Зулайхо Маҳмадшоева

овозхони тоҷик

Зулайхо Маҳмадшоева (зод. 9 сентябри 1993, ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — овозхони мусиқии попи Тоҷикистон.

Зулайхо Маҳмадшоева
Таърихи таваллуд 9 сентябр 1993(1993-09-09) (31 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон, Тоҷикистон
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии поп
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Зулайхо Маҳмадшоева 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст[1]. Зулайхо бо доштани ду додар ва як хоҳар дар хонавода фарзанди калонӣ буд[2] ва дур аз падару модар дар тарбияи модаркалону бобояш ба воя расидааст[3]. Ӯ мактаби № 1 ноҳияи Фархорро хатм кардааст[2]. Дар бахши равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст[3]. Аз хурдиаш мухлиси Манижаи Давлат буд ва бисёр орзу мекард, ки овозхон шавад[2]. Ӯ дар миёни ҳаводорон чун шогирди Манижаи Давлат шинохта мешавад[4].

Зулайхо бори аввал дар соли 2010 бо суруди «Ватан» дар саҳнаи Театри опера ва балет ҳунарнамоӣ кард. Ӯ нахусталбоми худро бо номи «Механдам» дар соли 2013 пешкаши мухлисон карда[3] барномаи нахустини консертияшро бо иҷрои 20 тарона дар рӯзи ҷавонон дар Душанбе соли 2015 баргузор кардаст[5].

Хонавода

вироиш

Зулайхо аз шавҳараш ҷудо шудаву модари ду писар — Муҳаннад ва Юзорсиф аст.

Таронашиносӣ

вироиш

Зулайхо сар аз соли 2010 то кунун беш аз 50 суруд ва 3 албом эҷод кардааст.

Феҳристи сурудҳои албоми «Механдам» (2013)
Ном Оҳанг Матни тарона
01 Ватан
02 Ватанам
03 Модар
04 Худоҷон
05 Худоё
06 Кабӯтар
07 Механдам
08 Дар сина
09 Ёди рӯят
10 Моҳи рӯшан (бо Файзалӣ Фозилов)
11 Марав
12 Майд-майда
13 Сартарошон
Феҳристи сурудҳои албоми «Навданиҳол» (2016)
Ном Оҳанг Матни тарона
01 Навданиҳол
02 Бачаи Данғара
03 Бобуна
04 Дил-дил
05 Фалак
06 Ҷӯра
07 Намешиносиям
08 Сад нобудш
09 Ваъдахилоф
10 Зу-Зу
11 Ману ту (бо Сурӯш Холов)
Феҳристи сурудҳои албоми «Намебахшам» (2020)
Ном Оҳанг Матни тарона
01 Намебахшам Манижаи Давлат
02 Ту, ай моӣ Шоираи Раҳимҷон
03 Фоида надорад
04 Ошиқи дилбохта
05 Ширинаки ма (бо Фаридуни Хуршед)
06 Оча бдан қинай
07 Ҷун-ҷунакам
08 Дарвозибача
09 Тик-тик
10 Ватан
  1. Зулайхо Махмадшоева. Пешниҳоди албоми нав бо номи "Намебахшам" (2021). YouTube. Zulaykho Mahmadshoeva (2021-01-3).
  2. 2.0 2.1 2.2 Зулайхо Махмадшоева(рус.). 24SMI. 16 марти 2021 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 3.2 Зарангези Наврӯзшоҳ. Зулайхо - "Манижаи нав"-и саҳнаи тоҷик?(тоҷ.). Радиои Озодӣ (6 Январ 2014). 16 марти 2021 санҷида шуд.
  4. Шогирди Манижаи Давлат "хомӯшӣ"-и аҳди коронавирусро шикаст.(тоҷ.). Радиои Озодӣ (17 ноябри 2020). 16 марти 2021 санҷида шуд.
  5. Фарзон Муҳаммадӣ. Консерти нахустини Зулайхо Маҳмадшоева дар Душанбе. Радиои Озодӣ (24 май 2015).