Авесто

(Тағйири масир аз Авасто)

Авесто, Авасто, Абасто (порсии миёна: abestāg, форсӣ: اوستا‎) — маҷмӯъае аз китобҳои динӣ дар маздаясно аст, ки ба забони авестоӣ навишта шудааст.

Авесто
Нигора
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Q113292230?
Нависанда Зардушт
Забони навиштаҷот ё осор/асар Забони авестоӣ
Макони саргузашти воқеот Шоҳаншоҳии Эрон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Авесто аввал ба тарзи шифоҳӣ аз ҷониби мубадони зардуштӣ аз даҳон ба даҳон мегузашт. Забони авестоӣ аз қадимтарин ва муҳимтарин забонҳои қадими эронӣ ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эҷод гардидани Авесто онро забони авестоӣ меноманд. Нахустин бор Авесто дар замони Дорои I (522—486 пеш аз милод) таҳрир гардида, ба қайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он таҳрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштосп Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тило навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳи ҷой дода буд. Он вақт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб ҷудо мешуд. Искандари Мақдунӣ соли 331-и қабл аз мелод ҳангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачаҳои тило навишта шуда буд. Онро Искандари Мақдунӣ ба ватани худ бурда, матнашро ба юнонӣ тарҷума намуд.

Ниҳоят, дар охирҳои аҳди Хусрави Парвиз (590—628) таҳрири тозаи Авесто ба майдон омад, ки он Занд, яъне шарҳу тафсир номида шуд. Пеш аз ин дар асри IV барои сабти Авесто дар асоси хати оромӣ хати махсус ихтироъ гардида буд, ки хати авестоӣ номида мешуд. Он 44 ҳарф ва 3 шакли ду харфи чуфтовоз ва монанди хати арабӣ аз рост ба чап навишта мешуд. Ба ҳамин тариқ, Авесто дар тули қариб як ҳазору дусад сол чандин бор таҳрир хурда, суфта гардида, тағйирпазируфта, шакли мавҷудаи ҳозираро гирифтааст.[1]

Тарзи навишту талаффузи Авесто дар асли паҳлавии он Апастак буда, маънояш асос ва матн мебошад. Ин китоби муқаддас маҷмуаи асотир, матнҳои дини мазҳабӣ ва масъалаҳои илму ахлоқ ва фалсафа буда, ба арзиши бузурги динӣ, адабӣ ва фалсафӣ молик аст. Авесто бар замми усули дин ва аҳкоми ойини зардуштӣ, русуму воҷиботи он дуову ниёишҳо, руйдодҳои таърихиро низ фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат он ба қурби беҳамтои таърихӣ низ соҳиб аст. Тамоми Авесто бо шеъри ҳиҷоӣ эҷод гардида, ҳар мисраъ аз панҷ то понздаҳ ҳиҷо буда, ағлаби фикрахо аз бандҳои 3-5 сатрӣ таркиб ёфтаанд, ки аксари ин сатрҳо аз 10-11 ҳиҷо иборатанд. Унсурҳои қофия низ дар он шеърхо ба назар мерасанд. Аммо санъатҳои шоирони бадеӣ, хусусан, тазод он ҷо зиёд аст.[2] [3] [4]

Қисматҳои Авесто

вироиш
 
Фарваҳар

Таҳрири якум дар замони Сосониён муназзам гардида, ба 348-боб тақсим шуда, дар 21-китоб гирд оварда шуда будааст. Ин 21 китобро наск мегуфтанд, ки аз 350 000 калима иборат будаанд. Ин тахрир то ба замони мо омада нарасидааст. Нусхаи бостонтарини таҳрири дуввуми Авесто, ки соли 1278 рунавис шуда, то замони мо боқӣ мондааст, чоряки таҳрири сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиносӣ ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи ҳамин таҳрири Авесто қарор гирифтааст. Ин таҳрир ба панҷ бахши мустақил ҷудо шуда, тақрибан ховии 83 ҳазор калима аст.[5] Ин бахшхо чунин ном доранд:

  1. Ясно (Йасна)
  1. Яштҳо (Йаштҳо)
  1. Вандидод
  1. Виспарад
  1. Хурдак-Авесто (Хурда-Авесто)
 
