустон басо зич буда, тахминан 90% ҳудуди он ба ҳавзаи Халиҷи Бангол ва Баҳри Араб тааллуқ дорад. Беш аз 70% кишвар ба ҳавзаи Бангол (дарёҳои Ганг (дарозиаш 2,5 ҳазор км), Годавари (1465 км), Кришна (1401 км), Браҳмапутра (916 км)), тақрибан 20% ба ҳавзаи Баҳри Араб (Ҳинд (1,1 ҳазор км), Нармада, Тапти ва дигарон) дохил мешавад. Камтар аз 10% бошад ба минтақаҳои резиши дохилӣ: асосан Биёбони Тар ва заминҳои баҳснок дар платои Ақсойчин.

Дар Ҳиндустон кӯлҳо он қадар зиёд нестанд. Аз ҳама калонтарин кӯлҳои шириноби Ҳиндустон Коллеру (масоҳаташ 245 км2, иёлати Андҳра Прадеш) ва Вулар (масоҳаташ 30-260 км2 вобаста аз фасли сол, ҳудуди иттиҳодии Ҷамму ва Кашмир) ва аз ҳама дарозтарин кӯл Вембанад (96 км, иёлати Керала)  мебошанд.

Биогуногунӣ: Ҳиндустон як кишвари мегамухталиф (аз лиҳози биогуногунӣ ё танаввуи биологӣ) буда, аз зумраи 17 кишвари камназири олам эътироф шудааст, ки онҳо дорои гуногуншаклии баланди биологӣ ва навъҳои зиёди танҳо хоси онҳо, яъне сирфан маҳаллӣ ё эндемикӣ ҳастанд. Ҳиндустон макони зисти 8,6% тамоми намудҳои ширхӯрон, 13,7% намуди паррандагон, 7,9% намуди хазандагон, 6% намуди амфибияҳо, 12,2% намуди моҳиҳо ва 6,0% тамоми навъҳои рустаниҳои гулдор мебошад. Сеяки навъҳои рустаниҳои Ҳиндустон эндемикӣ (танҳо хоси ҳамин маҳал) мебошанд.

Тибқи омори расмӣ, масоҳати бешаву ҷангали Ҳиндустон 21,71% ҳудуди умумии кишварро ташкил медиҳад (713,789 км2). Ҷангалу бешаҳо аз навъҳои гуногун иборатанд: муссонӣ, бешаҳои санавбари кӯҳӣ бо дарахтони ҳамешасабз, бешаҳои сузанбаргҳои тира бо навъҳои ҳамешасабзу баргрез, ҷангалҳои ҳамешасабзи тропикӣ, ҷангалҳои субтропикии кӯҳӣ, ҷангалҳои сӯзанбаргҳои тира ва ғ.

Зичии баланди аҳолии Ҳиндустон ва таҳаввули ландшафтҳои табиӣ боиси коста гардидани олами ҳайвоноти ваҳшии ин кишвар гардид. Дар даҳсолаҳои охир тавсеаи фаъолияти иқтисодии инсон ба олами ваҳшии кишвар хатар эҷод кардааст. Дар ҷавоб як катор боғҳои миллӣ ва мамнуъгоҳҳо ташкил карда шуданд. Дар айни замон дар Ҳиндустон зиёда аз 500 боғ (парк) ва мамнуъгоҳҳои миллӣ, аз ҷумла 13 мамнуъгоҳи биосферӣ мавҷуд аст, ки чортои онҳо ба шабакаи умумиҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дохил мешаванд; 25 ботлоқзор тибқи муқаррароти Конвенсияи Ромсар расман ҳамчун объектҳои муҳофизатшаванда ба қайд гирифта шудааст.

Иқтисод

вироиш

Ҳиндустон мамлакати рушдёбандаи агросаноатии дорои саноати тараққикарда буда, аз лиҳози маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба панҷгонаи пешсафи дунё шомил аст. Иқтисодиёти Ҳиндустон дар давоми нимаи дуюми асри XX аз иқтисоди омехтаи нақшавӣ ба иқтисоди бозаргонии иҷтимоии дорои даромади миёна бо иштироки назарраси давлат дар бахшҳои стратегӣ гузариш кард.

