Зебуннисо (порсӣ: زیب‌النّساء , Зебуннисобегим, машҳур ба тахаллуси Махфӣ (порсӣ: مخفی ); 15 феврал 1638, Давлатобод[d], Империяи Муғул26 май 1702, Деҳлӣ) — хушнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон, духтари Аврангзеб.

Зебунниcо
форсӣ: زیب‌النسا
Таърихи таваллуд: 15 феврал 1638(1638-02-15)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 май 1702(1702-05-26) (64 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Жанр: ғазал
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Зебуннисо духтари подшоҳи темурии Ҳинд (Ҳиндустон) Аврангзеби Оламгир ва набераи Шоҳиҷаҳон буд. Модараш Дилрасбону духтари Мирзо Бадеуаззамон Шоҳнавозхон яке аз бозмондагони Шоҳ Исмоили Сафавӣ буд[1].

Зебуннисо зани адиб ва донишдӯст, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Адабиёти порсӣ ва арабиро бисёр дӯст медошт ва Қуръонро аз бар намуд. Хаттҳои настаълиқ, насх ва шикастаи настаълиқро нек менавишта ва китоби бисёре ба номи ӯ таълиф кардаанд. Вай дар бадеҳа чирадаст буда ва ба сабки ҳиндӣ шеър мегуфт ва тахаллусаш «Махфӣ» буд. Ин байт аз ӯст:

 

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,

Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуниссост.
 

Аврангзеб, ки подшоҳе бадҷаҳлу худкома буд, намехост духтараш шеър гӯяд ва намегузошт, ки бо воситаи шеър номи духтараш вирди забони ашхоси номаҳрам гардад. Зебуннисо ба ин ҷиҳати масъала ишора намуда гуфтааст:

 

Эй булбули хушилҳом, махрӯшу дам фурӯ каш,

Табъи «латиф»-и султон тоби сухан надорад.
 

Мегӯянд, ки аз шоирони дарбор Носиралӣ Зебуннисоро дӯст медоштааст. Боре, Зебуннисо як мисраъ шеъре навишта будааст, ки ин аст:

 
Аз ҳам намешавад зи ҷаҳолат ҷудо лабам,…
 

Носиралӣ мисраи дуюмашро, бадоҳатан, ба Зебуннисо фиристодааст.

 
Гӯё расида бар лаби Зебуннисо лабам!...
 

Аз ин густохии Носиралӣ, Зебуннисо малоли хотир шуда, дар чавобаш байти зеринро ирсол доштааст.

 

Носиралӣ, ба номи Алӣ бурдаӣ паноҳ,

Варна, ба Зулфиқори Алӣ бурдаме сарат!
 

Зебуннисо то поёни зинадгонияш шавҳар накарда, зеро маъшуқи дилхоҳашро пайдо накардааст.

 

Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,

Бутпарастӣ кай кунад гар бархаман бинад маро?!
 

Зебуннисо 3 марти соли 1702 дар сини 63-солагӣ дар Деҳлӣ даргузаштааст. Бинобар васияташ пайкарашро ба Лоҳур мебаранд ва дар боғе, ки бо хоҳиши худи ӯ бунёд гардида буд, ба хок месупоранд. Дар санги мазори ӯ ин байт сабт аст:

 

Бар мазори ман, ғарибон не чароғе, не гуле,

Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.
 

Мероси адабӣ

вироиш
 
Зебуннисо, нигораи ҳиндӣ

Девони ашъори Зебуннисо 4 000 байтро дар бар мегирад ки бештараш ғазал аст ва афзун бар он 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст. Аз навиштаҳояш метавон аз китоби «Зебулмуншаот» ном бурд.

Ғазалҳояш гуногун аст ва бештар зиндагии душвору беҳуқуқии занони мазлумро бозтоб мекунад. Дили шоир бар ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин ҷост, ки шоир онҳоро дилбардорӣ мекунад, таъкид менамояд, ки ҳаёт тағйир меёбад, дар оянда зиндагиашон бехтар хоҳад шуд. Зеро аз пайи хар шом сахаре хаст.