Ясно

Ясно (Йасна), ки маънояш гироми доштан, ситоиш ва парастиш буда, вожаи ҷашни имрузаи тоҷики низ аз он реша ба вуҷуд омадааст. Қисми муҳими Ясно аз Готҳо, яъне сурудҳо ва гимнҳое иборат аст, ки дар Авестои мавҷуда қисмати аз ҳама қадимтарин мебошад. Зардушт эҷодгари Готҳо дониста мешавад. Готро аввал госа мегуфтанд. Госа маънои сурудро дорад. Гот-гос-гоҳ-суруду оҳанг буда, он дар таркибҳои Дугоҳ, Сегоҳ ва ғайра имруз ҳам зинда аст. Дар Готҳо доир ба пайдоиши некӣ ва бадӣ, ҳамчунин муборизаи доимии онҳо бо якдигар, дар боисти асосии дини зардуштӣ дар бораи «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек», Равони Гов ва Офаридагони Гов. зиндагии он Дунё, офариниши инсони нахустин, ситоиши об, кӯхҳо, дархости маглубияти девҳо ва дигар масъалаҳои оёину ахлоқ Сухан меравад. Готҳо баробари дуоҳо вазъи иҷтимоии чомеаи онрузаро низ хабар медихад. Таркиби иҷтимоии зардуштионро ба се гурӯҳи зайл ҷудо мекунад; 1) Рӯҳониён ба сардори пешвоиёнашон — мубадон. 2) Авлод, ки дар ҷомеа ва дар ноҳияе қабиларо ташкил мекунад. 3) Иттиҳоди қабилаҳо, ки чун қавм бо сардори пешвоёнашон ва сипаҳсолонро дар сарзамини ё кишваре сукунат доранд. Беҳтарин тартиботе, ки ба васлия Ясно тарғиб мегардад, Арта вахишта ном дошта барои неруманд гардидани ҷомеаи барзгарону чорводорони муқимӣ, ободии кишвар, ривоҷи кишт, тариққи додани чорводорӣ баргардонанд. Ҳуҷумҳои бодиянишони роҳзан ва зидди дурӯғ нигаронда шудааст. Шоҳи одил аз ибтидои ҷамъияти синфи орзуи халқ буд. Ҳамаи нерӯҳои ки барои он офарида шудаанд, ки бо ҳидояти мубадони покниҳод ва сипахсолорони қавмҳо ба парастиши Ахурамаздо, мадад ҷустан аз фариштагони некукор ва манфиати барзгарону чорводорон машғул бошанд, бо Аҳриман, Ажидаҳок (Заҳҳок), мубадони дурӯғгу, ки Карападҳо ном доштанд, ба муқобили зулм мубориза баранд, барои инсони пок роҳи расидан бо орзуро наздик намоянд.[5]

Яштҳо

вироиш

Яштҳо (Йаштҳо) аз ҷиҳати мазмун ва сабк ба Ясно рақобат доранд. Аммо Фарқи асоси он аст, ки ҳар як Яшт ба як Йазат (Яздон, Эзит) мансуб буда, ба Аҳура Маздо, Ардвисура Анаҳито, Меҳр, Митро (Хуршед), Баҳром ва амсоли инҳо хос аст. Яшт калимаи хоси авестойи буда, маънои ситоиш ва ниёишро дошта, ҳамагӣ 21 яшт то ба замони мо омада расидаанд. Дар ин қисми Авесто низ аз осотиру ривоятҳои кавмҳои эронӣ зиёд карда мешавад. Дар он зикр мегардад; «Худои бузург Урмузд (яъне Ҳурмуз) ин ҷаҳонро офаридааст».[2][3][5]

Вандидод

вироиш

Вандидод аз калимаи форси миёнаи Видевдат, ки аслан шакли вайроншудаи «ви даево датем» мебошад, ба вуҷуд омада, маънои қонуни зидди девонро дорад. Он аз 22 боб иборат буда, ин бобҳо Фаргард номида шуда, ба тариқи муколама иншо гардидаанд. Ин қисмати Авесто пурсишҳои Зардушт ва посухҳои Аҳура Маздоро фаро мегирад. Дар Вандидод роҷеъ ба Аҳриман, бод, борон, сармо, гармо, кишварҳои офаридаи Аҳура Маздо, асотир дар бораи Ҷамшед, Каюмарс ва ғайраҳо нақл карда мешавад.[1]

Ба фармудаи Аҳура Маздо «Кассе, ки гандум мекорад, тухми неки мекорад, вақте ки гандумро барои кӯфтан омода месозад, девонро арак пахш мекунад, вақте ки онро ба осиёб мебарад, девон безобита мешавад, вақте ки хамирро барои пухтан тайёр мекунад, девон аз тарс ба доду фигон меояд».[1]