Ҳиндустон панҷумин иқтисоди калонтарин дар ҷаҳон аз рӯи ММД номиналӣ (3,737 триллион доллари ИМА, арзёбии соли 2023) ва сеюмин аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ (13,033 триллион доллар, арзёбии соли 2023) мебошад. ММД ба ҳар сари аҳолӣ: 2,601 доллари ИМА (номиналӣ; арзёбии 2023) ва 9,073 доллари ИМА (аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ; арзёбии 2023)-ро ташкил медиҳад.

ММД аз рӯи бахшҳо: Кишоварзӣ: 18,8%, Саноат: 28,2%, Хидматрасонӣ: 53% (соли молиявии 2021-22)

Сатҳи таваррум: 5,66% (марти 2023)

Сатҳи бекорӣ: 7,86% (марти 2023)

Соҳаҳои асосии саноат: нассоҷӣ ва бофандагӣ; кимиёвӣ; кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва коркарди озуқаворӣ; пӯлод; нақлиёт; таҷҳизот(-и нақлиёт ва алоқа); чарм; семент; сохтмон; истихроҷи маъдан; нафт ва маҳсулоти нафтӣ; мошинсозӣ ва техника (аз ҷумла мошинҳои кишоварзӣ, тракторҳо ва мошинҳои сохтмонӣ); нармафзор; дорусозӣ, асбобҳои тиббӣ ва илмӣ; масолеҳи истеъмолии халқ.

Молҳои асосии саноатии барои содирот равонашуда маҳсулоти кимиёвӣ, пӯлод, мошин ва таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, техникаи маишӣ ва электроника, трактор, либос ва доруворӣ мебошанд.

Аз замони истиқлол дар соли 1947 то соли 1991, ҳукуматҳои пайдарпай ба иқтисоди нақшавии шӯравӣ пайравӣ мекарданд ва сиёсати иқтисодии ҳимоятгарона (протексионистӣ) бо дахолати густурдаи давлат ва танзими иқтисодиро пешбарӣ менамуданд. Анҷоми ҷанги сард ва буҳрони шадиди тавозуни пардохт дар соли 1991 боиси ҷорисозии либерализатсияи васеи иқтисодӣ дар Ҳиндустон гардид. Аз оғози асри XXI афзоиши миёнаи солонаи ММД аз 6 то 7 фоизро ташкил дод.

Ҳиндустон дорои панҷумин захираи бойтарини асъори хориҷӣ дар ҷаҳон ба маблағи 561 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар соли 2022, Ҳиндустон 6-умин бузургтарин воридоткунанда ва 9-умин бузургтарин содироткунанда дар олам буд.

Бо 476 миллион нафар коргарон қувваи кории Ҳиндустон ҷойи дуюмро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Ҳиндустон яке аз кишварҳои соҳиби шумораи зиёди миллиардерҳо ва нобаробарии шадиди даромаднокӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ба соҳаи хоҷагии қишлоқ қариб 45% қувваи корӣ равона шудааст, ки он 18,8% ҳаҷми ММД-ро таъмин мекунад. Кишти асосии Ҳиндустонро гандум ва биринҷ ташкил медиҳанд. Инчунин ба зироат ва кишти асосӣ дохил мешаванд: найшакар, офтобпараст, лубиё, кишти пахта, қаҳва, чой, каучуки табиӣ, банан. Ҳиндустон аз ҷиҳати истеҳсоли шакар дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Чорводорӣ нақши муҳимро дар соҳаи кишоварзии Ҳиндустон мебозад. Аз рӯи шумораи чорвои калони шохдор Ҳиндустон дар дунё дар ҷойи аввал меистад.

Савдои беруна

вироиш

Дар соли 2022 даҳ шарики бузургтарини тиҷоратии Ҳиндустон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Арабистони Саудӣ, Россия, Олмон, Ҳонконг, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия буданд.

Содирот: 770,18 миллиард доллари ИМА (соли молиявии 2022-23)

Сохтори содироти мол:

  • Истеҳсолкунандагон 70,8%,
  • Сӯзишворӣ ва маҳсулоти кӯҳӣ 17,3%
  • Маҳсулоти кишоварзӣ 11,5%
  • Дигарон 0,4% (с. 2019)

Шарикони асосии содирот:

  • ИМА 16,89%
  • АМА 6,77%
  • Чин 3,45%
  • Бангладеш 3,38%
  • Нидерланд 3,37%
  • Дигарон 66,14% (с. 2021-22)

Воридот: 892,18 миллиард доллари ИМА (с. 2022-23)

