Идӣ - порчаҳои шеърие, ки дар шаклҳои гуногун чун рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ ва фардбайт аз тарафи мударрисону шахсони босавод пеш аз ҷашни Наврӯз, идҳои Қурбон, Рамазон ва моҳи Раҷаб ба муносибати ба таътил баромадани шогирдон дар коғазҳои махсус навишта мешуданд. Дар мадрасаҳо ва мактабҳои шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор идиҳо дар байни аҳолӣ зуд паҳн гашта, ба истифодаи доираи умум қарор мегирифт. Баъзе идиҳоро оммаи мардум эҷод кардаанд. То ба имрӯз нусхаҳои зиёди идиҳо сабт ва нашр гаштаанд. Дар шаҳрҳои тоҷикнишин ва саросари кишвар фаъол аст.[1][2]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)