Виспарад

вироиш

Виспарад аз калимаи авестои висператаво гирифта шудааст, ки маънояшро бо тоҷики имруза « ҳамаи доварон» гуфтан мумкин аст. Аз ҷиҳати мазмун ин қисман ба Ясно каробат дорад. Он дуоҳоеро фаро мегард, ки дар ситоиши Яздон ва ниёиш ба даргоҳи он хос буда, ҳангоми тоату ибодати зардуштиён тиловат мегардид. Виспарад аз 24 боб таркиб ёфта, он бобҳо карда номида мешавад. Ин қисмати Авесто нисбат ба Ясно ва Яштҳо хеле баътар танзим гардидааст. Дар Виспарад Готҳо чун сурудҳои муқаддас ситоиш ёфта, ҳар ҷо мисраъҳо ва бандҳои алоҳидаи Готҳо иқтибос оварда мешавад.[1]

Хурдак-Авесто

вироиш

Хурдак–Авесто аз ду калимаи Авестои Хвартак (хурдак) ва Апастак (Авесто) таркиб ёфта, баргузидаи тамоми Авесто мебошад. Онро дар замони Шопури II Сосони (309—379) муъбади мубадон Озарбади Маҳраспандонт дар 21 наск тартиб дода буд. Он ба ҳашт бахш ҷудо мешавад. Хурдак-Авесто дуоҳоеро фаро мегирад, ки ҳар як пайрави дини зардушти онҳоро бояд бидонад ва ҳангоми ибодат ба забон ронад. ҳамчунин, доир ба таквим, ҷашнҳо, одоби пушидани сару либос хабар медихад. Хурдак_ Авесто фушурдаи донишҳои ачдоди Моро аз таърих, ҷугрофия, ҳуқуқ, тиб ва монанди инҳо фаро мегирад. Метавон Хурдак-Авесторо қонуни ойини зардуштӣ номид.[6]

Авасто боқимондаи сурудҳо, достонҳо, ривоятҳо ва гуфтаҳои бузургони гузаштаи мо мебошад, ки таърихи бисёрҳазорсолаи ориёиҳоро таҷассум менамояд. Авасто маҷмуаи маълумотҳои дини, фолклори, ҷугрофи, астраноми, биологи, ботаники, табиатшиноси, тибби, фалсафи, адаби, шеъри ва таърихист. Маънои калимаи Авасто чандон равшан нест. Дар адабиёти таърихи номи китоб Авасто, Асто, Усто, Апастак, Вистак ва ғайра навишта шуда ва авастошиносон онро китоб, илм, дониш маъни карданд. Авасто барои мо, тоҷикону эрониён, мукаддас аст, на барои он ки китоби динист, балки барои он ки осори қадимтарини хаттии гузаштагони мо ба ҳисоб меравад. Агар муаллифи наски (китоби) аввали он Зардушт бошад, пас муаллифони китобҳои боқимонда дигар бузургони мо буданд.

Таърихи Авесто

вироиш

Ҳеч миллате дар ҷаҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ надорад. Матни пурраи Авасторо дар замони забткориҳои Искандари Мақдунӣ сухтанд. Мувофики ахбори таърихи Авасто дар ду нусха дар 12 ҳазор пусти гов бо оби тило навишта шуда буд ва яке дар хазинаи шоҳи дар Персеполис ва дигаре дар маъбад нигоҳ дошта мешуд. Мақдуниҳо қасри шоҳро ғорат карда, баъд оташ заданд ва Авасто ҳамроҳи дигар китобҳои хазина сухт. Нусхаи дуюмро ба Юнон бурданд ва онҷо нобуд гашт. Мувофиқи гуфтаи муаррихи юнони Плини, Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар ҷаҳон ва аз 2 миллион байт иборат буд. Тахмин меравад, ки Плини ин маълумотро аз ҳамон нусхаи ба Юнон бурда гирифтааст. Баъди юнониҳоро аз Ориёшаҳр рондан Портҳо ба гирд овардани Авасто пардохтанд ва ин кор ба анҷом расида буд ё не, мо намедонем. Ба ҳар ҳол Авасто дар замони Сосониён аз нав мураттаб мешавад. Аммо ба Сосониён аз 1200 боб 347 бобро барқарор кардан муяссар гардид. Азбаски Авасто бо лаҳҷаи мардуми Бохтар навишта шуда буд, барои фаҳмидани вай лугати тафсирие тартиб дода шуд, ки он «Занд» ном дошт. Дар замони Сосониён муъбадон Авасторо мувофиқи шарҳи «Занди Авесто» мефаҳмиданд. Тафсири паҳлавии Занд аз 2094200 вожа иборат буд.[3][7]