Сохтори воридоти мол:

Маҳсулоти кишоварзӣ 5,7%

Сӯзишворӣ ва маҳсулоти кӯҳӣ 36,5%

Истеҳсолкунандагон 49,4%

Дигар 8,3% (с. 2019)

Шарикони асосии воридот:

  • Чин 14,07%
  • АМА 7,43%
  • ИМА 7,21%
  • Россия 6,32%
  • Арабистони Саудӣ 5,97%
  • Дигарон 59% (с. 2022-23)

Қарзи умумии беруна

617,1 миллиард доллари ИМА ё 19,4% ММД (с. 2022 бо тамоюли камшавии мусбат)

Аҳолӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Аҳолии Ҳиндустон

Шумораи аҳолӣ – 1 млрд. 425 млн. нафар (ба ҳолати арзёбии январи 2023)

Афзоиши солона – 0,7%-0,8%

Аҳолии Ҳиндустон аз соли 2001 то 2011, 17,64% афзоиш ёфт, дар муқоиса бо афзоиши 21,54% дар даҳсолаи қаблӣ (1991–2001).

Таваллуд – 16,42 ба 1000 нафар (арзёбии соли 2021)

Дар Ҳиндустони марказӣ ва шарқӣ сатҳи баланди таваллуд хос аст, дар ҳоле ки дар ҷануби Ҳиндустон асосан паст аст.

Фавт – 9,42 ба 1000 нафар (арзёбии соли 2021)

Фавти кӯдакон — 29,94 ба 1000

93 духтур ба 100,000 нафар аҳолӣ рост меояд

Давомнокии миёнаи умр – 70 сол: 68,7 сол барои мардҳо ва 71,5 сол барои занҳо.

Аксарияти аҳолӣ (қариб 70%) дар деҳот сокинанд.

Тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 2011, дар Ҳиндустон зиёда аз 53 агломератсияи шаҳрии дорои аҳолии зиёда аз 1-миллионнафара мавҷуданд. Бино ба арзёбии www.indiaconvey.com ба ҳолати соли 2022, калонтарин шаҳрҳо аз лиҳози аҳолӣ: Мумбай (24,5 млн.), Деҳлӣ (21 млн.), Колката (14,9 млн.), Бангалор (14,2 млн.), Ҳайдаробод (13,9 млн.), Аҳмадобод (11,5 млн.) ва Ченнай (9,7 млн.).

Аз ҷиҳати гуногунии фарҳангӣ, забонӣ ва генетикӣ Ҳиндустон дар ҷаҳон пас аз қитъаи Африқо ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Сатҳи миёнаи саводнокии аҳолии Ҳиндустон 64,8% (53,7% барои занон ва 75,3% барои мардон) мебошад. Сатҳи баландтарини саводнокӣ дар иёлати Керала (94%) ва пасттарин дар иёлати Биҳар (64%) мушоҳида мешавад.

Таркиби гендерии аҳолӣ бо зиёд будани шумораи мардон нисбат ба шумораи занон тавсиф мешавад. Аҳолии мардон 51,5 фоиз ва занон 48,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳиндустон – кишвари сермиллат аст. Халқҳои бузургтарин: ҳиндустониҳо, банголиҳо, маратҳиҳо, телугу, тамилиҳо, ҷатҳо, гуҷаротиҳо, каннадаҳо, панҷобиҳо ва ғайра.

Шаҳрҳои бузургтарин

вироиш

Сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ-таърихӣ

вироиш

Сайёҳӣ дар Ҳиндустон барои иқтисодиёти кишвар бахши муҳим буда, босуръат рушд меёбад. Шӯрои ҷаҳонии сафару саёҳат (The World Travel and Tourism Council) арзёбӣ кардааст, ки дар соли 2021 сайёҳӣ 170 миллиард доллари ИМА ё 5,8% ММД-и Ҳиндустонро тавлид карда, теъдоди 32,1 миллион ҷойҳои кориро дастгирӣ намудааст.

Зиёда аз 17,9 миллион сайёҳи хориҷӣ дар соли 2019 ба Ҳиндустон дар муқоиса бо 17,4 миллион дар соли 2018 омадааст. Бинобар пайомадҳои ҳамагирии бемории сироятии коронавирус, дар солҳои 2021 ва 2022 шумораи сайёҳони ба Ҳиндустон ташрифоварда тақрибан 6-7 миллион нафарро солона ташкил дод.