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст.

Дар поени умри худ шоира эҳсос кард, ки дар дарбори падар шахсони нолоиқ, хушомадгӯ, пастфитрат ҷамъ омадаанд, ки барои беҳбудии зиндагии меҳнаткашон чорае намебинанд ва баръакс бо чоплусию порадиҳӣ соҳиби мансаб мешаванд. Ӯ мебинад, ки аҳли ҳунар хору забун аст, қадру қимате надорад, инони сабр аз дасташ меравад ва ошкоро мегуяд, ки дар ин рӯзгор Хари Исо агар зар дошта бошад, соҳибҳунар ба ҳисоб меравад:

Ба кори кас намеояд, ҳунар Махфӣ, дар ин олам,
Хари Исо ҳунарманд аст, агар дар киса зар дорад.

Чунон ки зикраш рафт, Зебуннисо зани бомаърифат, боандешаю соҳибҷамоле будааст, молу мулк ва зару зевари бисьёр дошта бошад хам худашро озод ҳис намекард. Барои инсон аз ҳама муҳим озоди аст. Ӯ мехост хонаи обод дошта бошад, аммо аз дасти падари ҷоҳил ба ин мақсадаш нарасид. Умраш ба охир расиду издивоҷ накард. Ишқи ӯ, муҳаббати ӯ, дарду алами ӯ ба ҳамаи занону духтарони ҷомеаи онрӯза баробар тааллуқ дошта, шоира аз номи онҳо нобаробарӣ, беадолатии занро дар рӯзгори онвақта ҳаққони ба қалам додааст. Ба ҳамин маънӣ ишорат карда, дар ғазалаш мегуяд:

Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфӣ,
Ки дилҳоро ба дилҳо дар ҳақиқат кор меафтад.

Шоира духтари шоҳ бошад ҳам, валекин бо зиндагӣ ва ҳаёти одамони камбағал ошно буд. Ҳаёти талхи онҳо, оби чашми бенавоёнро дида, дилаш реш-реш мегашт. Зебуннисо ба масъалаи дустӣ аҳамияти калон додааст. Албатта ин бесабаб набуд. Ӯ дусти ҳақиқӣ надошт. Бисёр мехост, ки дӯст дошта бошад ва дарди дили худро гуяд, бо ӯ ҳамсуҳбат шавад ва дилашро таскин дихад.

Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст

Ғазалҳояш равону сода, тару тоза ва хушоҳанг ҳастанд:

Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

Хулоса, дар ғазалҳои шоира ишқ, дарду алами занон дар симои қаҳрамони лирикӣ ҷамъбаст гардидаанд.

Зебуннисо ва таронаҳои ӯ

вироиш

Зебуннисо назди Ҳофиза Марям ном бонуи донишманд асосҳои шеър, улуми дунявиро меомӯзад. Зебуннисо ҳофизаи хеле қавӣ доштааст. Зебуннисо дар сурудани ғазалу рубоӣ табъи саршор дошта, ба ғазалҳои ӯ сарояндагону мусаннифони тоҷик дар шаклу анвои мусиқӣ «савт», «нақш», «амал», «сунбулӣ», «қавл», «кор», «тарона»-ҳои рангин сохта ва қисми зиёди ғазалҳояшро мураттибони рисола, баёзҳои «Дувоздаҳмақом», «Шашмақом» ба шохаҳои овозии мақомҳо ворид намудаанд. Махсусан, дар рисолаю баёзҳои «Шашмақом», ки аз нимаи дуввуми садаи XVIII ва то 1920 дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Хуҷанду Тошканд, таҳия гардидаанд, аз ғазалиёти Зебуннисо хеле зиёд истифода шудаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Девони Махфӣ, Сталинобод, 1958;
  • Абёти Шашмақом, Р:4632-1, ИВАН Уз. ССР;[2]
  1. Krieger-Krynicki A. Captive princess: Zebunissa, Karachi: Oxford University Press, 2005
  2. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — с. 76 ISBN 978-99947-49-13-3


Адабиёт

вироиш