Авасторо дубора арабҳо сузониданд. Дар асрҳои VII—IX арабҳо тоҷиконро ба бефарҳангӣ таъна мезаданд ва ба иззати нафси онӽо мерасиданд. Дар муқобил ғурури миллии онҳо бедор шуд ва номи миллати худро тоҷик-тоҷдор аз нажоди пок муаррифӣ сохтанд ва ба тарҷимаи осори хаттии худ ба арабӣ шурӯъ намуданд. Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз тоҷикони Балх буд мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд, ки дар он мубади зардуштӣ бо Номи Озарфаранбағ (Отурфарнбағ) ширкат дошт. Дар ин мубоҳиса Озарфаранбағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба ӯ иҷозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбағ ба навиштани китобе ба номи «Динкард» сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро диндорони исломи куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод (Отурпати) давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дар бораи бахшҳои Авасто, аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.[6]

Дар ҳамин давра якчанд китобҳои дигар монанди «Ардовирафнома», «Минуи хирад», «Бундахишн» ва дигар адабиёти зардуштӣ навишта шуданд, ки мо аз онҳо дар бораи ойини Маздаясно маълумот мегирем.[6]

«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

вироиш

Алифбои авестои зоҳиран дар асри VI — аниқтараш дар замони Хусрави I (531—579) ба вуҷуд оварда шудааст. Матнҳои бозмондаи «Авесто», ки қадимтарини онҳо ба асрҳои III ва IV таалуқ доранд, ба ҳамин китобати давраи охири сосонӣ мансуб мебошанд.

Китобати «Авесто» ба алифбои то замони мо расидааш аслан дар асоси нақш лафзи он сурат ёфтааст. Худи номи «Авесто» аз калимаи форсии миёнаи — apastak -, баъдан — abastav — ба маънии «асос» (ва ё мувофиқи тафсироти дигар «гузариш», «дастур», «қиёси») ва ғайра аст, ки бевосита ба матни маҳфуз мондаи «Авесто» дар зарфи мавҷудияти чандин асраи худ борҳо кодификатсия шудааст.

Дар асри ХIХ ба сабаби инкишофи забоншиносии муқоисавии наздики забони «Авесто» бо забони қадими хуб омeхта шуда ва аз рӯи бисёр ёдгориҳои маълуми ҳиндӣ — ведоӣ (бо ин забон) «Ригведа» ва санскрит исбот гардид. Ҳамчунин пайдо шудани мифтоҷи дуввумии забони машҳури эронии қадим, форсии қадим, мутолиа ва барасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пас аз авестоӣ ва истифодаи васеъи маълумотҳои забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст.

Омeзиши забонҳои Эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва забонҳои зиндаи Эронии Шарқӣ низ аҳамияти бисёр калон дошт. Ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии «Авесто»-ро ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад ва муътабартарин мутахасисон ҳам баъзе ҷойҳои муҳими «Авесто»-ро ба таври мухталиф тарҷума мекунанд.

«Авесто», ки аз маxмeи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. Ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор Зардуштиён зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан порсиён меноманд. Порсиён на танҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд.

Дар миёнаҳои асри ХVIII — Анкетил Дюперрони Франсавӣ, ки нисбат ба омeзиши дину мазҳабҳои қадим шавқу рағбати махсусе дошт, ба Ҳиндӯстон сафар намуд. Ӯ назди муъбадони порсӣ маросими дини ва хондани матнҳои қадимиро (ба дараҷаи муъбадони баланд буданд) омeхт ва якчанд дастхатро харида гирифт. Ба ватан баргашта, баъдан ӯ тарҷумаи франсавии «Авесто»-ро бо мулҳақоти чанде аз матнҳои марбут ба он интишор дод. Ба воситаи ин корнамоии илмии ӯ маълумот дар бораи «Авесто» дастраси аҳли илми Аврупо гардид.

Муддатҳои зиёде «Авесто» мисли дигар ёдгориҳои динӣ ва ҳамосии ҳиндӣ ва эронӣ, ба таври шифоҳӣ, ки ягона нақш дақиқан маҳфуз мондан буд, нақл карда мешуд.

То ба вуҷуд овардани алифбои авестоии ҳозиразамон матнҳои авестоие вуҷуд доштанд, ки бо алифбои дар асрҳои VI—V пеш аз милод дар Эрону Осиёи Миёна мустаъмоли оромӣ таълиф ёфта буданд.