Дар соли 2012 маҷаллаи “National Geographic Traveller”  иёлати Кераларо яке аз “даҳ мавзеи биҳиштосои ҷаҳон” ва “50 макони ҳатмии тамошо дар тӯли ҳаёт” номид. Дар соли 2014, Тамил Наду, Маҳараштра ва Уттар Прадеш иёлоти маъмултарини боздид барои сайёҳон буданд. Деҳлӣ, Мумбай, Ченнай, Агра ва Ҷайпур панҷ шаҳри аз ҳама бештар диданибоби сайёҳони хориҷӣ дар соли 2015 буданд.

Индекси сафарҳо ва рушди сайёҳии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар соли 2021 Ҳиндустонро дар байни 117 кишвар дар ҷойи 54-ум муқаррар кардааст.

Ба ҳолати соли 2022, дар Ҳиндустон 40 мавзеи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мавҷуданд. Аз инҳо 32-тоаш фарҳангӣ, 7-тоаш табиӣ ва яктоаш, Боғи миллии Канченҷанга макони навъи омехта мебошад. Ҳиндустон аз рӯи шумораи объектҳои ба феҳристи ЮНЕСКО шомилшуда дар ҷаҳон шашум аст. Аввалин маконҳои ба феҳрист воридшуда ғорҳои Аҷанта, ғорҳои Эллора, қалъаи Агра ва Тоҷ Маҳал буданд, ки ҳама дар иҷлосияи Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар соли 1983 сабт гардидаанд.

Деҳлӣ

Пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ҳам меъмории замонавӣ ва ҳам бостониро дар худ муттаҳид мекунад. Деҳлӣ “дегхонаи пурҷӯши фарҳангҳост”. Деҳлӣ дар давраҳои пешин пойтахти империяҳои гуногун буд, ки ин омил дар шаҳр, меъморӣ ва фарҳанги он асар гузоштааст. Чунин ёдгориҳои таърихию фарҳангии пойтахти Ҳиндустон, аз қабили Туғлақобод, Қутби Манор, Пурана Кила, Боғҳои Лодӣ, Ҷама Масҷид, Оромгоҳи Ҳумоюн, Қалъаи Сурх (Ред Форт) ва Оромгоҳи Сафдарҷанга то имрӯз боқӣ мондаанд. Дар Деҳлӣ инчунин як қатор ёдгориҳои муосир мавҷуданд, ки дар байни онҳо: Ҷантар Мантар, Дарвозаи Ҳиндустон, Раштрапати Бҳаван, маъбади Лакшми Нараяна, маъбади Лотус ва Акшардҳам.

Деҳлии Нав бо меъмории навъи британиягӣ-мустамликавӣ, роҳҳои васеъ ва гулгаштҳои сабз машҳур аст. Ин шаҳр макони ниҳодҳои сиёсӣ, осорхонаҳои миллӣ, маъбадҳои ҳиндуӣ, зиёратгоҳҳои исломӣ, боғҳои сабз ва марказҳои савдои муосир мебошад.

Дар Деҳлӣ оромгоҳҳои валии суфӣ аз тариқати Чиштия, Низомуддин Авлиё (1238-1325), шоирони барҷастаи тоҷику форс Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) ва Зебуниссо (1639-1702) ҷой гирифта, солона аз ҷониби пайравону мухлисони сершумор зиёрат мешаванд.  

Ҷамму ва Кашмир

Водии Кашмир – макони хушманзара дар байни кӯҳҳои Ҳимолой ва қаторкӯҳҳои Пир-Панҷал мебошад. Мавзеи мазкур бо туризми экологӣ машҳур аст. Сайёҳон аз боғҳои империяи Муғулҳо, кӯлҳо, ҷангалҳои бокира, марғзорҳои баландкӯҳ дар доманакӯҳҳои Ҳимолой аз ҳама бештар дидан мекунанд. Дар водӣ бисёр маъбадҳо ва зиёратгоҳҳои қадим мавҷуданд.

