Усмон ибни Аффон

(Тағйири масир аз Зиннурайн)

Усмон ибни Аффон ибни Абулъос ибни Умайя (ар. عثمان بن عفان الأموي القرشي‎; соли 574, Макка17 июни соли 656, Мадина) — амири муъминон, севумин халифаи рошид дар ислом, яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва мулаққаб ба Зиннурайн.

Усмон ибни Аффон
ар. عثمان بن عفان
сурат
Пешгузашта: Умар ибни Хаттоб
Ҷонишин: Алӣ ибни Абутолиб
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: сиёсатмадор
Таърихи таваллуд: 574[1] ё 575[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 17 июн 656(0656-06-17)[2][3][4]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Affan ibn Abi al-'As[d]
Модар: Urwa bint Kariz[d][2]
Ҳамсар Umm Amr Bandage Jundub[d], Fatima Bint Al-Waleed[d], Руқая бинти Муҳаммад[d][5][2], Умми Кулсум бинти Муҳаммад[d][6][2], Q68678851?, Umm al'-Banin bint Ayni[d], Ramlya bint Shayba[d] ва Na'ila bint al-Farafisa[d]
Фарзандон: Abān ibn ʻUthmān[d], Амр ибни Усмон[d], Abd Allah ibn Uthman[d], Sa'id ibn Uthman[d] ва Maryam bint Uthman[d]
Ҷанг:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Усмон ибни Аффон (р) аз он бузургмардоне буд, ки ислом бо онҳо иззат ёфт ва қувват гирифт ва нахустин касе буд, ки бо ҳамсараш Руқайё ба Ҳабаша ҳиҷрат кард. Яке аз корҳои бузург ва мондагори вай дар замони расули акрам (с) муҷаҳҳаз сохтани лашкари Усра бо сесад шутур бо зину ҷулҳояшон ва инфоқи ҳазор динор дар таҷҳизи он аст. Вай дар тамоми ғазавот, ба ҷуз ҷанги Бадр, бо расули Худо (с) ширкат кард ва дар рӯзи ҷанги Бадр ба парастории ҳамсараш Руқайя, ки дар бистари марг қарор дошт, масруф буд. Усмон ибни Аффон (р) пас аз вафоти Умар (р) дар соли 23 ҳ./644 м. ба хилофат расид ва дар айёми хилофаташ Арманистон, Қафқоз, Хуросон, Кирмон, Сиистон, Африқо ва ҷазираи Қубрис фатҳ шуданд ва ҷамъи Қуръонро такмил намуд. Усмон ибни Аффон (р) аввалин касе аст, ки Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавиро тавсеа дод ва бар онҳо афзуд, ба азони аввал дар рӯзи ҷумъа амр кард ва шурта – пулисро ба кор бурд. Вай аз расули Худо (с) 146 ҳадис ривоят кардааст. Дар охирин даврони хилофаташ дастаҳои шӯришгар аз Куфа, Басра ва Миср ба Мадина ҳуҷум карданд ва хонаи ӯро ба муҳосира гирифтанд. Онҳо ин нақшаро дар айёми ҳаҷ ба иҷро гузоштанд, ки аксари аҳли Мадина, ба хусус саҳобагони бузург барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка рафта буданд. Шӯришгарон пас аз 40 рӯз муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (р) аз сари деворҳо гузашта, ӯро дар хонааш ба шаҳодат расонданд, дар ҳоле ки ба хондани Қуръон машғул буд.

Мақоми Усммон ибни Аффон дар ислом

вироиш

Усмон ибни Аффон (р) ду духтари паёмбар (с) – Руқайя ва пас аз вафоти вай Уммикулсумро ба занӣ гирифтааст ва ба ин хотир ӯро Зиннурайн – соҳиби ду нур гуфтаанд. Расули Худо (с) мефармояд: «Ҳар паёмбар-ро рафиқе аст ва рафиқи ман дар ҷаннат Усмон аст» (Сунани Тирмизӣ, 3698). Паёмбар (с) ӯро пеш аз сулҳи Ҳудайбия намояндаи худ ба Макка фиристод ва овоза шуд, ки онҳо Усмон ибни Аффон-ро куштаанд. Ин буд, ки мардум дар зери шаҷараи Ризвон бо паёмбар (с) байъат карданд ва паёмбар (с) як дасташро бар дасти дигараш зад ва гуфт: «Ин аз ҷониби Усмон».

Адабиёт

вироиш
  • А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2011.