Олимони имрӯза чунин маълумотро, яъне аслан вуҷуд доштани «Авесто»-и замони Ҳахоманишиёнро беасос мешуморанд ва баъзеҳо, ҳатто ба мавҷудияти матни ашконии «Авесто» ҳам шубҳа доранд. Вале, зоҳиран «Авесто»-и хаттӣ дар нимаи дуввуми давраи Порт (Парфия) ва яқинан оғози давраи Сосониён вуҷуд дошт.

Баъдтар «Авесто» бо алифбо, ки махсус барои навишти он ихтироъ шуда буд, китобат гардид. Ин алифбо дар заминаи хаттӣ паҳлавӣ (яъне, ҳуруфи китобҳои зардушти форси миёна), ки инкишофи яке аз намудҳои хатти оромиасос ба ҳисоб меравад, ба вуҷуд омадааст. Вале алифбои авестоӣ хеле зиёдтар (бештар аз ду баробар) ҳуруф, аз ҷумла 14 ҳарфи садонок дорад. Ин алифбо бо тамоми ҷузъиёташ коркардашуда имкон медод, ки матнҳои «Авесто» ба нигоҳ доштани тарзи талаффузи анъанавии ҷӯяндагони он аз давраи пайдоиши ин ёдгори хеле дақиқ ва саҳеҳ сабт гардад.

«Авесто»-и имрӯза аз китобҳои «Ясно» — «Назр» — «Ниёз», маҷмӯъи матнҳои маросимӣ; «Яштҳо» («Яшт» — «Ниёиш» — «Ситоиш»), сурудҳо дар васфи худоёни дини Зардуштӣ; «Видевдат» — «Қонун» ба муқобили «Девон» (шакли баъдинаи нодуруст ҳоло «Вандидод»). Ғайр аз ин ба «Авесто» якчанд қисматҳои ҳаҷман хурд ва камаҳамият дохил мешаванд. Ҳамин тавр «Авесто» на танҳо доир ба дини зардуштӣ, балки доир ба баъзе оину мазҳабҳои эронии қадим ва русумоти қабилавие, ки ба замони умумияти ҳиндуаврупоӣ дахл доранд, маълумот медиҳад.[6]

Ба ҳамаи ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, «Авесто» муҳимтарин ва ягона маъхазест барои равшан намудани таърихи қадимтарини эрониёни шарқӣ, яъне мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва он қисмати Эрон, ки дар шафати Осиёи Миёна воқеъ гардида аст.

Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»

вироиш

Мачмуи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи ҷамъият асари В. Гейгер «Маданияти Эрони Шарқи дар аҳди бостон» мебошад 25. дар муддати пас аз соли 1882 и асар аз бисёр ҷиҳат куҳна шудааст, вале, мутаасифона, асаре хаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал холо ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологи — лингвисти дар чунин асар маълумоти «Авесто»-ро мумкин аст аз назари комёбиҳои нави археологи тадқиқ кард. Умед аст, ки эроншиносон ва бостоншиносони мо дар солҳои наздик чунин асари заруриро ба вуҷуд меоранд.

Мухаккикон хусусияти ҷамъияти авестоиро тадқиқ намуда, чахорзина будани онро кайд намудаанд. Дар «Яшт»-и X, 115 оварда шудааст: «Сарвари динии хонадон „нманӣа“: сарвари динии авлод — „висӣа“; сарвари динии қабила — „зантума“; сарвари динии мамлакат — „дахйума“: сарвари олии дии — „заратуштротэма“ номида мешавад.[8]

Ба ҳамин тарик, оила „нмана“ ном дошт. Сарвари чунин оилаи патриархали кадхудо — „нманопати“, яъне „худованди хона“ буд, заи калони дар оила „нманопати“ — „кадбону“ омида мешавад. Мавкеи зиёдро ишгол кардани зани калони дар оилаи тоҷикон, махсусан сокинони махалҳои назди Помир, бо ҳукмронии ҳазорсолаи ислом нигоҳ акарда то замони мо боки мондааст. Материалҳои этнографие, ки дар мавзеъҳои гуногуни Помир ҷамъовари шудаанд ба ин шаходат медихад.