Ладакҳ

Ладакҳ бо Тибети Чин ҳамсарҳад аст. Ладакҳро тақрибан ҳамчун “кишвари ағбаҳои баланд” тарҷума кардан мумкин аст. Ин минтақаи баландкӯҳ (бо тағйири баландиҳо аз 2750 метр аз сатҳи баҳр дар Каргил то 7672 метр дар Сасир-Кангри) байни Қарақорум ва Ҳимолой ҷойгир аст. Ладакхро аз сабаби шабоҳат доштанаш бо фарҳанг ва табиати Тибет баъзан “Тибети хурд” меноманд. Дар гузашта аз сабаби мавқеи ҷойгиршавиаш дар чорроҳаи масирҳои тиҷоратӣ аксар вақт нақши муҳими стратегӣ мебозид.  Дар ин минтақаи баландкӯҳ дини буддоӣ паҳн шудааст (тақрибан 35 монастири буддоӣ мавҷуд аст).

Мероси таърихӣ ва фарҳангӣ

Тоҷ Маҳал яке аз мавзеъҳои тамошобоби машҳури Ҳиндустон аст ва инчунин яке аз беҳтарин дастовардҳои меъмории Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Он дар Агра дар иёлати Уттар Прадеш ҷойгир аст. Мақбараи Тоҷ Маҳал дар байни солҳои 1631-1653 бо дастури ҳоким Шоҳ-Ҷаҳон ба ифтихори ҳамсараш Мумтоз-Маҳал сохта шудааст.

Фотеҳпур-Сикри шаҳр ва ноҳияи мунисипалӣ дар ноҳияи Аграи иёлати Уттар Прадеши Ҳиндустон аст. Он дар замони ҳукмронии Акбари I дар солҳои 1571-1585 пойтахти Империяи Муғулҳо буд.

Варанаси – шаҳри асосии минтақаи ҳамном дар шимолу шарқи Ҳиндустон (Уттар Прадеш) – шаҳрест, ки барои ҳиндуҳо, ба мисле ки Ватикан барои католикҳо, аҳаммият дорад, маркази таълимоти браҳманӣ аст. Он як шаҳри муқаддас барои буддоиён ва ҷайнҳо ҳисобида мешавад, муқаддастарин мавзеи ҷаҳон дар таълимоти ҳиндуӣ (ҳамчун маркази Замин дар космологияи ҳиндуиҳо). Яке аз қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон ва эҳтимолан қадимтарин шаҳр дар Ҳиндустон (тақрибан таърихи 5000-сола дорад).

Маъбади Маҳабодҳӣ як маъбади машҳури буддоӣ дар Бодҳ-Гая (иёлати Биҳар) аст, ки дар маконе ҷойгир аст, ки Гаутама Сиддҳартҳа ба авҷи маърифат расида ва Буддо шуд.

Маъбади Лотус маъбади асосии баҳай (дини монотеистӣ, ки дар асри XIX дар Эрон пайдо шудааст) дар Ҳиндустон ва кишварҳои ҳамсоя мебошад. Бинои азиме, ки аз мармари сап-сафеди пентелиӣ дар шакли гули лотуси шукуфон сохта шудааст, яке аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳии Деҳлӣ мебошад.

Мемориали Виктория ёдгории маликаи британиягӣ Виктория аст, ки унвони императории Ҳиндустонро низ дошт. Ҳоло он ҳамчун осорхона истифода мешавад ва яке аз ҷойҳои ҷолиби сайёҳии Колката мебошад.

Раводиди электронии сайёҳӣ (e-Tourist Visa)

Ҳамчун тадбири муассир барои рушди сайёҳӣ, ҳукумати Ҳиндустон моҳи ноябри соли 2014 сиёсати нави раводидро амалӣ кард. Он ба сайёҳон ва соҳибкорону тоҷирон имкон дод, ки дар 28 фурудгоҳи байналмилалӣ бо дарёфти Иҷозатномаи электронии сафар (Electronic Travel Authorisation, ETA) бидуни боздид аз консулгарии Ҳиндустон ё маркази раводид пеш аз ворид шудан “раводид ҳангоми расидан”-ро ба даст оранд. Дар моҳи апрели соли 2015, нақшаи “раводид ҳангоми расидан” ба “раводиди электронии сайёҳӣ” (ё “e-TV”) номиваз карда шуд.

Низоми раводиди электронии сайёҳӣ аз сайёҳ талаб мекунад, ки дар торнамои бехатари Ҳукумати Ҳиндустон, на камтар аз чор то сӣ рӯз пеш аз таърихи сафар онлайн барои раводид муроҷиат кунад. Дар ҳолати тасдиқ гардидан, меҳмон бояд раводиди тасдиқшударо бо ҳуҷҷатҳои сафари худ чоп кунад. Ин раводид ба дорандагони “ETA” имкон медиҳад, ки дар ҳама ҷо дар Ҳиндустон ба муддати 90 рӯз, ба истиснои шаҳрвандони ИМА, Британияи Кабир, Ҷопон ва Канада, ворид шаванд. Шаҳрвандони кишварҳои номбаршуда метавонанд дар як вақт то 180 рӯз бимонанд. “ETA”-ро дар як соли тақвимӣ ду маротиба гирифтан мумкин аст.

Забонҳо ва динҳо

вироиш
 
Минтақаҳое, ки дар он ба забонҳои ҳинду-ориёӣ гап мезананд

Конститутсияи Ҳиндустон 21 забони расмиро муайян кардааст, ки қисми зиёди аҳолӣ бо онҳо ҳарф мезананд ё мақоми классикӣ доранд.

Ҳиндӣ – забони сергуфтортарин дар Ҳиндустон. Ба забони ҳиндӣ тақрибан 44 % аҳолӣ сухан мегуянд.

Омори дорандагони забонҳо аз лиҳози аҳолии ҳамчун забони якуми муошират тибқи барӯйхатгирии соли 2011 чунин аст: ҳиндӣ (528 млн., 43,6% аҳолӣ), банголӣ (97,2 млн., 8%), маратҳӣ (83 млн., 6,9 %), телугу (81 млн., 6,70%), тамилӣ (69 млн., 5,70%), гуҷаротӣ (55,4 млн., 4,58%), урду (50,7 млн., 4,19%), каннада (43,7 млн., 3,61%), ория ё одия (37,5 млн., 3,10%), малаялам (35 млн., 2,9%), панҷобӣ (33,1 млн., 2,8%), ассомӣ (15,3 млн., 1,3%).

Тақрибан 80% аҳолӣ ба дини ҳиндуизм, 14% ба ислом, 2,4% ба масеҳӣ, 2% ба сикхизм, 0,7 % ба буддизм эътиқод доранд.

Ҳиндустон давлати сермиллат ва бисёрфарҳангӣ аст, бинобар ин дар ин кишвар идҳои динҳои гуногун таҷлил карда мешаванд. Ба ғайр аз идҳои динӣ, Ҳиндустон се ҷашни расмии миллӣ дорад: Рӯзи истиқлоли Ҳиндустон (15 август), Рӯзи Ҷумҳурӣ (26 январ) ва зодрӯзи Ганди (2 октябр). Дар байни идҳо, ки гуногунрангии дурахшони фарҳангӣ ва динии Ҷумҳурии Ҳиндустонро ифода мекунанд, асоситаринашон зеринанд (бо тартиби маъруфият дар сатҳи миллӣ): идҳои ҳиндуӣ – Дивали (Фестивали чароғҳо, пирӯзии некӣ аз болои бадӣ), Ганеша-чатуртхи (бахшида ба бути ҳиндуии Ганеша бо каллаи фил, таҷассумкунандаи ҳикмат, фаровониву шукуфоӣ ва комёбӣ; давраи таҷлил август-сентябр), Ҳоли (Фестивали баҳории рангҳо), Угади (иди соли нав), Дуссехра (Дасера, Дурга пуҷа), Санкранти (Понгал; иди ҳиндуии ҳосил), инчунин идҳои мусулмонӣ – иди саиди Фитр ва иди Қурбон, Муҳаррам ва Рамазон.

Пайвандҳо

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Минтақаҳои Ҳиндустон  
Ҳиндустони Шимолӣ · Ҳиндустони Шимолу Шарқӣ · Ҳиндустони Шарқӣ · Ҳиндустони Ғарбӣ · Ҳиндустони Ҷанубӣ


Иёлатҳои Ҳиндустон  
Андра Прадеш · Аруначал Прадеш · Ассам · Биҳар · Гоа · Гуҷарат · Ҷамму ва Кашмир · Ҷарханд · Бенгалистони Ғарбӣ · Карнатака · Керала · Мадхя Прадеш · Манипур · Махараштра · Меғалая · Мизорам · Нагаланд · Орисса · Пенҷоб · Раҷастон · Сикким · Тамилнад · Трипура · Уттаранчал · Уттар Прадеш · Харяна · Химачал Прадеш · Чхаттисгар · Телингоно