Як далели дигар, вале ғайримустакиме оид ба роли баланди занон дар Осиёи Миёнаи бостон мавчуд аст чунон ки маълумот аст, дар замонҳои бостон ҳукмронии ноҳияҳои Осиёи Миёна — Уструшон ва Сугд лакаби „афшин“ доштаанд27. Таҷзия ва таҳлили таърихию этимологии ин истилоҳро В. И. Абаев анҷом додаст. У тафсирҳои куҳна ва дар ҳақиқат беасосро рад намуда, ин истилоҳро бо калимаи дар забони осетини бокимондаи afsin — „кадбону“ макоиса намуд28.Ба акидаи В. И. Абаев занон — сарварони қабилаҳои сакои — массагети бояд ҳамин унвонро медоштанд. Аз онҳо ин истилоҳ баъдтар ба ноҳияҳои ҳамсояи Осиёи Миёна гузашта, нисбат ба мардони сарвар истифода шудааст29. Ба ҳамин тариқ, истилоҳе, ки дар байни осетинҳо маънии кадбонуро дошт, дар Осиёи Миёнаи қадим тадриҷа нисбат ба мардони ҳукмрон истифода гардид.

Дар матнҳои авестои калимаи „майа“ аъзои оиларо ифода менамояд, дар баробари ин чунон ки И. Гершевия исбот кардааст, истилохи мазкур эзиди нигахбони хонадорониз ифода мекунад, ки мувофики тасаввуроти бостонии мардуми рус оми „парии хонаги“- ро гирифтааст. ҳамчунин эзидони кабилави мавчуд буданд, ки онҳоро „висӣа“ меномиданд30. амали ин эзидо қисман бо амалиёти фравашихо — фариштаҳои нигахбон вар ухи тамоми мавчудот мутобиқ мебошад31.

Ба хайати оила узвҳои окисулҳуқуқ — вира, вайса ва парийатар низ дохил мешуданд. Вира маънии „мард“, „сарбоз“ — ро дорад, вале маънии „гулом“ — ро из метавонад ифода кунад. Масалан, дар „Яшт“ — и X, 28 оид ба Митра Сухан меравад, ки вай ба он хонадоне, ки хайрхох аст „галаву рама ва вираҳои зиёд“ яъе гуломонро такдим медорад. Умуман, хангоме, ки дар „Авесто“ номбурда ва мукобилгузории чорпоён ва вира оварда мешавад, вира одатан гуломро ифода мекунад. Вайса ва парийатар тибки баъзе матнро ба хайати оила ҳамчун узвҳои хурд дохил мешудаанд32. Иттиҳодияҳои нисбат ба оила калонтар аз риштаи падари „нафа“ ном доштанд. Онҳо соҳиби замини кишт, чарогоҳ ва дигар дороии дигари умуми буда, моликияти аъзои иттиҳодияро риштаҳои хамраъи ва кафолат ба хам мепайваст. И гурӯҳхо хеле бузург буданд ва наздики 100 марди комилхуқуқ ба он дохил мешуд. Оид ба мавкеи чунин гурӯҳхо, аз ҷумла, гилаи Зардушт шаходат медихад: „Бизоатмандон ва муттафикон аз ман ру тофтанд, чамоа нисбат ба ман номеҳрубон аст, ҳамчунон ки шаҳриёрони дуругпарасти кишвархо номеҳрубонанд“ („Ясно“-и 46, 1)33.

Кабила („вис“) аз якчанд гурӯҳҳои бизоатманд иборат буд, сардори кабила „виспати“ ном дошт. „Вис“ на танҳо кабила, балки маскани ахли кабила — деҳро низ ифода мекард дар аввал, зохиран, ин макони зист аз якчанд хонадон иборат буд. Баъдтар вай батадрич хусусиятҳои чамоаи кашоварзиро соҳиб шудааст34.

Чавонон ҳангоми ба камол расида (овони 15 — солаги) маросими иртикаро ба дин ва чамоа мегушатанд. Дар мачлиси гурӯҳи бизоатмандон ба онҳо камарбанд ва пирохани мукаддас бахшида мешуд. Ба ин амал ҳамчун таваллуди дувуми» инсон назар мекарданд. Танхо пас аз ин чаввон узви комилхуқуқи чамоа мегардид, дар маросимҳои дии иштирок менамуд, ухдадориро гирифта ва акди никох баста метавонист.

Аксари масъалаҳои хонаводаро шурои кабила, ки сарварони гурӯҳҳои бизоатманд ба он дохил мешуданд, хал мекард. Шуро масъалаҳои ҳаёти дохили, истеҳсоли ва ҷамъиятии марбут ва анчоми вазоифи дини ва хуқуқи, ғайр аз ин масъалаҳои муносибат бо кабилаҳои дигарро хал менамуд.

Мувофики матнҳои «Авесто» дар ҷамъияти онзамона тафрикаи ичтимоию молумулки хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Дар боло мо ба ғуломон ишорат кардем. Дар қисматҳои муҳталифи « Авесто» ба катхдоёон ва шахсоне ишора мешавад, ки галаву рамаи фаровониро соҳибанд. Чорво боигарии асоси ба ҳисоб мерафт, вале маълум аст, ки боигарии дороён натанҳо чорво, балки замину сарватҳои дигар низ буд.

Дар «Авесто» гурӯҳҳои " ичтимои-касби " ба монанди рухони, сарбозу дучархасавор, ва (як бор) ҳунарманд номбар мешаванд. Баъзе олимон акида доранд, Ки таксимоти ичтимои ба давраи умумияти хиндуэрони дахл дорад ва аз ин сабаб кобили таваҷҷух нест; дигарон бошанд, ба даври асоснок муътакиданд, Ки он инъикоскунандаи хакакати (дар замони пайдоиши «Авесто» ва баъдтар) вучуддоштаи таърихи мебошад, аз ин ру, ҳангоми тачдиди ҷамъияти «Авесто» бояд ба мадди назар дошта шавад.

Дар баробари мардуми одди ҷамъият дорои «родмардон» ва "ашрофон"буд. Яке аз истилохот ба маънии «родмард», «ашрофон» — «азата» («асилзода») аст. Аксари вай сарвари виса (кабила) ва оилаи худ мебошад. таҳлили тачзияи комили этимология ва эволюцияи калимаи «азата»-ро Г.Бейли анчом додаст. Дар забони форси миёна -пахлави он маънои «озодаи хонадони шох», «родмард», «озодасл»-ро дошт.

Аз ҳамин чо калимаҳои тоҷикии «озод» ва «озода» сар задааст, Ки яке аз маъниҳои он «род», «начиб» аст. Истилохи дигари «Авесто» барои ифодаи «ашроф» «асна» мебошад.

Кабила — занту, зохиран, мавкеи нисбатан хурдтарро ишгол менамуд. Дар баробари ин баъзе порчахоро аз шурои «бехтарин мардумон» иттилоъ медиханд. Истилохи ифодакунандаи ин гунна шурохо «ханчамана» буд, Ки дар забони тоҷики ба шакли «анчуман» боки мондааст.

«Вилоят» ва «мамлакат», ки аз якчанд ноҳия иборат буд, дар «Авесто» «дахйу» ном дорад. И. М. Дяконов дуруст кайд мекнад, ки «равшан кардани маънии ин истилох мушкил аст». Аксаран дар қисматҳои бостонтарини «Авесто» «дахйу» ба маънии ҳамон гуна «давлатчахое» буд, ки тибки манбаъҳои ошури, дар мидия вучуд доштанд, яъне иттиҳодияҳои минтакавие буданд, ки на ҳамчун давлат, балки ҳамчун ташкилотҳои бузурги кабилави амал мекарданд В. А. Лившиц хаккони хотиррасон мекунад, ки дахйу «пеш аз ҳама, маҳуми худуди ва географист, Ки дар он умумияти этники хеле зиёд аст, вале он холо дар таркиби давлати ташакулёфта вохиди маъмури нест».

Дар сари «дахйу» «дахйупати» меистод. Аз шахсони дигаре, ки ҳокимият дар дасташон буд, «састар» («хукумрон», «ҳоким»)-ро ном бурдан мумкин аст, Ки ҳукмаш ба ин ё он махал равон буд.

Дар «Авесто» барои ифодаи маънии иттиҳодияи ноҳияхо истилохи «дахайусасти»- «ҳокимият бар ноҳияхо» мавчуд аст.

Сардори чунин иттиҳодия «дахйупатии тамоми дахйухо» -« ҳокими тамоми ноҳияхо» буд; вай хуқуқи яккаҳокимияти надошт, чунки ба ғайр аз ӯ «дахйунам фратэмадато» — «шурои бузургон»-и иттиҳодияи ноҳияхо низ фаъолият мекард. Зохиран, ҳокимияти «дахйупати» -хо ва, хатто «Ҳокими тамоми ноҳияхо» махдуд буд ва шуро бар ҳокимияти онҳо назорат мекард.

Таҳлили «Готхо» аз ҷихати ичтимои -сиёси (дар ин бобат корҳои В. И. Абаев ва И. М. Дяконов мухиманд) нишон медихадб ки онҳо инъикоскунандаи ҳолату авзои ҷамъияте мебошанд, ки дар остона ва ё дар огози офариниши давлат аст.

Чамоаи дар «Готхо» тасвир шуда аз торочгари, тохтутози вахшиёнаи хамсоягон, горат шудани чорпоён ба дод омадааст. «Готхо» ба зиндагии орому осоишта ва мавчудияти маконҳои гул -гулшукуфон бо сарварии шохони «хуб», даъват мекунанд. Хамаи ин тагироти бузурги ичтимоиро талаб мекард, ки чараёни онҳо дар он замон хеле тезутунд буд. Ин ҳолатро низ ба назар гирифтан зарур аст.ки «дар давраи авали ҷамъияти синфи мавкеи халқунандаро дар байни синфи хукумрон хамеша аъёну ашрофи кабила — пешвоён ва рухониёне, ки дар заминаи сохти ҷамоъати ибтидои ба миён омада будаанд, ишгол мекард. Аммо давлати муттахида танҳо анъанаҳои кабилави ва хукумронии олигархиро, ки бо решаҳои махлли ва чамоавии худ пурқувват буда ва аз ин вачхо доимо чудоиталаб аст; аз миён бардошта, ба вучуд омада метавонад».[6]

Ба ҳамин тарик, муносибатҳои ичтимои — сиёсии давраи мазкурро дар Осиёи Миёна ҳамчун муносибатҳои гузариш аз сохти ибтидоии ҷамоъати ба сохти ҷамъиятии синфи маънидод кардан мумкин аст. Чамъоати кабилави аз байн рафта, ҷамъоати деҳот ба миён меомад. «Оилаи чудогона вохиди хоҷагии ҷамъият шуда мемонад»- гуфтааст Ф.Энгелс. Асоси ҷамъоати деҳотро бар хилофи ҷамоъати кабилави, на муносибатҳои кабилави, балки алокаҳои хоҷаги ва территорияви иашкил мекарданд. Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна ҷамъоати деҳот роли калоне бозида, асарҳои аср пояндаву барқарор будааст. « Истибдоди шарқ ива хукумронии истилогарони бодиянишине, ки чои якдигарро мегирифтанд, дар давоми ҳазорхо сол бо ин чамоаҳои бостони ягон коре карда натавонистаанд», — кайд мекунад Энгелс «Анти -Дюринг».

Дар дохили обшина тадричан нобаробарии молумулки меафзуд. Гуломдории патриархали инкишоф меёфт. Дороён ва камбагалон пайдо мешуданд. Мавкеи сипахсолорон ҳамчун шахсони доиманд соҳибмансаб баланд мегардид. Вале ҳокимияти онҳоро шурои кухансолон ва мачлиси кабилави махдуд мекард. Зарурати иттиҳодияи кабилахо ба миён меомад.

Чунон ки Ф.Энгелс кайд мекунад, лашкаркашиҳои горатгарона мавкеи сипахсолорон ва пешвоенро боз хам баланд менамуд. Чанг бо максади горатгари касбу кори доими мегардад. Сипахсолори Оли ва дастёрони вай аъёну ашрофи мероси шуда мемонанд, «демократияи табиии сохти ибтидои ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардид.

Мутобики шароити мухталифи истеҳсолот дар минтакаҳои саҳрои ва водихо дар огози ҳазораи I пеш аз милод ду намуди хоҷаги -кучманчиги, чорводори дар саҳро ва мукимнишинии, заминдори дар вохаву водиҳои сероб ташкил гардиданд. Ба ҳамин тарик, аз давраҳои бостонтарин дар Осиёи Миёна ҳолате барқарор гардида буд, ки дар бораи он К.Маркс навиштааст: "Дарҳамаи кабилаҳои Шарқ аз сарогози таърих дар байни мукими будани як қисми онҳо (кабилахо.-Б. Г.) ва кучманчигии давом кардаистодаи қисми дигар таносуби умумиеро дидан мумкин аст).[2][3]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. — Душанбе, 2016 565с.// kmt.tj силсилаи «Тоҷнома».
  2. 2.0 2.1 2.2 Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I—II. — Душанбе, Ирфон, 1998.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011.
  4. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 11.
  5. 5.0 5.1 5.2 Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. — Душанбе, 2016, — 565с.// kmt.tj силсилаи «Тоҷнома».
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. — Душанбе, 2016, — 565с.// kmt.tj силиаи «Тоҷнома».
  7. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I—II. — Душанбе, Ирфон, 1998
  8. Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. — Душанбе, 2016, — 565с.// kmt.tj силиаи „Тоҷнома“.

Адабиёт

вироиш
  • Авасто. Ҷилди I. — Душанбе: «Бухоро», 2014. — 784 с.
  • Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I—II. — Душанбе, Ирфон, 1998.
  • Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011